28 Сентябрь, 2020

Корҳо дар доираи татбиқи Конуни авф

Рӯзи 23 июни соли 2020 дар студияи шабақаи радио “Ватан” пахши мустақим гузашт.

Ин барнома ба иттилоотонидани васеи аҳолӣ дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф вобаста ба қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешахрванде, ки ба таври ғайриқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд”равона шуда буд.

Дар барнома муовини Сардори хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Абдуллозода Зумрад, сардори шуъбача оид ба  масъалаҳои шаҳрвандӣ, подполковники милитсия Давлатзода Саид ва ҳуқуқшиноси ташкилоти ҷамъиятӣ “Ҳуқук ва беҳбудӣ” иштирок кардаанд.

Иштирокчиёни пахш дар бораи моҳияти Қонуни авф барои шахсоне, ки солҳои тулонӣ дар Тоҷикистон ғайриқонунӣ будубош доранд сухан ронданд ва ба саволҳои шунавандагон ҷавобҳои дақиқ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва узбекӣ доданд.

Ин икдом дар доираи татбиқи Қонуни мазкур вобаста ба ташкили маракаи васеи иттилоотӣ дар васоити аҳбори омма ба фаҳмондадиҳии мақсаду вазифаҳои Қонун, қоидаҳои тартиби бақайдгирӣ, инчунин категорияи шахсоне, ки таҳти амали Қонун фаро мегиранд, амалӣ карда шуд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки раванди муайянсозӣ ва қабули аризаҳо оиди бақайдгирии вазъи ҳуқуқии шахсоне, ки таҳти амали Қонун фаро мегиранд, то 25 декабри соли 2022 гузаронида мешавад.