07 Апрел, 2020

Дастурамал дар бораи тартиби додани шиносномаи шахрванди ЧТ 16.07.2016

ФА Р М О И Ш И   М У Ш Т А Р А К

«Дар бораи тасдиқи Дастурамали муштараки тартиби татбиқи Қоидаҳои додани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 сентябри соли 2013, № 1519 «Дар бораи ҷорӣ намудани шиносномаи шаҳрванди ҶумҳурииТоҷикистон» ва мутобиќи банди 21Қоидаҳои додани шиносномаи шаҳрванди ҶумҳурииТоҷикистон, ки бо ќарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 июни соли 2014, №406 тасдиқ гардидааст, ФАРМОИШ МЕДИҲЕМ:

  1. Дастурамали муштараки тартиби татбиқи Қоидаҳои додани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки замима мегардад, тасдиқ карда шавад (минбаъд — Дастурамал).
  2. Ба сардори Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони Раёсатҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, гурӯҳи ноҳияҳои Рашт, сардорони Шӯъбаҳои (шӯъбача) Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрҳо, ноҳияҳо:

— омӯзиши Дастурамалро бо кормандон, ҳайати шахсии дахлдоре, ки ба кори додани шиносномаи шаҳрванди ҶумҳурииТоҷикистон алоқамандӣ доранд, ташкил карда, инчунин ҷаласаҳои дастурдиҳӣ оид ба фаҳмондадиҳии мавқеи Дастурамал гузаронида шавад;

— иҷрои бечунучарои Дастурамал, ки бо фармоиши якљояи мазкур тасдиқ гардидааст, таъмин карда шавад.

  • Ба сардори Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раёсати персонализатсияи Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамотҳои шиносномавию бақайдгирии ҷузъу томҳои минтақавии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо варақаҳои зарурӣ, китобҳои намунааш муқарраргардида, мӯҳр, маводҳои хароҷотӣ таъмин намоянд.
  • Фармони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.08.2007 сол, №80м. б/з «Дар бораи мавриди амал қарор додани Низомномаи системаи шиносномавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз эътибор соқит дониста шавад.
  • Фармоиши якљояи мазкур љињати бақайдгирии давлатӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешнињод гардида, пас аз баќайдгирии давлатї ва интишори расмї мавриди амал қарор дода шавад.
  • Назорат аз болои иҷрои фармоиши якљояи мазкур ба зиммаи муовинони вазирҳои корҳои хориҷӣ ва корҳои дохилӣ, ки Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро назорат мебаранд, вогузор карда шавад.

Вазири корҳои дохилии                                      Вазири корҳои хориљии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                        Ҷумҳурии Тоҷикистон

генерал-лейтенанти милитсия                             ____________ С. Аслов

 ____________Р. Рахимзода

       Фармоиши якљояи

Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

генерал-лейтенанти милитсия

_______________Р. Рахимзода «___»________2016 с.  №_____

ва Вазири корҳои хориҷии

Ҷумҳурии Тоҷикистон __________________ С. Аслов «___»_________2016 с. №____

ДАСТУРАМАЛИ

МУШТАРАКИ ТАРТИБИ ТАТБИҚИ ҚОИДАҲОИ ДОДАНИ ШИНОСНОМАИ ШАҲРВАНДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  1. Муқаррароти умумӣ
  1. Дастурамали мазкур ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 сентябри соли 2013, №1519 «Дар бораи љорї намудани шиносномаи шањрванди Љумњурии Тољикистон» ва банди 21 ќарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 июни соли 2014, №406 «Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои додани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон» тањия гардида, асосҳо ва тартиби барасмиятдарорӣ, додан, иваз намудан, бањисобгирї, нигоњ доштан, мусодира ва нобудсозии шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, бақайдгирӣ дар ҷойи зист ва дар ҷойи иќомат, аз қайд барорӣ аз ҷойи зист ва ҷойи иќомати қаблӣ, ҷавобгарӣ ба рои вайрон намудани Қоидаҳои додани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд — Ќоидањо), инчунин бурдани коргузориро муайян месозад.

2. Барасмиятдарорӣ ва додани шиносномаи шањрванди Љумњурии Тољикистон (минбаъд–шиноснома/IC), аз ҷониби Раёсати персонализатсияи Сарраёсати  консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Раёсати персонализатсия) ва Хадамотҳои шиносномавию бақайдгирии воҳидҳои минтақавии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд — хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ) амалӣ карда мешавад.

3. Бақайдгирӣ дар ҷойи зист ва ҷойи иќомат, аз қайдбарорӣ аз ҷойи зист ва ҷойи иќомати қаблиро хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ амалӣ менамоянд.

4. Вазифаҳои асосии Раёсати персонализатсия дар амалисозии Қоидаҳо аз инҳо иборатанд:

— таъмини саривақтии хариди бланкҳои шиносномаҳо/IC аз тайёркунанда;

— хизматрасонии зарурии техникӣ, нав кардан ва нигоҳдоштани таҷҳизоти персонализатсионӣ ва махсус бо тартиби дахлдор;

— тафтиши шиносномаҳои/IC-и чопшуда барои муайян намудани ноқисиҳо, ҳангоми ёфт шудани ноқисиҳо, чопи такрории шиносномаҳо/IC. Нобудсозии шиносномаҳо/IC тибқи Санади бо сабабҳои техникӣ вайроншуда дар Раёсати персонализатсия ва ворид намудани ин маълумотҳо ба махзани ягонаи автоматикунонидашуда;

— персонализатсияи маълумотњои шањрвандон, сариваќт омода ва ирсол намудани шиносномањои/IC тайёр ба хадамотњои шиносномавию баќайдгирї, ирсоли рўйхати электронї дар муњлати як шабонарўз баъди фиристонидан;

— таъмини амалишавї ва нигоњдории маълумотҳои ягонаи низоми (махзани) автоматикунонидашуда;

-таъмини дастрасии хадамотҳои  шиносномавию бақайдгирии Вазорати корњои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсатҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти мухтори Кўњистони  Бадахшон, вилоятњои Суғд, Хатлон, минтақа ва ноҳияи Рашт ба  маълумотҳои ягонаи системаи автоматикӣоид ба додани  шиносномаҳои/IC.

5. Роҳбарии бевоситаи кор оид ба Қоидаҳо дар Вазорати  корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби сардори Сарраёсати  консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣкарда мешавад.

6. Корро оид ба таъмин намудани Қоидаҳо сардори Раёсати персонализатсия ташкил мекунад.

7. Вазифаҳои асосии хадамотҳои  шиносномавию бақайдгирӣ доир ба амалисозии Қоидаҳо аз инҳо иборатанд:

-қабули шаҳрвандон оид ба масъалаҳои гирифтан/иваз кардани шиносномаҳои/IC, шаклдиҳӣ бо истифодаи маҷмӯи дастгоҳҳои барномавии файлҳои электронӣ ва фиристодани онҳо ба Раёсати персонализатсия;

-додан ва иваз намудани шиносномаи/IC, ки танҳо аз ҷониби хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ амалӣ карда мешавад;

-бақайдгирии шаҳрвандон дар ҷойи зист ва дар ҷойи истиқомат;

— аз қайди ҷойи зисти қаблӣ ва ҷойи иќомати қаблӣ баровардани шањрвандон;

-ба рӯйхат гирифтани шахсони доғи судӣдошта, ҳангоми пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои гирифтани шиносномаи/IC,  бақайдгирӣ ва аз қайд баровардан;

— нобудсозии шиносномаҳо. Ба махзани ягонаи автоматикунонидашуда ворид намудани маълумотҳо оид ба бекор кардани тамоми шиносномаҳои/IC беэътибор, талабнашуда ва бо сабабҳои техникӣ вайроншудаи қаблан омодашуда ба ғайр аз шиносномаҳои/IC,  ки дар асоси онҳо шиносномаҳои/IC нав тайёр шуда, маълумотҳояшон ба махзан оид ба беэътибор донистани  (бекор шудан) онҳо ба таври автоматӣ ворид карда мешаванд. 

— пешбурди корҳои суроғавӣ-маълумотдиҳӣ;

— таъмини риояи  Қоидаҳои додани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ;

-муайян намудани  ҷинояткорон ва дигар шахсони дар кофтуков қарордошта.

8. Бақайдгирӣ ва аз қайдбарорӣ гирифтани маълумоти заруриро барои бањисобгирии рафтуомади аҳолӣ ва бурдани корҳои суроғавӣ-маълумотдиҳӣ таъмин менамояд,  инчунин барои ба қайди ҳарбӣ гузоштан ва аз қайд баровардани шахсони дорои уҳдадории ҳарбӣ ва ба хизмати ҳарбӣ даъватшуда мусоидат менамояд.

9. Кори суроғавӣ-маълумотдиҳӣ мутобиқи Дастурамал оид ба корҳои суроғавӣ-маълумотдиҳии Вазорати корҳои дохилӣ амалӣ карда мешавад.

10. Корҳои бевоситаро оид ба таъмини Қоидаҳо дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон сардорони мақомоти корҳои дохилӣ амалӣ менамоянд, ки ҳамкориро вобаста ба ин корҳо байни  хадамот ва воҳидҳои маќомоти корҳои дохилӣ, инчунин Агентии  омори назди Президенти Љумҳурии Тоҷикистон,  Комиссариатҳои ҳарбӣ, дигар мақомот ва дар минтақаҳои сарҳадӣ бо воҳидҳо ва қисмҳои қӯшунҳои наздисарҳадӣ ташкил менамоянд. 

11. Корро оид ба таъмини Қоидаҳо сардорони Хадамотҳои шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсатҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятњои Суғд, Хатлон, минтақа ва ноҳияи Рашт, Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шӯъбаҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрҳо, ноҳияҳои љумҳурӣ (минбаъд-мақомоти корҳои дохилӣ) ташкил мекунанд, ки барои риояи қонуният ва ҳолати кор дар хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ масъулияти шахсї доранд.

12. Вазифаҳои асосии Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, марказҳои иттилоотии Раёсатҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятњои Суғд, Хатлон (минбаъд – Марказҳои иттилоотӣ) оид ба амалинамоии Қоидаҳо аз инҳо иборатанд:

— амалинамоии санҷишҳои сариваќтї оид бақайди шаҳрвандони  санҷидашаванда;

— амалинамоии дархостҳо ба мақомотеки парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз кардаанд, ё ба муассисаҳои ислоҳӣҳангоми набудани маълумот оид ба шахсони санҷидашаванда, аз рўи қарорҳо оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ ва ё маълумот дар бораи озод шудан аз муассисаҳои ислоҳӣ.

13. Сардорони хадамотҳои шиносномавию бақайдгирии мақомоти корҳои дохилӣ:

— корро оид ба додан ва иваз кардани шиносномаҳои/IC шаҳрвандон, баќайдгирї ва аз ќайд барории ањолї ташкил менамоянд;

— ӯҳдадориҳои вазифавии кормандони хадамотҳои шиносномавию бақайдгириро муайян менамоянд ва иҷрои онҳоро назорат мебаранд;

— оид ба такмил додани тарзу  усулҳои фаъолияти хизматӣ чораҳо меандешанд.

14. Кормандони хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ ҳангоми иҷрои ӯҳдадориҳои вазифавї дар доираи салоҳиятҳои худ оид ба муайянбартараф ва пешгирї  намудани ҳуқуқвайронкуниҳо чораҳо меандешанд ва сабабу омилҳои содиршавии онҳоро муайян мекунанд.

15. Хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ дар утоқҳои мақомоти корҳои дохилӣки барои кор ва хизматрасонӣ ба аҳолӣ мувофиќанд, бо даромадгоҳи алоҳида барои шаҳрвандон ва дорои ҳуҷраи корӣ барои сардор ҷойгир мешаванд. Вобаста ба миқдори воҳидҳои корӣ ҳуҷраҳои алоҳидаи ҷавобгӯ ба талаботи аксгирӣ барои кормандон,  ки ӯҳдадориҳои вазифавиашонро вобаста ба барасмиятдарорӣ ва додани шиносномаҳо,  бақайдгирӣ, аз қайдбарорӣтаъмини реҷаи шиносномавию бақайдгирӣ, кофтуков амалӣ менамоянд,  инчунин утоқҳо барои нигоњдории ҳуҷҷатҳои ҷорӣ ва маводҳои қайди бойгонӣ, ки шароити мусоиди кориро барои кормандон таъмин мекунанд, ҷудо карда мешаванд.

Аз рӯи тартиби корӣ барои қабули шаҳрвандон ва сӯҳбати озодона бо онҳо ҳатман бояд ҳуҷраи қабул ҷудо гардида, он бо  лавозимоти  зарурӣнамунаи пур кардани бланкаҳо,  дигар дастурҳо ва ҳуҷҷатҳои маълумотдиҳӣ муҷаҳҳаз гардидаҳамчунин ҷойи интизорӣ,  дорои шароитҳои мусоид барои аризадиҳандагон, бо мизу курсӣ ва роҳаткурсиҳо таъмин гардида бошад.  

Дар утоқҳое, ки таҷҳизоти техникӣ бо ҷойҳои автоматии корӣ барои қабул ва баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон оид ба масъалаҳои гирифтани шиноснома/IC, бақайдгирӣ, аз қайдбарорӣ аз рўи шиноснома/IC мављуданд, бо мақсади фош нагардидани рамзҳои кормандон насб кардани дастгоҳҳои наворгирии назоратӣ манъ аст.

16. Биноҳои хадамотҳои  шиносномавию бақайдгирӣбо таҷҳизоти огоҳкунандаи муҳофизатӣ-оташнишонї муҷаҳҳаз карда мешаванд.

17. Барои хизматрасонии маъюбон бояд шароит муҳайё карда шавад: утоқҳои бо таҷҳизоти махсус муҷаҳҳазшуда (пандусҳо), панҷараҳои оҳанини иҳотакардашудаи махсус, ки ҳаракати бе майлон ва тоб хӯрдани аробачаҳои махсуси маъюбиро таъмин намояд.

Ба шаҳрвандони имконияти ҳаракаташон маҳдуд, дар асоси аризаашон ва ё аризаи намояндаи онҳо шиносномаи/IC бо истифодаи дастгоҳи махсуси сайёр ба расмият дароварда мешавад.

18. Хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ бо дастгоҳҳои техникӣтелефонҳои дохилию шаҳрӣ (ноҳиявӣ)  ва таҷҳизотҳои нусхабардории калон ҳаҷм таъмин карда мешаванд.

Барои ҳамоҳангсозӣ ва сари вақт огоҳонидан, дар Раёсати персонализатсия ва хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ, дар шабакаи интернетӣ суроғаҳои электронӣ сохта шуда, ба воситаи онҳо мубодилаи иттилоот оид ба носозгориҳои техникӣсаривақт нарасидани бланкањои шиносномаҳо/IC ва дигар мушкилињои мавҷудбуда ба роҳ монда мешавад.

19. Фаъолияти хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣба чунин тарз ташкил кардамешавадки шаҳрвандон имконияти берун аз соатҳои корӣ ҳал намудани масъалаҳои худро дошта бошандБо ин мақсад қабули шаҳрвандон бояд дар яке аз рӯзҳои умумӣ муқаррар гардидаи истироҳатӣ ба роҳмонда шавад.

2. Асосҳотартиби додан ва иваз намудани шиносномаҳо

        20. Шиноснома/IC ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ҷумҳурӣ ва ё берун аз онмутобиқи созишномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

         21. Шиносномаҳо/IC аз рӯи намунаи ягона дар шакли кортҳои пластикӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон омода карда мешаванд.

         22. Шиноснома/IC ҳуҷҷатест, ки аз љониби дастгоњи махсус хонда шуда, ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ мебошад.

         23. Њар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонки ба синни 16-солагӣ расидааст ва дар ҷумҳурӣ доимӣ иқомат мекунад,  ӯҳдадораст, ки шиносномаи шаҳрвандӣ дошта бошад. 

         24. Шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 1996 (минбаъд–шиносномаи намунаи соли 1996) то ба охир расидани мӯҳлати он амал мекунад.

         25. Шиноснома/IC ба мӯҳлати 10 сол дода шудаҳангоми ба охир расидани мӯҳлати он шаҳрванд вазифадор астки шиносномаи нав гирад.

26. Шиносномаҳо/IC аз ҷойи зисти шаҳрвандон (аз љумла ҷойи зисти муваќќатї) ё љои иќомат, агар шаҳрванд дар ҷойи зисти охирон аз қайд баромада бошаддода мешаванд.

         27. Шиноснома/IC дар ҳолатҳои зерин дода мешавад:

         — ба синни 16-солагӣ расидан (бори аввал гирифтани шиноснома);

         — гузаштани мӯҳлати амали шиноснома;

         — гум кардан, дуздида шудан ва ё гузаштани мӯҳлати истифодабарии минбаъда (корношоям);

         — тағйир доданислоҳнамоӣилова карданбарқарор намудани маълумоти шахсӣ (тағйир додани насаб, ном ва номи падар, рӯзмоҳ ва ҷойи таваллуд ва дигар маълумотҳомутобиқи тартиби муқарраргардида;

         — муайян намудани нодурустӣиштибоҳқайди қалбакӣ дар ҳуҷҷатҳо;

         тағйири мансубияти ҷинсӣ ва ё тарҳи рӯй;

          гирифтани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё барқарор кардани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

         — иваз намудани ҷойи зистдар ҳолатеки часпонидани коғази ширешдор ба корти нав бақайдгирифташуда имконнопазир аст;

         — муроҷиати аризадиҳанда барои иваз намудани шиносномаи  намунаи соли 1996, новобаста аз мӯҳлати эътибор доштани он.

         28. Шаҳрвандон барои гирифтан ва ё иваз намудани шиноснома бояд ҳуҷҷатҳоро на дертар аз 30 рӯз пас аз ба миён омадани њолатњои дар банди 27 Дастурамали мазкур нишондодашуда бояд пешниҳод намоянд.

         29. Шиносномаҳо/IC дар ҳама ҳолатњо бо қайди ҷойи зист ва ё ҷойи иќомат дода мешавандбарои ин ҳуҷҷатҳои лозимии бақайдгирӣки дар Дастурамали мазкур пешбинӣ шудаандпешниҳод карда мешаванд. Дар ҳамин ҳолат, ҳангоми барасмиятдарории шиносномаи/IC шаҳрванд дар љои иќомат, ба аризадиҳанда варақаи иловагӣ ба шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба ќайди љои иќомати муваќќатї гирифтан — шакли 50 (минбаъд – варақаи  иловагӣ) ба расмият дароварда мешавад.

Вобаста аз ҳолатњои мушаххас (истиқомат дар ҳудуди дигар давлат, ҳангоми гуногун будани шаҳрвандии волидайн), барои гирифтан ва ё иваз намудани шиноснома/IC ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда дар бораи мансубият ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд.

         30. Дар ҳама ҳолат барои гирифтани шиноснома/IC аз ҷониби шаҳрванд як дона сурати сиёҳсафеди ҳаҷми 3,5 х 4,5 см бе каллапӯш,  (сурат бояд ба синну соли шаҳрванд дар вақти барасмиятдарории шиноснома мувофиқат кунад ва бояд сурат бо усули чоп кардан гирифта шуда бошад. Истифодаи акс, ки ба воситаи компютер сканшуда, шаклдодашуда ё нусхабардорӣ сохта шуда бошад, манъ аст), ки он баъди чоп ба љои холии ариза оид ба гирифтани шиносномаи шакли 1 (минбаъд – аризаи шакли 1) часпонида мешавад ва шаҳодатнома дар бораи додани рақами мушаххаси андозсупоранда ва ё шиносномаки дар он мӯҳри рақами шахсияти андозсупоранда зада мешавад, пешниҳод карда мешавад. Кӯдаконе, ки ба синни 16-солагӣ расидаанд, ба таври ҳатмӣ шаҳодатнома дар бораи гирифтани рақами шахсияти андозсупорандаро, ки бо шаҳодатномаи дар бораи таваллуд гирифта шудааст, пешниҳод менамоянд.

         31. Бо хоҳиши муроҷиаткунанда барои ворид намудан дар шиноснома/IC маълумот оид ба гурӯҳи хун ва резусфактори он, шиноснома, ки дар он мўҳр оид ба гурӯҳи хун ва резусфактор ё маълумотномаи муассисаи тиббӣки аз ҷониби шахси масъул бо мўҳр тасдиқгардидаастпешниҳод карда мешавад.

         32. Додани шиноснома/IC ба шахсоне, ки ба синни 16-солагӣ расидаанддар асоси шаҳодатномаи таваллуд (нусхаи шаҳодатномаи таваллуд бардошта шуда, он баҳуҷҷатҳои санҷидашуда њамроњ карда мешавад) амалӣ карда мешавад. Дар ҳолати пешниҳод намудани шаҳодатномаи такрорї дар бораи таваллуднусхаи бақайдгирии ҳолати шаҳрвандӣ дар бораи таваллуд дархост карда мешавад.

         Дар баробари ин нусхаи шиносномаҳои волидайн ва ҳангоми зарурат, барои тасдиқи дурустии шахсияти аризадињанда, шахс бо ҳамроҳии волидайн ва ё як нафаре аз онҳо (намояндагони қонуниашоноид ба гирифтани шиноснома муроҷиат мекунанд.

Додани шиносномаҳо/IC дар асоси шаҳодатномаи дар бораи таваллуди шаҳрвандоне, ки хориҷ аз ҷумҳурӣ таваллуд шудаанд, бо ҳуҷҷатҳое, ки ба талаботҳои меъёрҳои шартномаҳои байналмилалӣ ҷавобгӯянд, ба истиснои шаҳодатнома дар бораи таваллуд, ки аз ҷониби муассисаҳои дипломатӣ ва консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудаанд, амалӣ карда мешавад. Ҳангоми зарурат, оид ба масъалаи гирифтани шаҳрвандӣ аз ҷониби аризадиҳандаба воситаи Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти салоҳиятдори давлати ҷойи таваллуди шаҳрванд пурсида мешавад.

Дар ҳолати набудани волидайн ва дар сурати пайдо шудани шубҳа оид ба шахсияти аризадиҳандамаълумотнома аз муассисаи таълимӣ (агар шаҳрванд дар муассисаи таълимӣ таҳсил карда бошад), аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ, аз мақомоти худидоракунӣ (ҷамоат), бо расми аризадиҳанда, бо муҳри тасдиқкунанда ва имзои шахси масъул, инчунин китобҳои хонадорӣ (њуҷрадорї) шакли 15 (минбаъд – китобҳои хонадорӣ), корти бақайдгирии шакли 13, нусха аз дафтари хоҷагидорӣ, ки бақайдгирии аризадиҳандаро оид ба шаҳодатномаи таваллуд ва ё дар қайд будани волидайн (намояндагони қонунӣ) — ро тасдиқмекунад, пешниҳод карда мешавад.

Дар ҳолати надоштани шаҳодатномаи дар бораи таваллуд ба шаҳрвандон тавсия дода мешавадки ба мақомоти сабти асноди њолати шаҳрвандӣ (минбаъд – мақомоти САЊШ) оид ба ҷойи бақайдгирии давлатии таваллуд барои гирифтани шаҳодатномаи такрории таваллуд муроҷиат намоянд.

         Дар ҳолатеки волидайн шиноснома надоранддигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият ва шаҳрвандии волидайн (нусхаи аризаи шакли  1 ва дигар њуљљатњо) дархост карда мешаванд.

         33. Ба шахсони аз синни 18-сола боло, ки барои бори аввал гирифтани шиноснома/IC муроҷиат мекунанд ва шаҳодатномаи дар бораи таваллудро пешниҳод менамояндқарор оиди барасмиятдарории шиноснома, пас аз санҷидани шахсияти онҳо ва тасдиқгардидан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешаванд. Тасдиқи  мансубияти шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикиистон (пешниҳоди маълумотномаро оид ба мансубияти шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки аз ҷониби воҳидҳои сохтории Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корњои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад, тақозо намекунад), ин муайян намудани далели зиндагӣ кардани аризадиҳанда дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзи таваллуд то муроҷиат ба хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳое, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон будани волидайнро тасдиқ мекунанд, мебошад.

Ҳангоми додани шиносномаҳо/IC ба шахсони аз 18-сола боло, аризадиҳанда ба ғайр аз ҳуҷҷатҳоеки дар банди 32 дарҷ гардидаастба хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ њуљљатњои зеринро пешниҳод менамояд:

          ариза дар шакли ихтиёрӣ бо нишон додани сабаби сари вақт нагирифтани шиноснома;

         — тарҷумаи ҳоли муфассал бо нишон додани ҳамаи ҷойҳои истиқоматтаҳсилкор;

         — шаҳодатномаи даъват барои даъватшаванда ба хизмати ҳарбӣ ва ё билети ҳарбӣ барои шахсони дорои ӯҳдадории ҳарбӣ (ё инки ҳуҷҷати тасдиқкунандаи маълумот дар бораи қайди ҳарбӣ).

         Дар ҳолати зарурӣ волидайни аризадиҳанда пурсида мешаванд ва барои тасдиқи иқомати шаҳрвандони санҷидашаванда дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, баёноти шоҳидии шиносон, хешу табор (бо замимаи нусхаи шиносномаи онҳо), гирифта шуда, онҳо оид ба ҷавобгарии пешбинишудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои додани шоҳидии бардурӯғ огоҳ карда мешаванд.

         Нусхаи шаҳодатномаи дар бораи таваллудшиносномаи волидайнварақаҳои китоби хонадорӣ (кортҳои бақайдгирӣва ё аз қайдбарорӣ аз китоби хоҷагидорӣ), ки дар қайд будани аризадиҳандаро тасдиқмекунадшаҳодатномаи даъват барои даъватшаванда ба хизмати ҳарбӣва ё билети ҳарбӣки аз ҷониби корманди хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ тасдиқ карда шудаанд, ба маводҳои санҷидашуда илова карда мешаванд.

         Дар ҳолати зарурӣ барои тасдиқнамудани шаҳодатномаи дар бораи таваллуди пешниҳодшуданусхаи санади қайд дар бораи таваллуд аз мақомоти САҲШ дархост карда мешавад.

         Хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ дар сурати ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда барои муайян намудани шахсиятмуайян кардани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ёҷойи истиқомат (макони ҳозиршуданокифоя бошандҳуқуқи аз аризадиҳанда талаб намудани ҳуҷҷатҳои иловагиро доранд. Дар чунин ҳолатҳо аз рӯи имкониятҳуҷҷатҳои дигари тасдиқкунандаки аз ҷониби мақомоти ҳокимияти иҷроиямақомоти ҳокимияти давлатӣ дар ҷойҳо ва ё дигар муассисаҳои давлатӣ дода шуда, дорои маълумот дар бораи шахси дахлдор мебошанд ва дар сурате, ки ҳуҷҷатҳои мазкур барои муайян намудани шахсият мусоидат мекунанд, пешниҳод карда мешаванд.

34. Вобаста аз ҳолатҳои мушаххас дар муайянкунии шахсият, инчунин ҳангоми барқарор кардани маълумот нисбати шахсони доғи судидошта, санҷишҳои зерини шахсияти шаҳрванд гузаронида мешавад:

-ба ҷойи зисти қаблӣ, кор ва ё таҳсил сурати шахсони санҷидашаванда якҷоя бо шаҳрвандоне, ки бо онҳо зиндагонӣ, кор ва таҳсил кардаанд, барои шиносоӣ ирсол гардида, протоколи шиносоӣ бо шакли 31 тартиб дода мешавад. Кормандони хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ протоколи шиносоии шаҳрвандро бо шакли 31 аз рӯи сурати шаҳрванд, якҷоя бо суратҳои шахсони дигар, аз рӯи шумораи на кам аз се адад, ки дар доираи имконот бо ҳам монандӣ доранд, бо ҷалби шаҳрвандон, ки онҳоро на кам аз 10 сол мешиносанд (на кам аз ду нафар) ва хешовандони наздик (як ва ё якчанд нафар), тартиб медиҳанд ва нусхаҳои онро ба протокол мечаспонанд;

— ба ҷои таваллуд сурати шахсони санҷидашаванда барои шиносоӣ ба волидайн, хешу табори наздик ва ё нигаҳбон ирсол гардида, дар ҳолати зарурӣ, аз мақомоти САҲШ нусхаи қайд дар бораи таваллуд бо имзои шахси масъул, бо нишон додани вазифа ва насаб талаб карда мешавад. Агар волидайн ва ё хешу табори наздик дар ҷойи таваллуди шахси санҷидашаванда зиндагонӣ намекунанд, дар он сурат дархостҳо бо суратҳо ба ҷои зисти феълӣ фиристода мешаванд.

— аз рўи бойгонии дахлдори давлатӣ;

— аз рўи қайдҳои оперативӣва криминалистии мақомоти дахлдори корҳои дохилӣ, аз рўи қайдҳои нозирони минтақавии милитсия дар ҷойи таваллуд ва ҷойи истиқомати шахсони санҷидашаванда;

— ҳангоми зарурат, аз рўи қайдҳои Хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ дар бораи шиноснома доштани шахсони санҷида шаванда;

— аз рўи қайдҳои дахлдори дигар давлатҳо, ки шаҳрвандони санҷидашаванда метавонистанд дар онҷо зиндагонӣ намоянд, ба воситаи Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-аз рўи ҷойҳои аз озодӣ маҳрум, адои ҷазои ҷиноӣ ва ё ҷалби ҷавобгарии ҷиноӣ.

         Масъала оид ба санҷиши иловагии зарурӣ дар ҳар як ҳолати мушаххас вобаста ба вазъияти муайян ҳал кардамешавад.

Дар давоми 30 рӯзи тақвимӣ хулоса оид ба муайян кардани шахсияти аризадиҳанда ва додани шиносномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бошакли 32 бароварда мешавад. Дар ҳолати набудани асос барои додани шиносномахулосаи   асоснок оид ба рад намудани додани шиноснома баровардашуда, сабабҳои рад намудан ба шаҳрванд фаҳмонда мешаванд. Маводҳо оид ба муайян намудани шахсият дар парвандаи алоҳидаи номенклатура дӯхта мешаванд.

35. Шиносномаи/IC шаҳрвандони аз 16-сола боловобаста ба ҳолатҳо метавонанд дар асоси яке аз ҳуҷҷатҳои зерин, ки сана ва ҷойи таваллудро тасдиқменамоянддодашаванд:

— шаҳодатномаи нафақахулоса аз Фармон оид ба ҷавоб додан ба захираҳои кадрӣшаҳодатнома дар бораи таваллуд–барои шахсони дорои ӯҳдадории ҳарбӣки аз сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардидаанд;

шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷӣ–барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба таври доимӣ  дар хориҷа зиндагӣ мекунандҳангоми бозгашти онҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои зисти доимӣ, агар дар шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад;

— ҳуҷҷати додашуда ба шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба воридшудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи тартиби муқарраргардидаи созишномаҳо бо дигар давлатҳо ва ё тартиби репатриатсия (ба ватан бозгаштан ё баргардонида шудани шаҳрвандони асиркардашуда, асирони ҳарбӣгурезаҳо ва муҳоҷирон)  ва ё кӯчонидан;

— ҳуҷҷати  тасдиқкунандаи ба дастовардани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё барқарорнамудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— маълумотномаҳо оид ба озод шудан барои шахсонеки аз ҷойҳои аз озодӣ маҳрум озодшудаандагар онҳо то рӯзи маҳкум шудан шиноснома надоштанд ва ё онро гум кардаанд.

36. Нусхаи њуҷҷатҳо, ки дар банди 35 дарљ шудаанд, ба ҳуҷҷатҳои санҷида шуда ҳамроҳ карда  мешаванд.

37. Ба хизматчиёни ҳарбӣки бахизмати ҳатмии ҳарбӣ даъватшудаандшиносномаҳо пас аз ба охир расидани хизмат дар ҷои истиқомат додамешаванд ва ё иваз карда мешаванд.

         38. Иваз намудани шиносномаҳо дар ҳолатҳои пешбининамудаи банди 27 Дастурамали мазкур, ба истиснои сархати якуми банди номбурда сархатҳои дуюм, чорум, панљум, шашум, њаштум ва нўњуми банди 27амалӣкарда мешаванд.

39. Дар ҳамаҳолатҳо, ҳангоми додани шиносномаи/IC бори авваливазнамудан, додани шиносномаҳои/IC ба ҷойи шиносномаҳои гумшуда, ҳатман санҷиши шаҳрвандон аз рӯи Бюрои суроғавӣмаълумотдиҳӣдар ҳолати набудани робитаи ҷойҳои автоматикунонидашудаи кории Хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ бо Марказҳои иттилоотӣ, аз рўи қайдҳои онњо амалӣкардамешавад. Мӯҳлати баррасӣ ва иҷрои дархостҳо дар Бюрои суроғавӣмаълумотдиҳӣ ва Марказҳои иттилоотӣ на бояд аз се рӯз тӯл кашад.

