07 Апрел, 2020

Ҷаласаи нахустини Гурӯҳи кории муштараки Вазоратҳои корҳои дохилии Россия-Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мубориза бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ

16-17 марти соли 2020 дар шаҳри Москва ҷаласаи нахустини Гурӯҳи кории муштараки Вазоратҳои корҳои дохилии Россия-Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мубориза бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ баргузор гардид.

Ҳайати ҷониби Россия муовини Сардори Сарраёсатиоид ба масъалаҳои муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия, генерал-майори политсия Демиденко Дмитрий Павлович роҳбарӣ намуд.

Аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайатро муовини Сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Зумрад Абдуллозода роҳбарӣ кард.

Дар доираи рӯзномаи рӯз масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода шуд:

  1. Дар бораи вазъи муҳоҷиратӣ дар Ҷумхурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия;
  2. Дар бораи такмили манбаи қонунгузорӣ дар самти муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия;
  3. Дар бораи чораҳобаҳри пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣдар қаламрави ҷонибҳо. Ҳолат ва дурнамоии ҳамкории мақомоти корҳои дохилии минтақаҳои наздисарҳадӣ дар амалӣ намудани назоарт аз болои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар худудҳои ҷонибҳо;
  4. Машваратҳо оид ба баррасии лоиҳаҳои Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи реадмиссия ва Протоколи иҷроияи он;
  5. Дар бораи сана ва макони баргузории ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории муштарак.

Дар натиҷаи ҷаласа қарор қабул карда шуд:

Ҷонибҳо маълумот дар бораи вазъи муҳоҷират дар ҳудуди Тоҷикистону Россия ба инобат гирифта, ҳамзамон нишондиҳандаҳои оморӣ мубодила кардаанд.

Ҳайатҳо мубодилаи иттилоот дар самти такмили қонунгузорӣ дар соҳаи муҳоҷират амалӣ намудаанд.

Иштирокчиён дар бораи таҷрибаи мусбӣ дар гузаронидани чорабиниҳои профилактикӣ ва пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ хабрдор намудаанд.

Аз ҷониби Россия пешниҳолд шуд, ки лоиҳаҳои Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи реадмиссия ва Протоколи иҷроияи он мавриди баррасӣ қарор дода шавад.

Ҷониби Тоҷикистон пешниҳодҳои худро ба иштирокчиён манзур намуд вав оид ба пешниҳодҳои мазкур ҷониби Россия фиқру ақидаҳои бударо иброз намуд.

Дар натиҷа ҷонибҳо ба мувофиқа омадаанд, ки дар дувум квартали соли 2020 машваратҳои иловагӣ мегузаронанд.

Инчунин дар бораи гузаронидани ҷаласаи навбатии Гуруҳи корӣ дар соли 2021 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибҳо ба мувофиқа расидаанд.

Вохӯрии корӣ дар фазои якдигарфаҳмӣ, эътимод ва ҳамкориҳои созанда баргузор гардид.