23 Апрел, 2024

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АВФ ВОБАСТА БА ҚОНУНИГАРДОНИИ МАҚОМИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ ВА ШАХСОНИ БЕШАҲРВАНДЕ, КИ БА ТАВРИ ҒАЙРИҚОНУНӢ ДАР ҲУДУДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҚАРОР ДОРАНД

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ АВФ ВОБАСТА БА ҚОНУНИГАРДОНИИ МАҚОМИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ ВА ШАХСОНИ БЕШАҲРВАНДЕ, КИ БА ТАВРИ ҒАЙРИҚОНУНӢ ДАР ҲУДУДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҚАРОР ДОРАНД

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии аз ҷониби давлат гузаронидани иқдоми якдафъаина оид ба авфро вобаста ба қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванди давлатҳои собиқ Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ, ки ба таври ғайриқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, муқаррар менамояд.
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
– авф – аз ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ озоднамудани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванди давлатҳои дар ҳайати собиқ Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ қарор дошта (минбаъд–шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд) барои риоя накардани тартиби истиқомат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва убури Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин аз ҷавобгарӣ озод намудани шахсони мансабдор ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои риоя накардани тартиби муқарраршудаи истиқомати шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд;
– қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд– раванди бақайдгирӣ, додани иҷозат барои истиқомати доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути гувоҳномаи иқомат барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки ба таври ғайриқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд;
– шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки ба таври ғайриқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд – шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бе раводид (агар тартиби раводидии вуруд ва истиқомат муқаррар гардида бошад), бе бақайдгирии шиносномаҳо дар ҷойи истиқомат, аз рӯи ҳуҷҷатҳои беэътибор, беҳуҷҷат қарор доранд;
– муҳлати қонунигардонӣ– муҳлати пешбининамудаи моддаи 3 Қонуни мазкур, ки дар ин давра шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бе шаҳрванди ба таври ғайриқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта метавонанд барои қонунигардонии истиқомати худ аз рӯи маҳали зист ба мақомоти корҳои дохилӣ муроҷиат намоянд.
Моддаи 2. Доираи амали Қонуни мазкур
1. Авф вобаста ба қонунигардонӣ нисбати шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон то 31 декабри соли 2016 ворид шудаанд ва дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вайрон кардани талаботи пешбини намудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, татбиқ карда мешавад.
2. Амали Қонуни мазкур нисбати шахсони зерин татбиқ мегардад:
– шахсони бешаҳрванди дорои гувоҳномаи иқомати дар давлати хориҷӣ додашуда, ки муҳлати эътибори он ба анҷом расидааст, шахсони бешаҳрванде, ки гувоҳномаи иқомати дар давлати хориҷӣ додашударо гумм кардаанд ё аз онҳо гувоҳномаи иқомати дар давлати хориҷӣ додашуда гирифта шудааст;
– шахсоне, ки дорои шиносномаи шаҳрванди собиқ Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ мебошанд ё шиносномаи шаҳрванди собиқ Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистиро гум кардаанд ва шаҳрванди давлати хориҷӣ намебошанд, инчунин онҳо мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванди ҶумҳурииТ оҷикистон ба ҳисоб намераванд;
– шахсони дорои шаҳодатномаи таваллуд, ки он аз ҷониби давлатҳои дар ҳайати собиқ Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ қарор дошта дода шудааст ё шахсони шаҳодатномаи таваллудро гум карда, ки шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ намебошанд, инчунин тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб намераванд;
– шахсоне, ки ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият (шиносномаи шаҳрванди собиқ Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ, шаҳодатномаи таваллуд) нагирифтаанд ва онҳо шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ намебошанд, инчунин тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб намераванд;
– шаҳрвандони хориҷие, ки онҳо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи мансубият ба давлати хориҷиро надоранд, муҳлати амали ҳуҷҷатҳояшон ба охир расидааст ё ҳуҷҷатҳояшон беэътибор мебошанд;
– шаҳрвандони хориҷие, ки дар ноҳияҳои сарҳадии ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шиносномаи эътиборноки аз ҷониби давлатҳои хориҷӣ дода шуда қарор доранд, вале онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон наметавонанд раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастрас кунанд, шиносномаҳои хориҷиашонро ба қайд гузоранд ва ҳуҷҷатҳояшонро барои истиқомати доимӣ мондан супоранд.
