05 Август, 2021

Фаъолияти ХШБ баҳри иҷрои супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазири корҳои дохилӣ дар самтҳои мухталиф идома дорад

18 июни соли 2020 дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД таҳти роҳбарии Сардор ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба такмили қонунгузории миллӣ, коркарди санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи афв вобаста ба қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешахрванде, ки ба таври ғайриқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд” баргузор гардид.

Дар гурӯҳи кории мазкур муовинони Сардори ХШБ, сардорони шуъбаҳо, сарнозирон шомиланд ва ҳар ҳафта аъзоён бо пешниҳодҳои мушаххас баромад мекунанд. Пешниҳодҳо мавриди муҳоқима қарор мегиранд ва барои асосноккунии зарурати қабули санади лозима мусоидат мекунанд.

Инчунин, дар доираи ҷаласа масъалаҳои мубрам, аз қабили пешгирии бемории сирояти Covid-19, коркарди Дастурамал, Тартиб, Низомнома, татбиқи Конуни авфи муҳоҷиратӣ, раванди ҷамъоварии маълумоти оморӣ барои ҳисобот ва таҳлил, ҷустуҷӯи қарздорони давлатӣ, шахсоне, ки аз пардохти алимент саркашӣ мекунанд, иваз кардани ному насаб, амалӣ намудани назорати будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ва ғайра баррасӣ карда мешаванд.

Гурӯҳи корӣ ҷаласаҳои худро ба таври мунтазам мегузаронад.