27 Октябрь, 2020

Ҳимояи лоиҳаи Қонун

  11 декабри соли 2019 дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум, ки таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф вобаста ба қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки ба таври ғайриқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд» мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз рӯи ҳамаи масъалаҳои зикргардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
  Дар ҷаласаи мазкур Муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Умарзода Икром Ислом ва Сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД, полковники милитсия Халилзода Ҳусейн Собир иштирок намуда, ба саволҳои иштироккунандагон дар бораи мақсад ва моҳияти кабули Қонун ҷавобҳои дақиқ додаанд.
  Лоиҳаи Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии аз ҷониби давлат гузаронидани иқдоми якдаъфаина оид ба авфро вобаста ба қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шахсони бешаҳрванд ва шаҳрвандони хориҷӣ (собиқ шаҳрвандони Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ), ки ба таври ғайриқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, шахсони мазкур солҳои тӯлонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ (бо Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон) истиқомат намуда, бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон оила барпо карда, соҳиби фарзанду набераю абера мебошанд.
  Қисми зиёди ин шахсон солҳои 90-уми асри гузашта аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлатҳои узви собиқ Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ, хусусан ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон кӯч баста, аз гирифтани шаҳрвандии ин давлатҳо бенасиб гашта, бо ҳуҷҷати гувоҳномаи иқомат барои шахсони бешаҳрванд баҷумҳурӣ баргаштаанд.
  Надоштани ҳуҷҷат ба ин шахсон, ки ҳуқуқи ба таври қонунӣ истиқомат намуданро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон медиҳад, онҳо ва аъзои оилаи онҳоро аз хизматрасониҳои иҷтимоӣ, тиббӣ, таълимӣ, инчунин аз ҳуқуқи озодона ҷойивазкунии манзил, сабти ақди никоҳ, сабти таваллуди кӯдак ва бисёр дигар ҳуқуқҳо бенасиб мегардонад.
  Озод намудани онҳо аз ҷавобгарии маъмурӣ барои ҳуқуқвайронкуниҳои алоҳида, ки бо вуруд ва иқомати онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаманд буда, аз ҷониби қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, муайян месозад.
  Мақсади Қонуни мазкур муайян намудан, бақайд гирифтан, ҳуҷҷатнок намудани шахсоне, ки ягон мақоми ҳуқуқӣ надоранд, озод намудани онҳо аз ҷавобгарӣ барои ғайриқонунӣ қарор доштан бо ҳуҷҷатҳои беэътибор (аз ҷумла шиносномаи ИҶШС, гувоҳномаи иқомат барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, шиносномаҳои беэътибори давлатҳои ИҶШС, раводидҳои беэътибор) ва қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шахсони бешаҳрванд ва шаҳрвандони хориҷие, ки ба таври ғайриқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд ва мусоидат намудан ба пешгирии бешаҳрвандӣ мебошад.
  Қайд кардан ба маврид аст, ки барои амалӣ намудани муқарраротҳои Қонун аллакай гурӯҳи корӣ таъсис додашуд ва дар рӯзҳои наздик механизми татбиқи Қонуни мазкур таҳия мешавад.