Корҳо баҳри пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус COVID-19

Санаи 2 апрели соли 2020 баҳри иҷроиши супоришҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири корҳои дохилӣ ва Сардори хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ оид ба пешгирии аз бемории сироятии коронавирус COVID-19 кормандони шуъбаи оид ба шаҳрвандӣ ва кор бо гурезаҳо дар якҷоягӣ бо кормандони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат бо шаҳрвандони хориҷие, ки ҳамчун гуреза ва шахси паноҳҷӯянда пазируфта шудаанд вохӯрӣ ва корҳои профилактикӣ ва фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

Ҳангоми суҳбат кормандони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣӣ аҳолӣ қайд кардаанд, ки то кунун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон нафар бо бемории сироятии коронавирус ба қайд гирифта нашудаст. Вазорати тандурустии мамлакат барои пешгирии ин беморӣ тамоми чораҳоро андешида истодааст. Коронавирус ин беморие мебошад, ки дар роҳҳои нафаси инсон ба вуҷуд меояд. Зарур аст, ки ҳар як шахс  гигиенаро ҷиддӣ риоя кунад ва аз ниқобҳои тиббӣ истифода барад.

Дар доираи ин чорабинӣ дар назди биноҳои истиқоматӣ ва хизматӣ овезаҳо ва навиштаҷотҳое, ки дар бораи коронавирус COVID-19 маълумот воқеъ аст, насб карда шуда бо 53 нафар шахсони гуреза ва паноҳҷӯянда барои пешгирӣ аз бемории коронавирус ва оиди риояи  қоидаҳои будубош, одоби шаҳрдорӣ, тоза нигоҳ доштани хонаҳои истиқоматӣ, ҳавлӣ ва гузаргоҳҳо, инчунин  шабона ворид нашудан ба марказҳои дилхушӣ, шомил нашудан ба ҳизбу харакатҳои ғайриқонунӣ, риояи қатъии гигиенаи шахсӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.