06 Август, 2020

Супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазири корҳои дохилӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус COVID-19 иҷро мешаванд!

Дар ҷузъу томҳои ҷумҳурӣ фаъолият оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус COVID-19 пурзур шуда, корҳои ташкилию фаҳмондадиҳӣ идома доранд.

Баҳри иҷрои супоришҳои Роҳбари давлат ва Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирии ин вабои муосир, дар воҳидҳои сохтории Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ иҷрои дастурҳои роҳбарият ба роҳ монда шудааст.

Кормандони ин ниҳод мунтазам корҳои профилактикӣ, риояи тозагӣ, гигиена, чорабиниҳои антисептикӣ гузаронида истодаанд.

Дар утокҳои корӣ сир, пиёз бурида рӯи миз гузошта ва алафи ҳазориспанд дуд карда мешавад.

Инчунин ҳар як корманд дар утоқи корӣ бо ниқоби тиббӣ нишаста, ҳар як ду соат онро иваз мекунад ва дастҳоро бо маҳлули спирт тоза мекунад.

Ба кормандон тавсия дода мешавад, ки барои баланд  кардани масунияти (иммунитет) одам ба сирояткунӣ бисертар аз лимӯ, асал, имбир, мева, сабзавот, нушикиҳои гарм истеъмол кунанд ва аз ташрифи ҷойҳои ҷамъиятии серодам худдорӣ кунанд.

Инчунин ба кормандон супориш дода шуд, ки бо мақсади пешгирии убури ғайриқонунии сарҳад ва алоқаҳои номатлуб дар шароити карантин будубош ва ҳаракатҳои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар минтақахои наздисарҳадӣ таҳти назорати катъи гирифта шавад.