Вохӯрии корӣ бо намояндагони КОСММОГ (УВКБ ООН)

Рӯзи 7 сентябри соли 2020 дар шуъба оид ба масъалаҳои шаҳрвандӣ ва кор бо гурезаҳои ХШБ Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии кории роҳбарияти Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ бо намояндагони дафтари Комиссари Олии Созмони Миллали Муттаҳид оид ба гурезаҳо (КОСММОГ) дар Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар доираи вохӯрӣ дуранмоиҳои ҳамкорӣ дар самти татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф вобаста ба қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешахрванде, ки ба таври ғайриқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд” баррасӣ карда шуд..

Дар рафти вохӯрӣ коркарди бврномавии манбаи маълумот дар бораи шахсоне, ки таҳти амали Қонун фаро гирифта мешавад ба ХШБ ВКД супорида шуд. Инчунин барои мустаҳкам кардани иктидори ХШБ  аз ҷониби КОСММОГ ба сохтори мазкур 6 адад компютер такдим карда шуд.

Дар доираи амалӣ намудани ҷамъоварӣ, баҳисобгирӣ ва таҳлили маълумот дар бораи шахсони таҳти амали Қонун фаро гирифташуда, даври омӯзишӣ барои кормандони сохторҳои дахлдори ХШБ пешбинӣ карда шудаст.

Инчунин, дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои мубрами рӯз дар ҳамкории дуҷониба баррасӣ ва муҳоқима карда шуд.