Таваҷҷуҳ!!!

 

Мутобиқи моддаҳои 21 ва 23 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 ноябри соли 2019 таҳти № 1650 “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои   соли 2020” аз 1 январи соли 2020   нишондиҳанда  барои ҳисобҳо ҷиҳати ҳисобкунии андоз, боҷ, дигар пардохтҳои ҳатмӣ, муҷозоти ҷаримавӣ, пардохтҳои   иҷтимоӣ, инчунин барои ҳисобкунии ин ё он бузургиҳои арзишии ҳадди ниҳоӣ   (поёнӣ ё болоӣ), ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ   карда мешаванд, дар ҳаҷми 58 сомонӣ муқаррар карда мешавад.

 Вобаста ба ин ба Нарҳномаи хизматрасониҳои Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид   карда  мешавад!