Миллати сарбаланди тоҷик ҷашн дорад

Бахшида ба 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ чорабинии идона баргузор гардид.

Ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки сардори Хадамоти мазкур полковники милитсия Халилзода Ҳусейн Собир, муалими калони Академияи ВКД подполковники милитсия Бахтиёр Самиъзода, корманди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷалолиддин Амиров, роҳбарият ва ҳайати шахсии Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ (ХШБ) дар як рӯҳияи баланди Ватандорӣ доир гардид.
Чорабинии ин ҷашни бошукӯҳро бо сухани ифтитоҳӣ сардори ХШБ полковники милитсия Халилзода Ҳусейн Собир оғоз намуда, ҳозиринро бо 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ табрику таҳният намуд.
Мавсуф зимни суханронии худ аз дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, пешрафту тараққиёти Ватани азизамон, нақши Сарвари давлатамон дар пойдории истиқлолияту пешрафти ҷумҳуриамон ибрози андеша намуда зикр кард, ки фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо сиёсати хирадмандонаву созанда ва бунёдкоронаашон тавонистанд, давлатро аз парокандашавӣ, истиқлолияти давлатиро пойдор, оромиву осоиштагӣ ва хонаободии ҳар як сокини ин сарзаминро таъмин намуданд. Таҳти сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлатамон тамоми соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва давлатдорӣ тараққӣ намуд, ки имрӯз давлатҳои хурду бузурги ҷаҳон моро мешиносанд.

462463464465

Дар идомаи чорабинии баргузоргардида муаллими калони Академияи ВКД подполковники милитсия Бахтиёр Самиъзода оид ба мафҳуми Истиқлолият, марҳилаҳои рушд ва инкишофи Тоҷикистони тозаистиқлол, ҳифзи дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ назди ҳозирин маърӯза намуд.

Ҳамчунин дар идомаи ин чорабинӣ корманди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷалолиддин Амиров оид ба рушду нумӯъ ва тараққиёти соҳаи маориф, илму фарҳанг пас аз соҳибистиқлол гардидани кишварамон, ҳамчунин инъикоси истиқлолхоҳии шоирону нависандагони тоҷик дар ашъори худ ибрози андеша намуд.
Дар қисмати дуюми чорабинӣ сардори ХШБ полковники милитсия Ҳусейн Халилзода ба як қатор кормандоне, ки бо Фармони Вазорати корҳои дохилӣ барои дар мақомоти милитсия содиқонаву софдилона хизмат намудан, ба натиҷаҳои назаррасӣ хизматӣ ноил шудан ва дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ҳамеша саҳмгузоштанашон медалҳои «Барои хизматҳои шоён», «Барои саҳми арзанда дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ», нишони сарисинагӣ «Барои хизматҳои аъло», Сипоснома ва Раҳматномаҳои ВКД қадрдонӣ шудаанд, тақдим карда аз номи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ табрик намуд.

Раҷаббек ИЛЁСОВ