06 Август, 2020

Ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти ХШБ ВКД дар 3 моҳи соли 2020

6 апрели соли 2020 дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти ХШБ ВКД дар 3 моҳи соли 2020 баргузор гардид.

Дар ҷаласа муовини Вазири корҳои дохилӣ, генерал-майори милитсия Саидзода Мамасаид Борон иштирок намудаанд.

Инчунин дар ҷаласа Сардори ХШБ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Халилзода Ҳ.С., муовинони сардор, сардорони шӯъбаҳои дастгоҳи ХШБ, сардорони ХШБ ШВКД дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва НТҶ ҳузур доштаанд.

Ҷаласаро сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ полковники милитсия Халилзода Ҳ.С. кушода, пас аз эълони  рўзномаи маљлис суханро ба муовини Вазири корњои дохилии Љумњурии Тољикистон генерал-майори милитсия Саидзода М.Б. вогузор намуд.

Муовини Вазир доир ба иҷрои супоришҳои ҷаласаи селектории назди Вазири корҳои дохилӣ вобаста ба амалӣ гардонидани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмон, ки зимни баргузории ҷаласаи Ҳукумати ҷумҳурӣ рӯзи 30 марти соли 2020 баён доштанд, ба масъалаҳои вазъи ташвишовари паҳншавии сирояти бемории коронавирус дар миқёси ҷаҳон, вусъат бахшидани чорабиниҳои пешгирикунанда барои саломатии сокинони мамлакат, инчунин пешгирии амалҳои коррупсионӣ, таъмаҷӯи, қаллобӣ, сохтакории ҳуҷҷатҳо, муоширату муносибати дуруст бо шаҳрвандон, пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои талаботҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15.02 соли 2020 таҳти №103 “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2016, №207-7 гуфта гузашт.

Сардори Хадамот доир ба иҷрои супоришҳои ҷаласаҳои Мушовараи Вазорати корҳои дохилӣ, ҷаласаҳои селектории назди Вазири корҳои дохилӣ, талаботҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои дахлдор шарҳ дод.

Сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ Халилзода Ҳ.С. оид ба фаъолияти хизматӣ дар 3 моҳи соли 2020 гузориш дода, қайд кард, ки супоришҳои Дастгоҳи иҷроияи Президент ва Вазири корҳои дохилӣ дар самтҳои мухталифи фаъолияти ХШБ иҷро гардид ва қайд кард, ки дар асоси Фармони Вазири корњои дохилї аз 20 январи соли 2012 оид ба ќабули арзу шикоят ва дархости шаҳрвандон ба тариқи телефони “Боварӣ” 6 шикоят (соли 2019 – 5 шикоят) ворид гардидааст, ки нисбати онҳо санҷишҳои хизматӣ гузаронида шуда, ҷавобҳои дахлдор ирсол карда шудааст. Дар ин давра санадҳои меъёрию ҳуқуқии зерин таҳия ва баъзеи онҳо ба тасвиб расонида шуданд:

  • лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2016, №207-7» таҳия карда шуда, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14.02 соли 2020 таҳти №103 ба имзо расонида шуд;
  • лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият» таҳия карда шуда, мавриди баррасии вазорату идораҳо қарор дорад;
  • лоињаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 июни соли 2014, №406 «Дар бораи тасдиқ намудани Қоидаҳои додани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия карда шуда, дар баррасии вазорату идораҳо қарор дорад;
  • Фармоиши ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Дастурамал доир ба амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф вобаста ба қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки ба таври ғайриқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд» таҳия карда шуда, санаи 11 феврали соли 2020 таҳти № 66 б/з ба имзо расонида шуд (дастурамали мазкур ба теъдоди 200 китобча ба чоп расонида шуда, ба воҳидҳои поёнии ХШБ дастрас карда шуд);
  • Фармоиши якҷояи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Тартиби баррасии масъалаи муайян намудани мансубияти шахс ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номгӯйи ҳуҷҷатҳое, ки дар асоси онҳо мансубияти шахс ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад» таҳия карда шуда, аз санаи 13.02 соли 2020, №81 б/з, аз 14.02 соли 2020, №086, аз 13.02 соли 2020, №7 ба имзо расонида шудааст.

