Дарси хизматӣ дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД

Санаи 13 феврали соли 2020 бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии                 Тоҷикистон дарси хизматӣ дар мавзуъи “Омӯзиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17.05.2004 с., таҳти №41 “Дар бораи милитсия” баргузор гардид.

Бо маърӯза сардори шуъбаи таҳлилӣ-назорати ва ҳуқуқии ХШБ ВКД, подполковники милитсия Раҷабзода Б.Ш. баромад кард.

Дар баромади худ Раҷабзода Б.Ш. дар бораи маҳфум, салоҳият, вазифаҳо ва ҳуқуқҳои милитсия шарҳ дода ба саволҳои ҳозирин чавобҳои дақиқ дод.

Инчунин дар рафти дарси хизматӣ шарҳ оид ба вазъи риояи қонуният дар байни ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019 мавриди омӯзиш қарор гирифт.