27 Октябрь, 2021

СЕМИНАР – МАШВАРАТИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА САМТҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ХАДАМОТИ ШИНОСНОМАВИЮ БАҚАЙДГИРӢ

  Мутобиқи дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро роҳбарияти Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ оид ба омӯзиши санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба самти фаъолият равонагардида, тарзи ҳуҷҷатгузорӣ, баррасии парвандаҳо, саривақт бақайдгирии шахсони иҷоранишин (шакли 50, 51), махзани автоматикунонидашудаи бақайдгирӣ ва аз қайдбарории шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба роҳ мондани ҳамкории манфиатноки мақомотҳои дахлдор ва дигар паҳлӯҳои фаъолият бо иштироки роҳбарияти Сарраёсати консулӣ, масъулини Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, кормандони Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилӣ, Раёсати таҳқиқи ВКД ва сардорони ХШБ РВКД дар вилоятҳо ва ШВКД дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, инчунин роҳбарият ва ҳайати шахсии ХШБ семинар-машғулият баргузор намуд.

  Чорабиниро сардори ХШБ полковники милитсия Ҳусейн Халилзода оғоз намуда, оид ба фаъолияти назарраси кормандони Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ва воҳидҳои поёнии он дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ суханронӣ намуда, зикр кард, ки имрӯз бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва саъю кӯшишҳои пайвастаи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар баробари дигар ҷузъу томҳои ВКД, Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ва воҳидҳои поёнии он низ бо биноҳои нав ва ҳуҷраҳои кории аз таъмиру тармими замонавӣ баровардашудаву техникаву таҷҳизоти муосири корбарӣ таъмин мебошанд. «Мебояд ҳар яки мо дар баробари чунин ғамхориҳои роҳбарият, ба натиҷаҳои назарраси самтҳои хизматӣ дучанд ноил гардида, пеши роҳи қонуншиканонро сари вақт гирем ва содиқонаву софдилона ба давлату миллати худ хизмат намоем, то тавонем сазовори эътимоди мардум бошем», – афзуд ӯ.
  Мавсуф ҳамзамон дар бораи дар сатҳи баланд хизматрасонӣ намудан ва хушмуомилаву хушрафтор будан бо шаҳрвандон, бартараф намудани камбудиву норасоиҳои ҷойдошта, иҷроиши саривақтии дархостҳо, мактубу протоколҳои амалияи маъмурӣ, ба роҳ мондани ҳамкории зич бо нозирони минтақавии милитсия ҷиҳати саривақт бақайдгирии шахсони иҷоранишин (шакли 50, 51), назорати будубоши шаҳрвандони хориҷӣ, баланд бардоштани фаъолият дар самти кофтукови шахсони аз алимент саркашикунанда, қарздорони давлатӣ, ошкору пешгирии ҳуҷҷатҳои сохтакориву қалбакӣ ва аз байн бурдани ҳолатҳои коррупсионӣ, бақайдгирии электронии шиносномаҳо, санҷиши қатъии шиносномаҳои омодагардида пас аз ивази ному насаб, таъминоти хадамотҳои шиносномавӣ бо техникаи муосир ва фаъолияти мутамаркази онҳо, инчунин мусоидати бештари кормандони бахшҳои шиносномавӣ барои иваз намудани шиносномаҳои намунаи солҳои пешин бо шиносномаҳои нави электронӣ, насби лавҳаҳои иттилоотӣ оид ба самти фаъолият ва телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ ва сардори ХШБ, инчунин дигар паҳлӯҳои самти фаъолияти ХШБ ибрози андеша намуд.
  Дар идомаи семинар-машғулияти омӯзишӣ сардори Раёсати персонализатсияи Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷӣ Бобохонов Равшан вобаста ба таҳияи шиносномаҳои шаҳрвандӣ ва умумишаҳрвандии хориҷӣ, баррасии ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида аз ҷониби кормандони раёсати персонализатсияи Сарраёсати консулӣ маърӯза намуд.
  Инчунин, муовини сардори Раёсати САҲШ-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ифтихор Самадзода оид ба масъалаҳои ивази ному насаб аз рӯи анъанаҳои миллӣ, тарзи ҳуҷҷатгузории ивази ному насаб баромад намуд.


  Дар чорабинии мазкур, ҳамчунин сардори шуъба оид ба корҳои шиносномавии ХШБ полковники милитсия Манучеҳр Миршамсзода ва корманди Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилии ВКД подполковники милитсия Саттор Расулзода оид ба фаъолият дар самти парвандаҳои кофтуковӣ нисбати шахсони аз алимент саркашикунанда ва аз пардохти ҳаққи ҷарима қарздорбуда маърӯза намуданд.
  Сардори шуъбаи Бюрои суроғавӣ-маълумотдиҳӣ подполковники милитсия Шаҳло Шерзода бошад, дар бораи тартиби пешниҳоди варақаҳои суроғавии омаду баромад ва баррасии ҳуҷҷатҳо вобаста ба ин самт суханронӣ кард.
  Дар идома сардори шуъбачаи шаҳрвандии шуъбаи шаҳрвандӣ ва кор гурезаҳои ХШБ подполковники милитсия Саид Давлатзода дар мавзӯи «Татбиқи талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон»» маърӯза намуда, андешаҳояшро оид ба қабули ҳуҷҷатҳо ва барасмиятдарории шиносномаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд.

  Дар охир вобаста ба маърӯзаҳои баррасишуда ва роҳҳои беҳтар ба роҳ мондани самтҳои фаъолият саволу ҷавоб ва таклифу пешниҳодҳои судманд пешниҳод гардиданд.

Р. Илёсов.