Агар ҳангоми санҷиш аз рўи қайдҳои Бюрои суроғавӣмаълумотдиҳӣ маълум гардад, ки шаҳрванд дар ќайд ќарор надорад (набудани варақаҳои суроғавии омад ва баромад), барои тасдиқи бақайдгирӣ/ аз қайдбарорӣ, аз шахсони санҷидашаванда китоби хонадории шакли 15, корти шакли 13, нусха аз китоби хоҷагидорӣ талаб карда мешавад.

40. Маълумотҳо оид ба шахсони ҳангоми санҷиш муайяншуда, ки дар кофтуков қарордоштандба таври фаврӣ ба ташаббускори кофтуков бороҳҳои дахлдори алоқа иттило додамешавадҲамчунин чораҳо оид бадастгир намудани шахсони дар кофтуковбуда андешида мешаванд. Агар ба ин шахсон шиносномаҳои/IC омодагардида будандонҳо дар дасти сардорони хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ ва ё кормандонеки онҳоро иваз менамояндҳифзи шиносномаҳоро тоқабули қарори ниҳоӣ бояд маҳфуз доранд.

Њангоми ворид гардидани маълумотҳо нисбати шахсонбо маълумотҳои муайяншудаи қисман мувофиқат кунанда бо шахсони дар кофтуков будасанҷиши ҳатмии иловагии шахсияти онҳо гузаронида мешавад

41. Ҳангоми мавҷуд будани маълумотҳо дар Марказҳои иттилоотӣдар бораионки аризадиҳанда баҷавобгарии ҷиноятӣкашида шуда буд ва дар ҳуҷҷатҳои бақайдгирӣмаълумотҳо дар бораи қарор оид ба парвандаи ҷиноӣнабошад ва ё аризадиҳанда аз ҷониби суд маҳкумшудааст ва маълумот дар бораи ба озодӣбаромадан аз муассисаҳои ислоҳӣҳам мавҷуд набошад, Марказҳои иттилоотӣ вазифадоранд, ки ҳатман дар бораи аризадиҳанда аз мақомотеки парвандаи ҷиноӣ оғоз намудааст ва ё муассисаи ислоҳӣбо бати дастрас намудани маълумотҳои пурра дархост талаб намоянд. Маълумоти дастрасшуда ба маводҳои бақайдгирӣ дӯхта шуда, дар ин бора ба хадамоти шиносномавию бақайдгирие, ки дархост исрол кардааст, иттило дода мешавад.

42. Ҳангоми иваз намудани шиносномаҳо аз ҷониби шаҳрвандон шиносномаҳои ивазшаванда (шиносномаи /IC, намунаи шиносномаи соли 1996, шиносномаи шаҳрванди Иттифоқи Ҷумҳуриҳои Шуравии Сотсиалисти намунаисоли 1974), инчунин вобаста аз њолатњо ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод кардамешаванд:

ҳангоми ивазнамудани насаб вобаста ба қайди никоҳ ва ё қатъ намудани ақди никоҳ— шаҳодатнома оид ба бастани ақди никоҳ ва ё шаҳодатнома дар бораи қатъи ақдиникоҳ. Аз рӯзи бақайдгирии давлатии ақди никоҳ (бекор кардани ақди никоҳ), ҳангоми иваз намудани насаб, шаҳрванд дар муддати як моҳ шиносномаи қаблан додашударо иваз менамояд.

Шаҳодатнома дар бораи бастани ақдиникоҳ ва шаҳодатнома дар бораи бекор кардани ақдиникоҳҳамчунин ҳангоми ивазнамудани шиноснома ва гирифтани шиносномаи гумшуда пешниҳод карда мешаванд;

ҳангоми иваз намудани насаб, ном ва номи падар – шаҳодатнома дар бораи иваз намудани насабном ва номи падархулосаи мақомоти САЊШ (аз ҷониби кормандеки ҳуҷҷатҳо қабул гардида, тасдиқшудаанд, нусхабардорӣшудахулоса ба соҳибаш баргардонида мешавад) ва шаҳодатномаи такроран додашуда дар бораи таваллуд;

ҳангоми иваз намудани насаб, ном ва номи падар мутобиқи анъанаҳои миллӣ – шаҳодатномаи такроран додашуда дар бораи таваллуд ва хулосаи САЊШ (аз ҷониби кормандеки ҳуҷҷатҳо қабул гардида, тасдиқшудаанднусхабардорӣшудахулоса ба соҳибаш баргардонида мешавад);

ҳангоми тағйир, ислоҳ, илова, барқарор кардани маълумотҳои персоналӣ (насабномноми падаррӯз ва ҷойи таваллудвазъи оилавӣ ва дигар маълумотҳомуайян намудани носаҳеҳӣхатогиҳосохтакорӣ дар сабти ҳуҷҷатҳо–шаҳодатнома дар бораи таваллудқайди ақдиникоҳқатъ намудани қайди ақдиникоҳмарг ва дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ин ҳолатҳоДар ин ҳолатҳосоҳибони шиносномаҳо, ариза пешниҳод менамоянд ва ҳатман таҳти санҷиши дақиқ, аз он ҷумла аз рӯи қайди Бюрои суроғавӣмаълумотдиҳӣ, Марказҳои иттилоотӣ аз рӯи маълумотҳои муайян гардидаи кӯҳна ва нав, дар ҳолати зарурӣ аз рӯи  қайдҳои мақомоти САҲШ қарор додамешаванд.

Оид ба санҷиши ин ҳолатҳо аз ҷониби сардорони хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ ва ё шахсони онҳоро ивазкунанда, хулоса оид ба иваз намудани маълумоти муайянкунандаи шакли 33 бароварда мешавад. Дар хулоса маълумотҳои мақомоти САҲШдигар ҳуҷҷатҳо нишон дода мешаванд, ки барои тағйирислоҳпурра ва барқарор намудани маълумотҳои персоналӣ мусоидат мекунанд. Дар ҳолати рад намудани тағийри маълумоти муайян кунандаи шаҳрванд, хулосаи асоснок бароварда шуда, ба шаҳрванд сабаби рад намудан фаҳмонида мешавад. 

Хулосаҳо дар ҳолати муайян намудани носаҳњеҳӣхатогиҳоки санҷиши иловагиро талаб намекунанд, бароварда намешаванд;

ҳангоми ислоҳи мансубияти ҷинсӣ – шаҳодатномаи такрорӣ дар бораи таваллуд бо маълумотҳои нави персоналӣмаълумотномаи муассисаи тиббиеки ҷарроҳиро гузаронидааст ва аз ҷониби шахси масъул бо муҳри муассисаи тиббӣ тасдиқ кардашудааст. Дар ин ҳолат, соҳибони шиноснома ариза пешниҳод намуда, ба таври ҳатмӣ дақиқона санҷида мешаванд, аз он ҷумла бо қайдҳои бюрои суроғавӣ-маълумотдиҳӣ ва марказҳои иттилоотӣ. Сардорони хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ ва ё кормандоне, ки онҳоро иваз менамоянд, хулосаҳоро оид ба тағйири маълумотҳои муайянкунанда (ҷинсият) ба таври ихтиёрӣ ворид намуда, дар онҳо маълумотҳои такрорӣ оид ба шаҳодатномаи таваллуд ва маълумотномаи муассисаи тиббие, ки асос барои тағйири ҷинсият мебошад, нишон медиҳанд.

ҳангоми тағйир додани тарҳи рӯйки намуди зоҳирии шаҳрвандро қатъиян тағйир медиҳад маълумотномаи муассисаи тиббиеки ҷарроҳиро гузаронидааст ва аз ҷониби шахси масъул бо муҳри муассисаи тиббӣ тасдиқ кардашудаастДар ҳолати зарурӣ дигар ҳуҷҷатҳое дархост карда мешаванд, ки чунин ҳолатро тасдиқ менамояндсанҷиши шахсияти аризадиҳанда амалӣ гардидадар мавриди зарурӣ протоколи шиносоии шахсияти шаҳрванд шакли 31 таҳия карда мешавадЧунин санҷишҳо низ дар ҳолатҳои бардоштани захмҳо ва ҷароҳатҳои сӯхта, ки қиёфаи шахс тағйирёфтаастгузаронида мешаванд.

43. Қайд дар шиносномаҳои намунаи соли 1996 шаҳрвандон дар бораи бақайдгирӣ ва бекор кардани ақди никоҳ дар мақомоти САҲШ дар саҳифаи «Ҳолати оилавӣ» бо роҳи гузоштани нишонаи муҳри дахлдор ва пур кардани маълумотҳои ҳатмии муҳим (реквизитҳои) дар он пешбинишуда амалӣ карда мешавад. 

Дар ҳолати ошкор кардани шаҳрвандоне, ки оиладоранд ва қайди дахлдор дар шиносномаҳои намунаи соли 1996 мавҷуд нест, аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ дар асоси шаҳодатнома оид ба ақди никоҳ, ки аз ҷониби мақомоти САҲШ дода шудааст, нишонаи муҳри шакли 4 гузошта шуда, реквизитҳои он пур карда мешавад.

44. Қайд оид ба ӯҳдадории ҳарбӣ дар шиносномаҳои намунаи соли 1996-и шаҳрвандон аз ҷониби комиссариати ҳарбӣ дар саҳифаи «Қайдҳои махсус» бо роҳи гузоштани нишонаи муҳри шакли 5 амалӣ карда мешавад ва реквизитҳои он пуркарда мешавад.

Дар ҳолати ошкор кардани он, ки шаҳрванд дорои ӯҳдадории ҳарбӣ мебошад ва дар шиносномаи намунаи соли 1996 қайд дар бораи ӯҳдадории ҳарбӣ мавҷуд нестаз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ дар асоси ҳуҷҷатҳои бақайдгирии ҳарбӣ нишонаи муҳри шакли 5 гузошташудареквизитҳои он пур карда мешаванд.

45. Хулосаҳое,  ки аз ҷониби хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ бароварда мешаванд,  дар ҳама ҳолат мутобиқи Дастурамали мазкур аз ҷониби сардори мақомоти корҳои дохилӣ ва муовинони ӯ тасдиқ гардидамўҳри хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ гузошташудабаъди он дар дафтари бақайдгирии хулосаҳои шакли 34 бақайдгирифта мешаванд.

Дар хулоса сабт оид ба рақами хулосаи баровардашуда (аз дафтари бақайдгирии хулосаҳои шакли 34) амалӣ гардидасана аз рӯзи тасдиқи хулосаи сардори мақомоти корҳои дохилӣ ба ҳисоб гирифта мешавад.

46. Ҳангоми тағйир додани насабном ва номи падари шаҳрвандонкормандони хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ ҳуҷҷатҳои воридшударо аз мақомоти САҲШ оид ба тағйири насабномноми падар баррасӣ менамоянд. Санҷиши пурраи ин шаҳрвандонро аз рӯи қайдҳои Бюрои суроғавӣмаълумотдиҳӣ, Марказҳои иттилоотӣ аз рӯи ҳамаи маълумотҳои персоналии кӯҳна ва нав амалӣ намуда, аз рӯи шакли 1 шахсияти аризадиҳандаро муайян мекунандОид ба натиҷаҳои баррасӣ ба мақомоти САҲШ дар мӯҳлати 1 моҳ иттило додамешавад

Ҳангоми санҷиши маълумотҳои шаҳрвандони мазкур (аз он ҷумла, шаҳрвандоне, ки насаб, ном ва номи падарро мутобиқи анъанаҳои миллӣ тағйир медиҳанд), дар сутуни 7 бланкаи дархости ба маркази иттилоотї фиристодашуда, насаби нав, ном ва номи падар нишон дода шуда, нусхаи шаҳодатнома оид ба тағйир намудан ва ё шаҳодатномаи такроран додашудаи шаҳрвандон дар бораи таваллуд бо мақсади пешниҳод намудани  маълумот ба марказҳои иттилотӣ нисбати шахсони пеш суд шуда, замима мегардад.

Дар ҳолати доғи судӣ доштани шаҳрвандони мазкур (аз он ҷумла, аз шаҳрвандоне, ки насаб, ном ва номи падарро мутобиқи анъанаҳои миллӣ иваз менамоянд), баъди ба онҳо додани шиносномаҳои/IC, дар мӯҳлати 3 рӯз ба марказҳои иттилоотӣ огоҳӣ оиди иваз намудани маълумотҳои персоналӣ фиристода шуда,  дар онҳо насаб, ном ва номи падари шаҳрванд, нав ва қаблиаш нишон дода мешавад. Ҳангоми гирифтани огоҳӣ, марказҳои иттилоотӣ ба насаби нав, ном ва номи падар баргањо (кортҳо) бо ишора ба маълумоти қаблӣ тартиб медињанд, ки он ба картотека ворид карда мешавад.

47. Дар ҳолати доғи судӣ доштани шаҳрвандоне, ки маълумотҳои дигари персоналӣ (санаи таваллуд, ҷойи таваллуд, ҷинсиятро) иваз менамоянд, дар мӯҳлати 3 рӯз баъди ба онҳо додани шиносномаҳои/IC, ба марказҳои иттилоотӣ ҳамчунин огоҳӣ дар бораи иваз намудани маълумотҳои муайянкунанда, бо замима ба онҳо нусхаи такроран додашудаи шаҳодатнома дар бораи таваллуд ва дигар ҳуҷҷатҳо фиристода мешавад. 

48. Маводҳо бо санҷишҳо ва хулосаҳо ба парвандаи алоҳидаи номенклатура дӯхта мешаванд.

49. Агар шиноснома бо сабаби корношоямӣ ва номумкин будани истифодабарии минбаъда иваз карда шавад, аз рӯи зарурият санҷиши шахсияти аризадиҳанда ва далели додани шиносномаи пешниҳодшуда ба ӯ амалӣ карда мешавад.

Дар ҳолати зарурӣ, дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ин ҳолат дархост карда мешавад.

50. Барои ҳуҷҷатгузории шиносномаҳои/IC аз рўи шиносномаҳои собиқ ИҶШС намунаи соли 1974 аз шаҳрвандон њуљљатњои зерин қабул карда мешавад: ариза дар шакли ихтиёрӣ бо нишон додани сабабҳои саривақт нагирифтани шиносномаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарҷумаи ҳоли муфассал бо нишон додани ҳамаи ҷойҳои истиқомат, таҳсил, кор, шиносномаи собиқ ИҶШС намунаи соли 1974, китоби хонадорӣ, корти бақайдгирӣ, нусха аз китоби хоҷагидорӣ, билети ҳарбӣ барои шахсоне, ки ӯҳдадории ҳарбӣдоранд (ё ҳуҷҷате, ки маълумот оид ба қайди ҳарбиро тасдиқ менамояд), дигар ҳуҷҷатҳое, ки ҳангоми қабули Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон аризадиҳандагон шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд.

Дар ин њолатњо, њадалимкон, дигар њуљљатњои тасдиќкунандае, ки аз љониби маќомоти њокимияти иљроия, маќомоти мањаллии њокимияти давлатї нисбати шахси дахлдор дода шудааст, пешнињод карда мешаванд, агар ин њуљљатњо барои муќаррар намудани љои зисти аризадињанда дар њудуди Љумњурии  Тољикистон мусоидат намояд.

Тасдиќи мансубият ба шањрвандии Љумњурии Тољикистон (ки пешнињод намудани маълумотро дар бораи мансубият ба шањрвандии Љумњурии Тољикистон, ки аз љониби сохторњои воњидии Хадамоти шиносномавию баќайдгирии Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистон дода мешавад, талаб наменамояд), муќаррар намудани воќеияти истиќомати аризадињанда дар њудуди Љумњурии Тољикистон аз санаи гирифтани шиносномаи собиќ ИЉШС намунаи 1974 то мурољиат ба хадамоти шиносномавию баќайдгири мањсуб меёбад.

Дар ҳолати пайдо шудани шубҳа оид ба њаќонияти осори муҳри бақайдгирӣ дар шиноснома, ё мавҷуд набудани он, аз ҷониби кормандони хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ санҷиши шаҳрванд оиди қонунӣ будани бақайдгирӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқи шаҳрвандӣ гузаронида мешавад. Маълумотнома оиди бақайдгирӣ ба воситаи Бюрои суроғавии маълумотдиҳӣ, картотекаҳои хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣбо китобҳои хоҷагидории нуқтаҳои деҳоти аҳолинишинкитоби хонадорӣ,  кортҳои бақайдгирӣ ва кортҳои хонаҳо санҷида мешаванд.

Санҷишҳо мутобиқи банди 34 Дастурамали мазкур амалӣ карда мешаванд. Дар њолатњои зарурї дархостњо тавассути Хадамоти шиносномавию баќайдгирии Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистон ба маќомоти салоњиятдори давлатњои истиќомати эњтимолии шањрвандони санљидашаванда ирсол карда мешавад.

Вобаста ба ҳолатҳои мушаххас, барои тасдиқи истиқомати шаҳрвандони санҷидашаванда дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, нишондодњои шоҳидии шиносон, хешу табор (бо замимаи нусхаи шиносномаи онҳо) гирифта шуда, онҳо дар бораи ба ҷавобгарии пешбинишудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба додани шоҳидии бардурӯғ огоҳ карда мешаванд.

Нусхаи шиносномаи собиқ ИЉШС намунаи соли 1974, билети ҳарбӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо, ки аз ҷониби корманд тасдиқ ва қабул гардидаанд, ба маводҳои санҷишӣ дӯхта мешаванд.

Агар аризадињанда аз рўи љойи истиќомат ё аз рўи мањалли будубош  иваз намудани шиносномаи собиќ ИЉШС намунаи соли    1974-ро, ки аз љойи зисти пешина аз ќайд набаровардааст, пешнињод намояд, ба ў тавсия дода мешавад, ки оиди аз ќайд баровардан аз рўи љойи истиќомат/ аз рўи мањалли будубош (бо нишон додани љойи зисти нав ё мањалли будубош) ариза (шакли 49) нависад. Аризаи мазкур ба маќомоти корњои дохилии љойи ќайд равон карда шуда,  ба дархост (шакли 48) оиди баровардан аз ќайди љойи зисти пешина (мањалли будубош) маълумотњои шиносномаи собиќ ИЉШС намунаи соли 1974  нишон дода мешавад. Аз ќайд баровардан тибќи бандњои 199-203 Дастурамали мазкур иљро карда мешавад.

51. Дар ҳолати муайян кардани мухолифат  дар маълумотҳои персоналӣки дар шаҳодатнома дар бораи қайди ақди никоҳ дарҷшуда,  аз ҷониби шаҳрванд пешниҳод гардидааст, додани шиносномаи/IC пас аз бартараф намудани мухолифат амалӣкарда мешавад.

52. Ҳангоми ду маротиба иваз кардани ҷойи истиқомати шаҳрванд, шиносномаи/IC иваз карда мешавад.

53. Шиносномаи намунаи соли 1996 новобаста аз  мӯҳлати амалкунанда,  бо муроҷиати шаҳрванд,  метавонад ба шиносномаи/IC иваз кардашавад.

54. Кормандони хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ,  ҳангоми қабули ҳуҷҷатҳо вазифадорандҳамаи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшударо  (шиносномашаҳодатномаи таваллудшаҳодатномаи ақди никоҳ ва дигар ҳуҷҷатҳоро)  дақиқ санҷида, ба ҳолатҳои зерин таваҷҷӯҳ намоянд:

— оё шиносномаи мазкур ба пешниҳодкунанда тааллуқдорад,  бинобар ин расми пешниҳодкунанда бо намуди  зоҳирии шахс муқоиса кардашавад;

— ҳақиқӣ будани ҳуҷҷатҳоеро,  ки асос барои додан ва ё иваз намудани шиноснома мебошанд, аз назар гузаронида, муайян карда  шавад, ки онҳо аз ҷониби мақомоти дахлдор дода шуда, мўҳр ва имзо доранд;

— оё ҳуҷҷатҳо ва ё нишонаҳои қалбакӣ (тоза карданилова карданобшуста намуданаз нав часпонидани сурат (дар шиносномаҷой ивазкунии саҳифа ва дигарҳоронадоранд.

Агар ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардидаи шаҳрвандон барои ҳақиқӣ будани онҳо шубҳа ба миён оранд,  дорои нишонаҳои қалбакӣ бошанд ва ё мавҷуд будани асос дар он хусус, ки  пешниҳодкунандагон нисбати худ маълумоти қалбакиро пешниҳод намудаандё ин ки худро ҳамчун шахси  дигар  муаррифӣ кардаанд,  ҳамаи ҳуҷҷатҳо оиди масъалаҳои мазкур бо гузориш ба сардорони мақомоти корҳои дохилӣ ва ё ҷонишинон,  ки вобаста ба ин ҳолат оиди гузаронидани  санҷиши дахлдор нисбати чунин шахсон қарор қабул менамоянд, пешниҳод карда мешаванд. Дар ин ҳолат санҷиши шахсияти аризадиҳанда бояд оҷилан бо истифодаи усулҳои оперативӣҷустуҷӯии фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ гузаронидашудашахсони таҳти санҷиш қарордошта хабардор нашавандҲуҷҷатҳоеки бо нишонаҳои қалбакӣ мебошандбарои таҳқиқи криминалистӣ фиристода шуда,  ҳамзамон санҷиши шахсияти аризадиҳанда гузаронида мешавад.

55. Ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида ба аризадиҳанда баъди ба тариқи электронӣ сабт шудан ба номи шаҳрванд (файл) баргардонида шуда, дар ҳолати зарурӣ нусхабардорӣ гардидааз ҷониби корманде,  ки онҳоро қабул намудаасттасдиқкарда мешаванд.

56. Барои додани шиносномаи/IC боҷ аз рӯи тартиб ва ҳаҷми муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ситонида мешавадҲуҷҷате,  ки пардохти боҷро тасдиқмекунадрасид буда, мутобиқи Дастурамали мазкур то қабули ариза ва таҳия намудани файли элекронӣ супорида мешавадИштирокчиёни Љанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаршуданафақахӯрон ва маъюбони гурӯҳи 1 ва 2 аз пардохти боҷ барои додани шиносномаи/IC шахсони зерин озод кардашудаанд. Барои тасдиқи озод аз пардохти боҷ барои додани шиносномаи/IC маълумотномае,  ки роҳбари мақомоти таъмини иҷтимоӣ имзо намуда, бо мўҳр тасдиқ кардаастпешниҳод карда мешавад.

Аз ҷониби кормандони хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ, дар расид ва маълумотнома барои озод намудан аз пардохти боҷ қайд карда мешавад: баъди фиристодани файли электронӣ, рақами ариза аз аризаи оид ба гирифтани шиносномаи шакли 1/1; баъди ворид гардидани шиносномаи/IC омодашуда, шиносномаи/IC. Расидҳои  қабул гардида ва маълумот оиди озодкунӣ аз пардохт алоҳида дӯхта мешаванд.

57. Шиносномаи/IC ба шаҳрванд на кам аз 15 рӯзи корӣ баъди аз ҷониби хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ сабт намудани маълумоти электронӣ (файл)  ва фиристодани онҳо ба Раёсати персонализатсия ва ё Марказҳои иттилоотӣ,  барои фиристодани минбаъдаи файли электронии онҳо, дода мешавад.

Дар сурати гум кардани (дуздидани) шиноснома, имконнопазир гардидани муайян кардани шахсият бо шиноснома ба корношоямӣ расидаҳангоми муайян кардани шахсиятшиносномаи/IC тибқи тартиби муқаррар гардида, на кам аз 30 рӯз аз рўзи супоридани ҳуҷҷатҳои  зарурӣдода мешавадДар мавриди тафтиши иловагӣ (фиристодани дархост ба дигар давлатҳо ва ё санҷиши махсус)  мӯҳлати додани шиносномаи/IC метавонад аз ҷониби сардори мақомоти корҳои дохилӣ ва ё муовинони ӯ на камтар аз як моҳ тамдид кардашавадки дар ин бора ба аризадиҳанда хабар дода мешавад.

58. Санаи додани шиносномаи/IC рӯзмоҳсоли пуркардани он ҳисобида мешавад, рӯзи гирифтани шиноснома бошад аз рӯзи муроҷиати шаҳрванд барои гирифтани шиносномаи/IC,  ки дар ин бора сабти дахлдор дар аризаи шакли 1 дарҷгардидабо имзои шаҳрванд тасдиқ  карда мешавад.

59. Баъди гирифтани шиносномаи/IC аз Раёсати персонализатсия  бо реестри фиристодашудаи шиносномаҳои/IC тайёркардашуда ба хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ бо шакли 44кормандони хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ вазифадоранд:

— маълумотҳоро оиди шиносномаҳои/IC барасмият даровардашуда ба дафтари бақайдгирии файлҳои электронии  шиносномањои воридгардида ва додани онњо ба шањрвандон шакли 2 (минбаъд – дафтари шаклҳои 2) тибќи бандњои 145, 146 Дастурамал дарҷ намоянд;

— маълумотҳои нисбат ба шаҳрвандро дар шиносномаи /IC воридшуда бо маълумоти электронии шиносномаи тайёршуда, ки аз Раёсати персонализатсия ворид гардидаанд, дар ҷойи кори автоматикунонидашуда муқоиса намуда, ба махзани маълумотҳои дода шудани шиносномаҳо/IC барои анҷом додани даври пурраи додани шиноснома ворид намоянд;

Барои ин амалро иљро намудан барномаи «StockManagement»-ро кушода, аз равзанаи «Бастаи шиносномаҳо», ки дар он ҳамаи руйхатҳои электронӣ бо файлҳои шиносномаҳои/IC  тайёр тақсим шудаанд, руйхати электрониро бо файлҳои фиристодашуда кушода, «қабули шиносномаҳо»-ро интихоб мекунем, сипас тугмаи «Анҷоми кор»-ро пахш мекунем. Дар сурате, ки агар шиноснома/IC бо сабабҳои техникӣ вайрон бошад ва ё бо хатогӣ ҳангоми чоп омода шудааст, равзанаи «вайроншуда» ва ё «бо хатогӣ»-ро интихоб мекунем, ки пас аз он бо таври автоматӣ шиносномаи/IC чоп карда мешавад. 

Пасон корманд, ҳангоми ворид  шудани шиносномаҳо/IC бо руйхати шакли 44 барои фиристодани шиносномаҳои/IC тайёр ба хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ барномаи «GetID»-ро кушода, дар равзанаи «корти шахсият»  дар мавқеи «Додани шиноснома» дар майдони «Рақами ҳуҷҷат» рақами шиносномаи/IC воридшударо мегузаронад, пас аз ин тугмаи «оғози додани шиноснома» пахш карда мешавад. Маълумот нисбати шаҳрванд кушода мешавад ва дар мавқеи «Имзо» тавассути номалавҳаи электронӣ шаҳрванд имзо мегузорад ва барои анҷом додани давр майдони «Анҷоми кор» пахш карда мешавад.

— санҷиши дуруст пуркардани шиносномаҳои /IC-и гирифташуда;

— дар сутунњои 26, 27, 28, 29, 30, 31-и аризаи шакли 1 қайдҳои дахлдорро ворид намоянд;

— дар шаҳодатнома дар бораи таваллуди шаҳрвандки якумин маротиба шиноснома /IC мегирад ва дар шаҳодатномаи ақди никоҳи шаҳрванддар бораи тағйир додани насабномноми падар осори мӯҳри  шакли 3 гузошташавад

— дар сутуни 33 аризаи шакли 1 корманде, ки маълумотро оид ба шаҳрванд дар махзани автоматики ҷойи коргузаронидаастимзо мегузораддар ҳолати набудани ӯ корманди барои барасмият дарории шиносномаҳо иҷозатдодашуда. Дар баробари ин, агар файлҳои электрониро як корманд барасмият дароварда бошад, анҷом додани доираи додани шиносномаи /IC — ро дигар корманд, дар ин ҳолат дар сутуни 20 шакли 1 имзо ва насаби корманди аввал ва дар сутуни 33  шакли 1 – имзо ва насаби корманди дуюм гузошта мешавад; 

— бақайдгирӣ мутобиқи Дастурамали мазкур барасмият дароварда мешавад.

60. Супоридани шиносномаҳои /IC ба шаҳрвандон аз ҷониби сардорони хадамотҳои шинсонмавию бақайдгирӣ ва шахсонеки онҳоро иваз менамояндамалӣ карда мешавад ва онҳо вазифадоранд:

— ба шаҳрванд пешниҳод намояндки дурустии маълумотҳои ба шиносномаи /IC воридшударо санҷадҲангоми барасмиятдарорӣ дар шиносномаи /IC маълумоти нодуруст ҷой додашавадба шаҳрванд шиносномаи /IC дигар барасмият дароварда мешавад. Барои корношоям кардани бланкаи шиноснома аз шаҳрванд маблағ рӯёнида намешавад;

— бояд итминон ҳосилкунандки шаҳрванде, ки шиносномаи /IC-ро мегирад, ҳамоншахсе аст, ки шиносномаи /IC ба номи ӯ барасмият даровардашудааст;

— ба шаҳрванд пешниҳод намоянд, ки дар сутуни 32 шакли 1 имзо гузорад. Дар ҳолатеки аризадиҳанда имконияти гузоштани имзоро надоштабошаддар шакли 1 сабаби он нишон додашудасабткарда мешавад«имзо гузошта наметавонад»

— дар сутуни 34 шакли 1 имзои худро оиди барасмиятдарории шиноснома гузорад;

— ба шаҳрванд ӯҳдадориҳои ӯро оид ба эҳтиёт корона нигоҳ доштани шиносномаи /IC ва саривақт иваз намудани он ҳангоми гузаштани мӯҳлати амали шиносномаи /IC ва дигар ҳолатҳоро, ки дар Дастурамали мазкур пешбинӣ шудаанд, фаҳмонад;

61. Дар ҳолати муайян намудани иштибоҳ ва носањҳеҳӣ (роҳдодани онҳо ҳангоми сабти файли электронӣ), зимни додани шиносномаҳои шаҳрвандонба Раёсати персонализатсия ба таври таъҷилӣ маълумот оид ба беэътибор донистани шиносномаи /IC додашуда фиристода мешавад.

Баъди аз љониби Раёсати персонализатсия ќабул гардидани маълумот дар бораи беэътибор донистани шиноснома /IC ва аз љониби Раёсати персонализатсия ба махзани маълумотњо ворид шудани ин ахборот, ба шаҳрванд файли электронии навбо ислоњоти воридшуда, барои таҳия намудани шиносномаи /IC нав барасмият дароварда мешавад.  

Дар ҳолати аз ҷониби кормандон роҳ додан ба носаҳњеҳӣҳангоми тартиб додани файли электронӣ, ки боиси тайёр шудани шиносномаҳои /IC бо хатогињо гардидаанд, кормандон аз пардохти арзиши шиносномаи /IC озод карда мешаванд, агар шумораи умумии шиносномаҳои /IC вайроншуда аз ду фоизи умумии шумораи барасмият даровардашудаи файлҳои электронии корманди мазкур зиёд набошад.

Ҳангоми ба таври механикӣ вайрон шудани шиносномаи /IC (маълумотҳои дохилнамуда ба шиносномаи /IC оид ба шаҳрванд душворфаҳм бошанд, аз рӯи расм шахсияти аризадиҳанда муайян карда нашавад ва дигар зарарҳои механикӣ) пардохт аз ҷониби кормандон амалӣ карда намешавад.

62. Супоридани шиносномаҳо /IC ба шаҳрвандонеки басинни 16-солагӣ расидаандаз рӯи қоидадар фазои тантанавӣ дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар ҷойҳо ва мақомоти худидоракунӣ баргузор карда мешаванд. Чорабиниҳои мазкур бояд ба таҳкими давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистонба ҷавонон фаҳмонидани асосҳои ҳолатҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд равона гардидабарои баланд бардоштани фаъолияти судманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, нигоҳдории эҳтиёткоронаю таъмини ҳифзи шиносномаҳои /IC ва иҷрои талабот оиди саривақт гузоштан дар қайди ҳарбӣ мусоидат намоянд.

63. Назорат аз болои сари вақт супурдани шиносномаҳои /IC тайёршуда ба аризадиҳандагон аз ҷониби хадамотҳои шиносномавию ба қайдгирӣ амалӣ кардамешавад.

Агар дар сурати ба охир расидани мӯҳлати 30-рӯзаи барои гирифтани шиносномаҳои /IC муқарраргардида, шаҳрванд барои гирифтани шиноснома ҳозир нашавад, ба ӯ хаттӣ хабаррасонида мешавад ва ё оид ба таъмини ҳозиршавии соҳиби шиносномаи /IC тадбирҳои дигар андешида мешавад.

Шиносномаҳои /IC, ба соҳибонашон дар муддати 2 сол доданашуда бошанд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи Дастурамали мазкур нигоҳ дошта ва нобудкарда мешаванд.     

64. Шакли 1 барои шиносномаҳои додашуда бояд дар картотекаҳои махсус бо тартиби ҳарфҳои алифбо аз рӯи насаб, ном ва номи падар бояд нигоҳ дошташаванд.

65. Агар ба шаҳрвандон шиносномаҳои /IC нав додашаванд, шакли 1 барои шиносномаи қабландодашуда аз картотекаи амалкунанда гирифта шуда, ба картотекаи бойгонӣ гузаронида мешавад.

