17 Сентябрь, 2021

Рушди ҳамкориҳо баҳри такмили фаъолият ва баланд бардоштани савияи дониши кормандон

Да шаҳри Душанбе рӯзи 28-уми ноябр, бо икдоми пешрафтаи роњбарияти Хадамоти шиносномавию баќайдгирии Вазорати корњои дохилӣ семинар-машварат доир гардид. Семинари мазкур бо мақсади мубодилаи афгор, муҳоқимаи ҳолатҳои бахсталаб ва ташаккули мавқеи ягона ташкил карда шуд.

Дар семинар сардори Хадамоти шиносномавию баќайдгирии ВКД полковники милитсия Халилзода Ҳусейн Собир, масъулини Вазорати адлия, Сарраёсати консулии Вазорати корњои хориљӣ, Раёсати таҳқиқи ВКД, Сармаркази иттилоотӣ-тањлилии ВКД, роҳбарияти ХШБ ва сардорону масъулини шуъбаҳои ХШБ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Кори семинар-машваратро сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД полковники милитсия Ҳусейн Халилзода оғоз намуда, ба меҳмонон ва ҳозирин барои иштирокашон дар ин чорабинӣ арзи миннатдорӣ намуд.

Сардори хадамот зикр кард, ки роҳбарияти ХШБ бо мақсади мустаҳкам намудани ҳамкорӣ дар таъмини шаҳрвандон бо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият, яъне шиносномаи шаҳрвандӣ, пешгирии сохтакории ҳуҷҷатҳо, амалҳои ҷинояткоронаи баъзе шахсони ҷиноятпеша, пешгирии даст задани кормандон ба ҳолатҳои коррупсионӣ, кашолкорӣ дар фаъолияти хизматӣ тадбирҳои муҳим меандешанд.

Инчунин, номбурда оид ба масъалаҳои додани шиносномаи шаҳрвандӣ ва умумишаҳрвандии хориҷӣ, тартиб додани парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дархостҳо вобаста ба доштани доѓи судї, вобаста ба раванди иҷроиши Қонун «Дар бораи авф вобаста ба қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки ба таври ғайриқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд», оид ба санҷишҳои нақшавӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба самти фаъолият ва алоқаманд ба он баромади пурмӯҳтаво намуд.

Дар идомаи суханронии худ Ҳусейн Халилзода ин семинар-машваратро саривақтиву муфид шуморида, таъкид намуд, ки мутахассисони даъватгардида барои боз ҳам самаранок гардидани самти фаъолияти бо онҳо алоқаманд ва бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта талош хоҳанд кард.

Дар идомаи чорабинӣ намояндаи Вазорати адлия Ифтихор Самадзода ва сардори шуъбаи корҳои шиносномавии ХШБ полковники милитсия Манучеҳр Миршамсзода оид ба талаботи моддаҳои 20, 35, 67 ва 69 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», талабот ба шаҳодатномаи таваллуд, ки дар асоси он шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият дароварда мешавад, инчунин ивази ному насаб ва тарзи дурусти номгузорӣ дар доираи расму оинҳои миллӣ суханронӣ намуданд.

Инчунин, вобаста ба иҷроиши Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қоидаҳои барасмиятдарорӣ ва додани шиносномаҳои хориҷии дорои маълумоти электронии иттилоот ва шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони Ҷумњурии Тоҷикистон» ва дигар масъалаҳо баҳри таҳияи шиносномаҳои шаҳрвандӣ ва умумишаҳрвандии хориҷӣ, тарзи дурусти ҳуҷҷатгузорӣ ҳангоми қабули шаҳрвандон кормандони бахшҳои шиносномавию бақайдгирӣ ва масъулини Раёсати персонализатсияи Сарраёсати консулии ВКХ, муовини Сардори ХШБ полковники милитсия Н. Сафарзода ва намояндаи Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориљҷӣ Комрон Сироҷиддинзода, вобаста ба масъалаҳои тартиби дурусти оғоз намудани парвандаҳои маъмурӣ, тибқи қонунгузории ҷорӣ ва баррасии онҳо корманди Раёсати таҳқиқи ВКД подполковники милитсия А. Каримзода ва дар бораи ҳамкории Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилии ВКД бо ХШБ ҷиҳати иҷроиши дархостҳо вобаста ба доштани доғи судӣ, муҳлати иҷроиши он, бурдани кор бо парвандаҳои шахсони дар кофтуков қарордошта аз алимент қарздор, корманди Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилии ВКД подполковники милитсия А. Расулзода баромад намуданд.

Ҳамзамон, сардори шуъбаи корҳои шиносномавӣ М. Миршамсзода ҷиҳати омӯзиши талаботҳои Фармоиши ВКД ва ВКХ №48б/з «Дар бораи тасдиқи Дастурамали муштараки тартиби татбиқи Қоидаҳои додани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва сардори шуъбачаи шаҳрвандӣ подполковники милитсия С. Давлатзода вобаста ба раванди иҷроиши Қонун «Дар бораи авф вобаста ба қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки ба таври ғайриқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ќарор доранд» ва дигар масъалаҳои алоқаманд ба шаҳрвандӣ, муовини сардори БСМ Рустам Туразода оид ба ҳамкорӣ, тарзи дуруст пур намудану сари вақт ирсол намудани варақаҳои бақайдгириву азқайдбарории тартибдодаи бахшҳои шиносномавию бақайдгирии ШВКД-ҳо дар шаҳру ноҳияҳо ба Бюрои суроғавӣ-маълумотдиҳии ХШБ ва инчунин, сардори шуъбаи молиявӣ-иқтисодии ХШБ полковники милитсия Раҳимҷон Раҳматзода вобаста ба вазъи молиявии ХШБ, раванди санҷишҳои хизматрасониҳои пулакии ХШБ ва санҷишҳои муқоисавии расидҳои бонкӣ баромад намуда, андешаҳои худро перомуни мавзӯъҳои зикргардида ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта баён карданд.

Дар фарҷоми семинар-машварат муовини сардори ХШБ полковники милитсия Н. Сафарзода зикр кард, ки итминон дорам семинар-машварати доиргардида баҳри боз ҳам самаранок гардидани самти фаъолият, дуруст ба роҳ мондани тарзи ҳуҷҷатгузорӣ ва ҳамкориҳои судманди ХШБ бо дигар ҷузъу томҳои ВКД ва сохтору идораҳои алоқаманд тақвият бахшида, ба манфиату пешрафти кор мебошад.