30 Ноябр, 2020

Ҷаласаи навбатии гурӯҳи кории Хадамот

Дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ аз намояндагони воҳидҳои сохтории ХШБ гурӯҳи кории доимоамалкунанда оид ба такмили санадҳои меъерҳои ҳуқуқӣ дар самтҳои мухталифи фаъолияти хизматии ХШБ таъсис дода шуда, мунтазам тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ворид карда мешаванд.

Инчунин бо ташаббуси Хадамот коркарди лоиҳаҳои қонун, қарор, фармон, фармоиш,  дастурамал, ёддошт, талабот, шарҳ ва ғайра амалӣ карда мешаванд

Дар нимсолаи дувуми соли 2020 Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД Ҷумњурии Тоҷикистон як чанд лоиҳаи дахлдор коркард карда, барои мувофиқа ба вазорату идораҳо ирсол намуд.

Аз ҷумла:

– лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи ворид намудани тағйир ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2020, №294» таҳия карда шуда, дар баррасии вазорату идораҳои дахлдор қарор дорад.

– лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият» таҳия карда шуда, бо вазорату идораҳо мувофиқа карда шуд;

– лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 июни соли 2014, №406 «Дар бораи тасдиқ намудани Қоидаҳои додани шиносномаи шаҳрванди  Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия карда шуда, дар марҳилаи мувофиқа бо вазорату идораҳо қарор дорад.

– лоиҳаи Дастурамали муштараки ВКД ва ВКХ “Дар бораи Қоидаҳои барасмиятдарорӣ ва додани шиносномаҳои хориҷии дорои ҳомили электронии иттилоот ва шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия карда шуд;

– лоиҳаи Дастурамал «Дар бораи Ќоидањои ворид шудан ба Љумњурии Тољикистон, будубош, баромадани шањрвандони хориљї ва шахсони бешањрванд аз Љумњурии Тољикистон ва гузаштани транзитии онњо тавассути њудуди Љумњурии Тољикистон» таҳия карда шуд..

      Дар 9-моҳи соли 2020 аз ҷониби Хадамот ба санадҳои меъёрию ҳуқуқии зерин ташҳиси ҳуқуқӣ анҷом дода шудааст:

– лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муҳоҷират”;

– лоиҳаҳои “Низомнома дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ” ва “Тартиби ташкилу гузаронидани санҷиш ва бозрасии давлатӣ оид ба ҳифзи маълумоти шахсӣ”;

– лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон”;

– лоиҳаи Тавсияҳои методӣ оид ба татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 июли соли 2020, №401 “Оид ба тадбирҳои амалисозии фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июни соли 2020, №1544 “Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии COVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон”;

– лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар  Љумњурии Тољикистон барои солњои 2021-2025”;

– лоиҳаи «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва нақшаи чорабиниҳои татбиқи он барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025)»;

– лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои амалисозии фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июни соли 2020, №1544 “Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии COVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон”;

– лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба мақоми ҳуқуқии Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва Намояндагии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– лоиҳаи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ;

– лоиҳаҳои қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани иловаҳо ба қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ”, “Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи хизмати дипломатӣ” ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон”;

– лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2010, №77”;

– лоиҳаи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Тартиби пешбурд, баҳисобгирӣ, мубодилаи иттилоот ва назорати Махзани маълумот дар доираи низоми “Идоракунии раводид ва сарҳад”;

– лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 2017, №31 “Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои барасмиятдарорӣ, додани раводид ва раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд”;

– лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи воридоти муваққатии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ва мотосиклҳо аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ бо мақсади сайёҳӣ”;

– лоиҳаи Барномаи рушди иқтисодиёти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025.

        Санадҳои меъёрию ҳуқуқии зерин таҳия ва баъзеи онҳо ба тасвиб расонида шуданд:

– лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2016, №207-7» таҳия карда шуда, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14.02 соли 2020 таҳти №103 ба имзо расонида шуд;

-лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қоидаҳои ворид шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, будубош, баромадани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гузаштани транзитии онҳо тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия карда шуда, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.03 соли 2020 таҳти №207 ба имзо расонида шуд;

– лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қоидаҳои барасмиятдарорӣ ва додани шиносномаҳои хориҷии дорои ҳомили электронии иттилоот ва шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав қабул карда шуда, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.05 соли 2020 таҳти №294 тасдиқ карда шуд.

– лоиҳаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии  Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия ва таҳти №1699 ва №1700 аз 4 июли соли 2020 ба имзо расонида шуд.

– лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият» таҳия карда шуда, бо вазорату идораҳо мувофиқа карда шуд;

Фармоиши ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Дастурамал доир ба амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф вобаста ба қонунигардонии мақоми ҳуқукии шаҳрвандони хориљҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки ба таври ғайриқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд» таҳия карда шуда, санаи 11 феврали соли 2020 таҳти № 66 б/з ба имзо расонида шуд (дастурамали мазкур ба теъдоди 200 китобча ба чоп расонида шуда, ба воҳидҳои поёнии ХШБ дастрас карда шуд);

Фармоиши якҷояи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Тартиби баррасии масъалаи муайян намудани мансубияти шахс ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номгӯйи ҳуҷҷатҳое, ки дар асоси онҳо мансубияти шахс ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад» таҳия карда шуда, аз санаи 13.02 соли 2020, №81 б/з, аз 14.02 соли 2020, №086, аз 13.02 соли 2020, №7 ба имзо расонида шудааст.

Фаъолияти гурӯҳи корӣ идома дорад.