66. Мӯҳлати нигоҳдории шакли 1 дар картотека, ки дар он қайд оид ба гирифтани шиносномаи /IC нав аз ҷониби шаҳрванд мавҷуд нест, — доимӣ  мебошад.

67. Картотека бояд дар утоқи ҷудои алоҳидаи хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ дар макони барасмиятдарории онҳо, ки бо сигнализатсияи бехатарӣ аз сӯхтор, тирезаҳои панҷарадор ва дари оҳанин муҷаҳҳазаст, ҷойгиркарда мешавад.

68. Бо мақсади пешгирии гумгаштани шакли 1 барои кор бо картотека кормандоне, ки ба ӯҳдадориҳои вазифагиашон масъулияти ҷо ба ҷо гузории шакли 1 ва нигоҳдории онҳо вогузор шудааст, вобаста карда мешавад.

69. Аз картотека гирифтани шакли 1 танҳо ба кормандони хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ ба мӯҳлати на зиёда аз як рӯзи корӣ, барои тартиб додани маълумотномаҳо, иҷрои дархостҳо, нусхабардорӣ, гузоштани қайдҳои хизматӣ ва дигар ҳолатҳои зарурӣ иҷозат додамешавад. Дар охири рӯзи корӣ шакли 1 муваққатан гирифташуда ба картотека бояд баргардонидашавад. Ҳангоми мусодираи муваққатии аризаи шакли 1 аз картотека, баҷойи шакли 1 муваққатан гирифташуда, дар картотека нусхаи шакли 1, бо имзои тасдиқшудаи кормандон, ки дар он сабаб ва санаи гирифташудани шакли 1 сабтшуда, насаб, ном, номи падар ва вазифаи шахси дар дасташ шакли 1 нигоҳдошташаванда нишон дода шудааст, гузошта мешавад.       

Ба кормандони дигар хадамот ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ, дигар идора, муассиса ва ташкилотҳо додани шакли аслии 1 ва ё бо дархост равон намудани он манъ карда мешавад.

Ҳангоми ворид гардидани хабарнома ва дархостҳо аз мақомоти салоҳиятдор вобаста ба гумшудани ҳуҷҷатҳои шаҳрвандон ва ё аз ҷониби онҳо қабул кардашудани шаҳрвандии дигар давлат, дар дигар ҳолатҳо, кормандони хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ барои қайди дахлдор намудан, аз рӯи картотекаи аризаи шакли 1 санҷишгузаронида, дар ҳолати зарурӣ нусхаи аризаи шакли 1-ро ба ташаббускори дархост ирсол менамоянд. Ба шаҳрвандон нусхаи шакли 1 дода намешавад.

Ҳангоми мавҷуд набудани шакли аслии 1 дар картотекаи барои шиносномаи /IC, шакли 1 дар ду нусха баъди ворид намудани маълумотнома ба дархосткунанда дар махзани иттилоотии автоматии ҷойи кори хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ чоп карда мешавад, барои ворид намудани як нусха ба картотека ва фиристодани нусхаи дуюм ба хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ва ё дигар дархосткунанда.

70. Ҷобаҷогузории шакли 1 пас аз санҷиши далели додашудани шиносномаи /IC ба соҳибонашон амалӣ карда мешавад.

71. Ҷобаҷогузорӣ дар картотекаи шакли 1 қатъиян аз рӯи ҳарфҳои алифбоӣ ва дар шакли зерин бароҳ монда мешавад:

 шакли 1 ба шахсоне, ки насабашон бо як ҳарф шурӯъ мешавад, ҷудо кардашуда аз ҳарфи дуюми насаб, баъд сеюм ва ғайра ҷо ба  ҷогузорӣ мешаванд. Мисол: Абдулов, Авдеев, Агушев; Базаров, Баиров, Бакиров ва ғ.ҳ.;

 шакли 1 ба шахсоне, ки як насаб доранд, дар картотека бо тартиби риояи алифбоӣ аз рӯи ном ва номи падар ҷо ба ҷо гузорӣ мешаванд. Мисол: Абдулов Алексей Антонович, Абдулов Алексей Борисович, Абдулов Алексей Василевичва ғ.ҳ.;

— ҳангоми монанд омадани насаб, ном ва номи падар, шакли 1 аз рӯи санаи таваллуди идома ё банда, баъди он, бо тартиби алифбо аз рӯи шаҳрҳо, ноҳияҳо ва нуқтаҳои аҳолинишини ҷойи таваллуд ҷо ба ҷо гузорӣ мешаванд. Мисол: Абдулов Алексей Антонович, с.т. 1966, Абдулов Алексей Антонович, с.т. 1982, Абдулов Алексей Антонович, с.т. 1966, зодаи ш. Душанбе; Абдулов Алексей Антонович, с.т. 1966, зодаи    ш. Хуҷанд.

— шакли 1, ки боҳарфҳои: Ғ, Ӣ, Қ, Ӯ, Ҳ, Ҷ пуркарда шудаанд, ҳамчунин бо тартиби алифбоии зерин ҷо ба ҷо гузорӣ мешаванд: ҳарфи Ғ баҳарфи Г гузошташуда, минбаъд: Ӣ-И; Қ-К; Ӯ-У; Ҳ-Х; Ҷ-Д;

— ҳарфи О якҷоя бо ҳарфи А гузошта мешавад.     

72. Ҳангоми барасмиятдарории шиносномаҳои /IC нави шаҳрвандон, шакли 1 қаблӣ то гирифтани шиносномаи /IC нав гирифта намешавад.

73.  Ба шаҳрвандон, бо хоҳиши онҳо маълумотномаи шакли 9 – шаҳодатдиҳандаи шахсият, ба мӯҳлати на зиёда аз думоҳ дода мешавад, дар сурате, ки агар: 1) аз ҷониби аризадиҳанда ҳуҷҷатҳо барои гирифтани шиноснома дода шуда бошад, вале санҷишииловагие, ки додани шиносномаро батавќиф меандозад, талаб карда мешавад; 2) аз сабабҳои техникӣ (дар ҳолати гум шудани алоқаи шабакавӣ бо Раёсати персонализатсия ва вайрон шудани таҷҳизот) – дар муддати тайёркардани шиносномаҳо; 3) шаҳрванд оиди гумшудани шиноснома муроҷиат намуда бошад.

Маълумотномаи шакли 9 ба воситаи техникаи компютерӣ ва ё бо даст, бо ҳарфҳои чопӣ, бо ручкаи оддии (шариковый) бо ранги бунафш, кабуд ё сиёҳ, саҳњеҳ ва хоно пур карда мешавад. Кӯтоҳ ва ислоҳ кардан манъ аст.

Дар маълумотнома расми соҳибион, ба андозаи 3,5х4,5 см, ки мӯҳргузорӣ мешавад, часпонида мешавад.

Додани маълумотнома дар дафтари бақайдгирии маълумотномаҳои шакли 9 ба шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шакли 35 додашуда,  ба қайд гирифта мешаванд. Дар асоси сутуни 1-и дафтар, дар маълумотнома қайд оид ба рақам амалӣ карда шуда, дар сутуни 5 шаҳрванд оиди гирифтани шиноснома имзо мегузорад. Маълумотнома аз ҷониби сардорони хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ ва ё шахсоне, ки онҳоро иваз менамоянд, имзо гардида, муҳр гузошта мешавад.

Дар сурати зарурӣ мӯҳлати амали маълумотнома метавонад то 2 моҳ тамдид карда шуда, дар ин бора ба сутуни 3 шакли 35 қайд гузошта мешавад. Тамдиди мӯҳлати амали маълумотнома бо имзои сардори хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ва ё шахси ивазкунандаи он ва бо мӯҳр тасдиқ карда мешавад.    

74. Дар сурате, ки агар шиносномаҳо ва ё маълумотҳои ба он воридкардашуда дар асоси ҳуҷҷате, ки бекор кардашуда, бе эътибор, қалбакӣ ва ё риёкорона ҳисобида шудааст ва ё маълумоти нодуруст гузаронида шуда бошад, шиносномаи /IC додашуда беэътибор донисташуда, бояд мусодира шавад. Ҳангоми мусодираи шиноснома аз рӯи шакли 37 Санад оид ба мусодираи шиноснома тартиб дода мешавад. 

Бе эътибор дониста шудани шиносномаро суд ва мақомоти салоҳиятдор бо ташаббуси худ дар доираи ваколатҳояш ва ё дар натиҷаи огоҳонидани шахсони манфиатдор муқаррар менамояд.

Агар ғайри қонунӣ будани шиноснома аз ҷониби хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ муайян кардашуда бошад, хулоса бароварда шуда, дар он сабабҳои ғайриқонунӣ донистани шиноснома нишон додамешавад.

Оид ба далели бе эътибор донистани шиноснома, дар муддати 5 рӯзи корӣ аз рӯи шакли 36 огоҳинома ирсол карда мешавад: ба соҳиби шиносномаи мазкур, агар шарњи далел бе огоҳ намудани ӯ амалӣ шуда бошад, хадамоти шиносномаию бақайдгирие, ки шиносномаро додаст ва ба Раёсати персонализатсия дар ҳолати додани шиносномаи /IC. Соҳиби шиносномаи бе эътибор ӯҳдадораст, ки шиносномаро ба мақомоти корҳои дохилие, ки онро додааст, супорад. Дар асоси санҷишҳои гузаронидашуда ва асоснок фаҳмонидани соҳиби шиноснома хулоса баровардашуда, масъалаи ба шаҳрванд додани шиносномаи нав ҳал карда мешавад.

75. Дар сурати ошкор гардидани қоидавайронкуниҳо аз ҷониби соҳиби шиноснома нисбати ӯ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои дахлдор андешида мешавад.

3. Тартиби додан ва иваз намудани шиносномаҳо ба баъзе

гурӯҳи шаҳрвандон

76. Ҳангоми соҳибгардидани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё барқарор гардидани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ва ё шахсони бешаҳрвандӣ маълумотнома оиди қабули шаҳрвандӣ ва ё барқарор намудани он, ки аз ҷониби мақомоти дахлдори ваколатдор, бо имзо ва мӯҳри шахси мансабдор тасдиқшуда, инчунин ҳуҷҷатҳо (нусхаи шиносномаҳои шаҳрвандони хориҷӣ, ҳуҷҷати зист, шаҳодатдиҳандаи шахсияти шаҳрванд, дорои маълумотҳои шахсии ӯ (насаб, ном ва номи падар) /агар дошта бошад/ сана ва ҷойи таваллуд) ва дигар маълумотҳои зарурӣ пешниҳод карда мешаванд. Ҳангоми барасмиятдарории шиносномаи /IC дар ҳошияи 27-уми шакли 1 маълумотҳои маълумотнома (рақам, санаи додашудан, мақомоте, ки онро додааст), шаҳрвандии қаблии муроҷиаткунанда, таърихи қабули шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон барқароршудан, нишондода мешавад. Нусхаи маълумотномаҳо дар шакли 1 часпонида шуда, маълумотнома бо нусхаи ҳуҷҷатҳое, ки шахсияти аризадиҳандаро тасдиқ менамоянд, дар парвандаи номенклатура дӯхта шуда, мӯҳлати нигоҳдорӣ 10 солро ташкил медиҳад.

77. Ба шахсоне, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби ба Ватан бозгаштан (репатриатсия шудаанд) ва иҷборан баргаштаанд, шиносномаи /IC аз рӯи ҷойи зист ва ё маҳалли будубош дар асоси ҳуҷҷатҳое, ки онҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадаанд, додамешавад. Ҳамзамон ба воситаи бюрои суроғавӣ-маълумотдиҳӣ, марказҳои ахборотдиҳӣ санҷиши зарурӣ гузаронидашуда, шахсияти муроҷиаткунандагон аз рӯи шакли 1 муайян карда мешавад. Ба кишварҳое, ки аз онҷо муроҷиаткунандагон омадаанд, оиди асос барои гирифтани шаҳрвандии ин давлатҳо ва доштани маводҳои доғдоркунанда, дархост ирсол карда мешавад. Дар ҳошияи 27 шакли 1 кай ва аз кадом кишвар барои зист баргаштани шахсони зикргардида нишон дода мешавад.

78. Додани шиносномаи /IC ба кӯдакони ятим, бепарастор, ки басинни 16-солагӣ даромадаанд ва таҳти парасторӣ ва ё тарбияи муассисаҳои махсусгардонидашуда қарор доранд, новобаста аз шакли моликият, аз ҷониби хадамотҳои шиносномавию бақайдгирии маҳалли ҷойгиршавии ин муассисаҳо амалӣ кардамешавад.

79. Ба шаҳрвандоне, ки муддати дароз дар хона-интернатҳо барои афроди танҳо, пиронсолон, маъюбон ва ё муассисаҳои касалиҳои рӯҳи дошта қарор доранд ва дар ин муассисаҳо аз рӯи маҳалли будубош бақайдгирифта шудаанд, инчунин ба шаҳрвандони қобилияташон маҳдуд, ки ҳозиршуда наметавонанд, додан ва иваз намудани шиносномаҳо бо тартиби муқаррарнамудаи Дастурамали мазкур, аз ҷониби хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ, ки дорои дастгоњњои муњаррик мебошанд (ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Қурғонтеппа, ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб, ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ, РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа ва ноҳияи Рашт) аз рӯи ҷойгиршавии муассисаҳои мазкур, дар асоси ҳуҷҷатҳое, ки аз ҷониби маъмурияти ин муассисаҳо пешниҳод шудаанд, амалӣ карда мешавад. Дар ин  ҳолат шиносномаи /IC бо бақайдгирӣ дар китоби хонадорӣ ва ё варақаҳои бақайдгирӣ дода мешавад.

80. Ба шаҳрвандоне, ки тибқи қонунгузории муқарраршуда номукаллаф (корношоям) донисташудаанд, ҳуҷҷатҳо барои гирифтан ва иваз намудани шиносномаҳо аз ҷониби намояндагони қонунии онҳо пешниҳод карда мешавад. Дарсурате, ки шахси номукаллаф (корношоям) донисташуда имзо карда натавонад, дар шиносномаи /IC мутобиқи сархати 5 банди 115 Дастурамали мазкур навиштаҷоти дахлдор ворид карда мешавад.

Ҳангоми гирифтани шиносномаи /IC, намояндагони қонунии шаҳрвандони корношоям дар ҳошияҳои 18, 32-и шакли 1 имзои худро мегузоранд, дар ҳошияи 27-ишакли 1 сабти дахлдор навишта шуда, маълумотњо дар бораи шахсияти ќабулкунандагони њуљљат (насаб, ном, номипадар, солитаваллуд) ва маълумотномањои шиносномаи онњо ишора карда мешавад.

81. Ба шахсоне, ки аз ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ мебароянд, агаронҳо томаҳкум шуданашон шиноснома надоштанд, инчунин дар сурате, ки шиноснома доранду, бо сабаби ба охир расидани мӯҳлати амали онҳо беэътибор донисташудаанд, шиносномаҳои /IC аз рӯи расидан ба ҷойи зист ва ё ҷойи зисте, ки дар маълумотнома оид ба озод гаштани шакли муқарраргардида нишон додашудаанд, додамешавад.

Дар сурате, ки агар шахси аз ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ баромада, ки ба ҷойи зист ва ё будубош омадааст, оиди гумм кардани маълумотномаи озодшавиаш муроҷиат намояд, хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ аз муассисаҳои ислоҳӣ нусхаи дуюми (дубликат) маълумотнома оиди озодшавиро талаб менамоянд. Ба дархост ду расми аризадиҳанда замима карда мешавад.

Агар нусхаи дуюми маълумотнома оид ба озодшавӣ қаблан бадигар хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ фиристодашуда бошад, маъмурияти муассисаи ислоҳӣ баташаббускори дархост оид ба он барои минбаъд талаб намудани нусхаи дуюм аз хадамоти шиносномавию бақайдгирии мазкур, хабар медиҳад. Вақте аз нусхаи дуюми маълумотнома оид ба озодшавӣ маълум мегардад, ки муроҷиаткунанда аз рӯи ҷойи дар маълумотномаи озодшавӣ нишон додашуда наомадааст, ба хадамоти шиносномавию бақайдгирии ҷойе, ки ӯ бояд барои зист ва ё будубош ҳозир шавад, бо мақсади санҷиш, ки баъди озод шавӣ ба ӯ шиносномаи /IC додашудааст ё не, дархост фиристода мешавад.

Дар сурати зарурӣ нисбати шахсоне, ки аз ҷойи маҳрумӣ аз озодӣ озод гаштаанд, ба бюрои суроғавӣ-маълумотдиҳӣ, марказҳои ахборотдиҳӣ ва бахадамотҳои шиносномавию бақайдгирии ҷойи зисти пештарааш, барои санҷиши шиноснома гирифтан ё нагирифтанаш дархост фиристода мешавад.

Ба шахсони аз ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ баромада, ки шиносномаҳояшон қабл аз судшудан гирифта нашуда буданд ва аз ин сабаб бапарвандаҳои шахсиашон ҳамроҳ карданашуда буданд, инчунин аз ҷониби онҳо ба хадамоти шиносномавию бақайдгирии ҷойи истиқомат ва ё будубош пешниҳод нашудаанд ва дарин борадар маълумотнома  оиди озодшавӣ нишондодашуда бошад, додани шиносномаҳои /IC бо тартиби монанд ба ивази шиносномаҳои гумшуда, амалӣ карда мешавад. Ҳуҷҷатгузорӣ оид ба парванда дар бораи гум шудани шиносномаҳо, бояд дар муддати на кам аз 10 рӯз анҷом дода шавад.

Шахсоне, ки қабл аз маҳкумшудан шиноснома нагирифтаанд, шаҳодатномаи таваллуд ва шиносномаҳои волидайнашон барои муайян намудани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд. Ба таври фаврӣ санҷиши шахсият, мутобиқи банди 34 –и Дастурамали мазкур амалӣ карда мешавад. Ҳангоми пешниҳод намудани шаҳодатномаи такрории дар бораи таваллуд, нусхаи санади қайд дар бораи таваллуд дархост карда мешавад.

Дар маълумотномаҳои озод шавӣ ҳатман бояд дар бораи доштан ё надоштани варақаи иҷроия, ки бо мӯҳри муассисаи ислоҳӣ тасдиқ шудааст, инъикос  ёфта бошад.

Ҳангоми додани шиносномаҳои/IC ба шахсоне, ки аз ҷойҳои маҳрумї аз озодӣ омадаанд, дар маълумотнома оиди озод шавӣ осори мӯҳри шакли 3 гузошта шуда, реквизитҳои онҳо пур карда мешавад.        

82. Агар шаҳрвандон барои саркашӣ намудан аз пардохти нафақапулии фарзандон (алимент) маҳкум шуда бошанд ва ё дар маълумотномаи озодшавӣ навиштаҷоти «Барои пардохти нафақапулии фарзандон ӯҳдадораст» сабт ёфтабошад, дар шакли 1 дар ҳошияи 27 чунин навиштаҷот гузаронидамешавад.

83. Шахсони бе ҷойи зисти муайян, дар қабулгоҳ-таҳвилгоҳҳо бе шиноснома ва ё шиносномаи мӯҳлаташ ба охир расида нигоҳ дошта мешаванд, шиносномаҳои/IC–ро аз хадамотҳои шиносномавию бақайдгирии маҳалли ҷойгиршавии қабулгоҳ-таҳвилгоҳҳо, бо қайди ҷойи зист дар мӯҳлати нигоҳдориашон дар муассисаи мазкур мегиранд.

Барои барасмиятдарории шиносномаҳои /IC ба чунин шахсон аз ҷониби маъмурияти қабулгоҳ-таҳвилгоҳ ба хадамотҳои шиносномавию бақайдгирие, ки дар ҳудуди хизматрасониашон қарор доранд, ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешавад:

— дархост оид ба додани шиносномаҳои /IC ба шахсе, ки дар қабулгоҳ-таҳвилгоҳ бе шиноснома, бо қайди ҷойи зисти ӯ ва нишон додани мӯҳлати он, нигоҳ дошта мешавад;

— парванда бо маводҳои муайяннамудани шахсият, аз ҷумла нусхаи шакли 1 ва натиҷаи санҷиш аз рӯи қайдҳои оперативӣ ва криминалистӣ, бюрои суроғавӣ-маълумотдиҳӣ ва маркази ахборотдиҳӣ, ки баъди шиносоӣ бо он ва гирифтани нусхаи ҳуҷҷатҳои лозимии он, ба қабулгоҳ-таҳвилгоҳ бозпас гардонида мешавад;

— расид оиди пардохти боҷ барои додани шиносномаҳои  /IC.  

Барасмиятдарории шиносномаҳои /IC ба шахсоне, ки қаблан шиноснома доштанд, ба монанди тартиби додани шиносномаҳо ба ивази гумкардашуда, мутобиқи Дастурамали мазкур амалӣ карда мешавад.

Барасмиятдарории шиносномаҳои /IC ба шахсоне, ки бори аввал шиноснома мегиранд, ба тартиби њаммонанд, ки мутобиқи Дастурамали мазкур њангоми додани шиносномањо ба шањрвандони аз 18-сола боло пешбинї шудааст, амалӣкардамешавад.

 4. Тартиби додани шиносномаҳо ба ивази

шиносномаи гумшуда

84. Шаҳрвандоне, ки шиносномаашонро гум кардаанд, ба хадамотҳои шиносномавию ба қайдгирии маҳалли зист ва ё ҷойи буду боши аризаи хаттӣ, ки дар он дар куҷо, кай ва дар кадом ҳолат шиноснома гум шудааст, нишон дода мешавад, китоби хоҷагидорӣ, нусхаи варақаи ба қайдгирӣ ва ё аз қайд барорӣ аз китоби хоҷагидорӣ, инчунин се адад расм пешниҳод менамоянд. Дар сурате, ки шаҳрванд шиносномаашро ҳангоми кӯчидан ба ҷойи зист ва ё ҷойи буду боши нав гум карда бошад, ариза оид ба гум намуда нишиносномаро хадамотҳои шиносномавию бақайдгирии ҷойи зисти нав қабул менамояд. 

Шаҳрвандоне, ки шиносномаҳои  собиқ ИҶШС намунаи соли 1974-ро гум кардаанд, вобаста аз ҳолатҳои мушаххас, иловатан ҳуҷҷатҳои пешбинишудаи банди 50-ро пешниҳод менамоянд ва ҳангоми зарурат нисбати онҳо санҷиши пешбинишудаи банди 34-и Дастурамали мазкур амалӣ карда мешавад.  

85. Дар сурати дуздида шудани шиносномаҳо, аризаи онро кормандони қисмҳои навбатдории мақомоти корҳои дохилии ҷойи содиршавии ҷиноят ва ё ҷойи зисти шаҳрванд қабул мекунад. Дар бораи қабули чунин аризаҳо ба шаҳрвандон маълумотномаи намунаи муқарраршуда (бо ҳатмӣ нишон додани рақами қайди китоби ба қайдгирии ҷиноятҳо), ки дар хадамотҳои шиносномавию ба қайдгирӣ ҳамчун асос барои кушодани парвандаи гумкунии шиноснома бо шакли 6 ҳисоб меёбад, дода мешавад.

86. Ариза дар бораи гум кардани (дуздида шудани) шиносномаҳо бо тартиби муқаррар гардида дар мақомоти корҳои дохилӣ ба қайдгирифта мешавад.

87. Дар асоси ариза парванда оид ба гум кардани шиноснома бо шакли 6 оғоз гардида, минбаъд ҳамаи маводҳо оид ба ин масъала ҷамъоварӣ карда мешавад: ариза оиди гумшавии шиноснома, маълумотнома дар бораи шахсони аризадиҳанда оид ба гумшавии шиноснома (тартиб додани маълумотнома бо шакли 6 – тарафи чапи дохилии саҳифаи болои парванда), нусхаи шакли 1, нусхаи дигар ҳуҷҷатҳо.

88. Парвандаҳо дар дафтари бақайдгирии парвандаҳо оид ба гумшавии шиносномаи шакли 24 бақайд гирифта мешавад. Ба парвандаҳо рақам гузошта мешавад: раќамї –рақами бақайдгирии ариза; махраҷӣ–рақами тартибии парванда, ки дар дафтари шакли 24 дар соли ҷорӣ дар хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ бақайд гирифта шудааст.

89. Истеҳсолоти парвандаҳои гум шудагон бояд дар мӯҳлати на зиёда аз як моҳ аз рӯзи супоридани ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба охир расонида шаванд. Дар сурати ба миён омадани зарурияти баррасии иловагӣ (фиристодани дархостҳо ба дигар кишварҳо ва ё гузаронидани санҷиши махсус), мӯҳлати додани шиноснома мумкин аст аз ҷониби сардори мақомоти корҳои дохилӣ ва ё муовини он на зиёда аз як моҳ тамдид карда шавад, ки ба ариза диҳанда оид ба он хабардода мешавад.

90. Шаҳрванде, ки оид ба гум шудани шиносномааш муроҷиат намудааст, санҷидамешавад, аз рӯи қайдҳои:

— Бюрои суроғавӣ-маълумотдиҳӣ;

— Маркази ахборотдиҳӣ;

— Раёсати персонализатсия.

91.Дар сурате, ки шиносномаи гумшуда аз ҷониби мақомоти корҳои дохилие барасмият дароварда шудааст, ки ба он ариза оид ба гум шудани шиноснома ворид гардидааст, ба парванда нусхаи шакли 1-и шиносномаи гумшуда дӯхта мешавад, ҳамзамон ҳамаи маълумотҳое, ки дар аризаи шакли 1 нишондода шудаанд, айнияти расмҳо, аслияти аризаи шакли 1 бо қайди гумкардан (рақами парванда, санаи оғоз намудани он) муқоиса кардашуда, ба картотекаи амалкунанда дохил карда мешавад.

92. Агар шиносномаи аз эътибор соқитшуда дар мақомоти корҳои дохилие қабулшуда бошад, ки ҷойи зист ва ё буду боши муроҷиаткунанда набошад, дар он сурат ба мақомоти корҳои дохилии ҷойи дода шудани он, на дертар аз рӯзи оянда, баъди ворид гардидани ариза, дархости шакли 7 бо замимаи расми аризадиҳанда барои тасдиқи додани шиносномаҳо ба шахсони зикр гардида, барои гирифтани маълумот дар бораи шахсияти онҳо ва тасдиқи айнияти симои дар расм ва дар шакли 1 равон карда мешавад.

93. Маълумотҳои дар дархостҳо нишон додашуда, расмҳои ба он замима шуда бомаълумот ва расмҳои шакли 1 муқоиса карда шуда, инчунин аз рӯи қайдҳои оперативии мақомоти корҳои дохилӣ таҳти санҷиш қарор дода мешаванд. Аз натиҷаи санҷиш ба ташаббускорони дар хостҳо на дертар аз се рӯз аз рӯи шакли 8 бо замимаи нусхаи шакли 1, ки бо мӯҳри хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ тасдиқ шудааст, бо тасдиқи ҳатмии айнияти рангу рӯи шахси дар шакли 7 ва шакли 1 акс ёфта, ҷавоб ирсол карда мешавад.

94. Дар ҳолатҳое, ки ҳангоми муқоисаи расмҳо айнияти рангурӯи шахсони дар онҳо акс ёфта муайян карда нашавад ва ё номувофиқатии иттилоот оид ба соҳиби шиноснома, ки дар маълумотҳои шакли 1 ва дархост нишон дода шудааст, ошкор карда шавад, дар ин бора ба ташаббускори дархост барои қабул намудани чораҳои иловагӣ ҷиҳати муайян намудани шахсияти аризадиҳанда ва сабаби фарқияти он хабар дода мешавад.

95. Ҳамзамон дар варақаи аслии шакли 1 дар ҳошияи 27 шиносномаи /IC ва шакли 1 шиносномаи намунаи соли 1996 дар саҳифаи «Қайдҳои хизматӣ»,  кай гум шудани шиноснома, аз ҷониби кадом мақомоти корҳои дохилӣ барасмият дароварда шудани шиносномаи /IC дода шаванда ба ивази шиносномаи гумшуда, рақами парванда оид ба гум намудани шиноснома нишондода мешавад, ки баъди он шакли 1 ба картотекаи амалкунанда ҷойгиркардамешавад.

96. Дар бораи гум шудани шиносномаи /IC ба Раёсати персонализатсия огоњиномаи шакли 38 барои аз эътибор соқит донистани шиносномаи /IC.

97. Дар сурати набудани варақаи аслии шакли 1 дар картотекаи ҷойи додани шиноснома /IC, шакли 1 дар ду нусха баъди ворид намудани маълумот оид ба дархосткунанда ба махзани иттилооти автоматикунонидашудаи ҷойи кори хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ чоп гардида, барои ҷорӣ намудани як нусха ба картотекаи бойгонӣ фиристода шуда, нусхаи дуюм ба хадамоти шиносномавию бақайдгирие, ки дархост равон намудааст, ирсол карда мешавад.

Дар ҳолати дар картотека мавҷуд набудани шакли 1 барои шиносномаи намунаи соли 1996 ва ғайриимкон будани тасдиқи шахсияти шаҳрванд, муайян намудани шахсият мутобиқ бо бандҳои 34, 35 Дастурамали мазкур амалӣ карда мешавад. Додани шиноснома бо дафтари шакли 2 тасдиқ карда мешавад.

98. Ба шаҳрвандоне, ки ба ҷойи зисти доимӣ аз дигар маҳалҳо, бо азқайдбарорӣ аз ҷойи зисти пештара ва ё иќомат омадаанд ва шиносномаашонро то вақти барасмиятдарории бақайдгирӣ аз рӯи ҷойи зисти нав ва ё ҷойи иќомат гум кардаанд, шиноснома ба ивази шиносномаи гумшуда аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ дода мешавад, агар ин шаҳрвандон асоси қонунӣ барои бақайдгирӣ дошта бошанд.

Санҷиши шахсияти шахсони зикр гардида ҳамчунин аз ҷойи зисти пештара (ҷойи иќомат) тибқи тартиби муқарраршудаи Дастурамали мазкур амалӣ карда мешавад.

99. Агар аризадиҳандагон аз ҷойи зисти пештара ва ё иќомат аз қайд бароварданашуда бошанд, ба онҳо навиштани ариза оиди аз қайд барорӣ шакли 49 (бо нишон додани ҷойи зисти нав ва ё иќомат)  пешниҳод мегардад, ки ба мақомоти корҳои дохилии ҷойи ба қайдгирӣ, ҳамзамон ба дархост оиди азқайдбарорӣ бо шакли 48, бо нишон додани он, ки шиноснома (силсиларақам, рақам, санаи додан ва мақомоте, ки шиносномаро додааст) гум шудааст, равон карда мешавад.

100. Ҳангоми тасдиқ ёфтани дода шудани шиносномаҳои гумшуда ба аризадиҳанда, муайян намудани шахсияти онҳо барои тасдиқи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон будан, аз ҷониби сардори хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ хулоса оиди додани шиноснома /IC ба ивази шиносномаи гумшуда аз рӯи шакли 6 бароварда мешавад, ки онро сардорони мақомоти корҳои дохилӣ ва ё муовинони онҳо тасдиқ менамоянд.

101. Агар шиносномаҳои гумшуда (дуздидашуда) то вақти маҳкам гардидани парванда дар бораи гум шудан ва барасмият дарории шиносномаи /IC нав дар ёфт шавад, дар он сурат парванда дар бораи гумшудан қатъ карда мешавад, ки дар ин хусус дар парванда қайд гузошта шуда, дар њолати гум шудани шиносномањои /IC бошад, ба Раёсати персонализатсия дар бораи ёфт шудани шиноснома ахборот ирсол карда мешавад ва шиносномаи ёфтшуда ба соњиби он супорида мешавад.

102. Дар сурате, ки агар файли электронӣ аллакай ба истеҳсолот равон шуда бошад, шиносномаҳои /IC дар ёфт гардида мусодира шуда, бо санади тибқи тартиби муқаррар намудаи Дастурамали мазкур нобуд карда мешаванд.

103.Ҳамаи шиносномаҳои дарёфтшуда бояд ба мақомоти корҳои дохилӣ супорида шаванд. Инчунин шиносномаҳои шахсони бе ному нишонгашта, ки дар хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ нигоҳ дошта мешаванд, дар муддати як сол аз вақти супоридан, ба мақомоти корҳои дохилӣ бояд супорида шаванд, баъди ин бо санад, агар ҷойи иќомати соҳиби он муайян нагардида бошад, нобуд карда мешавад.

Шиносномаҳои дар хориҷа дарёфт шуда, ба намояндагиҳои дипломатӣ ва ё муассисаҳои консулии ҶумҳурииТоҷикистон барои ирсол намудани он ба Сарраёсати консулгарии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида мешаванд, ки баъдан онњо  ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи банди 163 Дастурамали мазкур фиристода мешаванд.

