20 Апрел, 2024

Татбиқи Қонуни авфи муҳоҷиратӣ ва пешгирии сирояти бемории коронавирус

       Дар ҷойҳо раванди ҷамъоварии маълумот дар бораи шахсоне, ки солҳои тулонӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ ғайриқонунӣ қарор доранд, идома дорад.

      Дар доираи иҷрои муқарраротҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи афв вобаста ба қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешахрванде, ки ба таври ғайриқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд Фармоиш, Дастуруламал, овезаҳо, навиштаҷотҳо, гушаҳои иттилоотӣ, номгӯи хуҷҷатҳои лозима, брошюраҳо таҳия ва чоп шуда, маводи зарурӣ ба ҷузъу томҳо барои корбарӣ ва ташкили раванди дурусти қабули шаҳрвандон ирсол карда шуд.

        Инчунин, аллакай якчанд баромад дар васоити аҳбори омма аз ҷониби сардор ва кормандони шуъба оид ба масъалаҳои шаҳрвандӣ ва кор бо гурезагони ХШБ ВКД омода ва амалӣ карда шуд.

      Ба сардорони хадамотҳои зертобеъ ҷиҳати фаъолият вобаста ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф вобаста ба қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки ба таври ғариқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд” супоришҳои катъӣ дода шуд ва барои иттилоотонидани аҳоли дар бораи моҳияти Қонуни қабулшуда гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ба масъулин вогузор карда шуд.

         Санаи 18 апрели соли 2020 дар ш. Ҳисор вохӯрӣ бо раисони ҷамоатҳо, маҳаллаҳо, директорҳои мактабҳои таҳсилоти умумӣ, намояндагони мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ дар ҷойҳо ва кормандони воҳидҳои сохтории ХШБ ВКД оид ба иттилоотонидан дар бораи зарурати пурзур намудани кор баҳри иҷрои бечунучарои Қонун дар бораи авф.

      Инчунин дар вохӯрӣ барои иҷроиши супоришҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазири корҳои дохилӣ сардори шуъба оид ба масъалаҳои шаҳрвандӣ ва кор бо гурезагон Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ, подполковники милитсия Мирзозода Ҷ.Ҷ. оид ба пешгирии сирояти бемории коронавирус COVID-19 ба иштирокҷиён дар бораи риояи қатъии гигиена, пушидани ниқобҳои тиббӣ, истифодаи антисептикҳо ва дигар чораҳои зарурӣ дар ин самт шарҳ дод ва даъват кард, ки корҳои ташкилию фаҳмондадиҳӣ ҳар чи зудтар ва ҷиддитар амалӣ карда шавад.