25 Апрел, 2024

Вохӯрии кории ниҳодҳои Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Россия дар самти муҳоҷират

  9 октябри соли 2019 вохӯрии Сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Халилзода Ҳусейн Собир бо муовини аввали сардори Сарраёсати вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия оид ба масъалаҳои муҳоҷират, генерал-майори политсия Андрей Вячеславович Краюшкин барпо гардид.

  Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, қонунигардонии мақоми ҳуқуқии онҳо, иҷрои дархостҳои мақомотҳои дахлдори ҷонибҳо, мубориза бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ, омӯзиши таҷрибаи Россия дар бастани созишномаҳо оид ба реадмиссия, инунин масъалаҳои шаҳрвандӣ баррасӣ ва муҳокима шуд.

  Ҷонибҳо дар бораи ба таври мунтазам гузаронидани вохӯриҳои корӣ ибрози андеша намуда, изҳори боварӣ карда шуд, ки дар ин самт  ҳамкориҳои дуҷониба пурзӯр карда мешаванд.