104. Ҳангоми ворид гардидани шиносномаҳои дарёфт гардида, сардори хадамоти шиносномавию ба қайдгирӣ ӯҳдадор аст:

— Шиносномаро ба шахс супорад, агар вай дар ҳудуди хизматрасонӣ ба қайд гирифташуда бошад ва парванда оид ба гум шудан оғоз нагардида бошад;

— Шиносномаро ба мақомоти корҳои дохилии ҷойи қайди соҳиби он фиристад;

— Шиносномаро ба мақомоти корҳои дохилӣ аз рӯи макони дода шудани он, дар сурати набудани қайд дар шиноснома фиристад;

— Ба Раёсати персонализатсия оид ба дарёфти шиносномаи шакли 39 хабарнома фиристад.

105. Ба шаҳрвандоне, ки дар бораи гум шудани шиноснома муроҷиат намудаанд, бо хоҳиши онҳо маълумотномаи шакли 9 (мутобиқи банди 73), ба мӯҳлати на зиёда аз ду моҳ ва мӯҳлати тамдид  на зиёда аз ду моҳ дода мешавад.

Ҳангоми гум шудани шиносномаҳо берун аз макони ҷойи зист, аз ҷониби хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ аз ҷои муроҷиаткунанда ба шаҳрвандон ба мӯҳлати баро баргаштан ба ҷойи зисти доимиашон зарурӣ, маълумотномаи шакли 9 дода мешавад. 

106. Шахсоне, ки барои гум гаштани шиноснома гунаҳгоранд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд.

5. Тартиби барасмиятдарории файлҳои электронӣтайёр намудани шиносномаҳо

107. Ҳуҷҷатҳои аз ҷониби шаҳрвандон ворид гардида, ки барои гирифтани шиноснома /IC зарур мебошанд, натиҷаҳои санҷише, ки тибқи Дастурамали мазкур пешбини гардидааст, аз ҷониби сардорони хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ баррасӣ карда мешаванд, дар сурати набудани онҳо–аз ҷониби кормандоне, ки вазифаи онҳоро иҷро намуда, қарорҳо дар бораи ба расмиятдарории шиносномаи /IC ба шаҳрвандон бароварда мешавад.

108. Барои омодасозии шиносномаҳои /IC аз ҷониби кормандони хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ файлҳои электронӣ пур карда мешаванд, ҳангоми ин ҳузури шахсии шаҳрванд барои мутобиқаткунонии (идентификатсияи) шахсияти ӯ, суратгирӣ ва гузоштани имзои шахсии ӯ ҳатмӣ мебошад.  Барои барасмиятдарории файлҳои электронӣ танҳо кормандони штатии хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ, ки ба онҳо ҳуқуқи барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои лозимии шаҳрвандон барои тайёр намудани шиносномаи /IC бовар карда шудааст, иҷозатдодамешавад.

109. Дар  сурати  мавҷуд будани ҳамаи ҳуҷҷатҳо, тибқи муқаррароти Дастурамали мазкур, кормандони хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ, мутобиқи таъминоти барномавӣ маълумотҳоро нисбати шаҳрванд ба махзани автоматикии ахборотҳои ҷойи кор, барои сохтани файли электронӣ дохил мекунанд.

Гузарвожа  (парол)  дохил карда шуда, барномаи «GetID» интихоб карда мешавад. Даромадан ба барномаи ягонаи автоматикунонидашудаи низом (махзан) ба воситаи логини  хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ амалӣ мегардад ва баъд гузарвожаи фардии корманд дохил карда мешавад.

 110. Гузарвожаҳои фардӣ аз тарафи Раёсати персонализатсияи дода ва нав карда шуда, дар ин бора шахсан, ба ҳар як корманде, ки барои барасмиятдарории шиносномаҳои /IC иҷозат дода шудаанд, бо гирифтани имзо хабар дода мешавад. Истифодаи алоқа бо почта, телеграф, факс, телефон, суроғаи электронӣ ва ирсоли рамзи воридшавии (логини) хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ва гузарвожаи фардӣ ба воситаи дигар одамон, қатъиян манъ аст.

111. Кормандони хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ махфияти гузарвожа, рамзи воридшавӣ ва гузарвожаи фардиро таъмин менамоянд. Ошкор намудани гузарвожаи фардӣ ба дигар шахсон, аз он ҷумла ба сардорони хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ, роҳбарони мақомоти корҳои дохилӣ, намояндагони тафтишкунандаи мақомот ва дигар кормандон қатъиян манъ аст. Барои дастрасӣ ба ҷойи кори автоматикунонидашуда, сардорон ва кормандони хадамоти шиносномавию бақайдгириро зарур аст, гузарвожаи фардии худро дошта бошанд. 

Пеш аз ворид намудани гузарвожа, рамзи воридшавӣ, гузарвожаи фардӣ кормандон ӯҳдадоранд, ки аз утоқи корӣ шаҳрвандонро бароранд ва барои роҳ надодан ба назора ва сабти видеоии ворид намудани рамзи воридшавӣ, гузарвожа ва гузарвожаи фардӣ, дигар чораҳо андешанд.

112. Ҳангоми иваз намудани кормандоне, ки барои барасмиятдарории шиносномаҳои /IC иҷозат дода шудаанд, гузарвожаҳои фардии онҳо аз истифода хориҷ карда мешаванд ва ба кормандони нав гузарвожаи фардии худашон дода мешавад. Сардорони Хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ аз Раёсати персонализатсия дархост менамоянд, ки ба корманди нав гузарвожаи нав дода шуда, гузарвожаи кӯҳна беэътибор дониста шавад

113. Барои баланд бардоштани сатҳи ҳифзи низом (система), Раёсати персонализатсия на кам аз як маротиба дар ду сол, гузарвожаи фардии кормандон, гузарвожа ва рамзи воридшавиро аз нав менамояд.

Дар сурати муайян намудани он, ки рамзи воридшавӣ, гузарвожа ва гузарвожаи фардии корманд ошкор гардидааст, дар ин бора фавран бо гузориш ба сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корњои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо хати муҳофизатии алоқа Раёсати персонализатсияро огоҳ менамояд. Дар гузориш ва огоҳинома оид ба он, ки кай ва дар кадом ҳолат рамзи воридшавӣ, гузарвожа ва гузарвожаи фардии корманд ошкор гардидааст, нишон дода мешавад.

Аз лаҳзаи гирифтани огоҳинома Раёсати персонализатсия, амали рамзи воридшавии ошкоршуда, гузарвожа ва гузарвожаи фардии кормандро беэътибор менамояд, ҳамаи маълумотҳои воридгардида ба низом дар даврае, ки имкони ошкоршавӣ буд, бояд аз сари нав то омода шудан ё додани шиносномаи/IC санҷида шавад.

Дар њар як њолати аз утоќи корї баромадан корманд ўњдадор аст, ки аз барномаи компютерї барояд.

114. Барномаро кушода, корманд ҳатман аз шаҳрванд оид ба қаблан гирифтан ё нагирифтани шиносномаи биометрии умумишаҳрвандии хориҷӣ (минбаъд — ШБУХ) ва ё шиноснома/IC-и аризадиҳанда мепурсад.

Агар дар сурате, ки шаҳрванд бори аввал муроҷиат карда бошад, он гоҳ даричаи «корти шахсият», сипас «мақсади муроҷиат» — «нав» ва «оғози бақайдгирӣ» ворид карда мешавад.

 Корманд дар бораи аризадиҳанда ҳамаи маълумотҳоро ба забони тоҷикӣ, бе ихтисоркунӣ ва ислоҳкунӣ пур мекунад, аз ҷумла оид ба тақсимоти ҳудуд банди маъмурӣ, номгӯи маҳал ва мақомоти додани он, мутобиқи навиштаҷоти дар ҳуҷҷатҳо буда, ки барои барасмиятдарории шиноснома ҳамчун асос хизмат мекунад.

115. Ҳамаи њошияҳо бо тартиб пур карда мешаванд:

— дар њошияи аввал «Маълумот дар бораи пардохти шиноснома» сутунњои зерин пур карда мешаванд: маблағ, санаи пардохт, рақами расид, дараҷаи имтиёз (нафақагирон, маъюбон ва ғ.ҳ.);

— таърих дар ҳамаи њошияњо пур карда мешавад: бо се гурӯҳ аз 8 рақами арабӣ (рӯз, моҳ, сол) бо нуқтаҳо дар байни гурӯҳ, мисол: «15.02.1968», «05.08.2010»;

— дар њошияи дуюм «Ҳуҷҷатҳои асосшаванда» вобаста ба асос пур карда мешаванд:

а) дар ҳошияи «Шиносномаи умумишаҳрвандӣ»: маълумотҳои шиносномаи пештара ва ё шиносномаи гумшуда, силсила, рақам, санаи дода шудан, аз ҷониби кӣ дода шудан дар равзанаи «Дигар» дарҷ мешавад. Мисол «шиносномаи А 7867567 29.10.2010 ШВКД ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе». Агар шиносномаро шахсе, ки бо сабаби қабули шаҳрвандӣ ва ё барқарор намудани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон гирад, маълумотҳои ҳуҷҷатҳои тасдиқ кунандаи шахсияти аризадиҳанда навишта гирифта мешавад;

б) дар дигар ҳошияҳо дар бораи дигар ҳуҷҷатҳо, ки барои ба расмият дарории шиноснома асос ба ҳисоб мераванд, бо чунин тартиб навишта гирифта мешавад: шаҳодатномаи таваллуд, шаҳодатномаи қайди никоҳ, шаҳодатномаи бекор намудани ақди никоҳ, шаҳодатномаи тағйири насаб, ном, номи падар, шаҳодатномаи таваллуди такроран додашуда ҳангоми тағйири насаб, ном, номи падар тибқи анъанаҳои миллӣ, вобаста ба ҳолатҳои гирифтани шиноснома.

Агар баъди чопи шакли 1, маълумотҳои ҳуҷҷатҳо ба сутуни 15, 16 ҷойгир шуда натавонанд, дарон сурат баъди чопи шакли 1, маълумотҳо оид ба ҳуҷҷатҳои дохил  карда нашуда мумкин аст, дар сутуни 27 аз даст пур карда шавад. 

— Дар њошияи сеюми «Маълумотҳои таркиби аҳолии шаҳрванд» сутунњои зерин, ки дар қисматҳои чапу рост ҷойгиранд пуркарда мешаванд:

а) насаб, ном, номи падар – бо ҳарфҳои калон. Дарсурати набудани номи падар, сутуни «Номи падар» пуркарда намешавад. Дар ҳолати агар насаб, ном ва номи падар дар ҳуҷҷате, ки асос барои навиштан мебошад (шиносномаи намунаи соли 1996, шаҳодатнома дар бораи таваллуд), бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нишон дода шудаи ҳархела, дар ин сурат маълумотҳои бо забони тоҷикӣ нишон додашуда, ворид карда мешаванд. Агар ҳуҷҷат танҳо бо забони русӣ пур карда шуда бошад, дар ин ҳолат насаб, ном ва номи падар мутобиқи ҳуҷҷати пешниҳод гардида бо истифодаи ҳарфҳои тоҷикӣ пур карда мешавад;

б) номи қаблӣ, насаби қаблӣ ва номи падари қаблӣ – бо ҳарфҳои калон. Агар аризадиҳанда ному насаб ва номи падарашро якчанд маротиба тағйир додабошад, дар он сурат маълумот дар бораи ному насаб ва номи падари қаблӣ баъди чопи шакли 1 дар сутунњои 5,6,7 ваёдар сутуни 27 бо даст пуркарда мешавад;

в) миллат – дар тарафи рости сутуни миллат навишта мешавад. Навиштаҷоти миллати шаҳрвандоне, ки бори аввал шиноснома мегиранд, мутобиқи миллати волидайнашон гузаронида мешавад. Дар сурати миллати гуногун доштани волидайн, шаҳрванд ҳуқуқ дорад бо таври ихтиёрӣ миллати падар ё модарашро интихоб намояд. Агар миллат тағйир ёфта бошад, миллати пештарааш гузаронида мешавад;

г) ҷинс–бояк ҳарфи калони асосӣ навишта мешавад: «З»ва ё«М»;

д) рӯз, моҳ, соли таваллуд–мутобиқи бандҳои сархати дуюми банди 115;

е) рақами шахси андоз супоранда;

ё) рақами телефон;

ж)  гурӯҳ хун ва резус-фактор (бо хоҳиши аризадиҳанда);

з) ҷойи таваллуд. Мамлакат, вилоят, ноҳия, шаҳр, нуқтаи аҳолинишин пуркарда мешавад;

и) силсила ва рақами шаҳодатномаи таваллуд дар тарафи рост пуркардашуда, дар қисмати чап аз ҷониби кӣ ва кай додашудани ҳошия пуркарда мешавад;

к) вобаста ба вазъи оилавӣ яке аз ҳошияҳо интихобкарда мешавад: муҷаррад, оиладор, бевазан, ҷудошуда. Маълумот дар бораи вазъи оилавӣ ҳангоми гирифтани шиноснома, аз ҳуҷҷатҳои шаҳодатдиҳандаи қайди никоҳ, набудани вай (шаҳодатномаи қайди никоҳ, шаҳодатномаи бекоркардани никоҳ, шаҳодатномаи вафоти ҳамсарон ва ғ.) навиштагирифта мешавад. Агар шаҳрванд дар никоҳ қарор доштабошад, дар тарафи чап–силсила, рақам ва мақомоти шаҳодатномаи қайди никоҳро додаст пуркарда мешавад, дар тарафи рост бошад–санаи қайди никоҳ, дар чап–номи ҳамсар, дар рост–насаб ва номи падари ҳамсар гузаронида мешавад;

л) маълумот дар бораи волидайн: дар тарафи чапи ҳошия ному насаб ва номи падари падар, дар тарафи рост–ному насаб ва номи падари модар пуркарда мешавад. Агар шаҳрванд бори аввал шиноснома гирад, дар тарафи чап силсила ва рақами шиносномаи падар, дар тараф рост бошад силсила ва рақами шиносномаи модар навишта мешавад.

Дар сурати тамоман набудани маълумот дар бораи яке аз волидайн ва ё ҳардуи онҳо ҳошияхои дахлдор пуркарда намешаванд;

м) маълумот дар бораи ҷойи зист дар ҳошияҳо пур карда мешаванд: дар чап – нуқтаи аҳолинишин (шаҳр, шаҳрак, деҳа), дар рост–ноҳия, дар чап–номи кӯча, дар рост–рақами хона, дар чап–рақами ҳуҷра навишта мешавад. Баъди қайди охирин дар суроға санаи бақайдгирии аввалин ворид карда мешавад, мисол: «ВИЛОЯТИ ХАТЛОН, НОҲИЯИ МИР САИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ, ХИЁБОНИ МИР САИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ, 54/23, аз 15.06.с.2002». Дар ҳолати қайди муваққатӣ оид ба ҷойи зист ё бақайдгирӣ оид ба иќомат, баъди санаи бақайдгирӣ, мӯҳлати бақайдгирӣ гузошта мешавад «…аз 18.08.с.2014 то 18.08.с.2016». Агар шаҳрванд шиносномаи /IC-ро якбора бо бақайдгирии ҷойи зист ё бо ҷойи иќомат барасмият дарорад, санаи бақайдгирӣ бо санаи барасмиятдарории шиносномаи /IC мувофиқ мебошад.

-дар ҷанбаи чоруми «Имзо» ба воситаи нома лавҳаи электронӣ шаҳрванд имзо мекунад, имзои вай бо таври автоматӣ ба ҷойҳои махсуси ҷудошудаи шиносномаи /IC ва шакли 1/1 (минбаъд- шакли 1/1) гузаронидамешавад.

Дар сурате, ки агар аризадиҳанда аз сабаби ноқисии ҷисмонӣ, беморӣ ва ё дигар сабабҳо бо дасти худ дар намолавҳаи электронӣ имзо карда натавонад, онгоҳ бо супориши шифоҳии ӯ аз ҷониби корманде, ки шаҳрвандро қабул менамояд, дар ҳошияи 18 аризаи шакли 1 ва дар аризаи шакли 1/1 қайди дахлдор гузошта мешавад ва дар ҷойи махсуси барои имзои нусхабардоришудаи (сканированный) аризадиҳанда, бо забони тоҷикӣ навиштаҷоти «Имконнопазир аст» дарҷ карда мешавад;

-дар ҷанбаи панҷуми «Изҳоидаст» ба воситаи сканеризи яке аз ангуштҳои чап ва рости даст гирифта мешавад. Дар сурати ноқисии ҷисмонии аризадиҳанда ва имконнопазирии гирифтани изи дастҳои ангуштҳои ишоратии дастони чапу рост, ҳошияи «Имконнопазир аст» зеркарда мешавад;

-баъди гирифтани изи дастҳо расмгирии аризадиҳанда бавоситаи камераи махсус амалӣ карда мешавад. Расм бояд ба талаботи Замимаи 7 мутобиқ бошад.

Ба таври ҳатмӣ, баъди расмгирии аризадиҳанда, расми ӯ санҷида мешавад. Агар расм нофаҳмо, торик барояд, ба воситаи зер кардани ҳошияи «кори дастӣ» ва «қисми ташкилӣ», ба расм равшанӣ ва ҷило ворид карда мешавад. Ҳангоми зарурат, расмгирии такрории аризадиҳанда амалӣ карда мешавад.

— дар мавқеи шашуми «Саволнома» ба шаҳрванд 8 савол (дар аризаи шакли 1/1 нишон дода шуда) дода мешавад. Дар сурати ҷавобҳои манфӣ аломати «Не» гузошта мешавад. Дар сурати љавоби мусбии аризадиҳанда аломати «Ҳа» гузошта шуда, дарҳошияҳо ҷавоб аз суханҳои шаҳрванд навишта мешавад;

— дар ҳолати мавҷуд будани маълумотҳои иловагӣ нисбати аризадиҳанда он дар мавқеи ҳафтуми «Эзоҳ» гузаронида мешавад. Ҳангоми дар шиносномаҳои тайёр ба хатогӣ роҳ додан, дар «эзоҳ» нишон дода мешавад, ки барои додани шиносномаи/IC чӣ асос гардидааст ва кадом маълумотҳо тағйир дода мешаванд: санаи таваллуд, рақами РМА, насаб, ном, номи падар, суроға, ҷинс ва ғайра;

— дар сурати аз ҷониби шаҳрванд қаблан гирифташудани ШБУХ, даричаи «корти шахсият» ворид кардашуда, пас аз он «мақсади муроҷиат» — «нав», баъд «намуди ҳуҷҷат» — «шиносномаи умуми шаҳрвандӣ», дар сутуни «ҳуҷҷатҳои нави пешниҳодшуда» — «ШБУХ», дар тарафи рости сутуни «рақами ҳуҷҷати пешниҳодшуда» рақами ШБУХ ва сипас «оғози бақайдгирӣ» ворид карда мешавад;

Дар сурати аз ҷониби шаҳрванд қаблан гирифташудани шиноснома/IC, онгоҳ ба даричаи «корти шахсият» даромада, сипас «мақсади муроҷиат» ворид карда мешавад:

а) ҳангоми такроран муроҷиат намудан (дар сурати иваз намудан, ба охир расидани мӯҳлати шиноснома/IC, шиноснома/IC корношоям гардид) – мавқеи «такроран»-ро интихоб мекунем; Дар мавқеҳои «Маълумоти пардохти шиноснома» ва «Ҳуҷҷатҳое, ки ҳамчун асос хизмат мекунанд» маълумотҳои нав ворид карда шуда, дар майдони «Шиносномаи умуми шаҳрвандӣ», мутобиқи сархати сеюми банди 115 маълумотҳо дар бораи шиноснома/IC –и қаблан додашуда пур карда шуда, расми шаҳрванд аз нав гирифта мешавад.

б) дарсурати гум кардани шиноснома/IC-и қаблан додашуда ва ё муроҷиати шаҳрванде, ки шиноснома/IC -и талаб нашавандааш бекор карда шудааст, —  мавқеи «ба ивази гумшуда»-ро интихоб мекунем. Дар мавқеҳои «Маълумоти пардохти шиноснома» ва «Ҳуҷҷатҳое, ки ҳамчун асос хизмат мекунанд» маълумотҳои нав ворид карда шуда, дар майдони «Шиносномаи умуми шаҳрвандӣ», мутобиқи сархати сеюми банди 115 маълумотҳо дар бораи шиноснома/IC –и қаблан додашуда пур карда шуда, расми шаҳрванд аз нав гирифта мешавад.

в) ҳангоми тағйири маълумотҳо (насаб, ном, номи падар, сана ва ҷойи таваллуд, вазъи оилавӣ ва дигар маълумотҳо) – мавқеи «тағйири маълумотҳо»-ро интихоб мекунем. Дар мавқеҳои «Маълумоти пардохти шиноснома» ва «Ҳуҷҷатҳое, ки ҳамчун асос хизмат мекунанд» маълумотҳои нав ворид карда шуда, дар майдони «Шиносномаи умумишаҳрвандӣ», мутобиқи сархати 3 банди 115 маълумотҳо дар бораи шиноснома/IC–и қаблан додашуда, инчунин ҳуҷҷатҳое, ки барои тағйири маълумотҳои шахсӣ асос гаштаанд, пур карда мешаванд. Дар мавқеи «Маълумотҳои демографии шаҳрванд», мутобиқан маълумотҳои нави шахсие, ки тағйир дода шудаанд, гузаронида мешаванд. Ҳангоми тағйири насаб, ва ё ном, ва ё номи падар мутобиқи расму анъанаҳои миллӣ, баъд аз гузаронидани маълумотҳои нави тағйирдодашуда, бо тартиби ҳатмӣ ҷинс «З» ва ё «М» нишон дода шавад.

116. Баъди ворид намудани ҳамаи маълумотҳо нисбати шаҳрванд, тибқи барнома, аризаи шакли 1 кушода мешавад, ки маълумотҳои он аз ҷониби корманди хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ва шаҳрванд санҷида мешавад. Дар сурати ошкор шудани хатогиҳо, дар ҷойҳое, ки ба хатогиҳо роҳ додашудааст, ба маълумотҳои он ислоҳ карда мешавад, ки бо таври автоматӣ дар аризаи шакли 1/1 ислоҳ мегарданд.

117. Бо зер намудани ҳошияи «Қарор», шакли 1/1 кушода мешавад, ки маълумотҳои он аз ҷониби корманди хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ва шаҳрванд санҷида мешавад. Аризадиҳанда насаб, ном ва номи падарро бо ифодаи ҳарфҳои махсуси англисӣ санҷида, бо хоҳиши ӯ дар асоси аризаи ба унвони сардори хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ навишта шуда, метавонанд ислоҳ карда шаванд, ки мутобиқи он ба матни шакли 1/1 бо ҳарфи лотинӣ тағйирот ворид карда мешавад. Аризаи шаҳрванд дар қисмати дигари варақаи чоп шудаи аризаи шакли 1 часпонида мешавад.

118. Пас аз санҷиши дурустии пур кардани шакли 1 ва 1/1, онҳо чоп карда шуда, шакли 1 дар як нусха, шакли 1/1 дар ду нусха (дар қисмати рости кунҷи поён шаҳрванд имзо мегузорад) ва як нусхаи шакли 1/1 ба аризадиҳанда дода мешавад. Бо хоҳиши аризадиҳанда, дар шакли1/1 қайд оиди ҳақиқӣ будани шакли 1/1 гузошта шуда, бо имзо ва мӯҳри сардори хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ тасдиқ карда мешавад.

Ҳошияи «Хотима» зеркарда шуда, файли электронӣ бо маълумотҳо дар бораи шаҳрванд ба Маркази иттилоотӣ равон карда мешавад, ки баъди санҷиши дахлдор аз рӯи қайдҳои ҷойдошта на дертар аз се шабонарӯз онҳо ба Раёсати персонализатсия барои коркард ва тайёр намудани шиноснома фиристода мешаванд.

Дар ҳолати корношоямии техникӣ, ҳангоме, ки санҷиш бо Марказҳои иттилоотӣ тариқи хатҳои электронӣ имконнопазир аст, санҷиш ба таври талаботи хаттӣ амалӣ шуда, ҷавобҳо бояд на кам аз се рӯз бояд иҷро карда шаванд.

Баъди фиристодани файли электронӣ, дар асоси аризаи шакли 1/1, дар дафтари шакли 2 сутунҳои 2, 5, 6, 7. Зайл оид ба шаҳрванд пур карда мешавад. Дар ин радиф рақами ариза аз аризаи шакли 1/1 дар дафтари шакли 2 барои ҳар рӯз, қатъиян ботартиби муайян, вобаста ба зиёдшавӣ пур карда мешавад, масалан: 895000001068, 995000001068, 0060000068.

119. Асосноккунӣ ва дурустии пур кардани аризаи шакли1 бо имзои кормандони хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ дар ҳошияи 20 шакли 1 баъди чоп кардани он тасдиқ карда шуда, онҳо барои ворид кардани маълумот оид ба аризадиҳанда, расми ӯ ва имзои шахсии ӯҷавобгар мебошанд.

Шакли 1 ба картотекаи муваққатӣ то ворид шудан ва гирифтани шиносномаи/IC омодашуда ба соҳибаш ҷорӣ карда мешавад.

120. Оид ба ҳамаи ислоҳҳо дар аризаи шакли 1, қайд дар ҷойи холии тарафи муқобил гузошта шуда, бо имзои корманд ва мӯри хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ бо нусхаи қайди аниқ дар паҳлӯи мўҳр амалӣ карда мешавад. Масалан: «Ислоҳшуда дар ҳошияи 15: «шиноснома № 3567825 ва санаи додани он 24.09.2007» бовар карда шавад: имзо, мўҳр.

121. Мӯҳлати омода намудани шиносномаи/IC дар Раёсати персонализатсия 3 рӯзи кориро ташкил мекунад. Баъди тайёр шудани шиносномаи/IC, Раёсати персонализатсия файли электрониро, ки дорои иттилоот дар бораи омодасозии он мебошад ба хадамоти шиносномавию бақайдгирии дахлдор мефиристад.

122. Дар сурати ҳангоми тайёр намудани шиносномаи /IC дарёфт гардидани маълумотҳо дар бораи он, ки шаҳрванд шиносномаашро тағйир медиҳад, қаблан ҳамчун гум шуда ва ё дуздидашуда муроҷиат кардабошад, ва ё дар сурати дар махзани ахборотҳо маълумотҳои нисбати шахс бо маълумотҳои дар ҳуҷҷатҳо ва дар бораи худ мувофиқат намекунанд, Раёсати персонализатсия тайёр намудани шиносномаи /IC- ро боздошта, фавран ба хадамоти шиносномавию бақайдгирие, ки файли электрониро барасмият даровардааст, ба тариқи хатҳои электронӣ ва ё дигар воситаҳо хабармедиҳад.

123. Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ, аз Раёсати персонализатсия гирифта хабарномаро оиди номувофиқатии маълумотҳои пешниҳоднамудаи шаҳрванд қабул намуда, хабарномаи хаттӣ мефиристад ва ё ба воситаи усулҳои дигар барои ҳозир шудани аризадиҳанда ва муайян намудани ҳолати ҷойдошта чора меандешад.

124. Дар сурати ошкор шудани хатогиҳо ва носањҳеҳӣ дар файли электронии нисбати шаҳрванд аллакай равоншуда, то тайёр намудани шиноснома/IC, ба Марказҳои ахборотдиҳӣ ба таври фаврӣ оид ба хатогиҳои роҳдодашуда ва бекор кардани фиристодани минбаъдаи файли электронӣба Раёсати персонализатсия хабар дода мешавад. Агар файли электронӣ нисбати шаҳрванд аллакай ба Раёсати персонализатсия расида бошад, вале ҳанӯз шиноснома омода нашуда бошад, оид ба хатогиҳои роҳдодашуда ба таври оҷилӣ ба Раёсати персонализатсия ба воситаи телефон ва ё тариқи электронӣ ва дар сурати мавҷуд набудани онҳо, ба воситаи хадамотҳои почта хабар дода мешавад.

Пас аз бекор кардани фиристодани файлҳои электронӣ аз ҷониби Маркази ахоборотдиҳӣ ба Раёсати персонализатсия, тасдиқи гирифтани хабар оид ба манъи тайёр намудани шиноснома/IC аз ҷониби Раёсати персонализатсия, ба шаҳрванд файли нави электронӣ, бо ислоҳнамоӣ, барои тайёр намудани шиноснома/IC ба расмият дароварда мешавад.

125. Дар сурати набудани алоқаи махзани иттилоотии автоматики ҷойи кори хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ бо барномаи (махзани) Раёсати персонализатсия дар муддати зиёда аз 2 соат, ба таври фаврӣ аз ҷониби хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ, ба воситаи хатҳои электронӣ ва ё дигар воситаҳои алоқа ба Раёсати персонализатсия иттилоот бо шакли 40 фиристода мешавад.

Ба Раёсати персонализатсия инчунин хабарнома дар бораи таъхири омодасозии шиносномањои /IC ё дар бораи шиносномањои /IC сариваќт вориднагардида аз рўи шакли 41 ирсол карда мешавад.

Иттилоот ва хабарнома дар журнали бақайдгирии иттилоот ва огоҳиномаи шакли 42 хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ ба қайд гирифта мешаванд.

Маълумот ё огоњинома, ки ба Раёсати персонализатсия ворид мешавад, дар китоби баќайдгирии хабарномаҳо ва огоњиномањои воридотї аз Хадамоти шиносномавию баќайдгирї, шакли 43 ба ќайд гирифта мешавад.  Аз ҷониби Раёсати персонализатсия, дар муддати як шабонарӯз чораҳо оид ба муайян кардани сабабҳои набудани алоқа ва ё дигар корношоямиҳо ва таъмини бартарафсозии онҳо андешида мешавад, ҳамчунин сабабҳои саривақт омода ва дастрас нашудани шиносномаи /IC, ба хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ.

Назорат аз рӯи бартарафсозии корношоямӣ дар низом, ҳамчунин барои саривақт омодасозӣ ва саривақт дастрас намудани шиносномаи /IC ба хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ ба ӯҳдаи сардори Раёсати персонализатсия вогузор карда мешавад.

 Оид ба натиҷаи санҷиш аз рўи иттилоот ва хабарномаҳои воридшуда, огоњномаҳои хаттӣ ба воситаи хатҳои электронӣ ва ё дигар воситаҳои алоқа, аз ҷониби Раёсати персонализатсия, ба хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ (ташаббускор) дар мӯҳлати се рӯзи корӣ маълумот дода мешавад. 

126. Ҳангоми ба махзани иттилоотии автоматикии ҷойи кор дохил намудани маълумот дар бораи шаҳрванд, дар ҷанбаи дуюми «Ҳуҷҷатҳои асосшаванда», қабл аз пур кардани маълумот оид ба ҳуҷҷатҳо, коди яке аз онҳо ва ё баъди каср як чанд сабаби барои додан ва ё иваз намудани шиносномаи /IC асосшаванда, нишондодамешавад:

— рамзи «01» ҳангоми додани шиносномаи /IC ба шаҳрвандоне, ки ба синни 16-солагӣ (то 18-сола) расидаанд, нишондодашуда, маълумотҳои шаҳодатномаи таваллуд гузаронида мешавад;

— рамзи «02» ҳангоми бори аввал додани шиносномаи /IC ба шахсони аз 18-сола боло нишон дода шуда, маълумотҳои шаҳодатномаи таваллуд гузаронида мешавад;

— рамзи «03» ҳангоми иваз намудани шиносномаҳои намунаи соли 1996 бо охир расидани мӯҳлати он ва ё иваз намудани шиносномаҳои барориши соли 1974 нишон дода шуда, маълумотҳои шиносномаи қаблӣ гузаронида мешавад;

— рамзи «04» ҳангоми иваз намудани шиносномаи (IC) бо мӯҳлати амали ба охир расида нишон дода шуда, маълумот аз шиносномаи /IC ивазшаванда гирифта мешавад;

— рамзи «05» ҳангоми гумм кардан ва ё дуздидашудани шиносномаҳои барориши соли 1996 ва намунаи соли 1974 нишон дода шуда, маълумотҳои шиносномаҳои гумшуда гузаронида мешавад. Дар ин ҳол баъди чоп кардашудани шакли 1, дар ҳошияи 27 рақам ва санаи оғоз намудани парванда оиди гум шудани шиноснома навишта гирифта мешавад.

— рамзи «06» ҳангоми гум кардан ва ё дуздида шудани шиносномаҳои (IC) нишон дода шуда, маълумотҳои шиносномаи /IC соқитшуда гузаронида мешаванд. Дар инсурат баъди чоп карда шудани формаи 1, дар ҳошияи 27 рақам ва санаи оғоз намудани парванда оиди гумшудани шиносномаи /IC навишта гирифта мешавад.

— рамзи «07» дар сурати корношоям гаштани шиносномаҳо барои истифода (вайронгаштан, фарсудагӣ) нишондодашуда, маълумотҳои шиносномаи корношоям ва баъди чопи шакли 1, дар ҳошияи 27 оиди гузаронидани санҷиши ин ҳолатҳо (агар гузаронида шудабошад) қайд карда мешавад.

