24 Апрел, 2024

Ҷаласа оид ба омодагӣ ба ҷамъбасти солона ва рафти амалияи маъмурӣ дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон  фаъолияти худро пурра мутобиқи супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармону супоришҳои Вазири корҳои дохилӣ, қарорҳои мушовара ва протоколҳои машваратҳои фаврӣ дар назди Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, санадҳои меъёриву ҳуқуқии мазкурро сармашқи кори худ қарор дода, як қатор корҳоро ба анҷом расонид.

Дар асоси Фармони Вазири корҳои дохилӣ аз 20 январи соли 2012 оид ба қабули арзу шикоят ва дархости шаҳрвандон ба тариқи телефони “Боварӣ” 8 шикоят ворид гардидааст, ки нисбати онҳо санҷишҳои хизматӣ гузаронида шуда,  ҷавобҳои дахлдор ирсол карда шудааст.

Дар давраи ҳисоботи ба санадҳои меъёрию ҳуқуқии зерин ташхиси ҳуқуқӣ анҷом дода шудааст:

– лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи мукаммалгардонии бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ва лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо оид ба таъмини иҷрои Барномаи мазкур;

– лоиҳаи “Нақшаи иҷрои Стратегияи миллии идора намудани сарҳад дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”;

– лоиҳаи Стратегияи рушди Раванди Алмаато;

– лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Консепсия дар бораи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар барои солҳои 2021-2025”

– лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 ноябри соли 2020, №49”;

– лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муҳоҷират”;

– лоиҳаҳои “Низомнома дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ” ва “Тартиби ташкилу гузаронидани санҷиш ва бозрасии давлатӣ оид ба ҳифзи маълумоти шахсӣ”;

– лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон”;

– лоиҳаи Тавсияҳои методӣ оид ба татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 июли соли 2020, №401 “Оид ба тадбирҳои амалисозии фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июни соли 2020, №1544 “Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии COVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон”;

– лоиҳаи қарори Ҳукумати Љумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар  Љумњурии Тољикистон барои солњои 2021-2025”;

– лоиҳаи «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва нақшаи чорабиниҳои татбиқи он барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025)»;

– лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои амалисозии фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июни соли 2020, №1544 “Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии COVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон”;

– лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба мақоми ҳуқуқии Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва Намояндагии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– лоиҳаи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ;

– лоиҳаҳои қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани иловаҳо ба қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ”, “Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи хизмати дипломатӣ” ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон”;

– лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2010, №77”;

– лоиҳаи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Тартиби пешбурд, баҳисобгирӣ, мубодилаи иттилоот ва назорати Махзани маълумот дар доираи низоми “Идоракунии раводид ва сарҳад”;

– лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 2017, №31 “Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои барасмиятдарорӣ, додани раводид ва раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд”;

– лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи воридоти муваққатии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ва мотосиклҳо аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ бо мақсади сайёҳӣ”;

– лоиҳаи Барномаи рушди иқтисодиёти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025.

Санадњҳи меъёрию ҳуқуқии зерин таҳия ва баъзеи онҳо ба тасвиб расонида шуданд:

  • лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2016, №207-7» таҳия карда шуда, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14.02 соли 2020 таҳти №103 ба имзо расонида шуд;
  • лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тољҷкистон «Дар бораи Қоидаҳои ворид шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, будубош, баромадани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гузаштани транзитии онҳо тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия карда шуда, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.03 соли 2020 таҳти №207 ба имзо расонида шуд;
  • лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қоидаҳои барасмиятдарорӣ ва додани шиносномаҳои хориҷии дорои ҳомили электронии иттилоот ва шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав қабул карда шуда, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.05 соли 2020 таҳти №294 тасдиқ карда шуд.

– лоиҳаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии  Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия ва таҳти №1699 ва №1700  аз 4 июли соли 2020 ба имзо расонида шуд.

– лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳқҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият» таҳия карда шуда, бо вазорату идораҳо мувофиқа карда шуд;

  • лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 июни соли 2014, №406 «Дар бораи тасдиқ намудани Қоидаҳои додани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия карда шуда, бо вазорату идораҳо мувофиқа карда шуд;
  • Фармоиши ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Дастурамал доир ба амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф вобаста ба қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки ба таври ғайриқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд» таҳия карда шуда, санаи 11 феврали соли 2020 таҳти № 66 б/з ба имзо расонида шуд (дастурамали мазкур ба теъдоди 200 китобча ба чоп расонида шуда, ба воҳидҳои поёнии ХШБ дастрас карда шуд);
  • Фармоиши якҷояи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Тартиби баррасии масъалаи муайян намудани мансубияти шахс ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номгӯйи ҳуҷҷатҳое, ки дар асоси онҳо мансубияти шахс ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад» таҳия карда шуда, аз санаи 13.02 соли 2020, №81 б/з, аз 14.02 соли 2020, №086, аз 13.02 соли 2020, №7 ба имзо расонида шудааст;

– лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи ворид намудани тағйир ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2020, №294» таҳия карда шуда, дар баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

– лоиҳаи Дастурамали муштараки ВКД ва ВКХ “Дар бораи Қоидаҳои барасмиятдарорӣ ва додани шиносномаҳои хориҷии дорои ҳомили электронии иттилоот ва шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия карда шуд;

– лоиҳаи Дастурамал «Дар бораи Қоидаҳои ворид шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, будубош, баромадани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гузаштани транзитии онҳо тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия карда шуд.

Дар асоси Нақшаи чорабиниҳои асосии Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ барои соли 2020 дар фаъолияти хизматии ХШБ дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ, вилоятҳои Хатлон, Суғд, минтақа ва ноҳияи Рашт  санҷиш ва расонидани ёрии амалӣ анҷом дода шуд.

Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши конрмандон дар самтҳои асосии фаъолият ва бартараф намудани ҳолатҳои бахсталаб байни вазорату идораҳои дахлдор, санаи 28-уми ноябри соли 2020 дар мавзӯи “Ҳамкории Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин ҳамкории ХШБ бо Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилӣ  ва Раёсати таҳқиқи ВКД” семинар-машварат баргузор карда шуд.

7 ва 8 декабри соли 2020 дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ ҷаласа оид ба омодагӣ ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти хизматӣ дар соли 2020      баргузор гардид ва рафти иҷроиши амалияи маъмурӣ.

Дар давоми 11 – моҳи соли 2020 дар миқёси ҷумҳурӣ аз ҷониби кормандони ХШБ ва воҳидҳои он дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар натиҷаи баррасии аризаи шаҳрвандон оид ба гирифтани шиносномаҳо, барои саривақт бақайд нагирифтани шиноснома, маскуният бе шиноснома, гум кардани шиноснома ё корношоям гардонидани он,  инчунин гузаронидани амалиётҳои реҷаи шиносномавӣ ва гузаронидани амалиёт оид ба будубоши шаҳрвандони хориҷӣ, нисбати 82830 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ (соли 2019 – нисбати 99753 нафар) тибқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуд.

Амалияи маъмурӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта – 16923 протокол кам мебошад.