Ба ҳамаи хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ таъқид карда шуд, ки ҳангоми муроҷиати шаҳрвандон барои гирифтани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон шиносномаи намунаи соли 2014 ва гирифтани шиносномаҳои хориҷӣ ба монеагӣ ва кашолкорӣ роҳ дода нашавад, шаҳрвандон барои иваз намудани шиносномаи эътиборноки намунаи соли 1996 ба шиносномаи нави намунаи соли 2014 ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб карда нашаванд;

Тибқи фармоиши Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №30 аз 25.06 соли 2019 Ситоди хадамот аз ҳисоби роҳбарияти Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, нақшаи назорати фаъолият дар шӯъбачаҳои шиносномавии шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ тасдиқ карда шуд. Роҳбарияти хадамот ва сардорони шӯъбаҳои он тибқи нақшаи рафти таъмини шаҳрвандонро бо шиноснома ва дигар масъалаҳои дахлдор мавриди санҷиши доимӣ қарор дода, санҷишҳои нақшавӣ ва ногаҳонӣ гузаронида истодаанд.

Инчунин, сардори Хадамот оид ба фаъолият дар самтҳои асосии фаъолият, аз ҷумла кофтукови шахсоне, ки аз пардохти алимент саркашӣ мекунанд, қарздорони давлатӣ, амалияи маъмурӣ, речаи корӣ, амалишавии Қонун дар бораи авф, лоиҳаҳои санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, ки дар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, ва дигар масъалаҳои дахлдор гузориш дод.

Дар доираи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи афв вобаста ба қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешахрванде, ки ба таври ғайриқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд Фармоиш, Дастуруламал, овезаҳо, навиштаҷотҳо, гушаҳои иттилоотӣ, номгӯи хуҷҷатҳои лозима, брошюраҳо ва сенарияи баромад дар Васоити аҳбори омма таҳия ва чоп шуда, маводи зарурӣ ба ҷузъу томҳо барои корбарӣ ва ташкили раванди дурусти қабули шаҳрвандон ирсол карда шуд.

Ба сардорони шӯъбаҳои дастгоҳи марказии ХШБ, сардорони ХШБ ШВКД дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ супориш дода шуд, ки ҷиҳати пешгирии мубталошавии шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба бемории коронавирус ва роҳандози кардани тамоми тадбирҳои таъхирнопазир дар самти мазкур, рафти иҷрои протоколҳои ҷаласаҳои оперативӣ-хизматии назди роҳбарияти ВКД, талабнома ва супоришҳо таҳти иҷро ва назоратбарии қатъӣ қарор дода шаванд.

Алоҳида, баҳри иҷроиши супоришҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазири корҳои дохилӣ Сардори хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ оид ба пешгирии аз бемории сироятии коронавирус COVID-19 ба сардорони воҳидҳои сохтории ХШБ дар бораи риояи қатъии гигиена, пушидани ниқобҳои тиббӣ, истифодаи антисептикҳо ва дигар чораҳо супоришҳои ҷиддӣ дод.

Ҳамзамон, оид ба фаъолияти хизматї дар соли 2020 сардори шӯъбаи таҳлилӣ-назоратӣ ва ҳуқуқӣ Раҷабзода Б.Ш., сардори шӯъбаи корҳои шиносномавӣ Миршамсзода М.Х., сардори бюрои суроғавӣ-маълумотдиҳӣ Шерзода Ш.Т., сардори ШШ ва КГ Мирзозода Ҷ.Ҷ., сардори ШКРБ Абдураҳмонзода М., сардори котибот Одинамадзода М., сардори шуъбаи молия Раҳматзода Р.Р, ва сардорони шӯъбачаҳои шиносномавии ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва НТҶ бо дарҷ кардани камбудиҳо дар фаъолияти худ баромад намуданд.

Ба роҳбарони хадамотҳои шиносномавию бақайдгирии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта, супориш дода шуд, ки фаъолиятро дар самтҳои мухталифи ХШБ ҷоннок ва пурзур карда шавад.