— рамзи «08» ҳангоми тағйири насаб, ном ва номи падар нишон дода шуда, маълумотҳои шиносномаи қаблӣ ва вобаста аз вазъияти тағйирёфта, мутобиқан маълумотҳои: шаҳодатномаи қайди ақдиникоҳ, шаҳодатномаи бекорнамудани ақди никоҳ, шаҳодатнома оиди тағйири насаб, ном ва номи падар, шаҳодатномаи таваллуди такроран додашуда гузаронида мешавад;

— рамзи «09» ҳангоми тағйири насаб, ном ва номи падар мутобиқи анъанаҳои миллӣ нишон дода шуда, маълумотҳои шиносномаи қаблӣ, шаҳодатномаи таваллуди такрордодашуда гузаронида мешавад;

— рамзи «10» ҳангоми тағйирот, ислоҳот, илованамоӣ, барқарор намудани маълумотҳои фардӣ (насаб, ном, номи падар, сана ва макони таваллуд ва дигар маълумотҳо) нишон дода мешавад. Маълумотҳои шиносномаи қаблӣ, шаҳодатномаҳои мақомоти САҲШ ва дигар ҳуҷҷатҳо гузаронида мешаванд. Дар ин ҳангом дар ҳошияи 27 баъди чоп шудани аризаи шакли 1 дастӣ рақам ва санаи хулоса пуркарда мешавад;

— рамзи «11» ҳангоми ошкор гардидани носаҳеҳӣ, хатогӣ, сохтакорӣ нишондодашуда, маълумотҳои шиносномаи қаблӣ гузаронида мешавад. Дар ин сурат дар ҳошияи 27 баъди чопи аризаи шакли 1, кӯтоҳ сабабҳои иваз намудани шиноснома навишта мешавад;

— рамзи «12» дар сурати ислоҳ (тағйир) намудани узвҳои таносул ва ё рӯй нишондодашуда, маълумотҳои шиносномаи қаблӣ гузаронида мешавад. Дар ин сурат дар ҳошияи 27 баъдичопи аризаи шакли 1, рақами маълумотнома ва санаи додашудани он қайд кардамешавад.

— рамзи «13» ҳангоми додани шиноснома ба шахсоне, ки шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намудаанд ва ё шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барқарор намудаанд нишон  дода  мешавад. Дар ин ҳангом дар ҳошияи 27 баъди чопи шакли 1, маълумотҳои маълумотнома (рақам, санаи додашудан, мақомоте, ки онро додааст), инчунин шаҳрвандии қаблӣ ва таърихи қабул намудани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд кардамешаванд;

— рамзи «14» ҳангоми тағйири ҷойи зист аз ҷониби аризадиҳанда, вақте часпонидани варақаи  худчаспанда бо қайди нав имконият надорад, маълумотҳои шиносномаи қаблӣ гузаронида мешавад;

— рамзи «15» ҳангоми муроҷиати аризадиҳандагон оиди иваз намудани шиносномаи барориши соли 1996 нишон дода шуда, новобаста аз мӯҳлати амали он маълумотҳои шиносномаи қаблӣ гузаронида мешавад;

— рамзи «16» ҳангоми гирифтани шиноснома аз ҷониби шахсоне, ки аз ҷойи маҳрум аз озодӣ баромада, шиноснома надоранд нишон додашуда, маълумотҳои шиносномаҳои гумшуда ва маълумотномаи озодшавӣ гузаронида мешаванд. Ба шахсоне, ки товақти маҳкумшавӣ шиноснома нагирифтаанд, маълумотҳои шаҳодатномаи таваллуд ва шиносномаҳои волидайн гузаронида мешаванд. Баъди чопи аризаи шакли 1, дар ҳошияи 27 мутобиқан, рақам ва санаи оғози парванда оиди гум шудани шиноснома ва ё рақам ва санаи хулоса оиди муқаррар намоии шахсият қайд кардамешавад.            

— рамзи «17» ҳангоми шиносномаи /IC гирифтани шаҳрванди ҶумҳурииТоҷикистон, ки аз хориҷи кишвар барои зисти доимӣ ба ҷумҳурӣ омадааст, нишондода мешавад.

Баъди каср рамзҳои якчанд асосҳои гирифтани шиноснома нишондода мешавад. Мисол: ҳангоми иваз намудани шиноснома аз сабаби ба охир расидани мӯҳлати амали он ва дар як вақт тағйири насаб аз рӯи издивоҷ нишон дода мешавад -«04/08» ва ғ.ҳ.

6. Маълумотҳои ҳатмӣ (реквизитҳо) дар шиноснома

127. Дар шиноснома/IC маълумотҳои ҳатмии зеринҷойгир карда мешаванд:

— дар ќисмати берунаи муќоваи шиноснома:

а) насаб, ном ва номи падар;

б) ҷинс;

в) шаҳрвандӣ;

г) санаи таваллуд;

д)ҷойи таваллуд;

е) санаи дода шудани он;

ё) мӯҳлати амалион;

ж) рақами фардии миллӣ;

з) силсила ва рақами шиноснома;

и) имзои соҳиби шиноснома.

Расм дар андозаи рақамӣдар ҳаҷми  2,5 х 3,5 мм ҷойгир карда мешавад.

а) дар қисмати дохилии муќоваи шиноснома:

б) суроға;

в) вазъи оилавӣ замони гирифтани шиноснома;

г) гурӯҳи хун ва резус-фактор, бо хоҳиши аризадиҳанда;

д) рақами мушаххаси андозсупоранда;

е) мақомоте, ки шиносномаро додааст.

Дар поён минтақае, ки мошин онро мехонад ҷойгираст.

128. Шиносномаи/IC бо ҳарфҳои кириллӣ (бо забони тоҷикӣ) ва лотинӣ (забони англисӣ) пур кардамешавад. Истифодаи ҳарфҳое, ки дар забони тоҷикӣ нестанд, аз он ҷумла ҳарфҳои «ц, щ, ь, ы», манъ кардашудааст. Ҳарфҳои забони русӣ мутаносибан иваз карда мешаванд: «щ» ба «ш»; «ы» ба «и», аломати ҷудоӣ «ь» навишта намешавад. Ба ҷои ҳарфи «ц» байни ҳамсадо ҳарфҳои «тс» ва дар дигар ҳолатҳо ҳарфи «с» навишта мешавад.

Ҳангоми дар насаб, ном ва номи падари муроҷиаткунанда мавҷуд будани ҳарфҳое, ки дар алифбои забони тоҷикӣ пешбинӣ нашудаанд, бо хоҳиши муроҷиаткунанда ба ӯ маълумотнома бо нишон додани насаб, ном ва номи падари ӯ бо забони русӣ дода мешавад. Маълумотномаро сардорони хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ имзо намуда бо мӯҳр тасдиқ менамоянд.

Ҳамаи маълумотҳои ҳатмии шиносномаи /IC бо ҳарфҳои асосӣ (сарҳарф, калон) пуркарда мешаванд.

129. Маълумотҳои ҳатмии шиносномаи /IC ба воситаи лазери автоматикӣ ба Раёсати персонализатсия ворид карда мешаванд:

— сутунҳои «Насаб/Surname», «Ном/Name», «Номи падар /Fathersname»  бо ҳарфҳои асосии (калони) кирилӣ ва лотинӣ пур карда мешаванд;

— дар сутуни «Ҷинс/Sex» занҳоро бо ҳарфҳои «З/F», мардҳоро бо – «М» ворид менамоянд;

-ҳангоми пур кардани сутуни «Шаҳрвандӣ/Nationaliti» ва «Ҷои таваллуд/Placeofbirth» дар шиноснома бо ҳарфҳои кирилӣ ва лотинӣ танҳо мамлакати бо истифодаи низоми сеҳарфаи Ташкилоти байналмилалии  оид ба меъёрҳо (ISO) дар меъёрҳои ISO 3166 ворид карда мешавад. Дар сутуни «Насаб/Surname», ба таври автоматикӣ ворид карда мешавад: «ТҶК/TJK». Ҳангоми пур кардани сутуни  «Ҷои таваллуд/Placeofbirth» ба таври автоматикӣ сеҳарфаҳои мамлакати таъиншудаи ҷойи таваллуд ворид карда мешаванд;

— дар сутунҳои «Санаи  таваллуд/ Dateofbirth», «Оѓози эътибор/ Dateofissue»,  «Анљоми эътибор/ Dateofexpiry» бо се гурӯҳи иборат аз 8 рақами арабӣ (рӯз, моҳ, сол) бо нуқтаҳо дар байни гурӯҳ, мисол: «15.02.1968», «05.08.2010» пуркардамешавад; Дар сутуни «Раќами  ягонаи миллї/ NationalIDNo» рақами ягонаи миллӣ/рақами фардии миллӣ, ки аз 13 рақамҳои арабӣ иборат буда,бо усули махсуси автоматикӣ ба инобат гирифта шудаанд, ворид карда мешаванд, ҳамчунин рақами фардии миллӣ ҳеҷ гоҳ тағйир намеёбад, аз он ҷумла, ҳангоми гум кардани шиносномаи /IC, тағйири насаб, иваз намудани шиноснома /IC ва дигар ҳолатҳо;     

— дар сутуни «Раќами шиноснома/ DocumentNo» силсила ва рақами шиносномаи /IC, иборат аз ҳарфи «А» ва ҳашт рақами арабӣ, ба таври автоматикӣ низоми ягонаи махзани иттилоот дода мешавад ва ҳангоми омода шудани шиноснома ба шиноснома чоп карда мешаванд; 

— имзои соҳиби шиноснома дар шиносномаи /IC ба воситаи усули лазерӣ амалӣ карда мешавад;

— дар сутуни «Нишонї/ Address», суроға (ҷойи зист, ҷойи иќомат) бо забони тоҷикӣ бо ҳарфҳои чопӣ (калон) бо тартиби зайл нишон дода мешавад: вилоят, ноҳия, кӯча (хиёбон, проезд), хона, корпус, ҳуҷра (утоқ), баъди он санаи бақайдгирии аввалин дарљ карда мешавад, мисол: «ВИЛОЯТИ ХАТЛОН, НОҲИЯИ МИР САИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ, ХИЁБОНИ МИР САИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ, 54/23, аз 15.06.с.2002». Дар ҳолати қайди муваққатӣ оид ба ҷойи зист ё бақайдгирӣ иќомат, баъди санаи бақайдгирӣ, мӯҳлати бақайдгирӣ гузошта мешавад «…аз 18.08.с.2014 то 18.08.с.2016». (Ин сархат бо ВКХ ҶТ МУҲОКИМА карда шавад). 

— дар сутуни «Вазъи оилавї/Maritalstatus», вазъи оилавӣ  бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ бо ҳарфҳои чопии (калон) навишта мешавад. Мисол: занони оиладор ва мардони оиладор «ОИЛАДОР/MARRIED», занони бешавҳар ва мардони муҷаррад – «МУЉАРРАД/UNMARRIED навишта мешавад»; 

— дар сутуни «Гурўњи хун ва резуси мансубият/ Bloodgroup»  маълумот оид ба гурӯҳи хун ва резуси мансубият бо хоҳиши аризадиҳанда ворид карда мешавад. Мисол — «А(II)Rh-»;

— дар сутуни «РМА/TaxPayerIDnumber» рақами фардии андозсупоранда иборат аз 9 рақам ворид карда мешавад;

— дар сутуни «Маќоми шиносномадињанда/ IssuigAuthority»  бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ бо ҳарфҳои чопии (калон) навишта мешавад: ШВКД НОЊИЯИ МИР САИД АЛИИ ЊАМАДОНЇ/DMIAIN MIR SAID ALII HAMADONI DISTRICT»;

— минтақаи аз ҷониби мошин хондашаванда барномавӣ мутобиқ бо маълумотҳои гузаронидашуда оид ба шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккул дода мешавад. Дар минтақаи аз ҷониби мошин хондашаванда шакли сегона, иборат аз ҳарфҳои алифбои лотинӣ, рақам ва қавсҳои кунҷӣ истифода бурда мешаванд. Ҳар як хат аз 30 рамз иборат аст;

— дар қисмати беруна расми рақамӣ ҷойгир карда мешавад;

-ҳангоми омода намудани шиноснома, дар тарафи муқобили шиноснома дар қисмати чапи кунҷакӣ бо роҳи ҳаккокии лазерӣ доираи дарозруя (эллипс) бо ҷойгир кардани расми аризадиҳанда нишон дода шуда, дар болои он такроран санаи таваллуд дарҷ карда мешавад.  

 7. Ба қайдгирии шахсонеки доғи судӣ доранд

130. Шахсоне, ки доғи судӣ доранд, ҳангоми пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои гирифтани шиносномаи /IC ва ё бақайдгирӣ дар хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ аз рӯи варақаҳои қайди шахсоне, ки доғи судӣ доранд, аз рӯи шакли 21 (минбаъд – карточка барои шахсони доғи судӣ дошта) бақайд гирифта мешаванд. Ҳамзамон нисбати онҳо дар ду нусха гузоришҳои шакли 22 тартибдода мешавад. Ҳангоми додани шиносномаи /IC ба шахсони зикргардида, дар шакли 1, ҳангоми бақайдгирии чунин шахсон дар варақаҳои суроғавии омадани шакли 16, дар тарафи рости кунҷи боло қайди шартӣ дар намуди рақами «21» гузошта мешавад.

131.Маълумот дар бораи доғи судӣ дар ин ҳуҷҷатҳои бақайдгирӣ дар асоси маълумотномаи оид ба озодшавӣ гузарони дамешавад, дар сурати гум кардани он аз суханони шаҳрванд, минбаъд нусхаи дуюми маълумотнома оиди озодшавӣ аз муассисаҳои ислоҳӣ, бо тартиби муқаррарнамудаи Дастурамали мазкур дархост карда мешавад.

132. Дар варақаҳои бақайдгирии шахсоне, ки доғи судӣ доранд, аз рӯи шакли 21 ва гузоришҳои шакли 22 бо маълумотҳои дар он пешбини шуда қайдҳои зерин гузаронида мешаванд:

— оиди назорати маъмурӣ нисбати шахсоне, ки дар маълумотномаҳои озодшавӣ сабти «Бояд аз рӯи ҷойи зист ҳуҷҷатгузорӣ шавад» дошта бошад;

— «Ҷинояткори махсусан хатарноки гузаро» дар қисмати чапи кунҷи боло нисбати шахсоне, ки дар маълумотномаҳои озодшавӣ, чунин сабт бошад.

133. Гузоришҳои шакли и 22 на дертар аз рӯзи дигар пас аз бақайдгирифтани шахсоне, ки доғи судӣ доранд, ба сардорони мақомоти корҳои дохилӣ ва ё муовинони онҳо маълум менамоянд ва таҳти дастхат ба варақаҳои бақайдгирии шахсони доғи суди доштаи ҷузъутомҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва кофтукови ҷиноӣ супорида мешаванд.

134. Варақаҳои бақайдгирии шахсоне, ки доғи судӣ доранд, аз рӯи шакли 21 дар картотекаи шахсоне, ки доғи судӣ доранд дар хадамотҳои шиносномавию ба қайдгирӣ ботартиби алифбоӣ, аз рӯи насаб, ном ва номи падар нигоҳ дошта мешаванд. Барои муваққатан  гирифтани он барои пуркардани дархост ва гирифтани нусхаи он иҷозат дода мешавад. Додани варақаҳо ба кормандони дигар хадамотҳо ва бо дархост фиристодани онҳо манъ карда шудааст.

135. Нисбати шахсоне, ки доғи судӣ дошта аз рӯи иҷро варақаҳо қарздоранд, дар мӯҳлати на дертар аз аз се рӯз, баъди ба бақайдгирӣ ба судҳое, ки тибқи суроғаи дар маълумотномаи озодшавӣ иҷро варақаҳо равонкарда шудаанд, хабарнома фиристода мешавад, нусхаи он бошад ба шахсони воқеӣ ва ё ҳуқуқие, ки ба фоидаи онҳо қарз руёнида мешавад фиристода шуда, дар ин бора дар варақаҳои қайди шахсони доғи судидошта, қайдҳои дахлдор гузаронида мешавад.

136. Шахсоне, ки доғисудӣ доранд ва дар қайд мебошанд, дар шаш моҳ як бор ба воситаи Марказҳои иттилоотӣ ва бюрои суроғавию маълумотдиҳӣ санҷида шуда, санҷишҳо ба варақаҳо оид ба шахсони доғи судӣ дошта дӯхта мешаванд. 

137. Ҳангоми аз қайд баровардани шахсони доғи суди дошта, инчунин дар сурати бардоштани доғи судӣ, бо тартиби муқаррар намудаи моддаи 94 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, варақаҳои бақайдгирии шахсоне, ки доғи судӣ доранд, шакли 21 аз картотекаи амалкунанда гирифта мешавад ва алоҳида дар мӯҳлати 5 сол маҳфуздошта мешавад. Баъди мӯҳлати зикргардида ин варақаҳо нобудкарда мешаванд.                       

8. Бақайдгирӣнигоҳдорӣмусодира ва нобудкардани шиносномаҳо

138. Бақайдгирии шиносномаҳои /IC додашуда мутамарказонида шуда, бо тартиби автоматикунонидашуда ба хотироти электронии Раёсати персонализатсия дохил кардамешаванд.

139. Бақайдгирии шиносномаҳои /IC додашуда аз ҷониби хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ бо тартиби автоматикунонида шуда дар мањзани иттилоотии ҷойикор, дар хотироти электронӣ ва дар китоби шакли 2 амалӣ карда мешавад.

140. Варақаи (бланкаи) шиносномаҳои /IC ва варақаҳои тайёркарда шудаи шиносномаҳои /IC ҳуҷҷати таҳти ҳисоботӣ қатъӣ буда, ҳисобидашуда, нигоҳдории онҳо дар Раёсати персонализатсия ва хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ–дар сандуқҳои оҳанин ва ё ҷевонҳои ба оташ то бовари утоқҳои кори алоҳида, бо қулфу тирезаи мустаҳкам ва панҷараҳои ҳимояшаванда амалӣ карда мешавад. Утоқҳои корӣ (бино) бояд бо дастгоҳи сигналдиҳии муҳофизатию бехатарӣ аз сӯхтор таҷҳизонидашуда асбобҳои оташхомӯшкунӣ дошта бошанд. Нигоҳдории варақаҳои иловаги дар хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ, бо тартиби муқарраргардида барои нигоҳдории шиносномаҳои /IC омодашуда амалӣ карда мешавад.

Дар хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ ва Раёсати персонализатсия дар вақтҳои ғайрикорӣ утоқҳо ва бино, бояд таҳти назорати кормандони милитсия қарор дода шаванд ва ё бодастгоҳи сигналдиҳии муҳофизатию бехатарӣ муҷаҳҳаз бошанд.

141. Дар вақти ғайри корӣ сандуқҳои оҳанин ва ҷевонҳои ба оташтобовар бояд мӯҳрзада шаванд.

142. Ҳуқуқи даромадан ба утоқҳои кориро кормандоне доранд, ки ба зиммаи онҳо ба қайдгирии варақаҳои шиносномаҳои /IC ва шиносномаҳои /IC тайёршуда вогузор шудааст, ин чунин сардорони бевосита ва кормандоне, ки вазъи нигоҳдорӣ ва ба қайдгирии варақаҳоро назорат мебаранд, дарҳузури шахсоне, ки банигоҳдории онҳо масъуланд.

143. Ҷавобгарӣ нисбати бақайдгирӣ ва нигоҳдории варақаҳои шиносномаҳои /IC ва варақаҳои тайёршудаи шиносномаҳои /IC ба зиммаи сардорони хадамотҳои шиносномадиҳию бақайдгирӣ, Раёсати персонализатсия, ин чунин шахсоне, ки бевосита вазифаашон бақайдгирӣ ва нигоҳдории онҳост, вогузоршудааст.

144. Фиристодани варақаҳои тайёри шиносномаҳои /IC аз Раёсати персонализатсия ба хадамотҳои шиносномадиҳию бақайдгирӣ аз ҷониби хадамотҳои фелдегерӣ, алоқаи махсус, воситаҳои нақлиёт дарбаста, ки нарасонидани осеб ба он кафолат дода мешавад, бо ҳуҷҷати ирсолшаванда-реестр барои фиристодани шиносномаҳои /IC омодашуда ба хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣшакли  44 (минбаъд –реестр), ки дар ду нусха таҳия мегарданд, амалӣ карда мешавад. Дар реестрҳо рақами шиносномаҳои /IC омодашуда, қатъиян бо тартиб нишон дода мешаванд.

Кормандоне, ки интиқоли варақаҳои тайёри шиносномаҳои /IC ба онҳо бовар карда шудааст, огоҳонида мешаванд, ки ҳангоми гирифтан, онҳо ӯҳдадор мегарданд, ки фавран ба ҷойи таъиншуда мераванд. Ба онҳо ба шахсони дигар додани варақаҳои тайёри шиносномаҳои /IC, иҷро намудани дигар супоришҳо, аз ҷумла хусусияти хизматидошта низ манъ карда мешавад.

Интиқоли варақаҳои тайёри шиносномаҳои /IC бакормандоне, ки бовоситаи нақлиёт таъмин нестанд, иҷозат дода намешавад.

145. Ҳангоми ворид гардидани шиносномаҳои /IC тайёр аз Раёсати персонализатсия, ки ба воситаи хадамотҳои фелдегерӣ, алоқаи махсус, аз ҷониби хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ баста, вазъуҳолат ва пуррагии бастаҳо (агар онҳо бастабандӣ шуда бошанд), мувофиқат намудани миқдори варақаҳо боҳуҷҷати (реестри) ҳамроҳи кунандаи шакли дахлдор санҷида мешавад. Дар вақти ошкор намудани камбудиҳо дар пуррагии бастаҳо ва ё мӯҳрҳои он, қуттиҳои кушода шуда  ҳар як варақаи шиносномаҳои /IC дар алоҳидагӣ аз ҷониби комиссияи хадамоте, ки ба қайдгирӣ ва нигоҳдории онро амалӣ менамояд, таҳти санҷиш қарор додашуда, дар ҳолати зарурӣ санад тартиб дода мешавад.

Баъди аз назар гузаронии шиносномаҳои /IC, дар сурати ошкор нашудани камомад ва нуқсон дар варақаҳо, маълумотҳо аз шиносномаҳои /IC дар сутунҳои 3, 4 дафтари шакли 2 дар иттилооти қаблан қайдгардида ба шаҳрванд оид ба шакли 1/1, мутобиқи банди 118 дарҷ мегарданд.

146. Ҳангоми дастрас намудани шиносномаҳои /IC бастабандӣ нашуда аз ҷониби Раёсати персонализатсия ба хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ, муқоисаи онҳо бо реестре, ки кормандони Раёсати персонализатсия оид ба интиқоли шиносномаҳои /IC ва кормандони хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ оид ба қабули шиносномаҳои /IC имзо кардаанд, гузаронида мешавад. Як нусхаи он ба Раёсати персонализатсия баргардонида мешавад ва нусхаи дуюм дар хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ меистад. Реестрҳо ба парванда дӯхта мешаванд.

Баъди аз назар гузаронии шиносномаҳои /IC, дар сурати ошкор нашудани камомад ва нуқсон дар варақаҳо, маълумотҳо аз шиносномаҳои /IC дар сутунҳои 3, 4, 8 дафтари шакли 2 дар иттилооти қаблан қайдгардида ба шаҳрванд оид ба шакли 1/1, мутобиқи банди 118 дарҷ мегарданд.

147. Ҳангоми ворид гардидан ба хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ шиносномаҳои /IC тайёр ба воситаи хадамотҳои фелдегерӣ, алоқаи махсус ва ҳангоми ошкор шудан баъди кушодани бастаҳо: камомади шиносномаҳои /IC; такроран омода шудани шиносномаҳои /IC, варақаҳо бо ноқисӣ, инчунин иштибоҳан ворид шудани шиносномаҳои /IC, ки барои дигар хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ таъин шуда буданд, оид ба баргардонидани шиносномаҳои /IC шакли 45 санад дар ду хусха тартиб дода шуда, аз ҷониби сардори мақомоти корҳои дохилӣ ва ё муовинонаш тасдиқ карда мешаванд. Нусхаи аввали санад бо замимаи нусхаи реестр ва варақаҳои шиносномаҳо, ки баргардонидан лозим аст, аз ҷониби хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ ба Раёсати персонализатсия фиристода мешаванд. Нусхаи дуюми санад бо реестрҳо ба парванда дӯхта мешавад.

Раёати персонализатсия зимни гирифтани шиносномаҳои /IC иштибоҳан воридгардида, ки барои дигар хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ таъин гардида буданд, онҳоро ба хадамотҳои шиносномавию бақайдгирии дахлдор фиристода, ҳангоми камомад шудани шиносномаҳо барои ошкор намудани сабаби камомади шиносномаҳои /IC чораҳо меандешад. Ҳангоми гирифтани шиносномаҳои /IC бо ноқисӣ ва такроран омодашудаи шиносномаҳои /IC, аз ҷониби Раёсати персонализатсия чораҳои таъхирнопазир андешида мешавад: барои омода намудани шиносномаҳои /IC нав (ба ҷои варақаҳои бо ноқисӣ омодашуда); маҳв кардани шиносномаҳои /IC такроран омодашуда ва даровардани таҳрир дар ин бора ба махзани (система) иттилоот.

Агар камомади шиносномаҳои /IC омодашуда, такроран омода шудани шиносномаҳои /IC, варақаҳо бо нуқс, инчунин иштибоҳан ворид шудани шиносномаҳои /IC, ки барои дигар хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ таъин шуда буданд, ҳангоми қабули шиносномаҳои /IC шахсан аз ҷониби корманди Раёсати персонализатсия ошкор карда шаванд, дар ин сурат дар реестр ҳамаи ин шиносномаҳои /IC нишон дода шуда, онҳо ба Раёсати персонализатсия (ғайр аз камомад) барои андешидани чораҳо, ки дар сархати дуюми банди 147 пешбинӣ гардидааст, баргардонида мешаванд.

148. Раёсати персонализатсия бастаи варақаҳои шиносномаҳои /IC, ки аз ҷониби истеҳсолкунанда мутобиқи талаботи варақаҳои шиносномаҳо ворид гардидаанд мекушояд.

149. Дар сурати гум гаштан ва ё рабуда шудани варақаҳои шиносномаҳои /IC, варақаҳои тайёри шиносномаҳое, ки ба шаҳрвандон доданашудаанд, барои муайян намудани сабабу ҳолати рухдода санҷиши хизматӣ гузаронида мешавад.

Дар мақомоти корҳои дохилӣ маводҳои санҷишӣ, надертараз 10-рӯз аз рӯзи ошкор гардидани далели гум гаштан ва ё рабуда шудани онҳо, бояд аз ҷониби сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодшуда, ва барои ба Раёсати персонализатсия хабар расонидан, фиристода мешавад.

Дар Раёсати персонализатсия маводҳои санҷишӣ, на дертар аз мӯҳлати  10-рӯз аз рӯзи ошкоргардидани далелҳои гум гаштан ва ё рабудашудан,  бояд  аз ҷониби сардори Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқгардида, ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

150. Санҷиш ва таъмини бақайдгирӣ, нигоҳдории шиносномаҳои /IC ва варақаҳои иловагӣ дар хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ накамтар аз як маротиба дар семоҳ аз ҷониби комиссияе, ки бофармонҳои сардорони мақомоти корҳои дохилӣ ҳамасола таъин мегарданд, амалӣ карда мешавад. Дар ҳайати комиссия накамтар аз се нафар, аз рӯи имкон бо коришиносномавию бақайдгирӣ шинос, ин чунин коркунони хадамотҳои молиявӣ дохил мешаванд.

151.Комиссия вазифадор аст, санҷида барояд:

— ҳолати бақайдгирӣ ва нигоҳдории варақаҳои тайёри шиносномаҳои /IC, варақаҳои варақаи иловагӣ, инчунин мӯҳрҳо, тамғаҳо ва дигар ашёи махсусро, саривақт пуркардани шиносномаҳо дар дафтари шакли 2 ва дурустии пеш бурдани он, саривақт додани шиносномаҳои /IC ба шаҳрвандон ва риояи қоидаҳои истифодаи техникаи махсуси компютериро;

— будан ва дурустии барасмиятдарории шакли 1 барои додани шиносномаҳои /IC, сари вақт ва пурра ба онҳо ворид намудани маълумот ва қайдҳо, тартиб ва ҷо ба ҷо гузорӣ дар картотека ва нигоҳдории онҳо;

— тартиби нигоҳдорӣ ва сари вақт нобуд кардани шиносномаҳое, ки аз эътибор соқит дониста шудаанд ва замимаҳои (барои истифодаи минбаъда корношоям, ёфтшуда ва дигар ҳолатҳо);

-сари вақт ва пурра гирифтани расид ва маълумотномаҳо оиди озод намудан аз пардохти пулҷамъ кунӣ барои шиносномаҳои /IC, расиди боҷи давлатӣ барои қайд ва гирифтани ҷарима барои вайрон намудани Қоидаҳои додани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

152.Аз натиҷаи санҷишҳои гузаронида шуда санад тартиб дода мешавад, ки дар он камбудиҳо қайд гардида, барои бартараф кардани онҳо пешниҳодҳо дохил карда мешаванд.

Санадҳо аз ҷониби сардорони мақомоти корҳои дохилӣ тасдиқ карда мешаванд.

Аъзоёни комиссия барои санҷиши пурра ва дурустии маълумотҳои санад ҷавоб гаранд.

153. Шиносномаҳои шаҳрвандон аз ҷониби шахсони ваколатдор шудаи мақомоти давлатӣ танҳо дар ҳолатҳои дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини гардида метавонанд мусодира карда шаванд.

154. Шиносномаҳои шаҳрвандон дар ҳолатҳои зерин мусодиракарда мешаванд:

— беэътибор будани шиносномаҳо, агар: номумкин гардидани идентификатсияи шахсият; дар онҳо ғайриқонунӣ тағйирот ворид карда шуда бошад ва ё зарурияти ворид намудани тағйирот, вобаста ба идентификатсияи шахсият ба миён омада бошад; дар онҳо қайдҳои алоҳидае, ки дар Қоидаҳо пешбинӣ шудаанд мавҷуд нест ва ё ин қайдҳо ба талабот ҷавобгӯ нестанд; мӯҳлати амали он ба охир расида бошад;

— шиносномаҳо ба мавқеи ҳуқуқии соҳиби он мувофиқат намекунад;

— сохтакории шиносномаҳо;

— муайян намудани далели додани шиносномаҳо аз рӯи ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ва ё ғайриқонунӣ;

— дар сурати доштани якчанд шиноснома, асоснок дода шудани шиносномаҳо санҷида шуда, ба соҳиби он як шиносномаи ҳақиқӣ баргардонида мешавад;

-ҳангоми ба хориҷи кишвар барои зисти доимӣ рафтан, агар ягон ҳолати дигар дар созишномаҳои байналмиллалии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ нашуда бошад;

— қатъгардидани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— дар дигар ҳолатҳое, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шуда бошад.

Аз шаҳрвандоне, ки шиносномаҳоро бо вайрон намудани Қоидаҳои мазкур ва ё талаботи дигар санадҳои қонунгузории ҶумҳурииТоҷикистон гирифта бошанд, шиносномаҳо аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ (аз он ҷумла хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ) дар асоси қарорҳои баровардашудаи асоснок (хулосаҳо) мусодира карда мешаванд.

Дар вақти мусодираи шиносномаҳо, вақте шаҳрванд Қоидаҳо ва ё талаботи дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро вайрон намудааст, аз ҷониби хадамотҳои шиносномадиҳию бақайдгирӣ Санади мусодираи шиносномаи шакли 37 тартиб дода мешавад.

155. Шиносномаҳо аз ҷониби мақомотҳои тафтишотӣ, таҳқиқ ва судӣ аз айбдоршудагон ва гумонбаршудагони содир намудани ҷиноятҳо дар сурати ба ҳабс гирифтан ва ё шиносномаҳо ҳамчун далели шайъӣ маҳсуб меёбад, муваққатан мусодира гардида, ба парвандаҳои ҷиноятӣ ҳамроҳ карда мешаванд.

156. Ҳангоми аз ҳабс озод шудан, шиносномаҳо ба соҳибонашон дар асоси дастхат, тибқи тартиби муқаррар гардида боз пас гардонида мешаванд.  

157. Шиносномаҳои шахсоне, ки азозодӣ маҳрумкарда шудаанд, баъди ба ҳукми қонунӣ даромадани ҳалномаҳо аз ҷониби мақомотҳои судӣ ба тавқифгоҳи тафтишотӣ, якҷоя бо маълумот дар бораи ба ҳукми қонунӣ даромадани ҳалномаҳо нисбати шахсони мазкур равон карда мешаванд. Шиносномаҳои ворид гардида ба мақомотҳои корҳои дохилии ҳудуди хизматрасонии макони ҷойгиршавии тавқифгоҳҳои тафтишотӣ, барои ба расмият дарории аз қайд баровардани соҳибони онҳо пешниҳод карда мешаванд. Баъди аз қайд барорӣ, шиносномаҳо ба тавқифгоҳҳои тафтишотӣ баргардонида мешаванд.

