28 Сентябрь, 2020

Сафари хизматии Сардори ХШБ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони БадахшонСафари хизматӣ Сардори ХШБ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Рӯзҳои 7-11 августи соли 2020 Сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Халилзода Ҳусейн Собир тибқи супориши бевоситаи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва нақшаи корӣ дар доираи ба амал овардани санҷишҳои нақшавӣ ва ногаҳонӣ, ба вилояти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафари хизматӣ анҷом дод.
Номбурда ба сохторҳои зертобеъи ХШБ дар ноҳияҳои Ишқошим, Шуғнон, ШМД Ваҳон ва дигар сохторҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ташриф оварда аз кору фаъолияти кормандон дар давраи ҳисоботӣ шинос шуд.
Дар хадамотҳои номбурда фаъолият дар самтҳои ба қайд гирифтани иҷоранишинон, будубоши муваққатӣ, раванди ба расмият даровардани шиносномаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шиносномаҳои хориҷӣ, кабули дурусти шаҳрвандон ва ташкили кор дар тамоми самтҳо мавриди санҷиш қарор дода шуд.

       Вобаста ба он камбудиҳое, ки дар натиҷаи санҷиш ошкор гардид ҷиҳати бартарафнамоии он аз ҷониби Сардори ХШБ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд. Номбурда таъкид намуд, ки назорат аз болои рафтуомади шаҳрвандон ва шаҳрвандони хориҷӣ, махсусан дар минтақаҳои наздисарҳадӣ, бақайдгирӣ ва баҳисобгирии онҳо пурзур карда шавад.

       Инчунин супориш дода шуд, ки фаъолият дар самти истеҳсолоти амалияи маъмурӣ ҷоннок карда шавад. Қайд карда шуд, ки фаъолият дар ин самтҳо такмили ҷиддӣ ва таҷдиди тарзи фаъолиятро талаб мекунад.
Ба сардорони хадамотҳои зертобеъ ҷиҳати фаъолият вобаста ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф вобаста ба қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки ба таври ғариқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд” супоришҳои катъӣ дода шуд ва барои иттилоотонидани аҳоли дар бораи моҳияти Қонуни қабулшуда гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ба масъулин вогузор карда шуд.

        Инчунин, баҳри иҷроиши супоришҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири корҳои дохилӣ ва Сардори хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ оид ба пешгирии аз бемории сироятии коронавирус COVID-19 ба сохторҳои зертобеъи ХШБ ВКД таъқид карда шуд, ки корҳои заруриро дар ин самт ба роҳ монда, мунтазам ҳисобот диҳанд.

       Тибқи супориши бевоситаи Вазири корҳои дохилӣ дар доираи сафари хизматӣ аз ҷониби Сардори ХШБ ВКД тарзи хизматбарии қисми ҳарбии Қушунҳои дохилии ВКД № 3501 дар шаҳри Хоруғ ва дидбонҳои он дар ноҳияҳои Ванҷ ва Ишқошим аз назар гузаронида шуд ва ба онҳо кӯмаки модӣ расонида шуд.