19 Апрел, 2024

Ҷорӣ намудани таъминоти барномавӣ барои ҷамъоварии маълумот баҳри татбиқи Қонуни авф

         Дар доираи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф вобаста ба қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешахрванде, ки ба таври ғайриқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд”, Хадамоти шиносномавию бақайдгири Вазорати корҳои дохилӣ мунтазам корҳои тарғиботӣ, ташкилӣ ва машваратӣ гузаронида истодааст.

         Баъд аз қабули Қонун Фармоиши ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Дастурамал доир ба амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф вобаста ба ќонунигардонии маќоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки ба таври ғайриқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд» таҳия карда шуда, санаи 11 феврали соли 2020 таҳти № 66 б/з ба имзо расонида шуд (дастурамали мазкур ба теъдоди 200 китобча ба чоп расонида шуда, ба воҳидҳои поёнии ХШБ дастрас карда шуд), дар радио ва телевизион бо мақсади иттилоотонидани доираи васъеи аҳолӣ як чанд баромаду мизи мудаввар ва чопи мақолаҳо такшкил карда шуд.

Дар ҳамкорӣ бо намояндагони дафтари Комиссари Олии Созмони Миллали Муттаҳид оид ба гурезаҳо (КОСММОГ) дар Тоҷикистон санаи аз 2 то 3 ноябри соли 2020 дар меҳмонхонаи “Хилтон” воқеъ дар шаҳри Душанбе, машғулияти омӯзишӣ бо иштироки кормандони Хадамоти шиносномавию бақайдигирии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба истифодабарии манбаи ягонаи маълумотҳо барои бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки таҳти амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф вобаста ба ќонунигардонии маќоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки ба таври ғайриқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд» аз 18.12.2019, №1652, қарор мегирад, баргузор гардид.

Дар машғулияти омӯзишии мазкур Сардори Шуъбаи шаҳрванди ва кор бо гурезаҳои ХШБ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковники милитсия Мирзозода Ҷомӣ Ҷамахон, Роҳбари Намояндагии Комиссариати Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезаҳо дар Тоҷикистон Мулугета Зевди, мутахассисони барномасоз Абдулло Ёров, Джалолов Валиджон, Шафиев Неккадам ва инчунин кормандони шуъбача оид ба масъалаи шаҳрвандии Шуъбаи шаҳрванди ва кор бо гурезаҳои ХШБ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони ХШБ РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳои Суғд, Хатлон ва гурӯҳи ноҳияҳои Рашт иштирок доштанд. Машғулият дар давоми ду рӯз дар меҳмонхонаи “Хилтон” баргузор гардид. Мақсад аз гузаронидани машғулияти мазкур ин шиносои бо барномаи таҳиягардида, ба роҳ мондани тарзи дурусти кор дар ҷамъоварии маълумоти шахсони авфшаванда, такмил додани барнома ва тағийру иловаҳо ба барномаи мазкур буд.