20 Апрел, 2024

Дурнамо ва афзалиятҳои раванди Алмаато

  Рӯзҳои 9-10 декабри соли 2019 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи чоруми гурӯҳи коршиносони техникии раванди Алмаато оид ба муҳоҷират баргузор гардид.
  Аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ, полковники милитсия Зумрад Абдуллозода иштирок намуд.
Дар ҷаласа масъалаҳои нақш ва дурнамои раванди Алмаато, интиқоли маблағҳо, баланд кардани масъулияти корфармоён, ҷамъоварии маълумоти оморӣ муҳоқима гашт.
  Дар ҷаласаи гурӯҳи коршиносон намояндагони давлатҳои иштирокчиёни раванди Алмаато, аз ҷумла Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Ӯзбекистон, Туркия, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ташкилотҳои байналмилалӣ вағайридавлатӣ иштирок намудаанд.
  Дар рафти ҷаласа икдомҳо, афзалиятҳо, муҳимиятҳои раванд ва нақшаҳои миёнамӯҳлат мавриди баррасӣ қарор гирифта шуд. Инчунин ба иштирокчиён презентатсияи Форуми глобалӣ оид ба гурезагон, ки дар ш. Женева дар даҳаи дуюми декабри соли ҷорӣ баргузор мегардад, манзур карда шуд.