06 Август, 2020

Сафари хизматӣ ба вилояти Суғд

Рӯзҳои 11-15 марти соли 2020 сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Халилзода Ҳусейн Собир дар доираи ба амал овардани санҷишҳои нақшавӣ ва ногаҳонӣ, ба вилояти Суғд сафари хизматӣ анҷом дод.
Номбурда ба сохторҳои зертобеъи ХШБ дар ноҳияҳои, ШВКД дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ташриф оварда аз кору фаъолияти кормандон дар давраи ҳисоботӣ шинос шуд.
Дар сохторҳои номбурда фаъолият дар самтҳои ба қайд гирифтани иҷоранишинон, будубоши муваққатӣ, раванди ба расмият даровардани шиносномаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шиносномаҳои хориҷӣ, кабули дурусти шаҳрвандон ва ташкили кор дар тамоми самтҳо мавриди санҷиш қарор дода шуд.

Инчунин, дар рафти сафари хизматӣ фаъолияти сохторҳои зертобеъи ХШБ ВКД дар самти ташкили ҷус туҷӯи шахсоне, ки аз пардохти алимент саркашӣ мекунанд, қарздорони давлатӣ ва шахсоне, ки бо хешовандон робитаҳоро гум кардаанд, мавриди санҷиш қарор дода шуд.
Сардори ХШБ супориш дод, ки микдори чунин шахсон коҳиш дода шавад ва кор дар ин самт пурзур карда шавад.

Вобаста ба он камбудиҳое, ки дар натиҷаи санҷиш ошкор гардид ҷиҳати бартарафнамоии он аз ҷониби Сардори ХШБ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд. Номбурда таъкид намуд, ки назорат аз болои рафтуомади шаҳрвандон ва шаҳрвандони хориҷӣ, махсусан дар минтақаҳои наздисарҳадӣ, бақайдгирӣ ва баҳисобгирии онҳо пурзур карда шавад.

Инчунин супориш дода шуд, ки фаъолият дар самти истеҳсолоти амалияи маъмурӣ ҷоннок карда шавад.

Қайд гардид, ки фаъолият дар ин самтҳо такмили ҷиддӣ ва таҷдиди тарзи фаъолиятро талаб мекунад.
Ба сардорони хадамотҳои зертобеъ ҷиҳати фаъолият вобаста ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф вобаста ба қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки ба таври ғариқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд” супоришҳои катъӣ дода шуд ва барои иттилоотонидани аҳоли дар бораи моҳияти Қонуни қабулшуда гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ба масъулин вогузор карда шуд.

Инчунин, баҳри иҷроиши супоришҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири корҳои дохилӣ ва Сардори хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ оид ба пешгирии аз бемории сироятии коронавирус COVID-19 ба сохторҳои зертобеъи ХШБ ВКД таъқид карда шуд, ки корҳои заруриро дар ин самт ба роҳ монда, ҳар хафта ҳисобот диҳанд.