28 Сентябрь, 2020

Сафари хизматӣ ба вилояти Суғд

Рӯзҳои 19-22 августи соли 2020 сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Халилзода Ҳусейн Собир бо гурӯҳи кормандони ХШБ тибқи супориши бевоситаи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва дар доираи ба амал овардани санҷишҳои нақшавӣ ва ногаҳонӣ, ба вилояти Суғд сафари хизматӣ анҷом дод.
Номбурда ба сохторҳои зертобеъи ХШБ дар ноҳияҳои, ШВКД дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ташриф оварда аз кору фаъолияти кормандон дар давраи ҳисоботӣ шинос шуд.
Дар сохторҳои номбурда фаъолият дар самтҳои омодабошӣ ба чорабиниҳои муҳими сиёсии дарпешистода, ба қайд гирифтани иҷоранишинон, будубоши муваққатӣ, раванди ба расмият даровардани шиносномаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шиносномаҳои хориҷӣ, кабули дурусти шаҳрвандон ва муомилаи хуб бо онҳо, шароити хизматбарӣ  ва ташкили кор дар тамоми самтҳо мавриди санҷиш қарор дода шуд.

Қайд карда шуд, ки дар доираи омодабошӣ ба чорабиниҳои сиёсӣ, кормандон зираки сиёсиро аз даст надода, доимо хушёр ва баҳри иҷрои вазифаҳои хизматӣ содиқу кордон бошем.

Инчунин, дар рафти сафари хизматӣ фаъолияти сохторҳои зертобеъи ХШБ ВКД дар самти ташкили ҷустуҷӯи шахсоне, ки дар кофтукови ҷиноятӣ қарор доранд ва аз пардохти алимент саркашӣ мекунанд, қарздорони давлатӣ ва шахсоне, ки бо хешовандон робитаҳоро гум кардаанд, мавриди санҷиш қарор дода шуд.
Вобаста ба он камбудиҳое, ки дар натиҷаи санҷиш ошкор гардид ҷиҳати бартарафнамоии он аз ҷониби Сардори ХШБ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд. Номбурда таъкид намуд, ки назорат аз болои рафтуомади шаҳрвандон ва шаҳрвандони хориҷӣ, махсусан дар минтақаҳои наздисарҳадӣ, бақайдгирӣ ва баҳисобгирии онҳо пурзур карда шавад.

Инчунин супориш дода шуд, ки фаъолият дар самти истеҳсолоти амалияи маъмурӣ ҷоннок карда шавад.

Қайд карда шуд, ки фаъолият дар ин самтҳо такмили ҷиддӣ ва таҷдиди тарзи фаъолиятро талаб мекунад.

Дар вохӯрӣ бо кормандон барои роҳ надодан ба ҳолатҳои коррупсионӣ, саривақт ва бекашолкорӣ таъмин намудани аҳолӣ бо шиносномаҳо, бори дигар талаботҳои фармони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.01.2006с. таҳти №1 “Дар бораи хушмуомилагӣ ва муносибати бодиққатонаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ вахизматчиёни ҳарбии қушунҳои дохилӣ бо шаҳрвандон” ёдрас карда шуд.
Ба сардорони хадамотҳои зертобеъ ҷиҳати фаъолият вобаста ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф вобаста ба қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки ба таври ғариқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд” супоришҳои катъӣ дода шуд ва барои иттилоотонидани аҳоли дар бораи моҳияти Қонуни қабулшуда гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ба масъулин вогузор карда шуд. Инчунин, оид ба муайян кардан шахсоне, ки дар ҷумҳурӣ будубоши ғайриқонунӣ доранд ва тезонидани ҷамъоварии дархостҳо супориши ҷиддӣ аз ҷониби Сардор дода шуд.

Инчунин, баҳри иҷроиши супоришҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири корҳои дохилӣ ва Сардори хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ оид ба пешгирии аз бемории сироятии коронавирус COVID-19 ба сохторҳои зертобеъи ХШБ ВКД таъқид карда шуд, ки корҳои заруриро дар ин самт ба роҳ монда, ҳар хафта ҳисобот диҳанд.

Ба масъулини хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ дастур дода шуд, ки биноҳои ХШБ бо камераҳои мушоҳидавӣ таҷҳизонида карда шавад, низоми хизмат, пӯшидани сару либоси низомӣ, истифодаи дурусти телефонҳои мобилӣ риоя ва ҳолатҳои сохтакории ҳуҷҷатҳо, тамаҷӯӣ пешгирӣ карда шавад.

Тибқи супориши бевоситаи Вазири корҳои дохилӣ дар лоираи сафари хизматӣ аз ҷониби Сардори ХШБ ВКД тарзи хизматбарии  қисми ҳарбии Қушунҳои дохилии ВКД  аз назар гузаронида шуд.