25 Апрел, 2024

Ифтитоҳи бинои нави Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД дар вилояти Хатлон

Рӯзи 9-уми ноябри соли 2018 дар арафаи таҷлили Рӯзи милитсия дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва Раиси вилояти Хатлон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ, ҳайати шахсӣ ва аҳли ҷамоатчигӣ бинои нави Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

196197198199

Бинои мазкур аз 2 ошёна иборат буда, утоқҳои кории кормандон бо тамоми шароити замонавӣ ва ҷавобгӯ бо талаботи меъёрҳои байналмилалӣ муҷаҳҳаз гардидааст. Дар ошёнаи дуюм толори маҷлисӣ бунёд гардида, барои гузаронидани ҷаласаю чорабиниҳо пешбинӣ шудааст.
Дар саҳни бинои мазкур Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо кормандони ин ниҳод вохӯрӣ доир намуда, онҳоро барои соҳиб гардидан ба чунин бинои нави замонавӣ табрику муборакбод намуд.

200201202203

Ҳамзамон ба як қатор кормандони милитсия бахшида ба Рӯзи милитсия рутбаҳои навбатӣ, Ифтихорнома, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Кормандони Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД дар вилояти Хатлон, бо изҳори миннатдорӣ ба Роҳбари давлат ва роҳбарияти ВКД иброз доштанд, ки бо ҳисси баланди ватандӯстӣ вазифаҳои хизматии хешро ба ҷо меоранд.

Абдулмуъмини Зайниддин