25 Апрел, 2024

Азнавсозии биноҳои шуъбачаи БДА ва Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ШВКД дар ш.Роғун

Дар партави сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳафтаи сипаригардида бо иштироки муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Саидзода Маҳмадсаид Борон биноҳои Шӯъбачаи бозрасии давлатии автомобилӣ ва Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ШВКД дар шаҳри Роғун баъди азнавсозии пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

12

Мавриди қайд аст, ки биноҳои Шӯъбачаи бозрасии давлатии автомобилӣ ва Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ШВКД дар шаҳри Роғун аз ду ошёна ва 8 утоқи корӣ иборат буда, бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.

Биноҳои мазкур бо дастгирии роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун ва соҳибкорони ватандӯст пурра таъмиру азнавсозӣ гардиданд.

13141516

Зимни боздид муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Саидзода Маҳмадсаид Борон аз сатҳу сифати корҳои анҷомдодашуда изҳори қаноатмандӣ намуда, зикр кард, ки дар доираи ислоҳоти милитсия бо дастгириҳои ҳамаҷонибаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саъю кӯшиши роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ барои кормандони милитсия тамоми шароитҳои хизматӣ фароҳам оварда шуда истодааст.
Кормандони милитсия аз ин ғамхорию дастгириҳо рӯҳу илҳоми тоза гирифта, вазифа ва масъулияти ба душ доштаашонро содиқона ва софдилона ба нафъи давлату миллат иҷро менамоянд.
Дар анҷоми чорабинӣ ба нафароне, ки дар навсозӣ ва таъмиру таҷдиди биноҳои Шӯъбачаи бозрасии давлатии автомобилӣ ва Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ШВКД дар шаҳри Роғун саҳми арзишманд гузоштаанд, аз ҷониби муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Саидзода Маҳмадсаид Борон бо Сипоснома ва Ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Гул Маҳбуба, подполковники милитс