3. Амали Қонуни мазкур нисбати шахсони дар қисми 2 ҳамин мода зикр шуда татбиқ намегардад, агар онҳо:
– маълумоти бардурӯғ ё ҳуҷҷатҳои қалбакӣ пешниҳод намоянд;
– узви ҳизб ё ташкилоти дигаре бошанд, ки фаъолияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон расман манъ шудааст;
– бо асосҳои дигар таҳти таъқиби ҷиноятӣ қарор дошта ё дар шакли маҳрумӣ аз озодӣ адои ҷазо карда истода бошанд.
Моддаи 3. Муҳлати қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бе шаҳрванд
Муҳлати қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бе шаҳрванде, ки таҳти амали Қонуни мазкур қарор доранд, се солро аз рӯзи интишори расмии Қонуни мазкур фаро мегирад.
Моддаи 4. Тартиби қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд
1.Қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки таҳти амали Қонуни мазкур қарор мегиранд, бо роҳи бақайдгирии онҳо дар мақомоти корҳои дохилӣ, пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои ба истиқомати доимӣ мондан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба онҳо додани гувоҳномаи иқомат амалӣ карда мешавад.
2. Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки таҳти амали Қонуни мазкур қарор мегиранд, барои қонунигардонӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти корҳои дохилӣ барои бақайдгирӣ бо ариза муроҷиат менамоянд. Пас аз қабули ариза ба шахсони муроҷиатнамуда дар бораи тасдиқи бақайдгирии онҳо маълумотнома дода мешавад.
3. Ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванди дорои ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият (шиносномаи шаҳрванди собиқ Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ, гувоҳномаи иқомат, ки дар давлатҳои хориҷӣ додашудааст, шиносномаҳои давлатҳои хориҷӣ) тартиби пешниҳоди ариза барои додани иҷозати истиқомати доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаҳмонида мешавад.
4. Дар сурате ки шахс ягон ҳуҷҷат пешниҳод карда наметавонад, мақомоти корҳои дохилӣ барои ҷамъоварӣ ва гирифтани маълумот аз ҷойи таваллуди аризадиҳанда, ҷойи будубош ё ҷойи истиқомати охирини ӯ, инчунин аз давлатҳое, ки аъзои оилаи ӯ ва падару модараш шаҳрвандии онро соҳиб мебошанд, инчунин барои муқаррар намудани шахсияти ӯ ва муайян кардани мансубият ба шаҳрвандии давлати хориҷӣ чораҳои зарурӣ меандешад.
5. Тартиби бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки таҳти амали қонуни мазкур қарор мегиранд, намунаи аризаҳо дар бораи бақайдгирӣ, маълумотномаҳо, китобҳо ва дигар варақаҳо, инчунин тартиби гузаронидани санҷиш барои муқаррар намудани шахсият ва шаҳрвандии онҳо аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ муқаррар карда мешаванд.
6. Тартиб ва муҳлати баррасии дархостҳо оид ба дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истиқомати доимӣ мондан, барасмиятдарорӣ ва додани гувоҳномаи иқомат барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки таҳти амали Қонуни мазкур қарор мегиранд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегарданд. Вобаста ба ҳолати мураккабии кор, ки санҷиши иловагиро барои муайян намудани шахсияти шахсе, ки таҳти амали ҳамин Қонун қарор мегирад, талаб менамояд, дархост барои мондан ба истиқомати доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати на зиёда аз шаш моҳ аз рӯзи супоридани ҳамаи ҳуҷҷатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, баррасӣ карда мешавад.
Моддаи 5. Авф вобаста ба қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд
1. Шахсоне, ки дар қисми 2 моддаи 2 Қонуни мазкур зикр гардидаанд, аз ҷавобгарии маъмурии пешбининамудаи моддаҳои 497, қисми 2 моддаи 498, қисмҳои 1 ва 2 моддаи 499 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶумҳурииТоҷикистон озод карда мешаванд.
2. Шахсони мансабдор ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои содир кардани кирдорҳои дар моддаи 470 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишудаи ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд алоқамандӣ дошта, ки дар муҳлатҳои муқаррарнамудаи Қонуни мазкур мақоми ҳуқуқии худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунӣ гардондаанд, аз ҷавобгарии маъмурӣ озод карда мешаванд.
3. Шахсоне, ки дар қисми 2 моддаи 2 Қонуни мазкур зикр гардидаанд, аз ҷавобгарии ҷиноятии пешбини намудаи қисми 1 моддаи 335 ва моддаи 336 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда мешаванд. Авф нисбати шахсони зикргардида бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешавад.
Моддаи 6. Кафолатҳои давлат нисбати шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки мақоми ҳуқуқии худро қонунӣ гардондаанд
Давлат ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандеро, ки мутобиқи Қонуни мазкур мақоми ҳуқуқии худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунӣ гардондаанд, кафолат медиҳад.
Моддаи 7. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 8. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе,
18 декабри соли 2019,
№ 1652