Кор дар самти батанзим даровардани масъалаҳои шаҳрвандӣ ва пешниҳоди ҳимояи байналмилалӣ

Шуъбаи шаҳрвандӣ ва кор бо гурезаҳо ҳамчун як воҳиди пешбарандаи самти фаъолияти Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД ба шумор рафта, ҳайати шахсии он фаъолияти худро тибқи талаботи Конститутсияи мамлакат, Қонуни конститутсионӣ “Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қонун “Дар бораи гурезаҳо”, Фармону супоришҳои роҳбарияти ВКД, Низомномаи ХШБ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, ба роҳ монда, дар пешбурди самти фаъолият баробари дигар бахшҳои хадамот ба натиҷаҳои назарраси хизматӣ ноил гардидаанд. Шуъбаи мазкурро подполковники милитсия Ҷомӣ Мирзозода роҳбари мекунад. Ҷомӣ Мирзозода зикр кард, ки шуъбаи шаҳрвандӣ ва кор бо гурезаҳои ХШБ ВКД вазифаи асосии самти фаъолияти худро, яъне баррасии дархостҳо оид ба қабул намудан ба шаҳрвандӣ, барқарор намудан ба шаҳрвандӣ, муайян намудану мансубияти шахс ба шаҳрвандӣ, баромадан аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин додани иҷозати зисти доимӣ дар ҷумҳурӣ ба шањрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, иҷрои дархостҳо дар самти масъалаҳои шаҳрвандӣ, қабул ва баррасии дархостҳо оид ба гирифтани паноҳҷӯяндагӣ ва додани мақоми гуреза дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон назорати будубоши шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд ва дигар дастуру супоришҳое, ки аз ҷониби роҳбарият мешавад, дар сатҳи лозима сарбаландона иҷро намуда истодаанд. Бо дастгириҳои ҳамешагии Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва кӯшишҳои бевоситаи сардори хадамот полковники милитсия Ҳусейн Халилзода, шароитҳои хизмативу иҷтимоии кормандон, аз ҷумла бо ҳқҷраҳои васеъву барҳаво, муҷаҳҳаз бо таҷҳизоту лавозимоти корбарӣ таъмин мебошанд. Метавон гуфт, ки баҳри пешбурди самти фаъолият тамоми имкониятҳо фароҳам оварда шудаанд.

Пас аз пош хӯрдани давлати абарқудрати Шӯравӣ, дар баробари дигар ҷумҳуриҳои ҳайати он, масъалаи муайян намудани мақоми шаҳрвандии шаҳрвандони хориҷие, ки дар њудуди ин давлатҳо зиндагиву кору фаъолият менамуданд, пеш омад. Ин мушкилӣ дар ҷумҳурии мо яке аз масъалаҳои муҳими рӯзмарра ба шумор мерафт. Бо иқдом ва ташаббуси наҷибонаву башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рафъи мушкилии ҷойдошта, қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванди давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, ки ба таври ғайриқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, Қонун “Дар бораи авф вобаста ба қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки ба таври ғайриқонунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ќарор доранд” аз 18 декабри соли 2019, таҳти №1652 қабул карда шуд. Ҳамзамон, вобаста ба ин самт роҳбарият ва кормандони шуъба ба шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ пайваста сафари хизматӣ анҷом дода, дар байни аҳолӣ оид ба моҳияти қонуни мазкур, тарзи ҳуҷҷатгузорӣ, қабули ҳуҷҷатҳо ва марҳилаҳои баррасии ҳуҷҷатҳо корҳои фањмондадиҳӣ мегузаронанд. Дар баробари ҳамаи ин корҳои баанҷомрасонида, инчунин тавассути васоити ахбори оммаи ҷумҳуриявию вилоятӣ маводу эълонҳо пахш ва нашр гардиданд. Дар натиҷаи бурдани корҳои иттилоотӣ ва фањмондадиҳӣ дар 11 моҳи сипаригардидаи соли равон, новобаста аз давраи эълон намудани пешгирӣ аз бемории сироятии короновирус “КОВИД-19” дар ҳудуди шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ 712 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки таҳти амали қонуни мазкур буданд, муайян ва аризаҳои онҳо ба қайд гирифта шудаанд. Пас аз қабул ва баррасии аризаҳо, ба як қатор шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат ва кору фаъолият доранд, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд. Ҳайати шахсии шуъба бо дастгириҳои роҳбарият, бањҳри волоияти қонун, ҳифзи давлату миллат ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон тамоми малакаи касбии худро равона намуда, ҳамеша вазифаҳои хизматии худро сидқан иҷро менамоянд.