27 Октябрь, 2020

Ба ғолибони мусобиқаҳои футболи хурд шараф!

  Аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ шурӯъ аз 25-уми октябри соли равон бахшида ба таҷлили иди касбии «Рӯзи милитсияи Тоҷикистон» мусобиқаи кушоди даставӣ аз намуди футболи хурд миёни дастаҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва корхонаю идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ-2019», таҳти шиори «Милитсия-ҳомии ҷомеа!» оғоз ёфта, то инҷониб идома дошт.
  Рӯзи 9-уми декабри соли 2019, давраи ниҳоии мусобиқаи мазкур байни кормандони собиқадор ва ҷавонон дар толори Маҷмааи варзишии ШҶ «Динамо»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
  Дар мусобиқаи байни кормандони собиқадор бо унвони “дарвозабони беҳтарин” подполковники милитсия, нозири калони шуъбаи корҳои раводидӣ ва бақайдгирии Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД Умар Раҳимов аз дастаи «Дастгоҳи марказӣ»-и Вазорати корҳои дохилӣ, эълон гардид.
  Мукофотҳоро ба ғолибону ҷоизадорон муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Саидзода Маҳмадсаид Борон, ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ Одиназода Ҳайдар Одина, котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Абдуллозода Муҳаммадшо Мирзохон ва дигар шахсони расмӣ супориданд.