158. Ҳангоми интиқол додани маҳкумшудагон аз тавқифгоҳҳои тафтишотӣ ба муассисаҳои ислоҳӣ барои адои ҷазо, инчунин аз як муассиса ба муассисаи дигар, шиносномаҳо ҳамроҳи парвандаҳои шахсӣ фиристода мешаванд, ки дар ин ҳангом маълумот дар бораи шиноснома (рақам, аз тарафи кӣ ва кай додашудани он) ба рӯйхати ҳуҷҷатҳои дар лифофаҳо, дар тарафи дохилии муқоваи парвандаи шахсии маҳкумшудагон дохил карда мешавад.

159.Ҳангоми озод шудан аз ҷойҳои маҳрум аз озодӣ шиносномаҳо ба соҳибони он таҳти дастхат дар тарафи дохилии муқоваи дуюми парвандаи шахсӣ, ки дар бораи он дар тарафи дигари нусхаи маълумотнома оид ба озодшавӣ қайд карда мешавад, боз пас гардонида мешаванд. Ҳамзамон, дар қисми дигари маълумотнома дар бораи озод гардидан, оиди боз пас гардонидани шиноснома ба соҳиби он бонишон додани силсила ва рақамҳои он, қайд карда мешавад.

160. Шиносномаҳо метавонанд муваққатан дар нигоҳдории маъмурият, ҳангоми дохил шудани шаҳрвандон ба муассисаҳои табобатӣ ва психиатрӣ барои табобат қарор дода шаванд. Маъмурияти муассисаи табобатӣ вазифадор аст нигоҳдории шиносномаҳои шахсони нишондодашударо таъмин намояд.

161. Шиносномаҳои ӯҳдадорони ҳарбӣ, ки ба хизмати мӯҳлатнок даъват шудаанд, метавонанд барои нигоҳдорӣ дар комиссариатҳои ҳарбии шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва ё фармондеҳи қисми ҳарбии ҷойи ҳозиршудан супорида шаванд. Пас аз ба итмом расидани хизмат шиносномаҳо ба шаҳрвандон баргардонида мешаванд. Шиносномаҳои шаҳрвандоне, ки ба қайди муассисаҳои ҳарбӣ-таълимӣ дохил карда шудаанд, бо қарори фармондеҳи ин муассисаҳои таълимӣ, метавонанд барои нигоҳдорӣ бадастгоҳҳои кадрӣ то охири таҳсил супорида шаванд. Шиносномаҳои супоридашуда бо тартиби таъмини бе осебии эътимодноки онҳо нигоҳ дошта мешаванд.

162. Аз шахсоне, ки барои зисти доимӣ ба хориҷи кишвар мераванд (агар дар созишномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон ҳолати дигар пешбинӣ нашуда бошад), ҳангоми барасмият дарории шиносномаҳои хориҷии умумишаҳрвандӣ бо мӯҳри «барои зистидоимӣ» шиносномаҳо (аз рӯи ҷойи зист ва ҷойи буду бош аз қайд баровардашуда) аз ҷониби ҷузъу томҳои Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба додани шиносномаҳои хориҷии умумишаҳрвандӣ барои зисти доимӣ сарукор доранд, барои нобуд кардан, мусодира мегарданд ва ба хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ, ки ин шиносномаҳоро додаанд, ирсол карда мешаванд.               

163. Шахсоне, ки шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз дастдодаанд ва ё аз он баромадаанд, шиносномаҳои худро ба Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистони маҳалли зист супорида, шахсони дар хориҷи кишвар доимӣ зиндагӣ мекунанд – шиносномаҳои худро ба намояндагии дипломатӣ ва ё муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми гирифтани маълумотнома оиди баромадан аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нобуд кардан месупоранд.

Шиносномаҳое, ки ба ҷузъу томҳои Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазоратикорҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида мешаванд, бо мактуби ҳамроҳишаванда ба хадамотҳои шиносномавию бақайдгирие, ки шиносномаро додаанд, барои нобудкардан равон карда мешаванд.

Шиносномаҳое, ки ба намояндагии дипломатӣ ва ё муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида мешаванд, ба рӯйхати шакли 10 ворид кардашуда ба Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шуда, дар навбати худ ба Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон на камтар аз як маротиба дар як моҳ равон карда мешаванд. Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон шиносномаҳоро ба хадамотҳои шиносномавию бақайдгирие, ки шиносномаро додаанд равон мекунад. Дарсурате, ки шиносномаҳои шахсони зикргардида супорида нашуда бошанд, дарсутуни 8 руйхати шакли 10 сабти «шиноснома супорида нашудааст» гузаронида шуда, сабаби он аз рӯи имконият нишон дода мешавад.

164.  Шиносномаҳои шахсони вафотнамуда ба мақомотҳои САҲШ, намояндагии дипломатӣ ва ё муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар мақомотҳои давлатӣ супорида шудаанд, ба рӯйхати шакли 10 гузаронида шуда ва накамтар аз маротиба дар як моҳ барои барасмият даровардани аз қайд барорӣ ба хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ фиристода мешаванд. Хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ мутобиқи Қоидаи мазкур шаҳрвандони фавтидаро аз қайд мебароранд.

Дар рӯйхат инчунин дар бораи шахсони вафотнамудае, ки шиносномаҳояшон супорида нашудаанд,  маълумот дохил карда шуда, дар сутуни 8-и шакли 10 «шиноснома супорида нашудааст» гузаронида мешавад. Ҳангоми қабул намудани рӯйхат, аз тарафи хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ дар бораи шиносномаҳои супориданашуда маълумот (рақам, аз тарафи кӣ ва кай додашудани он) гирифташуда, барои муайян ва мусодираи он чораҳо андешида мешаванд.

Агар барои муайян намудани шиносномаҳо имкон пайдо нашавад, дар аризаи шакли 1 дар бораи фавти соҳибони он ва гирифтанашудани шиноснома қайд карда мешавад, баъди ин, чунин аризаҳо ба картотекаи бойгонӣ дароварда шуда, маълумот дар бораи ин шиносномаҳо /IC ба Раёсати персонализатсия бо рӯйхати дар шакли 10 пешбинишуда фиристода мешавад.

Агар шиносномаҳо аз ҷониби дигар хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ додашуда бошад, баъди аз қайд барорӣ, ба ин хадамотҳо шакли 10 бо нишон додани он, ки шиноснома супорида шудааст ё не фиристода мешавад.

165. Шиносномаҳое, ки дар банди 154 Дастурамали мазкур нишон додашудаанд, шиносномаҳое, ки аз сабаби тағйири ному насаб ва дигар асосҳо ивазкарда шудаанд, шиносномаҳои дарёфтшуда, ба ивази онҳо нав дода шудаанд, шиносномаҳои беэътибор ва вайрон гардида, ин чунин шиносномаҳои шаҳрвандони фавтида, бо тартиби зерин аз эътибор соқит мегарданд:

— шиносномаҳои намунаи соли 1996 ва шиносномаҳои шаҳрванди ИҶШС намунаисоли 1974, бавоситаи хат задан;

— шиносномаҳо (IC) ба воситаи реза кардан, беэътибор дониста шуда, пас аз он бо тартиби муқаррар гардидаи Дастурамали мазкур несту нобуд карда мешаванд. Шиносномаҳое, ки барои нобуд кардан пешбинӣ шудаанд, дар хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ дар сандуқҳои алоҳидаи оҳанин ва қуттиҳои махсус нигоҳ дошта мешаванд.

166. Қабл аз несту нобуд намудани шиносномаҳои аз эътибор соқит шудаи намунаи соли 1996, шиносномаҳои шаҳрвандии ИҶШС намунаи соли 1974, (мутобиқи) Феҳристи сабабҳои нобуд кардани шиносномаҳои беэътибор, Замимаи 8) дар як нусха санад оиди несту нобуд намудани шиносномаҳои беэътибор (варақаҳо) дар шакли 27 тартиб дода мешавад. Дар санад вобаста ба ҳар як шиносномаи аз эътибор соқит шуда силсила ва рақами шиноснома, ному насаби соҳибион, аз тарафи кӣ ва кай дода шудани он, сабаби нобуд намудан нишон дода мешавад.

Санад оиди несту нобуд намудани варақаҳои беэътибор (барои истифодаи минбаъда корношоям, дарёф шуда, бо вайрон намудани Дастурамали мазкур додашуда, вайрон намудан ҳангоми пур кардан ва бо дигар сабабҳо супоридашуда) бо шакли 27 алоҳида тартиб дода мешавад. 

167. Пеш аз нобудсозии шиносномаҳои/IC беэътибор (мутобиқи Феҳристи сабабҳои нобудсозии шиносномаҳои аз эътибор соқтшуда, Замимаи 7) дар ду нусха санад оид ба нобудсозии шиносномаҳои/IC беэътибор аз рӯи шакли 46, тартиб дода мешавад, ки яктои он, баъди нобудсозии шиносномаҳо/IC ва бо тасдиқи сардор ва ё муовини сардори мақомоти корҳои дохилӣ бо мактуби замимадор ба Раёсати персонализатсия фиристода мешавад. Ба санадҳо оид ба нобудсозии шиносномаҳои/IC беэътибор, инчунин шиносномаҳои/IC ҳангоми барасмиятдарорӣ вайроншуда дохил карда мешаванд.

Қабл аз нобудсозии шиносномаҳо/IC, ба махзан маълумотҳо оид ба бекор кардани онҳо ворид карда мешавад.

Барои бекор кардани шиномномаҳои/IC аз эътибор соқитшуда, дар барнома, «GetID»-ро кушода, корманд даричаи «Корти шахсият»-ро ворид мекунад ва дар майдони «мақсади муроҷиат» — «бекор кардан», дар майдони «намуди ҳуҷҷат» — «корти шахсият», дар майдони «ҳуҷҷати пешниҳодшуда» — «корти шахсият», дар майдони «рақами ҳуҷҷати пешниҳодшуда» — силсила ва рақами шиноснома /IC пур карда мешавад,  мисол: «А00010001», сипас «оғози бақайдгирӣ», тамоми маълумотҳо нисбати шаҳрванд кушода мешаванд.

Мавқеи «сабаби бекор кардан»-ро ворид намуда, дар тарафи рости чоркунҷаи квадратии кушодашаванда сабаби бекор карда шудани шиноснома/ID нишон дода мешавад, мисол: «Аз сабаби марг, шаҳодатнома оид ба вафот силсилаи АА № 1234567 аз ҷониби Шӯъбаи САҲШ ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз 01.01.2016 сол дода шудааст, Санад оид ба нобудсозӣ таҳти № 15 аз 15.02.2016»; «Аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадан, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон № 345 аз 12.01.2016»; «Шиносномаи/IC ғайриқонунӣ додашуда, Хулосаи таҳти № 14 аз 16.04.2016, Санад оид ба нобудсозӣ № 15 аз 15.02.2016», «Шиносномаи талабнашуда, Санад оид ба нобудсозӣ № 15 аз 15.02.2016» ва дигар сабабҳо, мутобиқи замимаи 8. Барои ба итмом расонидани давр тугмаи «Анҷомёбӣ» пахш карда мешавад.

Шиносномаҳои/IC ёфтшуда, ки ба ивазашон шиносномаҳои/IC нав дода шуда буданд, дар Махзан бо таври автоматӣ бекор шуданд, ҳангоми нобудсозии онҳо ба системаи маълумотҳо оид ба бекор карда шудан, дохил карда намешаванд.

Шиносномаҳои/IC ёфтшуда, ки ба соҳибонашон супорида нашуда, ба ивазашон шиносномаҳои/IC нав дода нашудаанд, дар хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ ба мӯҳлати 2 сол нигоҳ дошта шуда, ҳангоми бекор шудани онҳо, дар Махзан, дар «мақсади муроҷиат» мавқеи «ёфтшуда» ворид карда мешаванд.

168. Санадҳо аз ҷониби сардорон ва ё муовинони сардори мақомоти корҳои дохилӣ тасдиқ гардида, бо таври умумӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ ба қайд гирифта мешаванд.

Санадҳо оид ба нобуд кардани шиносномаҳои/IC беэътибор дар парвандаҳои алоҳидаи номенклатура дӯхта мешаванд.

169. То нобуд кардани шакли 1 ба шиноснома, ки дар санадҳо нишон дода шудаанд, онҳо аз картотекаи амалкунанда гирифта шуда, ба шакли 27 ба ҳаряк шиносномаҳои /IC ва дар банди 4 қайдҳои хизматии шакли 1 ба ҳаряк шиносномаи намунаи соли 1996, рақами санадҳо, сана (рӯз, моҳвасол) ва сабабҳои нест намудани чунин шиносномаҳо нишон дода мешавад. Агар шиносномаҳои нест карда шуда аз ҷониби дигар хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ дода шуда бошад, онгоҳ ба ин хадамотҳо хабарнома оид ба шакли 11 фиристода мешавад, ки дар асоси он дар шакли 1 сана (рӯз, моҳ ва сол), аз ҷониби кӣ нест карда шудани шиноснома ва сабаби нест намудан нишон дода мешаванд.

170. Несту нобуд намудани шиносномаҳо аз рӯи санади дар бораи нест намудани шиносномаҳои (варақаҳои иловагӣ) беэътибор бо шакли 27 ва санад оид ба нобуд кардани шиносномаҳои /IC беэътибор бо шакли 46, бавоситаи сӯзонидан (дар таҷҳизоти махсускардашуда, ки истифодаи минбаъдаи шиноснома, варақаи иловагиро маҳв мешударо ғайриимкон мегардонад), аз рӯи миқдори муайяни ҷамъ шудани он, на камтар аз як маротиба дар як моҳ аз ҷониби комиссияи бофармони сардорони мақомоти корҳои дохилӣ таъин шуда ба роҳ монда мешавад. Комиссия қабл аз нест намудани шиносномаҳо оиди ба аризаи шакли 1 дохил карда шудани қайди ҳар як шиносномаро, ин чунин фиристодани хабарномаи дахлдор оиди ҳолатҳои мазкур, кай чунин шиносномаҳо аз ҷониби дигар хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ додашуда буданд, санҷида  мебарояд. Баъдиин, чунин аризаи шакли 1 бакартотекаи бойгонӣ дохил карда мешавад.

171. Дар сурати нест намудани шиносномаҳои ҳангоми барасмият дарорӣ бекор гардидаанд (ба хатогию камбудиҳо роҳ дода шудаанд), ки аз Раёсати персонализатсия ворид гардидаанд, дар дафтари формаи 2 дарсутуни 8 сабти «шиноснома бекор шудааст» қайдшуда, рақам ва санаи санади нобуд кунӣ нишон дода мешавад.

172. Дар Раёсати персонализатсия асос барои дохил намудани маълумот ба махзани маълумотҳо санадҳои зерин оиди беэътибор донистани шиносномаҳои қаблантайёр шуда, ки ба хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ ирсол шудаанд, ҳисобмеёбанд:

— реестрҳо (бо шиносномаҳои /IC баргардонидашуда);

— санадҳо оиди баргардонидани шиносномаҳои /IC шакли 45;

173. Тамоми дафтарҳое, ки мутобиқи Дастурамали мазкур кушода мешаванд, бояд дӯхта, рақам гузорӣ карда шуда, мӯҳру имзои шахсони масъул гузошта шуда, инчунин онҳо тибқи тартиби умумӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ ба қайд гирифта шаванд.

174. Қайдҳо дар дафтарҳо, дар шакли 1 ва дигар варақаҳо бо ручкаи саққочадори дорои рангҳои бунафш, кабуд ва ё сиёҳ, дуруст ва бехато навишта мешаванд. Ба истифодаи ручкаҳои чернил ва капилярӣ (гелевый) роҳдода намешавад. Хатогиҳо бавоситаи хат задани сабтҳои нодуруст ва навиштаҷоти нав ислоҳ карда мешаванд, ки нисбати он бо имзои шахсоне, ки дафтарро пешмебаранд, тавзеҳ навишта мешавад. Дар дафтар тарошида ва ё сафед карда ислоҳ намудан, иҷозат дода намешавад.

175. Мӯҳрҳои нишондор ва  штампҳо бо тартиби умумии муқаррарнамудаи мақомоти корҳои дохилӣ барои бақайдгирӣ, нигоҳ  дорӣ ва  нестнамудани мӯҳру штампҳо ба назар гирифта шуда, нигоҳ дошта  ва нест карда мешаванд.

176. Ҳамаи ҳуҷҷатҳое, ки ба парванда (қисмҳо) дӯхта мешаванд, дар ҳар як саҳифа рақам гузошта мешавад. Дар охири парванда (қисмҳо), ки махсус дӯхта шудаанд, дар саҳифаи охири парванда (қисмҳо) маълумотҳо оид ба шумораи саҳифаҳои дӯхташуда, рақамгузорӣ кардашуда дар парванда (қисмҳо) нишон дода мешаванд. Натиҷаи қайдҳо аз ҷониби шахси ваколатдоре, ки парвандаҳоро (қисмҳоро) бақайд гирифтааст, тасдиқ гардида, осори муҳр гузошта мешавад.

9. Бақайдгирӣ ва азқайдбарорӣ

177. Бақайдгирӣ аз рӯи ҷойи зист ва ҷойи будубош бо мақсади бақайд гирифтани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки дар ҷумҳурӣ ба таври доимӣ зиндагӣ мекунанд, амалӣ карда мешавад. 

178. Дар сурати соҳиби як чанд манзили истиқоматӣ будан, шаҳрванд ҳуқуқ дорад ҷойи  зист ва буду  бошашро дар кадоме аз онҳо муайян созад, вале дар яке аз онҳо бақайд гирифта мешавад.

179. Шаҳрвандоне, ки ҷойи зист ва ё ҷойи будубошашонро иваз намудаанд, аз ҷойи зисти пешина ё будубош аз қайд бароварда шудаанд, ё мӯҳлати қайди муваққатии онҳо гузаштааст, ӯҳдадоранд, ки на дертар аз 15 рӯз ба хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ барои амалӣ намудани бақайдгирӣ оид ба ҷойи нави зист ё ба ҷойи нави будубош муроҷиат намоянд.  

180. Шиносномаи /IC танҳо бо бақайдгирии ҷойи зист ва ё ҷойи будубош барасмият дароварда мешаванд. Ҳамзамон бо додани шиносномаҳои /IC, барасмиятдарории минбаъдаи ҳуҷҷатҳо оиди бақайдгирии шаҳрванд дар ҷойи зист ва ё будубош амалӣ карда мешавад.    

181. Кормандони хадамотҳои шиносномавию бақайдгирие, ки ба бақайдгирӣ ва аз қайдбарорӣ сарукор доранд, ӯҳдадоранд ҳуҷҷатҳои пешниҳодшудаи бақайдгирӣ ва аз қайд барориро дақиқан санҷида бароянд ва дар баробари ин баҳолатҳои зерин аҳамият диҳанд:

— оё ҳуҷҷатҳо ҳақиқӣ мебошанд, яъне аз ҷониби мақомотҳои дахлдор додашудаанд, имзо ва мӯҳр доранд;

— из ва нишонаҳои сохтакориро надошта бошанд ва ғайра;

-оё варақаҳои дар шиносномаҳои дохилии намунаи соли 1996-ро тағйир надода бошанд; дурустии тартибдиҳии рӯйхати суроғавӣ, купонҳои омории бақайдгирӣ ва сабтҳои дахлдор дар онҳо, инчунин дар кортҳои бақайдгирии шакли 13 (минбаъд — кортҳои бақайдгирӣ), кортҳои хонагии шакли 14 (минбаъд — кортҳои хонагӣ), китобҳои хонадорӣ ва умумии хоҷагидории маълумотҳои, дар ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда нишондодашуда.

182. Агар дурустии ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида шубҳаоранд ва ё аломатҳои сохтакорӣ дошта бошанд, оиди он фавран ба сардорони хадамотҳои шиносномаю бақайдгирӣ хабар дода мешавад, ки дар навбати худ барои санҷиши муайян намудани шахсияти муроҷиат кунанда чора меандешанд.

183. Аз рӯи ҷойи зист ба шахсони зерин бақайдгирӣ иҷозат дода мешаванд:

— шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди он ба таври доимӣ зиндагӣ мекунанд ва ё аз хориҷи кишвар барои зисти доимӣ ба ҷумҳурӣ омадаанд;

— шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба таври доимӣ дар хориҷи кишвар зиндагӣ дошта, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои зисти муваққатӣ ба мӯҳлати беш аз 6 моҳ – ба мӯҳлати зарурӣ, вале на зиёда аз 5 сол;

— шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки ба таври доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунӣ зиндагӣ мекунанд.

184. Ҷойи зист маконе ба ҳисоб меравад, ки шаҳрванд ба таври доимӣ ва ё аксаран зиндагӣ мекунад – манзили истиқоматӣ, утоқи зист, утоқи хизматии зист, хонаҳои махсусгардонидашуда (хобгоҳ, хона-интернат барои шахсони танҳо, пиронсолон ва маъюбон, хонаи тифлон, хонаи кӯдакона, мактаби махсус), инчунин дигар сохтмоне, ки ба фонди манзилӣ (минбаъд утоқҳои ҷойи зист) тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, дохил мешаванд.

185. Барои бақайдгирӣ аз рӯи ҷойи зист ба хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ, вобаста ба вазъу ҳолат, ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод мешаванд:

— шиноснома – барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба синни 16-солагӣ даромадаанд;

— шаҳодатномаи таваллуд – барои кӯдакони то 16-сола;

— шаҳодатномаи шахсияти хизматчии ҳарбӣ, тасдиқномаи аз ҷониби фармондеҳии қисмҳои низомӣ пешниҳодшуда, роҳбарияти муассисаҳо, мӯҳргузошташуда – барои хизматчиёни ҳарбӣ;

— иҷозат (вид) барои ҷойи зист – барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ;

-ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи соҳибмулк будани шахс ба утоқи ҷойи зист (аз ҷумла шиносномаи техникӣ), тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва ё ҳуҷҷати шаҳодатдиҳандаи гирифтани он барои истифода, аз он ҷумла аз рӯи шартномаи иҷора, кирояе, ки ҳамчунин ба онҳо ҳуқуқи кӯчидан ба утоқи зист аз рӯи дигар сабабҳо медиҳад, дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шуда бошад;

-қарор (ордер) барои утоқи зисти ҷудошуда;

-қарор (ордер) барои манзили зисти дар хобгоҳ ҷудошуда;

— қарори суди (дигар мақомоти ваколатдор) ба қувваи қонунӣ даромада оиди бақайдгирӣ ва ё қонунӣ донистани ҳуқуқи шахс ба утоқи ҷойи зист;

— аз қайдбарорӣ аз китоби хоҷагидории нуқтаи аҳолинишини дахлдор, ки ҳастии ҷойи зист ва бақайдгирии аъзоёни хоҷагӣ (аз ҷумла волидайн ва ё намояндагони қонунӣ) дар маҳалли деҳот тасдиқ мекунад;

— китоби хонадорӣ, ки аз ҷониби хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ ба соҳибмулкони (соҳибкор) ва ё шахсони дигаре дода мешавад, ки соҳиби утоқҳои зист (хобгоҳ, хона-интернат барои одамони танҳо, пиронсол ва маъюб, хонаи тифлон, хонаи кӯдакон, мактабҳои махсус) буда, онро бо худ нигоҳ медоранд. Китобҳои хонадорӣ мувофиқи замимаи №3 пеш бурда, пур карда мешаванд.

Дар нуқтаҳои аҳолинишини маҳалли деҳот китобҳои хонадорӣ ба ҳар як утоқи зист бурда шуда, ё китоби умумии хоҷагидорӣ нисбати нуқтаи аҳолинишин ва ё кӯча кушода мешавад;

           — кортҳои бақайдгирӣ ва ҳуҷравӣ — барои шаҳрвандоне, ки дар утоқҳои зисте зиндагӣ мекунанд, ки ҳуқуқи моликият (иҷора) надоранд, шахсони масъул нигоҳ медоранд ва пур карда мешаванд мутобиқи замимаи 3;

— дар сурати набудани китоби хонадорӣ, кортҳои бақайдгирӣ ва ҳуҷравӣ кортҳои нав пур карда мешаванд;

— ариза оиди бакайдгирӣ аз рӯи ҷойи зист (ҷойи буду бош) шакли 12 (минбаъд – ариза оид ба бақайдгирӣ). Ариза оиди бақайдгирӣ бо имзои раиси ҷамоат, роҳбари хоҷагии манзилӣ-маишӣ (шахсии ҳуқуқии дигар, ки барои бақайдгирии утоқҳои манзили зист ҷавобгар аст) ва муҳр тасдиқ карда мешавад;

— шахсоне, ки соҳибмулк ва ё иҷорагири манзили зист нестанд, аз рӯи ҷойи зист дар асоси аризаи бақайдгирӣ бо пур кардани соҳибмулки (иҷорагир) манзили зист бо розигии хаттӣ дар ариза ва шахсан ҳозир шудан ба қайд гирифта мешаванд;

-ҳангоми марг ва ё имконнопазир будани муайян кардани соҳибмулк ва иҷорагири манзили зист, бақайдгирӣ баъди ҳал гаштани масъалаи муайяннамоии соҳибмулк ва ё иҷорагири манзили зист мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад;

— дархости маъмурияти хонаи махсусгардонидашуда ва дигар сохтмоне, ки ба фонди манзилӣ дохил карда шудааст;

— варақаи пуркардашудаи суроғавии баромади шакли 17 (минбаъд – варақаи суроғавии баромад), аз ҷойи зисти пештара ва ё расида омадан, бо пур кардани шохиси муҳри чопӣ оиди аз қайдбарории шакли 19 (минбаъд – осори мӯҳри чопии аз қайдбарорӣ) дар тарафи дигари варақа, бо истиснои шаҳрвандоне, ки аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хориҷ шудаанд, шахсоне, ки аз хориҷи кишвар (агар ягон ҳолати дигар дар созишномаҳои байналмиллалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ нашуда бошад) омадаанд ва дигар ҳолатҳое, ки дар Дастурамали мазкур пешбинӣ шудааст.

186. Шахсони дорои ӯҳдадории ҳарбӣ ҳамчунин билети ҳарбиро (барои навдаъватшудагоне, ки ба синни 16 надаромадаанд – шаҳодатномаи бақайдгирӣ) бо қайди комиссариатҳои ҳарбӣ оиди ба қайди ҳарбӣ гузоштан, инчунин қайд дар китобҳои хонадорӣ, кортҳои бақайдгирӣ пешниҳод мекунанд.  Бақайдгирии шахсони дорои ӯҳдадории ҳарбӣ аз рӯи ҷойи зист бе қайди комиссариатҳои ҳарбӣ оиди ба қайди ҳарбӣ гузоштан, тамоман манъ аст.

187. Барасмиятдарории бақайдгирии шаҳрвандоне, ки дар хизмати мақомоти корҳои дохилӣ, амнияти давлатӣ, қарор дошта, дар қайди махсуси Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо пешниҳоди оиди он маълумотномаи дахлдор, дар кортҳои бақайдгирӣ, китобҳои хонадорӣ, дар сутуни «Муносибат ба хизмати ҳарбӣ» бо бақайдгузории «Қайди махсус» гузошта шудаанд. Дар ин ҳолат ба комиссариатҳои ҳарбӣ пешниҳод намудани кортҳои бақайдгирӣ, китобҳои хонадорӣ зарур нест. Ҳангоми азқайдбарории ин шаҳрвандон дар кортҳои бақайдгирӣ, китобҳои хонадорӣ, оиди баровардан аз қайди ҳарбӣ сабт бурда намешавад.

188. Ҳангоми бақайдгирӣ ҳозир шудани шаҳрвандон ба хадамотҳои  шиносномавию бақайдгирӣ  ҳатмӣ нест, ба истиснои шахсоне, ки доғи судӣ доранд ва ё бе аз қайдбарории ҷойи зисти қаблӣ ва бе варақаи суроғавии баромад, бошанд.

189. Агар шаҳрвандон баҷойи зисти нав бо шиносномаҳои ғайри қонунӣ ва ё иваз шаванда, аз ҷойизист ва ё будубоши қаблӣ аз қайд бароварда шуда омада бошанд, хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ ҳамзамон масъалаи барасмиятдарории шиносномаҳои/IC-ро ба ин шахсон ва бақайдгирӣ аз рӯи ҷойи зист ва будубоши нав баррасӣ менамоянд.

190. Тамоми шахсоне, ки ба минтақаи сарҳадӣ медароянд, ӯҳдадоранд ҳангоми ба нуқтаи таъиншуда омада расидан ҳуҷҷатҳои худро барои бақайдгирӣ ва дарқайдмонӣ  месупоранд.

191. Қабули шаҳрвандон, шахсони мансабдор ва ё ҳуқуқӣ дар масъалаҳои дарқайдмонӣ аз рӯи ҷойи зист ва ҷойи омада расидан аз ҷониби сардорони хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ амалӣ мешавад, ки онҳо ҳуҷҷатҳои пешниҳодшударо мутобиқи талаботи Дастурамали мазкур санҷида, қарор қабул мекунанд ва дар аризаҳои бақайдгирӣ соядаст бо қарори зарурӣ мегузоранд, дар ин ҳангом навиштаҷоти «аз рӯи ҷойи зист» ва ё «ҷойи омада расидан» қайд карда мешавад.

192.Дар сурати рад кардан дар масъалаи бақайдгирӣ аз ҷониби сардорони хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ дар аризаҳои бақайдгирӣ далелҳо бо ишораи бандҳои ҳуҷҷатҳои меъёрии дахлдор, нишон дода мешавад, қарор дар бораи рад намудан оиди бақайдгирӣ шахсан ба шаҳрвандон ва ё шахсоне, ки барои бақайдгирӣ масъуланд эълон карда мешавад. Ҳамзамон ба онҳо ҳуқуқи шикоят бурдан аз болои қарори мазкур фаҳмонида шуда, гузоришҳои аз ҷониби роҳбарияти мақомоти корҳои дохилӣ ба имзо расида барои бурдани назорат ба нозирони минтақавии милитсия супорида мешаванд. 

Бо дархости шаҳрванд, ба ӯ бо нишон додани асосҳои радшавӣ хаттӣ ҷавоб гардонида мешавад.

Ҳангоми набудани ҳамаи ҳуҷҷатҳои лозимии асос барои бақайгирӣ, ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда баргардонида мешаванд. Дар ин сурат ба шаҳрванд ва ё шахсе, ки барои бақайдгирӣ масъул аст, оиди кадом ҳуҷҷатҳои зарурӣ пешниҳод гардидан, фаҳмонида мешавад.

193.Ҳангоми барасмиятдарории бақайдгирӣ аз рӯи ҷойи зист ва азқайдбарорӣ аз ҷойи зисти пештара бо шиносномаҳои/IC кортҳои худчаспандаи шакли 47 (минбаъд – часпандаҳо (стикерҳо) /часпандаҳои бақайдгирӣ, часпандаҳои азқайдбарорӣ) истифода мешаванд.

194.Баъди қабули қарор оиди бақайдгирӣ аз ҷониби сардорони хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ, дар асоси он бақайдгирӣ амалӣ мегардад, варақаи суроғавии омади шакли 16 (минбаъд – варақаи суроғавии омад) пур карда шуда, талони қайди оморӣ ба варақаи суроғавии омад шакли 16/1  (минбаъд – талон ба варақаи суроғавии омад) ба он замима мегардад, дар ҳолатҳои Дастурамали мазкур пешбинишуда.

195.Корманди хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ, ҳуҷҷатҳои пешниҳодшударо санҷида баромада, гузарвожаро ворид месозад, барномаи «GetID» интихоб карда мешавад. Даромад ба махзани ягонаи автоматикунонидашуда бо ворид намудани рамзи воридшавии хадамоти  шиносномавию бақайдгирӣ, сипас гузарвожаии фардии корманд амалӣ карда мешавад.

Воридсозии суроға аз рӯи ҷойи зисти нави шаҳрванд ба махзани маълумотҳо ва чопкунии часпандаи бақайдгирӣ (бо нишон додани суроға), ба воситаи рамзи «тағйири маълумотҳо» амалӣ карда мешавад. Рамзи «тағйири маълумотҳо»-ро кушода, аз рӯи тартиб майдонҳои «мақсади муроҷиат», «тағйири суроға», «ҳуҷҷати нав», «корти идентификатсионӣ» кушода мешаванд. Бо зер кардани мушак ба рамзи дуюм «ҳуҷҷатҳои асосшаванда», майдони «корти идентификатсионӣ» интихоб карда мешавад.

Барои дарёфт намудани маълумотҳои шахси бақайдгиранда, дар низом (система), дар майдонҳои «рақами ягонаи миллӣ», «силсила ва рақами шиноснома» ва «рақами мушаххаси андозсупоранда»  маълумотҳо оиди рақамҳо (дар майдони «силсила ва рақами шиноснома»  пеш аз рақам сисилаи шиноснома нишон дода мешавад), мутобиқи шиносномаи шаҳрванд гузаронида мешавад. Силсила ва рақами шиноснома/IC бо тартиби ҳатмӣ барои минбаъд пайдо шудани онҳо дар қисмати рост аз кунҷи болои часпандаи бақайдгирии майдони чопи он ворид карда мешавад.

