30 Ноябр, 2020

Ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти ХШБ ВКД дар соли 2019

  2 январи соли 2020 дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти ХШБ ВКД дар соли 2019 баргузор гардид.
  Дар ҷаласа муовини Вазири корҳои дохилӣ, генерал-майори милитсия Саидзода Мамасаид Борон, сардори ХШБ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Халилзода Ҳ. С., муовинони сардор, сардорони шӯъбаҳои дастгоҳи ХШБ, сардорони ХШБ РВКД дар вилояти Хатлон, (минтақаи Кулоб), минтақаи Рашт, ШВКД дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва НТҶ ҳузур доштанд.
  Муовини Вазир доир ба иҷрои супоришҳои ҷаласаҳои сайёри Мушовараи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб, ноҳияи Рашт, ҷаласаи селектории назди Вазири корҳои дохилӣ аз 17 июли соли 2019 (№4/1-2052), хусусан пешгирии амалҳои коррупсионӣ, таъмаҷӯи, қаллобӣ, сохтакории ҳуҷҷатҳо, муоширату муносибати дуруст бо шаҳрвандон, махсусан шаҳрвандони хориҷӣ, маъракаҳои сиёсии соли 2020, пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои талаботҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 09.02 соли 2019 таҳти №64 “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2016, №207-7 гуфта гузашт.
  Сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ Халилзода Ҳ.С. оид ба фаъолияти хизматӣ дар соли 2019 гузориш дода, қайд кард, ки супоришҳои ҷаласаи селектории назди Вазири корҳои дохилӣ таҳти 4/1-2052 аз 17.07.2019 сол иҷро гардида, дар давоми соли сипаришуда дар ҳамаи хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ гӯшаҳои иттилоотӣ оид ба:
-нархномаҳои хизматрасонӣ;
-номгӯи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда;
-намунаи аризаҳо;
-номгӯи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ;
-реҷаи корӣ;
-телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ ва сардори Хадамот овезон карда шуда, инчунин барои баланд бардоштани шароити қабули шаҳрвандон курсиҳо барои нишастани шаҳрвандон, дастгоҳи оби нӯшокӣ (куллер), кондитсионер ва даромадгоҳҳои алоҳида барои воридшавии шаҳрвандон таъмин карда шуданд.
  Дар ҳамаи хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ ҳуҷраҳои корӣ, бойгониҳо ва картотекаҳо таъмин ва ба тартиб дароварда шуда, ҳуҷҷатҳои муҳлати нигоҳдориашон ба итмомрасида нобуд карда шуданд.
  Ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 феврали соли 2019, №64, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 августи соли 2019, №413 “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2016, №207-7” бақайдгирии симкортҳои мобилӣ бо шиносномаи намунаи соли 2014 то 15 феврали соли 2020 тамдид карда шудааст, аз ҷониби кормандони Хадамоти шиносномавию бақайдгириии Вазорати корҳои дохилӣ тамоми чораҳои зарурӣ роҳандозӣ кардашудаистодааст.
  Инчунин, тибқи супориши Вазири корҳои дохилӣ баҳри иҷрои қарори мазкур бо фармоиши Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №30 аз 25.06 соли 2019 Ситоди хадамот аз ҳисоби роҳбарияти Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, нақшаи назорати фаъолият дар шӯъбачаҳои шиносномавии шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ тасдиқ карда шуд. Роҳбарияти хадамот ва сардорони шӯъбаҳои он тибқи нақшаи мазкур рафти таъмини шаҳрвандонро бо шиноснома ва дигар масъалаҳои дахлдор мавриди санҷиши доимӣ қарор дода, санҷишҳои ногаҳонӣ гузаронида истодаанд.
  Бо мақсади саривақт таъмин намудани шаҳрвандон бо шиносномаи намунаи соли 2014 аз ҷониби кормандони масъули Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ дар васоити ахбори омма корҳои фаҳмондадиҳию иттилоотӣ идома доранд.
  Дар натиҷаи ин чораҳои андешидашуда дар давоми соли 2019 – ҳамагӣ 1 млн. 278 ҳазор шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият дароварда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 – 792 ҳазор шиноснома зиёд ба расмият дароварда шудааст.
  Инчунин, сардори Хадамот оид ба фаъолият дар самтҳои асосии фаъолият, аз ҷумла кофтукови шахсоне, ки аз пардохти алимент саркашӣ мекунанд, қарздорони давлатӣ, амалияи маъмурӣ, реҷаи корӣ, амалишавии Қонуни авф, лоиҳаҳои санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, ки дар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, ва дигар масъалаҳои дахлдор гуфта гузашт.
  Ҳамзамон, оид ба фаъолияти хизматӣ дар соли 2019 сардори шӯъбаи таҳлилӣ-назоратӣ ва ҳуқуқӣ Раҷабзода Б.Ш., сардори шӯъбаи корҳои шиносномавӣ Миршамсзода М.Х., сардори бюрои суроғавӣ-маълумотдиҳӣ Шерзода Ш.Т., сардори ШШ ва КГ Мирзозода Ҷ.Ҷ., сардорони ХШБ РВКД дар вилояти Хатлон, минтақаи Кулоб, минтақа ва ноҳияи Рашт ва сардорони шӯъбачаҳои шиносномавии ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва НТҶ бо дарҷ кардани камбудиҳо дар фаъолияти худ баромад намуданд.
  Ба роҳбарони хадамотҳои шиносномавию бақайдгирии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта супориш дода шуд, ки фаъолиятро дар самтҳои мухталифи ХШБ ҷоннок ва пурзур карда намоянд.