07 Апрел, 2020

Ҷаласаи Ситоди байналмиллалии амалиёти минтақавии СААД “Нелегал”

Мутобиқи Низомномаи амалиёти минтақавии доимоамалкунандаи давлатҳо аъзоёни Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъона оид ба муқовимат ба муҳочирати ғайриқонунӣ 13 марти соли 2020 дар шаҳри Москва дар Маркази эътинооварӣ ба бӯҳронҳои СААД ҷаласаи Ситоди байналмилалии амалиёти минтақавии СААД “Нелегал” баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа Муовини Дабири кулли СААД В.А. Семериков, ҳайатҳои давлатҳо аъзоёни СААД, инчунин нозир аз ҷониби Созмони байналмилии муҳочират, намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар БҲМЗҶМ ИДМ (БКБОП СНГ), Шӯрои ҳамоҳангсози фармондеҳони қӯшунҳои сарҳадӣ ва Шӯрои роҳбарони воҳидҳои иктишофии молиявӣ иштирок доштаанд.

Дар доираи кори Ситоди байналмилалӣ натиҷаҳои гузаронидани амалиёти минтақавӣ оид ба муқовимат ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар соли 2019  мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Иштирокчиёни ҷаласа дар реҷаи алоқаи телефонӣ бо ситодҳои миллии давлатҳо аъзоёни СААД Нақша ва алгоритми  гузаронидани амалиёти “Нелегал” муҳоқима кардаанд.

Бо дарназардошти  пешниҳодҳои иштирокчиён қарор қабул карда шуд, ки Нақшаи гузаронидани амалиёти минтақавӣӣ СААД  таҳти номи рамзии “Нелегал-2020” барои мувофиқа ба Дабири кулли СААД пешниҳод карда шавад.

Инчунин, бо пешниҳоди чониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шӯрои роҳбарони воҳидҳои иктишофии молиявӣ супориш дода шуд, ки иштироки воҳидҳои мазкур дар амалиёти “Нелегал” бо дарназардошти таҷрибаи пешрафти Ҷумҳурии Беларус ва Федератсияи Россия амалӣ карда шавад.

Ғайр аз ин, дар рафти ҷаласа чораҳои ҳамоҳангсозии ҳамкорӣ дар гузаронидани амалиёт мавриди баррасӣ ва мувофиқа қарор гирифт, тарзҳои алоқа ва тартиби мубодилаи иттилоот муайян карда шуд, инчунин иҷроиши дархостҳо муҳоқима шуд.