19 Апрел, 2024

Тантанаи идона бахшида ба Рӯзи милитсия (Видео)

Имрӯз (09.11.с.2019), бахшида ба Рӯзи милитсия дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев чорабинии тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он Котиби Шӯрои амнияти миллӣ Маҳмадалӣ Ватанзода, Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, роҳбарону намояндагони сохторҳои қудратии мамлакат, собиқадорон, ҷавонони фаъоли кишвар ва ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ иштирок намуданд.

300

Дар чорабинии тантанавӣ Котиби Шӯрои амнияти миллӣ Маҳмадалӣ Ватанзода Паёми табрикотии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати Рӯзи таъсисёбии милитсияи тоҷик ироа намуд.

Зимни ин чорабинӣ Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро арзу сипоси ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилиро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ироа намуда зикр кард, ки мо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо итминони том гуфта метавонем, ки баҳри ҳифзи оромиву осоиштагӣ, амнияту болидахотирии мардуми кишвар, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, волоияти қонун донишу малакаи касбии худро амалӣ намуда, вазифаҳои дар наздамон гузошташударо сарбаландона иҷро менамоем. 

301302303304305306307308309311310312313

Дар идомаи ин чорабинӣ ҳамчунин барномаи фарҳангию фароғатӣ бо иштироки ҳунармандону сарояндагони ансамбли созӣ-овозии «Сипар», ва дигар ҳунармандони шинохтаи кишвар суруду таронаҳои худро бо унвонҳои «Дидбони кишварем», «Санами хонагӣ», «Нозанин», «Сайри лола», «Бурду бохт», “Ватан” ва дигар суруду таронаҳои дилнишин пешкаши ҳозирин намуданд.

Тоҷиддин Латипов