27 Октябрь, 2020

Вохӯрӣ бо донишҷӯён

  Рӯзи 07. 12. 2019 дар толори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо ҳузури Ректори донишкадаи мазкур – Ғанизода Ҷамшед маҷлиси умумии ҳайати омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯён инчунин бо иштироки меҳмонон, аз ҷумла Президенти академияи таҳсилоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон – Бобизода Ғуломқодир, Раҷабзода Боймаҳмад – сардори шуъбаи хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Раёсати ҷавонони шаҳри Душанбе – Мирзозода Иброҳим, намоянда аз комиссияи интихоботӣ – Диноршо Азиз баргузор гардид.
  Мутобиқи супориши роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва “Нақша-чорабинии Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сафарбар ва вобаста намудани сардорон ва муовинони сардорони Раёсатҳои Дастгоҳи марказӣ ва ҷузъу томҳои ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии кишвар” бо мақсади пешгирии ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ҷавонон, хусусан донишҷӯён сардори ШТНҲ ХШБ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия Раҷабзода Б. Ш. дар вохӯрӣ бо омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон иштирок намуда, дар мавзӯи “Хусусиятҳои хоси пешгирии ҳуқувайронкунӣ дар байни ноболиғон” маърӯза намуд.
  Ӯ дар маърӯза қайд намуд, ки боло бурдани нақши ҷавонон ва истифодаи нерӯи онҳо дар пешрафти ҳаёти сиёсӣ-иҷтимоӣ, илмӣ-фарҳангӣ ва дигар соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, инчунин таълиму тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватанпарварию миллатдӯстӣ, аз масъалаи басо муҳим дар назди роҳбарияти ҳукумат ва дигар сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ ба ҳисоб рафта, аз шахсони масъул тақозо менамояд, ки ба рафтору муносибат, одобу ахлоқ ва амалу кирдоре, ки аз онҳо бармеояд, диққати махсус дода шавад.
  Дар вохӯрӣ Ректори донишкадаи мазкур, Президенти академияи таҳсилоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Раёсати ҷавонони шаҳри Душанбе ва намоянда аз Комиссияи интихоботӣ ва раъйпурсӣ иштирок намуда, суханронӣ намуданд.