25 Апрел, 2024

Ҷашни Истиқлол дорад Тоҷикистони азиз!

Истиқлолияти давлатӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон ва тоҷикони бурунмарзӣ мояи ифтихор буда, нишони барҷастаи пойдории давлат, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани Тоҷикистон мебошад. Ҳамин аст, ки дар саросари кишвари маҳбубамон солгарди ин санаи фархунда бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мешавад.

Субҳи рӯзи 7-уми сентябр дар толори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ба муносибати таҷлили 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Кормандони мақомоти корҳои дохилии вилоят ва собиқадорони соҳа бо рӯҳияи идона Истиқлолияти давлатиро ҷашн гирифтанд.

Толори Раёсат идона оро ёфта буд.Ҳамчун рамзи эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ бо ворид гардидани Парчами давлатӣ ва садо додани Суруди миллӣ чорабинии тантанавӣ, ки мазҳари ормонҳои миллӣ дар он таҷассум меёфт оғоз гардид.

467468469470

Муовини якуми сардори Раёсат полковники милитсия Ализода Музаффар Нормуҳаммад маърузаи идона намуда, номаи табрикотии Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамроро ба самъи ҳозирин расонид. Мақому манзалати истиқлолият дар низоми давлатдорӣ, муаррифии халқу миллат дар арсаи ҷаҳонӣ ва таъсири он дар сарҷамъиву бақои миллат, хизматҳои шоёну бемисли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маърузаи идона садо дод. Ҳамчунин аз мавқеъи милитсияи тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ ёдовари карда, хотираи он нафароне, ки барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва ҳифзи истиқлолияти Тоҷикистон ҷон бохтаанд бо дақиқаи хомушӣ гиромӣ дошта шуд.

Аз номи собиқадорони соҳа генерал-майори мустаъфӣ Юсупов Рауф Турсуналиевич баромад намуда ҳайати шахсии мақомоти милитсия ва дар симои онҳо шаҳрвандони сарбаланди Тоҷикистонро табрик намуд. Мавсуф кормандони милитсияро барои ҳифзу ҳимояи ҳуқуқу манфиати шаҳрвандон, амнияту тартиботи сартосарӣ, ки кафили пешрафти ҷомеа ва беҳтар шудани рӯзгори халқ аст ҳидоят намуд.

Ба муносибати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи роҳбарияти ВКД ва Рёсати он дар вилояти Суғд фармонҳо оиди қадршиносии меҳнатҳои шабонарӯзии кормандони милитсия ба имзо расида буд, ки қироат карда шуда, як қатор кормандони мақомот дар ин санаи таърихӣ соҳиби медалу орден, рутбаҳои навбатӣ ва сипосномаву туҳфаҳои молӣ гардиданд.

22 нафар кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд бо медалу нишонҳои соҳавии ВКД «Милитсияи Тоҷикистон», «Барои хизмати шоён» (дараҷаи 1,2,3), «Барои далерӣ», «Барои садоқат ба халқу Ватан», «Барои саҳми арзанда дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ», «Барои иштирок дар амалиётҳои махсус», «Аълочии милитсия» ва сипосномаву ифтихорнома аз номи Вазири корҳои дохилӣ, 16 нафар бо сипосномаву ифтихорномаҳои сардори Раёсат сарфароз ва 53 нафар рутбаҳои навбатиро соҳиб шуда, омодагии ҳамешагӣ барои хизмат ба халқу ватанро ботантана қавл доданд.
Ҳамчунин ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ ва собиқадорони мақомот бо туҳфаҳо сарфароз карда шуданд.

471

Дар идома дар саҳни бинои Раёсат барои ҳайати шахсӣ ва меҳмонони чорабинӣ барномаи фарҳангӣ ташкил карда шуд.

Ҷоизи таъкид аст, ки таҷлили шукӯҳмандонаи солгарди Истиқлолияти давлатӣ ба мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол қувваю тавон бахшида, дар самти таҳкими дастовард, сулҳу осоиштагӣ, ваҳдати миллӣ суботи сиёсӣ ва боз ҳам беҳтар шудани шароити зисту зиндагии ҷомеаи гуногунмиллати Тоҷикистон нақши муассир мегузорад.

Акбар Шарифӣ
капитани милитсия