07 Апрел, 2020

Сафари хизматӣ ба вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон: Расонидани ёрии техникӣ

  Рӯзҳои 14-19 декабри соли 2019 бо супориши бевоситаи Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, Сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ, полковники милитсия Халилзода Ҳусейн Собир ба вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафари хизматӣ анҷом дод.
  Номбурда ба сохторҳои зертобеъи ХШБ дар ноҳияҳои ШВКД дар шаҳру ноҳияҳо ташриф оварда аз кору фаъолияти кормандон аз наздик шинос шуд.
  Дар сохторҳои номбурда фаъолият дар самтҳои ба қайд гирифтани иҷоранишинон, будубоши муваққатӣ, раванди ба расмият даровардани шиносномаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шиносномаҳои хориҷӣ, кабули дурусти шаҳрвандон ва ташкили кор дар тамоми самтҳо мавриди санҷиш қарор дода шуд.


  Инчунин, дар рафти сафари хизматӣ фаъолияти сохторҳои зертобеъи ХШБ ВКД дар самти ташкили ҷустуҷӯи шахсоне, ки аз пардохти алимент саркашӣ мекунанд, қарздорони давлатӣ ва шахсоне, ки бо хешовандон робитаҳоро гум кардаанд, мавриди санҷиш қарор дода шуд.
  Сардори ХШБ супориш дод, ки микдори чунин шахсон коҳиш дода шавад ва кор дар ин самт пурзур карда шавад.
  Вобаста ба он камбудиҳое, ки дар натиҷаи санҷиш ошкор гардид ҷиҳати бартарафнамоии он аз ҷониби Сардори ХШБ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд. Номбурда таъкид намуд, ки назорат аз болои рафтуомади шаҳрвандон ва шаҳрвандони хориҷӣ, махсусан дар минтақаҳои наздисарҳадӣ, бақайдгирӣ ва баҳисобгирии онҳо пурзур карда шавад.


  Ногуфта намонад, ки фаъолият дар ин самтҳо такмили ҷиддӣ ва таҷдиди тарзи фаъолиятро талаб мекунад. Ба сардорони хадамотҳои зертобеъ ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, дастуру супориши мушаххас дода шуд. Инчунин дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ вохӯрӣ ва мулоқотҳои судманд бо аҳолӣ гузаронида шуд.
  Дар доираи сафар ба тамоми хадамотҳои шиносномавию бақайдгирии вилоят ёрии техникӣ дар намуди камераҳои мушоҳидавӣ, монитор ва дастгоҳҳои лозима расонида шуд.