24 Апрел, 2024

Таҷлили Рӯзи таъсисёбии Системаи шиносномавию бақайдгирии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

  25 декабри соли 2019 дар Хадамоти бақайдгирию шиносномавӣ Конференсияи илмӣ-амалӣ баҳшида ба Рӯзи таъсисёбии Системаи шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоқикистон баргузор гардид.
  Дар ҷаласа Муовини Вазири корҳои дохилии Чумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Умарзода Икром Ислом, Сардори Маркази персонализатсияи Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷӣ Бобохонов Равшан Арабович, Сардор ва муовинони Сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ, полковники милитсия Халилзода Ҳусейн Собир, собиқадорони соҳа, сардорон ва кормандони хадамотҳои зертобеъ иштирок доштаанд.
  Дар конференсия бо суҳани табрикотӣ Умарзода И.И. баромад намуда, таъқид намудаанд, ки вазифаи ҳар як корманди ХШБ ВКД – ин амалӣ намудани хизматрасонии саривақт ва босифат ба аҳолӣ мебошад.
  Инчунин Муовини Вазир дар бораи таърихи ҷорӣ кардани системаи шиносномавию бақайдгирии ВКД суханронӣ карданд ва фаъолияти масъулиятноки бахши шиносномавӣ, дастгириҳои ҳамаҷонибаи Ҳукумати кишвар ва саъю кӯшишҳои роҳбарияти ВКД дар пешрафти ин ҷузъи ҷудонашавандаи сохтори мақомоти корҳои дохилӣ суханронӣ намуда, зикр кард, ки имрӯз роҳбарияти Ҳукумати ҷумҳурӣ дар пешрафту дастовардҳои мақомоти милитсия таваҷҷуҳи хосса дошта, шароити хизмативу маишӣ ва иқтисодиву иҷтимоии кормандон таъмин мебошад.


  Дар идомаи конфронси илмӣ-амалӣ сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД полковники милитсия Халилзода Ҳусейн Собир кулли кормандону собиқадорони ниҳодро бо фарорасии иди касбӣ табрику муборакбод гуфта, аз фаъолияти бахшҳои шиносномавӣ, дастовардҳои самти фаъолият, шароитҳои кории муҳайёгардидаи кормандон, шиносоӣ бо фаъолияти бахшҳои шиносномавӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, расонидани кумакҳои ҳуқуқӣ ба кормандони бахшҳо ва пешравию комёбиҳои самти фаъолият суханронӣ намуда, зикр кард, ки минбаъд низ баҳри оромиву осоиштагӣ, пешрафту шукуфоии Ватани азизамон дучанд камари ҳиммат баста, сазовори боварии роҳбарият мегардем.
  Дар идомаи чорабинӣ муовини сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД полковники милитсия Зумрад Абдуллозода аз таърихи пайдоиши шиноснома, марҳила ва сабабҳои тағирёбии шиносномаҳо дар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, шакл ва сифати омодагардии онҳо баромади пурмуҳтаво намуда, ҳозиринро бо Рӯзи ҷорӣ гардидани низоми ягонаи шиносномавӣ ва фарорасии Соли нави мелодӣ табрик гуфт.


  Ҳамчунин, дар баргузории конфронси илмӣ-амалӣ сардори Раёсати персонализатсияи Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷӣ Равшан Бобохонов аз ҳамкории қавию судманди ду сохтори давлатӣ суханронӣ намуда, қайд кард, ки робитаи мо хуб ба роҳ монда шуда, ин ҳамкориҳо дар самтҳои таъмини техникаву таҷҳизоти корбарӣ, саривақт омода намудани шиносномаҳои шаҳрвандӣ ва умумишаҳрвандии хориҷӣ (биометрӣ), иҷроиши саривақтии дархостҳои бахшҳои шиносномавӣ равона гардидааст.
  Инчунин, корманди ХШБ, мутахассиси ҷавон, капитани милитсия Асламшозода Нилуфар баромад намуда миннатдории кормандони ҷавонро аз сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон, ки ҳамеша ҷавононро дастгирӣ ва ғамхорӣ мекунанд изҳор намуд.
  Дар фарҷоми ҷамъомад собиқадорони соҳа барои дастгирии ҳаматарафаи роҳбарияти Вазорат ва Хадамот миннатдорӣ баён намуданд.