Баъди зер кардани тирезаи «оғози бақайдгирӣ», рамзи «маълумоти пардохт» дар майдон пур карда мешавад: маблағи пардохт, санаи пардохт, рақами расид, намуди имтиёз.

Сањифаи «маълумотҳои демографии шаҳрванд»-ро кушода, дар њошияи «маълумот оиди ҷойи зист» маълумотҳо оиди суроғаи нав дарљ гардида, мутобиқан њошияњо пур карда мешаванд:

— дар тарафи чап нуқтаи аҳолинишин (шаҳрак, деҳа);

— дар тарафи рост – ноҳия (дарљ карда намешавад, зеро аллакай дар барномаи ҳар як ҷойи кории автоматии ҳама хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ гузаронида шудааст);

— як хат поёнтар, аз чап – номи кӯча, бо нишон додани калимаи «кӯчаи» (мисол: «кӯчаи Н. Ќарабоев»);

— дар рост – хона бо нишон додани калимаи «хонаи» (мисол: «хонаи 58»);

— аз чап – рақами ҳуҷра (бе нишон додани калимаи «ҳуљра», мисол «58»), баъди нишон додани ҳуҷра, дар худи ҳамин майдон, калимаи  «ба ќайд гирифта шуд» гузаронида шуда, санаи бақайдгирӣ дарљ карда мешавад (мисол: «..58 ба ќайд гирифта шуд 14.02 соли 2015»), ки баъди чоп кардан, дар часпандаи (стикер) бақайдгирӣ пайдо мешавад. Ҳангоми дар суроғаи ҷойи зисти шаҳрванд набудани кӯча, хона, ҳуҷра – дар майдони он, пас аз нишон додани қишлоқ /ҷамоат/ ба махзани маълумотҳо чунин навиштаҷот гузаронида мешавад, мисол: «ќишлоќи Шехон, ба ќайд гирифта шуд 14.02 соли 2015».Ҳангоми дар суроғаи ҷойи зист набудани хона, ҳуҷра – дар майдон чунин навиштаҷот гузаронида мешавад – номи кӯча (мисол: «..кӯчаи Н.Ќарабоев, ба ќайд гирифта шуд 14.02 соли 2015», агар ҳуҷра надошта бошад, навиштаҷот баъди нишон додани рақами хона гузаронида мешавад (мисол: «хонаи 58, ба ќайд гирифта шуд 14.02 соли 2015»). 

Пас аз гузаронидани тағйирот ба маълумоти ҷойи зист, сањифаи «чоп намудани часпанда»-ро интихоб намуда, варақ бо часпандаҳо нўгњояш ба самти пеш ба принтер гузошта мешавад, яке аз се кортҳои худчаспандаи истифоданашуда интихоб карда шуда:1,2 ва ё 3, ки бо нӯли мушак ба њошияи «1,2 ва ё 3» пахш карда мешавад. Пас аз чоп кардани часпандаи бақайдгирӣ, дар менюи даврзананда «Тасдиқ кунед, ки принтер дуруст чоп кард?», тугмаҳои «Ҳа» ва ё «Не» интихоб ва зер карда мешавад.

Дар сутуни «Нишонї/ Address» шиносномаи/IC часпандаи азқайдбарории ҷойи зисти қаблӣ бардошта шуда, часпандаи чопшудаи бақайдгирии ҷойи зисти нав часпонида мешавад, ки аз боло бо бандаки (лентаи) махсуси шаффофи аз зарару ислоҳнамоӣ ҳимоякунанда маҳкам карда мешавад.

Бақайдгирӣ дар ҷойи зист, аз ҷумла дар ҷойи зисти муаваққатӣ низ дар китобҳои хонадорӣ, кортҳои бақайдгирӣ ба воситаи гузоштани мӯҳри «ба қайд гирифта шуд» аз рӯи шакли 18 (минбаъд – мӯҳри бақайдгирӣ) амалӣ карда мешавад.

196.Ҳангоми муроҷиати шаҳрванде, ки мӯҳлати амали бақайдгирӣ аз рӯи ҷойи зисти муваққатиаш дар шиноснома/IC ба охир расида бошад, бақайдгирӣ аз рӯи ҷойи зисти нав баъди аз қайд баровардани шаҳрванд аз ҷойи зисти қаблӣ дар низом (система), бо тартиби пешбинишудаи банди 251 Дастурамали мазкур амалӣ мегардад. Барои ба анҷомрасонии барнома ба ҷойи варақчаҳои часпандадор варақи коғазӣ чоп карда мешавад.

Дар ин ҳангом дар китобҳои хонадорӣ, кортҳои бақайдгирӣ мўҳри «аз қайд бароварда шуд»  гузошта намешавад ва варақаи суроғавии баромад ба Бюрои суроғавӣ-маълумотдиҳӣ равон карда намешавад. Часпандаи бақайдгирӣ, ки мӯҳлати амалаш аз рӯи ҷойи зисти муваққатии қаблӣ гузаштааст, канда гирифта мешавад, ва бақайдгирӣ аз рӯи ҷойи зисти нав ба расмият дароварда мешавад.

197.Ҳангоми барасмиятдарории бақайдгирии шахсоне, ки шиносномаҳояшонро дар асосҳои тибқи Дастурамали мазкур пешбинишуда иваз карда бошанд, ва ё шиносномаҳо/IC ба ҷойи беэътиборгардида гирифта бошанд, дар вақти гирифтани намудҳои нави ҷойи зист аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ (агар ҷойи зист тағйир наёфта бошад), инчунин дар вақти гирифтани шиносномаи/IC аз ҷониби хизматчиёни ҳарбӣ  (қаблан аз рӯи шаҳодатномаҳои хизматчии ҳарбӣ ба қайд гирифта шуда бошанд), ариза оиди бақайдгирӣ пур карда намешавад. Дар шиносномаҳои/IC таърихи бақайдгирии ибтидоӣ гузошта мешавад. Дар мӯҳри бақайдгирӣ, ки барои намуди ҷойи зист гузошта мешавад, таърихи бақайдгирӣ аз рӯи он ҷойи зист сабт карда мешавад. Дар варақаҳои суроғавии омад дар сутуни 14 таърихи ибтидоӣ нишон дода мешавад, дар сутуни 15 бошад санаи тартиб додани варақаи суроғавии омад. Варақаи суроғавии омадро корманде имзо мекунад, ки бақайдгириро ба расмият медарорад. Маълумотҳо оиди рақами шиносномаи/IC, таърих ва мақомоте, ки шиносномаро/IC додааст, дар варақаи суроғавии омад, китоби хонадорӣ, кортҳои бақайдгирӣ гузаронидамешавад, ҳангоми зурурӣ дар китобҳои хонадорӣ, шаҳрвандон аз рӯи маълумотҳои пештара аз қайд бароварда шуда, аз рӯи шиносномаҳои нав ба қайд гирифта мешаванд.    

198.Дар шиносномаи намунаи соли 1996, бақайдгирӣ аз рӯи ҷойи зисти нав ба воситаи гузоштани мӯҳри бақайдгирӣ, бо пур кардани шохисҳои пешбинишуда амалӣ карда мешавад.

199.Дар сурати омада расидани шаҳрванд ба ҷойи зисти нав, бе қайди азқайдбарории ҷойи зисти қаблӣ (ҷойи будубош) аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ ҳангоми набудани дигар асосҳо барои рад кардани бақайдгирӣ, дархостҳо оиди азқайдбарорӣ аз ҷойи зисти қаблии (ҷойи будубош) шакли 48 (минбаъд – дархост оиди азқайдбарорӣ) ба хадамотҳои шиносномавию бақайдгирии ҷойи зисти охир, барои санҷиши сабабҳои рафтани чунин ашхос бе барасмиятдарории азқайдбарорӣ равон карда мешаванд.

200. Дар баробари дархост оиди азқайдбарорӣ аризаи шаҳрванд оиди азқайди зист/иќомат барорї аз рӯи шакли 49 (минбаъд – ариза оиди азқайдбарорӣ) ва ду варақаи суроғавии пуркардашудаи баромад равон карда мешавад. Дар сурате, ки дар Дастурамали мазкур пешбинӣ шудааст, талони қайди оморӣ барои варақаи суроғавии баромади шакли 17/1 равон карда мешавад (минбаъд – талон ба варақаи суроғавии баромад).   

201. Кормандони хадамотҳои шиносномавиюбақайдгирӣҳангоми гирифтани дархостҳо оиди азқайдбарорӣ, бо замимаи аризаи азқайдбарорӣ ва варақаҳо (дар вақти зарурӣ нусхаи шиносномаҳо), шахсони мансабдор, шаҳрванд ва ё шахсони ҳуқуқиеро, ки дар манзили зисташон шаҳрвандон ба қайд гирифта шуда буданд, оиди пешниҳод намудани китоби хонадорӣ ва ё корти бақайдгирӣ, бо нишонаи аз қайд бароварда шудани шаҳрвандон аз қайди ҳарбӣ ва варақаи ҳуҷрагӣ хабардор мекунанд.

202. Дар муддати се рӯз аз рӯзи қабул кардани ҳуҷҷати зикргардида, кормандони хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ ӯҳдадоранд шаҳрвандони баромадаро аз рӯи қайдҳои мақомоти корҳои дохилӣ, инчунин аз рӯи қайдҳои Марказҳои иттилоотӣ, Бюроисуроғавӣ-маълумотдиҳӣ санҷида бароянд.

203. Азқайдбарорӣ бо тартиби пешбининамудаи Дастурамали мазкур ва оиди огоҳнамоӣ оиди азқайдбарорӣ бо варақаи рафтани барасмиятдаровардашуда ва шохисҳои бо осори мӯҳр оиди азқайдбарорӣ дар тарафи дигари варақаи суроғавии баромад пуркардашудае, ки часпандаи азқайдбарории аз чоп баровардашуда (ҳангоми будани шиносномаи/IC) ба хадамотҳои шиносномавию бақайдгирии маҳалли нави зисти шаҳрванд равон кардамешаванд.  

204. Дар асоси варақаи суроғавии баромад: дар шиносномаи намунаи соли 1996-и шаҳрванд, дар назди осори мӯҳр оиди бақайдгирӣ аз рӯи ҷойи зисти қаблӣ, дар тарафи дигари варақаи иловагӣ, нақши мӯҳр оиди азқайдбарорӣ гузошта мешавад, ки дар он ба ҷойи номи мақомоти корҳои дохилии дар мӯҳр нишондодашуда мақомоти корҳои дохилие, ки азқайдбарориро ба расмият даровардааст ва таърихи азқайдбарорӣ сабт мешавад; дар шиносномаи/IC часпандаи бақайдгирӣ канда гирифта шуда, ба ҷойи он часпандаи азқайдбарорӣ часпонида мешавад. 

205. Дар сурате, ки вақте дар натиҷаи санҷиши шаҳрвандони баромада, аз рӯи қайдҳои мақомоти корҳои дохилӣ муайян гардад, ки онҳо тибқи тартиби қонунгузорӣ доғи судии адонашуда ва ё бардоштанашуда дошта бошанд, ба хадамотҳои шиносномавию бақайдгирие, ки дар ҳудуди хизматрасониашон ҳамин шаҳрвандон ба қайд гирифта мешаванд, ҳамроҳи огоҳинома оиди азқайдбарорӣ ва варақаи рафтан, кортҳои нисбати шахсони суд шаванда равон карда мешавад.

206. Агар шаҳрванд дар  ҷойи зисти нав бақайд гирифташаванда ба кофтуков эълон шуда бошад ва ё адои ҷазои ба маҳрумӣ аз озодӣ алоқаманд набуда маҳкум гардида бошад, ба мақомоти корҳои дохилии ҷойи зисти нави чунин шаҳрвандон фавран ба воситаи телеграф (ва ё бо телефон) барои чораҳои зарурӣ дидан тибқи қонунгузории амалкунанда хабарнома фиристода мешавад.

207. Кортҳои воридшаванда нисбати шахсони суд шуда, аз ҷониби кормандони  хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣба картотекаи шахсоне, кидоғи судӣ доранд, ҷой карда мешаванд. Оиди шахсони бақайдгирифташудае, ки доғи судӣ доранд ва аз рӯи иҷро варақа қарздоранд, на дертар дар мӯҳлати 3 рӯз, баъди бақайдгирӣ, ба мақомотҳои дахлдор ва суд хабарнома фиристода мешавад. Дар варқаҳои ин шаҳрвандон дар қисмати кунҷи рости он нишонаи шартии дар намуди рақами «21» гузошта мешавад, ки минбаъд ба Бюрои суроғавӣ-маълумотдиҳии дахлдор фиристода мешаванд.

208. Агар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷойи зист ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дигар давлатњои иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бе азқайдбарорӣ (аз қайд баровардан) аз рӯи ҷойи зисти охир омада бошанд, чунин ба расмият дароварда мешаванд: дархост оиди азқайдбарорӣ, ариза оиди азқайдбарорӣ, ки бо забони русӣпур кардашуда бошанд, ҳамроҳи нусхаи шиноснома (саҳифаҳои маълумотҳои фардӣ ва бақайдгирӣ) тибқи тартиби муқарраршуда, ба Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корњои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  барои минбаъд фиристодани маводҳои нишондодашуда ба мақомотҳои дахлдори давлатҳое, ки ин шаҳрвандон ба қайд гирифта шуда буданд, равон карда мешаванд.

Ҳангоми равон намудани дархостҳо ба ин давлатҳо, агар тибқи қонунгузории он пешниҳод намудани розигии шаҳрванд барои додани маълумотҳои фардӣ пешбинӣ шуда бошад, ба дархостҳо розигии хатии шаҳрванд оиди розӣ будан ба додани маълумотҳои фардӣ замима карда мешаванд, ки бо имзои корманд ва мӯҳри хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ тасдиқ карда мешавад.

209. Дар сурати зарурӣ, қабл аз қабул намудани огоҳинома нисбати шаҳрванд оиди азқайдбарорӣ аз ҷойи зисти қаблӣ, шаҳрванд ба мӯҳлати се моҳ бақайд гирифта мешавад.

210. Фарзандони то синни 16-сола, ки бо волидайнашон (ба фарзандхонӣ қабул намудагон, таҳти тарбия қарордодагон, таҳти парасторӣ қарор додагон – минбаъд намояндагони қонунӣ), ба ҷойи зист меоянд, бо роҳи дохил намудани маълумоти онҳо ба варақаи бақайдгирӣ, варақаи ҳуҷрагӣ, китоби хонадорӣ, варақаи суроғавии омад ва талони қайди оморӣ ба варақаи суроғавии омадшакли 16/1-и (минбаъд – талон ба варақаи суроғавии омад) яке аз волидайн (намояндаи қонунӣ) дар асоси шаҳодатномаи таваллуд ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти волидайн (намояндагони қонунӣ) ба қайд гирифта мешавад. Дар ин ҳангом дар кортҳои бақайдгирӣ ва китобҳоихонадорӣҳамаи сутунҳои ин ҳуҷҷатҳои бақайдгирӣ пур карда мешавад.  Нақши мӯҳри бақайдгирӣ гузошта мешавад.

211. Маълумот дар навзодон ва ё кӯдакони аз нав ба волидайнашон (намояндагони қонунӣ) омадаанд, ки синнашон ба 16-солагӣ надаромадааст, ба варақаи бақайдгирӣ, китоби хонадорӣяке аз волидайн дар асоси шаҳодатномаи таваллуди ин ноболиғон дохил карда мешаванд, ва дар сурати омадан ба назди фарзандхон қабулнамудагон, — дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи муайяннамоии ба фарзандхонӣ гирифтан амалӣ мешавад. Дар китоби хонадорӣ нақши мӯҳр оиди бақайдгирӣ гузошта шуда, шохисҳои он пур карда мешаванд.

212. Ҳангоми баромадани яке аз волидайн (намояндагони қонунӣ), баварақаи бақайдгирӣ ва ё варақаи ҳуҷрагӣ, ки маълумот дар бораи кӯдакон гузаронида шудааст, ин маълумотҳо бо тартиби муқаррарнамудаи банди мазкур ба ҳуҷҷатҳои бақайдгирии волидайни дигаре, (намояндагони қонунӣ), кионҳо барои зиндагӣ кардан меистанд, гузаронида мешавад. Ҳангоми барасмиятдарории волидайне (намояндагони қонунӣ), ки меравад, дар варақаи рафтани ӯ маълумот дар бораи кӯдакон сабт намешавад.

213. Агар кӯдакони то синни 16-сола, ба ҷойи зисти нав яке аз волидайн (намояндагони қонунӣ), баволидайни (намояндаи қонунӣ) дигар раванд, бақайдгирии ин шаҳрвандон бо тартиби пешбинишудаи Дастурамали мазкур амалӣ карда мешавад.

214. Ҳангоми гирифтани шиносномаҳои/IC кӯдаконе, ки ба синни 16-солагӣ расидаанд (инчунин шаҳрвандоне, ки бори аввал шиноснома мегиранд), ба маълумотҳое, ки қаблан аз рӯи шаҳодатномаи таваллуд ба варақаҳои бақайдгирӣ ва китоби хонадорӣ гузаронида шуда буданд нақши муҳри азқайдбарорӣ гузошта мешавад, дар варақаҳои ҳуҷрагӣбошад, ба маълумотҳои ин шаҳрвандон дар сутуни «эзоҳ» навиштаҷоти «шиноснома дода шудааст» гузаронида мешавад.

215. Ба кӯдакони синни 16-солагиро пур кардаанд ва шаҳрвандоне, ки бори аввал шиноснома/IC гирифтаанд, маълумотҳояшон, ки оиди бақайдгирӣ ба варақаи бақайдгирӣ ва китоби хонадорӣдар асоси шаҳодатномаи таваллуд қаблан гузаронида шуда буданд, барасмиятдарории бақайдгирӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Дастурамали мазкур амалӣ карда мешавад. Дар ин сурат ҳамроҳи аризаи бақайдгирӣ ба ин шаҳрвандон, розигии хаттии соҳибмулки (иҷорадеҳ, иҷорагир) утоқи зист пешниҳод карда намешавад. Боҷи давлатӣ дар асоси умумӣ ситонида мешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар Қонуни ҶумҳурииТоҷикистон«Дарбораибоҷи давлатӣ» пешбинӣ нашуда бошад. Расиди нисбати ин шахсон, ҳамроҳи дигар аризаҳои оид ба бақайдгирӣ, расидҳо дӯхташуда, якҷо бо онҳо нигоҳдошта мешавад.

216.Кӯдаконе, ки дар муассисаҳои махсусгардонидашуда (хонаи хурдсолон, хонаи кӯдакон, мактаб-интернатҳо, дар мактабҳои махсус ва омӯзишгоҳҳо) нигоҳ дошта мешаванд  дар хобгоҳҳо ва утоқҳои зисти ин муассисаҳо дар асоси дархости маъмурияти он ба қайд гирифта мешаванд, агар онҳо дар қайди волидайнашон (намояндагони қонунӣ) ва ё дигар хешовандонашон, ки берун аз ҳудуди маҳалли аҳолинишине, ки муассисаҳои дар боло зикршуда набошанд.

217.Ҳангоми мавҷуд набудани шаҳодатнома дар бораи таваллуди кӯдакон, ба маъмурияти муассисаҳои махсусгардонидашуда пешниҳод мегардад, ки нисбати онҳо бо тартиби муқарраргардида аз мақомотҳои Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ шаҳодатномаи таваллуд гиранд. Бақайдгирӣ бо тартиби пешбинишудаи Дастурамали мазкур амалӣ карда мешавад.

218.Бақайдгирии хизматчиёни ҳарбие (ба истиснои сарбозҳо, сержантон ва старшинаҳо, ки аз рӯи даъват хизмати ҳарбиро адо мекунанд), ки шиноснома надоранд, аз рӯи ҷойи зисти онҳо мутобиқи Дастурамали мазкур дар асоси шаҳодатномаи шахсият амалӣ мегардад. Нақши мӯҳр оиди бақайдгирӣ дар маълумотномаҳои аз ҷониби қисмҳои низомӣ додашуда гузошта мешавад, ки аз ҷониби командирҳои қисмҳои низомӣ ба имзо расида бо мӯҳр тасдиқ шудаанд, ва шохисҳои он пур карда мешаванд.

219.Дар ин ҳангом дар сутуни «муносибат ба хизмати ҳарбӣ» варақаҳои бақайдгирӣ ва ё китоби хонадорӣ, аз ҷониби корманди бақайдгириро ба расмият медарорад, нишонаи «хизматчии ҳарбӣ» сабт карда мешавад.

220.Ҳангоми бақайдгирии шахсоне, ки ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидаанд, инчунин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби бозгашт аз муҳоҷират (реэмиграции) ва кӯчидан омадаанд, аз ҷониби кормандони хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ дар ҳамаи нусхаҳои варақаҳои суроғавии омад дар қисмати рости кунҷи боло ҳарфи калони «И» гузошта мешавад.

221. Бақайдгирӣ аз рӯи ҷойи зисти муваққатии шаҳрвандоне, ки барои таҳсил омадаанд, баъди дохил намудани онҳо ба муассисаҳои таълимӣ  (шакли рӯзонаи таҳсил) ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда дар давоми таҳсил ба амал бароварда мешавад. Шаҳрвандони барои таҳсил омада, ки аз ҷойи зисти қаблӣ аз қайд бароварда шудаанд, дар ҳолати зарурӣ метавонанд ҳамчун доимӣ истиқоматкунанда бақайд гирифта шаванд.

222. Бақайдгирии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба таври доимӣ дар хориҷи кишвар зиндагӣ мекунанд ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои зисти муваққатӣ ба мӯҳлати беш аз 6 моҳ омадаанд, аз рӯи ҷойи зисти муваққатӣ бе азқайдбарорӣ аз ҷойи доимии зист ба мӯҳлати зарурии мӯҳлати муваққатӣ амалӣкарда мешавад, вале на зиёда аз  5 сол. 

223. Ҳангоми бақайдгирии шаҳрванд барои зисти муваққатӣ,  мӯҳлати бақайдгирӣ нишон дода мешавад. Ҳангоми барасмиятдарории шиносномаи/IC дар сутуни «Нишонї/ Address», дар часпандаи бақайдгирӣ – дар аввали дохил намудани маълумот оиди суроға, ба таври автоматӣ шаҳр, ноҳия ворид карда мешавад. Мисол:

«ноњияи  Рўдакї то 15.02 соли 2017 кӯчаи Сомонӣ, хонаи 45 ба ќайд гирифта шуд 14.02 соли 2015»;

дар шиносномаи намунаи соли 1996, китоби хонадорӣ, варақаи бақайдгирӣ  — дар нақши мӯҳри бақайдгирӣ  – дар қисмати болоии нақши муҳр, мисол:

               ш. ДУШАНБЕ то 15.02 с. 2020 ШВКД  дар НОЊИЯИ  И. СОМОНЇ ОМВД  по  РАЙОНУ  И. СОМОНИ БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУД–ПРОПИСАН ___________________________________ ______________________хонаи________ «____» _______ с. 20___. _______________                                           имзо

Дар аризаи бақайдгирӣ — дар ҷойи сабт (қарор), дар варақаи суроғавии омад — дар тарафи рости кунҷи боло, дар варақаи ҳуҷрагӣ мӯҳлате нишон дода мешавад, ки дар бақайдгирӣ аз рӯи ҷойи зисти муваққатӣ амалӣ карда мешавад, мисол «то 01.08.с.2019».

224. Шахсони зерин аз рӯи ҷойи муваққатии будубош ба қайд гирифта мешаванд:

— шаҳрвандони ҶумҳурииТоҷикистон, ки ба мӯҳлати беш аз 3 моҳ аз як маҳал ба маҳали дигари ҶумҳурииТоҷикистон барои зисти муваққатӣ омадаанд, бақайдгирии доимии ҷойи зист дошта бошанд, ва утоқҳои зисте оянд, ки ҷойи зисти онҳо ҳисоб намеравад, дар ин сурат азқайдбарорӣ аз ҷойи зисташон ҳатмӣ нест;

— шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷои зисташонро иваз намуда, аз ҷойи зист ва ё буду боши қаблӣ аз қайд бароварда шуда бошанд ва ба манзили зисте оянд, ки ҷойи зисти онҳо ҳисоб намеёбад;

— шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки батаври доимӣ дар хориҷи кишвар зиндагӣ мекунанду ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои зисти муваққатӣ ба мӯҳлати беш аз 6 моҳ ба манзили зисте омада расанд, ки ҷойи зисти онҳо ҳисоб наёбад – ба мӯҳлати зарурӣ, вале на зиёда аз 2 сол;

— шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бе ҷойи зисти муайян –  ба мӯҳлати нигоҳдорӣ дар қабулгоҳ-таҳвилгоҳ.

225. Ҷойи омада расидан манзили зисте ба ҳисоб меравад, ки шаҳрванд муаққатан меистад ва ҷойи зисти ӯҳисоб намешавад.

226. Барои бақайдгирӣ дар ҷойи омада расидан ба хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ, вобаста ба вазъияту ҳолат, ҳуҷҷатҳои пешбини шудаи тибқи сархатњои 1, 2, 3, 5, 6, 7 ва 13 банди 185 пешбинишуда пешниҳод менамояд.

Шаҳрвандоне, ки аз ҷойи зист ва ё ҷойи омада расидани қаблӣ аз қайд бароварда шудаанд, варақаи рафтан пешниҳод мекунанд.

Ӯҳдадорони ҳарбӣ, ки аз ҷойи зист ва ё ҷойи омада расидани қаблӣ аз қайд бароварда шудаанд, ҳангоми бақайдгирӣ аз рӯи ҷойи омада расидан ба таври ҳатмӣ инчунин билети ҳарбӣ (барои даъватшудагони ба синни 16-солагӣ даромада – шаҳодатномаи бақайдгирӣ) бо нишонаи комиссариатҳои ҳарбӣ оиди ба қайди ҳарбӣ гирифтан, пешниҳод менамоянд. Дар ин ҳолатҳо пешниҳод намудани варақаи бақайдгирӣ, китоби хонадорӣ ба комиссариатҳои ҳарбӣ зарур нест.

227. Бақайдгирӣ аз рӯи ҷойи омада расидан бо роҳи барасмиятдарорӣ ва додани варақаи иловагӣ ва сабт дар китоби бақайдгирии шаҳрвандони ҶумҳурииТоҷикистон аз рӯи ҷойи будубоши муваққатии шакли 51 (минбаъд – китоби бақайдгирӣ) амалӣ карда мешавад.

Варақаи иловагӣ (вкладыши) ин варақаҳои дорои ҳисоботи қатъӣ ҳисоб меёбанд.

Варақаи иловагӣ, ҳангоми ворид шуданашон ба хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ ВКД, РВКД аз рӯи китоби воридотӣ ва масрафи баргакҳои варақаҳои иловагии шакли 28 ба ҳисоб гирифта мешаванд.

Варақаҳои иловагии истифодашуда тибқи китоби воридотӣ ва масрафи варақаҳои иловагии шакли 28 аз эътибор соқит карда мешаванд.

Барои истифода баровардани варақаҳои иловагӣ аз ҷониби анборҳои хадамотҳои шиносномавию бақайдгирии ВКД, РВКД тибқи борхати шакли 26 ҳангоми пешниҳод намудани дархост ва боваринома, ки бо тартиби муқаррарнамуда ба расмият дароварда шудаанд, амалӣ мешавад.

Санаи бақайдгирӣ ва додани варақаи иловагӣ бояд бо санае, ки дар китоби бақайдгирии варақаи иловагӣ дуруст ояд, бақайдгирии варақаи иловагӣ бояд қатъиян бо тартиби зиёдшаванда (154001, 154002, 154003….) ба роҳ монда шуда, дар сутуни 5 рақами варақаи иловагӣ навишта мешавад.  Рақам ва санаи додани он ҳамчунин дар аризаи бақайдгирӣ навишта мешавад. Шурӯъ аз 1-уми январ, рақамгузории сабт дар китоби бақайдгирӣ аз аввал аз як оғоз карда мешавад.

Варақаҳои иловагӣҳам ба шиносномаи /IC, ва ҳам ба шиносномаи намунаи соли 1996 дода мешавад.

Ба китобҳои хонадорӣ ва варақаи бақайдгирӣ маълумот оиди бақайдгирии ҷойи будубош гузаронида намешавад.

Варақаи суроғавии омад (будубош) пур карда мешавад, ки дар он дар қисмати рости кунҷи болои он ҳарфҳои калони «ВИ» навишта мешавад, ки маънои бақайдгирӣ аз рӯи ҷойи омада расидан ва додани варақаи иловагиро дорад, болотар аз он – мӯҳлате, ки шаҳрванд аз рӯи будубош ба қайд гирифта мешавад, нишон дода мешавад.

228. Варақаи иловагӣ бо ёрии воситаҳои техникии электронӣ-ҳисоббарорӣ ва ё бо даст бо ҳарфҳои чопӣ, бо ручкаи саққодори ранги  бунафш, кабуд ва ё сиёҳ,  бо низом ва бе хато пур карда мешавад. Истифодаи ручкаҳои бо чернил ва капилярӣ (гелӣ) иҷозат дода намешавад. Ихтисор ва ислоҳи сабт манъ аст.

Кӯдакони то синни 16-сола, ки ҳамроҳи волидайнашон дар ҷойи омада расиданашон зиндагонӣ мекунанд, ба варақаи иловагӣ ва варақаи суроғавии омади яке аз волидайн аз рӯи шаҳодатномаи таваллуд гузаронида мешаванд.

Насаб, ном, санаи таваллуд ба китоби бақайдгирӣ таҳти рақамгузории волидайн навишта мешаванд, ки дар варақаи иловагии он кӯдакон гузаронида мешаванд.

Агар шаҳрванд зиёда аз чор кӯдаки то 16-сола дошта бошад, маълумот дар бораи онҳо дар варақи алоҳида бо нишон додани «Илова ба варақаи иловагӣ№_________ навишта мешавад. Ҳамроҳи вай кӯдакони то 16-сола ба қайд гирифта шудаанд: __________________   ___________, _________________   ____________»            

  насаб, ном, санаи таваллуд     насаб, ном, санаи таваллуд

ва ғайра, ки аз тарафи сардори хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ имзошуда, бомуҳри расмӣ тасдиқ карда мешаванд.

229. Варақаи иловагӣ аз тарафи сардорони хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ ва ё шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд, ба имзо расида, муҳри расмӣ задамешавад.

230. Ҳангоми бақайдгириӣ аз рӯи маҳалли омада расидани шаҳрвандоне, ки аз ҷойи зисти қаблӣ аз қайд бароварда нашудаанд, ду варақаи суроғавии омад пур карда мешавад, яктои он ба бюрои суроғавӣ-маълумотдиҳии ҷойи будубош равон кардашуда, дуввумаш ба бюрои суроғавӣ-маълумотдиҳии ҷойи зисти доимӣ фиристода мешавад. Агар шаҳрванд аз ҷойи зисти қаблӣ аз қайд бароварда шуда бошад, инчунин агар бюрои суроғавӣ-маълумотдиҳии яке аз ҳудудҳои хизматрасонии  варақаи омада расидан дар як нусха пур карда мешавад. Дар ин ҳангом дар варақаи суроғавии омад, дар тарафи рости кунҷи боло ҳарфҳои калони «ВИ» навишта мешавад, ки маънои бақайдгирии ҷойи будубош ва додани варақаи иловагӣ дорад, дар болотари он – мӯҳлате нишон дода мешавад, ки шаҳрванд дар ҷойи омада расидан ба қайд гирифта мешавад.

231. Ҳангоми муроҷиати шаҳрванд аз сабаби гум кардани варақаи иловагӣ ва ё ба фарсудагӣ расонидани он, дар асоси ариза, бо фаҳмонидани сабабҳои гум кардан ва ё беэътибор гардидани варақаи иловагӣ, ба шаҳрвандон нусхаи дуюми варақаи иловагӣ додамешавад.

Дар китоби бақайдгирӣ, дар зер сабти бақайдгирии шаҳрванд дорад, ки сабти «Нусхаи дуюм дода шуд «__»____20  с. №______» гузаронида мешавад, дар варақаи иловагии додашаванда дар қисмати болои кунҷи рости он навиштаҷоти «Нусхаи дуюм» сабт мешавад. Дар ин ҳангом дар варақаи иловагӣ дар сутуни «ба мӯҳлати аз ________то_______» санаи бақайдгирӣ ва мӯҳлати амали он гузаронида шуда, дар китоби бақайдгирӣ навишта мешавад, дар поёни варақаи иловагӣ бошад санаи дода шудани нусхаи дуюми варақаи иловагӣ сабт мешавад. Дар ин ҳолат варақаи суроғавии омад тартиб дода намешавад.

232. Барои замимаҳои шаҳрванд оид ба ҷойи будубош: ҳангоми барасмиятдарории бақайдгирӣ; ба ҷои гумшуда ва ё замимаи корношоям; ҳангоми иваз намудани шиноснома; ҳангоми додани шиноснома ба ҷойи гумшуда ва ё корношоям, мутобиқи Фармони пешбининамудаи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматрасонӣ ситонида мешавад.

         Расид барои пардохти хизматрасонӣ ҳамроҳ бо расидҳо оид ба пардохти боҷи давлатӣ дӯхта мешаванд.

         Варақаҳои иловагии беэътибор (барои истифодаи минбаъда корношоям, дарёфшуда, ки бо вайрон кардани Дастурамали мазкур дода шудаанд, вайроншуда ҳангомипуркардан ва супоридашуда бо дигар сабабҳо), бо санад мутобиқи Дастурамали мазкур нобуд карда мешаванд.

         233. Бақайдгирии шаҳрвандон оид ба ҷойи будубош дар хонаҳои истиқоматӣ дар мӯҳлати муайяни вақт амалӣ карда мешаванд, вале на зиёда аз мӯҳлати дар шартномаи иҷора нишондодашуда.

         234. Мӯҳлати амали бақайдгирӣ дар ҷойи будубош ҳамчунин ҳангоми шахсан ҳозиршудан ва борозигӣ муайянкарда мешавад:

         — иҷоранишин (ба иҷорагиранда), агар хонаи истиқоматӣ; ба фонди манзилии давлатӣ (идоравӣ) ва ё дигар фонди манзилӣ тааллуқ дода бошад;

         -соҳибмулки хонаи истиқоматӣ, агар хонаи истиқоматӣ ба ҳуқуқи моликияти шахсӣ тааллуқ дошта бошад.

         235. Шаҳрвандоне, ки аз ҷойи зисти пештара аз қайд бароварда нашудаанд, дар ҷойи буду бош на зиёда аз 1 сол бақайд гирифта мешаванд, ба ғайр аз шаҳрвандоне, ки дар муассисаҳои таълимӣ таҳсил менамоянд (таҳсили рӯзона). Дарҳолати истисноӣ, ки ба сафари хизматӣ, кор, таҷрибаомӯзӣ, табобат ва ғ. алоқаманданд, шаҳрвандон дар ҷойи будубош, бе аз қайд барорӣ аз ҷойи зисти  пештара ба мӯҳлати зарурӣ, лекин  на аз 2 сол зиёд ба қайд гирифта мешаванд.

         Ба қайдгирии  шаҳрвандон дар ҷойи буду бош дар бинои истиқоматӣ, ки ҷойи зисти онҳо маҳсуб намеёбанд ба мӯҳлати на зиёда аз 2 сол, танҳо  баъди баромадан аз қайди ҷойи зисти пештара амалӣ карда мешавад.

         236. Минбаъд ҳангоми тамдид  намудани буду боши  муваққатии шаҳрвандон, ки аз ҷойи зисти пештара аз қайд бароварда мешаванд, бақайдгирӣ баҷоий будубош, баъди пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои пеш бининамудаи Дастурамали мазкур барасмият дароварда шуда,  варақаи иловагии нав дода мешавад.

          237. Шаҳрвандоне, ки бақайдгирӣ надоранд ва бақайдгирӣ ба ҷойи зист надоранд, бо тартиби муқаррарнамудаи Дастурамали мазкур ба ҷойи будубош бақайдгирифта мешаванд. Дархати 7 «Аз куҷоҳозир шуд ва кай» дар саҳифаи ҳозиршавӣ, ки ба чунин шахс тартибдода мешвад, қайди «ҷойи зист надорад» гузошта мешавад.  

238. Агар шаҳрванд дар ҷойи будубош бақайд гирифта шуда бошад, ҳангоми иваз намудани шиноснома, додани шиноснома ба ҷойи гумшуда ва дигар ҳолатҳое, ки Дастурамали мазкур пешбинӣ намудааст, шиносномаи /IC бо қайди суроға оид ба ҷойи будубош, бо нишон додани мӯҳлати бақайдгирӣ барасмият дароварда мешавад. Ҳангоми нусхаи дуюм (дубликат) варақаи иловагӣ дода шуда, дар дафтари бақайдгирӣ, дар қайдҳои аввалаи мавҷудбудаи бақайдгирӣ ба шаҳрванд, маълумотҳои нав гирифташуда ворид карда мешаванд: Варақаи иловагӣ (сутуни 5 – «Нусхаи дуюм (дубликат) дода шуд»  «___»______с.20__ №_______») ва дар шиносномаи /IC нав (сутуни 4 -«00067892, 25.03.с.2015»). Ба варақаи иловагӣ додашаванда дар кунҷи рости боло қайди «Нусхаи дуюм» (дубликат) дарҷ карда мешавад. Ҳангоми ин, дар варақаи иловагӣ маълумотҳо оид ба шиносномаи нав навишта мешаванд, дар сутуни «ба мӯҳлати аз ________ то __________» санаи бақайдгирии аввал ва мӯҳлати амал, ки дар дафтари бақайдгирӣ навишта шудаанд ва дар поёни варақаи иловагӣ санаи додани нусхаи дуюм (дубликат) дарҷ карда мешавад. Варақаи будубош пур карда шуда, ба бюрои суроғавӣ-маълумотдиҳӣ фиристода мешавад. Ҳангоми ин, дар варақаи будубош, дар кунҷи рости боло бо ҳарфҳои калон навишта мешавад «ВИ», ки маънои бақайдгирӣ оид ба ҷойи будубош ва додани варақаи иловагиро дорад, дар боло мӯҳлате, ки шаҳрванд ба ҷойи будубош бақайд гирифта мешавад, дарҷ мегардад ва дар сутуни 14–санаи бақайдгирии аввал.                   

239. Барои бақайдгирии шаҳрвандон оид ба ҷоий зист ва ба ҷойи будубош боҷи давлатӣ дар ҳаҷмӣ пешбини намудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба боҷи давлатӣ» ситонида мешавад.

Пардохти боҷи давлатӣ аз ҷониби шаҳрвандон ба воситаи бонки давлатии амонатгузории  «Амонатбонк» амалӣ карда шуда, сипас расид оид ба пардохти он дар якҷоягӣ бо дигар ҳуҷҷатҳое, ки Дастурамали мазкур пешбинӣ намудааст, то барасмиятдарории бақайдгирӣ пешниҳод карда мешавад.

Расидҳо ба аризаҳо оиди бақайдгирӣ гузошта шуда, ҳамроҳи онҳо нигоҳдорӣ карда мешаванд.

240. Асос барои озод намудани шаҳрвандон аз пардохти боҷи давлатӣ барои бақайдгирии шаҳрвандониҶумҳурииТоҷикистон оид ба ҷойизист, ҳамчунин барои бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бе шаҳрвандӣ, ки ба таври доимӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ менамоянд, бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷидавлатӣ» ба танзим дароварда мешавад. Барои тасдиқи озод намудан аз пардохти боҷи давлатӣ барои бақайдгирӣ, ҳуҷҷатҳое, ки аз ҷониби муассисаҳои дахлдор бо имзои роҳбарони ин муассисаҳо ва мӯҳр тасдиқ гардидаанд, пешниҳод мегарданд ва бо ҳамроҳии ариза оиди ба қайдгирӣ дӯхта мешаванд. 

         241. Боҷи давлатӣ ҳамчунин ҳангоми гузаронидани қайд оиди бақайдгирӣ дар ҷойи зист ва будубош дар ҳолати (агар ҷойи зист ва ҷойи буду бош тағйир наёфта бошад) ситонида намешавад:

         — тағирот дар асоси қонунӣ номҳо ва ё сатҳи нуқтаҳои аҳолинишин ва кӯчаҳо, рақамҳои биноҳо ва ё аз нав тақсим кунии онҳо (агар ҷойи зист ва ё ҷойи буду бош тағйир на ёфта бошад);

         — иваз намудани шиносномаҳо, инчунин гирифтани шиносномаҳои /IC ҳангоми гум кардан, дуздида шудан (агар ҷойи зист ва ё ҷойи буду бош тағйир наёфта бошад);

         — ба даст овардани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шахсони бешаҳрвандӣ, ки ба таври доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд ва пеш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври доимӣ ба қайд гирифта шуда;  

         — гирифтани шиносномаҳои /IC аз ҷониби хизматчиёни ҳарбие, ки аз сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод шудаанд (пеш бо шаҳодатномаи шахсӣ бақайд гирифта шудабуданд).

         242. Розигӣ барои бақайдгирӣ оид ба ҷойи зист ва ё ҷойи будубош бо роҳи гузоштани имзо дар аризаи бақайдгирӣ шахсан аз ҷониби соҳибмулк, иҷорагири (иҷорагирандаи) хонаи истиқоматӣнишондода мешавад ва ё бо розигии ӯ (нусхаи аслї), ки дар нотариус тасдиқгардидааст, тавассути намояндаи худ.

         243. Агар аз ҷониби шаҳрванд ҳангоми бақайдгирӣ суроғавии баромад пешниҳод карда шавад, ки дар он нишон дода шудааст, ки ӯ ба дигар нуқтаи аҳолинишин меравад, на ба ин ҷое, ки ӯҳозир шудааст, дар ин сурат аз шаҳрванд, ҳангоми бақайдгирӣ пешниҳоди варақаи нави суроғавии баромад бо ворид кардани тағйиротҳо талаб карда намешавад.

         Агар ҳудуди хизматрасонии нуқтаҳои аҳолинишин ба бюрои гуногуни суроғавӣ-маълумотдиҳӣ ворид шаванд, баъди барасмиятдарории бақайдгирии шаҳрванд, ба бюрои суроғавӣ-маълумотдиҳӣ ба ҷойи зисти пештара (будубош), иттилоот дар шакли ихтиёрӣ (бо замимаи нусхаи варақаи суроғавии баромад) фиристодашуда, дар он суроғаи аниқи бақайдгирии ин шаҳрванд дар ҷойи зисти нав (будубош) нишондода мешавад.    

Кормандони бюрои суроғавӣ-маълумотдиҳӣ бо гирифтани чунин иттилоотҳо тағироти дахлдорро дар варақаҳои ҳифзшавандаи суроғавии баромад бо тарзе ворид мекунанд, ки матни пештараи дар варақаи суроғавии баромад нишондодашуда, хонда шавад.

Фиристодани иттилоот дар ҳолатҳое талаб карда намешавад, ки нуқтаи аҳолинишине, ки шаҳрванд ҳозир шудааст, дар ҳудуди хизматрасонии бюрои суроғавӣ-маълумотдиҳии дар варақаи суроғавии баромад нишон дода шуда, як бошанд.

 244. Дар ҳолати аз ҷониби шаҳрванд гум кардани варақаи суроғавии баромад, бақайдгирии ӯ баъди санҷиш ва муайян намудани далели аниқи азқайдбарорӣ, бо роҳи фиристодани дархост (бо факс, бо телефон) ба хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ва ё бюрои суроғавӣ-маълумотдиҳӣ оид ба ҷойи зисти пештара ва ё будубош амалӣ карда мешавад.

245. Азқайдбарорӣ оид ба ҷойи зист ва ҷои будубош аз ҷониби хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ дар ҳолатҳои зерин амалӣ карда мешавад: 

— тағйир ёфтани ҷойи зист – дар асоси аризаи шаҳрванд ва ё пешниҳоди маъмурияти хонаҳои махсусгардонидашуда ва ё дигар сохтмон, ки ба фонди манзили зист ворид мешаванд;

— сафари шаҳрванд ба хориҷи кишвар барои зисти доимӣ;

-қатъ гардидани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳангоми пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳое, ки қатъ шудани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ менамоянд);

— дар асоси ба қувваи қонунӣ даромадани қарори суд оиди азқайдбарорӣ ва ё ҳуқуқи бекор кардани шахс аз истифодаи манзили зист;

— эътирофи беному нишон будан  – дар асоси ба қувваи қонунӣ даромадани ҳалномаи суд;

— ошкор кардани иттилооти ба ҳақиқат номутобиқ ва ё ҳуҷҷатҳое, ки барои бақайдгирӣ асос мебошанд, инчунин амалҳои ғайри қонунии шахси мансабдор ҳангоми ҳалли масъала оиди бақайдгирӣ – дар асоси ба қувваи қонунӣ даромадани ҳалномаи суд;

— марг ва ё эълони фавтидани шахс – дар асоси шаҳодатнома оид ба фавт, мутобиқи тартиби қонунгузорӣ ва ё қарори суд, ки ба қувваи қонунӣ даромадааст, барасмият дароварда шудааст. 

246. Азқайдбарорӣ аз ҷойи зист ё ҷойи иќомат дар ҳама ҳолатҳо танҳо аз рӯи ариза оиди азқайдбарорӣ, ҳангоми шахсан ҳозир шудани ариза диҳанда ва ё борозигииӯ (нусхаи аслї), ки аз ҷониби нотариус ба воситаи намояндаи худ тасдиқгардидааст, ё оид бадархости хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ бо аризаи хаттии ба он замимашуда амалӣ карда мешавад. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи сархатњои 4 – 7 банди 245 пешниҳоди ариза талаб карда намешавад.

247. Шаҳрвандон бо ба охир расидани мӯҳлати амали бақайдгирӣ дар ҷойи зисти муваққатӣ ва ё ҷойи будубош азқайд баровардашуда маҳсуб меёбанд.

248. Ҳангоми таъҷилан аз хонаи истиқоматӣ хориҷ шудан, ки ҷойи зисти ӯ нест (зимни зиндагӣ дар ҷойи будубош), шаҳрванд аз ҷои будубош бо розигии  хаттии соҳибмулк, иҷорагири (иҷорагирандаи) хонаи истиқоматӣ ва ё бо розигии ӯ (бовариномаи) дар нотариус тасдиқгардида ба воситаи намояндаи худ, дар асоси ариза оиди азқайдбарорӣ ва ё пешниҳоди маъмурияти хонаҳои махсусгардонидашуда ва ё дигар сохтор, ки ба фонди манзили зист ворид мешаванд, аз қайд бароварда мешавад.

249. Пеш азқайдбарорӣ шаҳрвандон оид ба маълумотҳои бюрои суроғавӣ-маълумотдиҳӣ, бо рӯйхати мақомоти корҳои дохилӣ ба шахсоне, ки барои содир кардани ҷиноят дар кофтуков қарор доранд, бе ному нишон будагон, аз алимент саркашӣ намудаанд, қарздорони давлатӣ ва шахсони алоқаашонро аз хешу табор канда, санҷида мешаванд. Агар ба шахсони дар қайд буда оид ба ҷойи зист ё будубош, баргакҳои назоратӣ пайдо шавад, кормандон фавран бояд ба сардорони худ гузориш диҳанд ва дар навбати худ сардорон вазифадоранд ба роҳбарияти мақомоти корҳои дохилӣ ва ё навбатдор оид ба мақомоти корҳои дохилӣ гузориш дода, сипас бо супориши онҳо амал намоянд. 

250. Аз қайд барории хизматчиёни ҳарбӣ ва даъватшудагон танҳо ҳангоми будани қайд, оиди баровардан аз қайди ҳарбӣ дар билети ҳарбӣ, шаҳодатномаҳои даъват шудагон, карточаҳои бақайдгирӣ дар китоби хонадорӣ (ҳангоми аз қайд барорӣ  аз ҷойизист) барасмият дароварда мешавад.   

251. Ҳангоми барасмиятдарории азқайдбарорӣ аз рӯи шиносномаҳо/IC, корманди хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ҳуҷҷатҳои пешниҳодшударо тафтиш намуда, гузарвожаро ворид месозад, барномаи «GetID» интихоб карда мешавад. Даромад ба низоми (махзани) ягонаи автоматикунонидашуда бо ворид намудани рамзи воридшавии хадамоти  шиносномавию бақайдгирӣ, сипас гузарвожаи шахсии корманд амалӣ карда мешавад.

Аз қайд барорӣ ба воситаи мавқеи «тағйири маълумотҳо» амалӣкарда мешавад. Мавқеи «тағйиримаълумотҳо»-ро кушода, бо тартиб майдони «мақсадимуроҷиат», «азқайдбарорӣ», «ҳуҷҷатҳоинав», «ҳуҷҷатҳое, ки асос мебошанд» кушода шуда, майдони «картаи идентификатсионӣ» интихоб карда мешавад.      

Барои ёфтани маълумотҳо ба шахси азқайд баровардашаванда дар низом, дар канори «рақами ягонаи миллӣ», «силсила ва рақами шиноснома» ва «рақами машахасси андозсупоранда» маълумотҳо оид ба рақамҳо ворид карда мешаванд, ки дар шиносномаи шаҳрванд нишон дода шудаанд, мутобиқи шиносномаи шаҳрванд  (дар майдони «силсила ва рақами шиноснома» пеш аз рақам силсилаи шиноснома нишон дода мешавад).

Силсила ва рақами шиноснома ба таври ҳатмӣ барои инъикоси минбаъдаи тарафи рост дар хати часпандаи (стикери) азқайдбарорӣ, баъди чоп кардани он ворид карда мешавад. Масалан: «Аз ќайд бароварда шуд/Unregistered 14.02.2015  А00076283». Санаи азқайдбарорӣ дар часпанда ба таври автоматикӣ дар рӯзи барасмиятдарории азқайдбарорӣ ба шаҳрванд дар система ворид мегардад.  

Аз рӯи тартиб даричаи «оғози бақайдгирӣ», мавқеи «маълумоти демографии шаҳрванд», пасон «пешниҳодҳо» ворид карда мешавад, ки дар онҳо суроға, шаҳрванд ба куҷо азқайд бароварда мешавад, дарҷ мегардад. 

Мавқеи «чоп кардани часпанда (стикер)» ворид карда шуда,варақаи бо часпандаҳо ба принтер барзахаш (стрелка) ба пеш гузошта мешавад, яке аз се кортҳои худчаспандаи истифоданашуда интихоб карда шуда:1,2 ва ё 3, ки бо нӯли мушак ба тирезаҳо «1,2 ва ё 3» зер карда мешавад. Пас аз чоп кардани часпандаи азқайдбарорӣ, ба менюи даврзананда «Тасдиқ кунед, ки принтер дуруст чоп кард?», интихоб ва параметри лозимӣ «Ҳа» ва ё «Не» зер карда мешавад.

Баъди ба охир расидан, мавқеи «FROM CANCEL ADDDRESS» зер карда шуда, аризаи шакли 1 ба шаҳрванд кушода мешавад, ки дар он ба таври автоматикӣ маълумот оиди азқайдбарорӣ ворид карда мешавад.       

Агар шаҳрванд бори аввал баъди гирифтани шиноснома азқайд бароварда шавад, дар сутуни «Нишонї/ Address»-и шиноснома часпандаи чопшудаи азқайдбарорӣ часпонида мешавад, ки аз боло бо бандаки (лентаи) махсуси шаффофи аз зарару ислоҳнамоӣ ҳимоякунанда маҳкам карда мешавад.

Агар дар шиноснома аллакай стикери ба қайдгирӣ бо ширеш часпонида шуда бошад, ӯ аз ширеш канда  шуда, стикери аз қайд барорӣ часпонда мешавад, ки аз боло бо бандаки (лентаи) махсуси шаффофи аз зарару ислоҳнамоӣ ҳимоякунанда маҳкам карда мешавад.

252. Ҳангоми барасмият  дарории аз қайд барорӣ  оид ба ҷойи зист дар шиносномаи намунаи соли 1996, дар шиноснома осори муҳри аз қайд барорӣ, бо пуркардани қайдҳои муҳим, гузошта мешавад. 

         253. Ҳангоми аз қайд барорӣ оид ба ҷойи зист, дар карточкаи бақайдгирӣ, китоби хонадорӣ осори муҳри аз қайд барорӣ, бо пуркардани қайдҳои муҳим, гузошта мешавад.

          254. Ҳангоми аз қайд барорӣ аз ҷойи иќоматдар варақаҳои иловагӣ, дар поёни Иќтибос, осори муҳри аз қайдбарорӣ дар тарафи муқобили варақаи иловагӣ гузошта мешавад. Ҳангоми ин дар  дафтари бақайдгирӣ дар сутуни 10 қайд оиди аз қайд барорӣ ва санаи ба расмият дарории он дарҷ карда мешавад, масалан: «Аз қайд бароварда шуд-28.01.с.2015».     

         255.  Ҳангоми аз қайд барорӣ оид ба ҷои зист ва ҷойи будубош, бо тартиби муқарраргардида пур карда мешавад: ду варақаи суроғавии баромад, яке аз онҳо ба бюрои суроғавию маълумотдиҳӣ фиристода шуда ва дуюмӣ, бо гузоштани дар қисми муқобили варақа осори муҳр ва пур кардани маълумотҳои муҳим, ба шаҳрванд барои пешниҳод намудан ҳангоми бақайдгирӣ дар ҷойи нави зист ва ё будубош дода мешавад; талони ҳисоботи оморӣ ба варақаи суроғавии баромад шакли 17/1 (минбаъд – талон ба варақаи суроғавии баромад) дар ҳолатҳои пешбининамудаи Дастурамали мазкур.

         256. Ҳангоми бақайдгирии шаҳрвандоне, ки ба хизмати ҳарбӣ даъват шудаанд, ба муассисаҳои таълимӣ-ҳарбӣ дохил шудаанд, барои истиқомати доимӣ ба хориҷа рафтаанд (агар дигар ҳолатҳоро созишномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ накарда бошанд), инчунин фавтидагон, варақаи суроғавии баромад дар як нусха танҳо барои фиристодан ба бюрои суроғавӣ-маълумотдиҳӣ тартиб дода мешавад.

         257. Аз  қайд барории шахсоне, ки ба хизматӣҳарбӣ даъват шудаанд, баъди ворид шудани аризаҳои онҳо оиди азқайдбарорӣ ва шиносномаҳо аз комиссариатҳои ҳарбӣ ва ё қисмҳои ҳарбӣ амалӣ карда мешавад.  Ариза оиди азқайдбарорӣ бояд бо имзо ва муҳри комиссари ҳарбӣ ва ё командирони қисми ҳарбӣ тасдиқ шуда бошанд.

         258. Азқайдбарории кӯдакони ятим ва кӯдаконе, ки аз тарбияи волидайн маҳрум шудаанд, оид ба ҷойи зист ва будубош танҳо бо розигии мақомоти дахлдор (опека) амалӣ карда мешаванд.

         259. Азқайдбарории шахсоне, ки аз озодӣ маҳкум шудаанд ва инчунин шахсони шартан аз озодӣ маҳрум бо ҷалб намудан ба меҳнати маҷбурӣ, агар онҳо таҳти назорат қарор дошта бошанд, баъди даромадани ҳукми суд ба қувваи қонунӣ, амалӣ карда мешаванд.

         260. Аз ҷониби маъмурияти  маҳкамаи тафтишотӣ (изолятор) дар ин ҳолатҳо, дар якҷоягӣ бо маълумот оид ба қувваи қонунӣ дар омадани ҳукми суд нисбати чунин шахсон, ба мақомоти корҳои дохилӣ, ки дар минтақаи хизматӣ қарор доранд, бо маълумоти шакли 20 ва шиносномаи маҳкумшудагон, инчунин аризаи онҳо оиди азқайдбарорӣ фиристода мешаванд. Аризаҳо оиди азқайдбарорӣ бояд бо имзо ва муҳри  сардори маҳкамаи тафтишотӣ тасдиқ шуда бошанд.

            Шиносномаҳои/IC ва шиносномаҳои намунаи соли 1996 мутобиқ бо тартиби муайяннамудаи Дастурамали мазкур азқайд бароварда мешаванд. Баъди азқайдбарорӣ як нусхаи варақаи суроғавии баромад ҳамроҳи шиноснома ба маҳкамаи тафтишотӣ барои ба парвандаи маҳкумшуда дӯхта шудан, фиристода мешавад ва нусхаи дуюм ба бюрои суроғавӣ-маълумотдиҳии ҷойи зисти пештара ва ё будубош ирсол карда мешавад.    

         Дар ҳолате, ки маҳкумшудагон шиноснома надошта бошанд, азқайдбарорӣ дар асоси иттилоот амалӣ карда мешавад. Ҳангоми дар иттилоот набудани баъзе маълумотҳо, ки барои тартиб додани суроғаи варақаи суроғавии баромад заруранд, ин маълумотҳо дар асоси маълумоти бюрои суроғавӣ-маълумотдиҳӣ ва ё хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ пур карда мешаванд. 

         261. Аз қайд барории фавтидагон мутобиқи Дастурамали мазкур оид ба шиносномаҳо, ки ба мақомоти корҳои дохилӣ аз мақомоти САҲШ ворид шудаанд, амалӣ карда мешавад. Ҳангомиин варақаи суроғавии баромад барасмият  дароварда шуда, бабюрои суроғавию маълумотдиҳӣ фиристода мешавад.    

Дар ҳолате, ки фавтида дар дигар мақомоти корҳои дохилӣ бақайд гирифта шуда бошад, варақаи суроғавии баромад ба Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ оид ба ҷойи бақайдгирӣ фиристода мешавад.

Агар шиносомаҳо ҳангоми бақайдгирии фавт супорида нашуда бошанд ва гирифтани онҳо имконнопазир бошад, азқайдбарории шаҳрвандони фавтида дар асоси санади (описи) аз мақомоти САҲШ воридшуда амалӣ карда мешавад. 

262. Варақаҳои суроғавии омадва баромад (мутобиқи Замимаи №4 пур карда шуда), ҳангоми барасмиятдарории бақайдгирӣ ва азқайдбарорӣ дар шаҳрҳо, ки дар онҷо Бюрои суроғавӣ-маълумотдиҳии ҷумҳуриявӣ ва ё вилоятӣ вуҷуд доранд, дар як нусха ва дар дигар ҷойҳо дар ду нусха тартиб дода шуда, яке аз онҳо ба бюрои суроғавӣ-маълумотдиҳӣ фиристода мешавад ва дуввумӣ ба картотекаи Хадамотҳои шиносномадиҳию бақайдгирии мақомоти корҳои дохилӣ ворид карда шуда, дар он ҷо барои маълумот оид ба истиқоматкунандагони нуқтаи аҳолинишини мазкур истифода бурда мешаванд.   

263. Варақаҳои суроғавии омад ва баромад ҳангоми барасмиятдарории бақайдгирӣ ва азқайдбарорӣ дар шаҳри Душанбе ва маркази вилоятҳо, ба Бюрои суроғавӣ-маълумотдиҳии минтақавӣ, на дертар аз рӯзи дигар баъди бақайдгирӣ/азқайдбарорӣ фиристода мешаванд. 

264. Нусхаҳои якуми варақаҳои суроғавии омад ва баромад ҳангоми барасмиятдарории бақайдгирӣ ва азқайдбарорӣ дар шаҳрҳо, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилоятӣ ба Бюрои суроғавӣ-маълумотдиҳӣ на кам аз як бор дар як ҳафта фиристода мешаванд.

265. Талонҳои ҳисоботи оморӣ ба варақаҳои суроғавии омад, ҳангоми бақайдгирӣ оид ба ҷойи зист ва ё ба варақаҳои суроғавии баромад, ҳангоми азқайдбарорӣ аз ҷойи зист (мутобиқи Замимаи 5 пур карда шуда), дар як нусха тартиб дода шуда ба ҳамаи шаҳрвандоне, ки аз як ҷо ба дигарҷо барои истиқомати доимӣ омадаанд, аз он ҷумла ба шаҳрвандоне, ки ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷойи нави истиқомат аз давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил омадаанд, тартиб дода шуда ва ба мақомоти омор фиристода мешаванд.  

266. Талонҳои ҳисоботи оморӣ тартиб дода намешаванд:

-ҳангоми бақайдгирӣ ва азқайдбарории шаҳрвандоне, ки ба хизмати ҳарбӣ даъват шудаанд ва аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод шудаанд; 

— ба шаҳрвандоне, ки ба муассисаҳои ҳарбӣ-таълимӣ дохил шудаанд;

— ба шахсоне, ки аз озодӣ маҳрум шудаанд ва ё шартан аз озодӣ маҳрум бо ҷалб намудан ба меҳнатӣҳатмии маҷбурӣ ва аз қайди комендатураи махсус баровардашуда;

— ба кӯдаконе, ки ба синни 16-солагӣ нарасидаанд, ки бе волидайн мустақилона ҳозир шудаанд;

-ҳангоми бақайдгирӣ ва азқайдбарории шахсоне, ки ҷойи зисташонро дар ҳудуди як ноҳияи маъмурӣ, шаҳрӣ ва шаҳрак иваз намудаанд;

— ба шаҳрвандоне, ки шиносномаи /IC оид ба расидани 16-солагӣ гирифтаанд;

— ба шаҳрвандоне, ки шиносномаҳои/IC иваз намудаанд ва ё ба ҷои гумшуда шиносномаи/IC гирифтаанд;

-ҳангоми азқайдбарории шаҳрвандони фавтида.

267. Талонҳои омори ҳисоботӣ ба варақаҳои суроғавии омад ва баромад ба мақомоти омор на кам яз як маротиба дар як моҳ фиристода мешаванд.

268. Ба шиносномаҳои намунаи соли 1996, гувоҳномаҳои иқомат, варақаҳои иловагӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо, инчунин дар кортҳои бақайдгирӣ, китоби хонадорӣ, варақаҳои суроғавии баромад, ки ба шаҳрвандон дода мешавад, осори мўҳр оиди бақайдгирӣ ва ё осори мўҳр оиди азқайдбарорӣ, ба маълумотҳои ҳатмии пур карда шуда, аз ҷониби корманде, ки бақайдгирӣ ва азқайдбарорӣ барасмият дароварда шудааст, гузошта шуда, бо имзо тасдиқ карда мешавад.  Ҳангоми ин дар осори муҳри бақайдгирӣ, ки дар корти бақайдгирӣ ва китоби хонадорӣгузошта мешавад, танҳо санаи бақайдгирӣ нишон дода мешавад ва ҳангоми пур кардани маълумоти ҳатмӣ осори муҳри азқайдбарорӣ дар корти бақайдгирӣ ва китоби хонадорӣ, ғайр аз санаи азқайдбарорӣ, суроғаи ба куҷо рафтани шаҳрванд, дар корти ҳуҷраҳо нишон дода шуда, санаи азқайдбарорӣ гузошта мешавад.   

         269. Осори мўҳр оиди бақайдгирӣ ва азқайдбарорӣ ба варақаҳои шиносномаҳои намунаи соли 1996, ки барои қайдҳо оид ба ҷойи зист пешбинӣ гардидааст, бо назардошти қатъан риоя намудани вақти гузошташуда ва сарфа намудани саҳифаҳои бо ин мақсад ҷудошуда, гузошта мешавад.   

         270. Ҳангоми гум кардани часпандаи бақайдгирӣ, часпандаи азқайдбарорӣ ва ё ба ҳолати корношоямӣ овардани онҳо, бо аризаи шаҳрванд, баъди санҷиши маълумотҳои низом, дар ҳолати зарурӣ – бо қайдҳои Бюрои суроғавӣ-маълумотдиҳӣ, барасмият даровардашуда, нав дода мешавад.

         271. Шахсони кӯҳансол, шахсони бо имкониятҳои маҳдуд, шахсони ба табобати маҷбурӣ фаро гирифта шуда ва дигар шахсоне, ки ба таври доимӣ дар хонаҳои махсус ва муассисаҳо (аз ҷойи зисти қаблӣ азқайд бароварда шудаанд) ва ё аз рӯи зарурат, оид ба ҷойи будубош дар давраи нигоҳдорӣ дар хонаҳои махсус ва муассисаҳо, оид ба ҷойи зист ва ё ҷойи будубош дар бинои истиқоматӣ бақайд гирифта мешаванд ва бо пешниҳоди маъмурияти ин хонаҳо, муассисаҳо бо тартиби муқаррарнамудаи Дастурамали мазкур азқайд бароварда мешаванд. 

         272. Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандие, ки ба таври доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат менамоянд, бақайдгирӣ дар ҷойи зисти доимӣ ва азқайдбарорӣ ҳангоми рафтан аз ҷойи зисти доимӣ бо тартиби муқарраргардида барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. Шаҳрвандони хориҷӣ (бо шаҳодатномаи зист барои шаҳрвандони хориҷӣ), шахсони бешаҳрвандӣ (бо шаҳодатнома барои зист барои шахсони бешаҳрвандӣ) бо мактуби воҳидҳои Хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ, ки шаҳодатнома барои зистро додааст, ба мӯҳлати  на зиёда аз мӯҳлати амали шаҳодатнома барои зист, ба қайд гирифта мешаванд. Шахсони бешаҳрвандие, ки синну солашон ба 45 расидааст ва шаҳодатномаи бемӯҳлат барои иқоматро доро мебошанд, ба таври доимӣ бақайд гирифта мешаванд.  

Ҳангоми азқайдбарорӣ ва ё бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, дар варақаҳои суроғавии омад ва баромад, дар кунҷи рост бо ҳарфҳои калон ҳарфи «Х» навишта мешавад.    

         Барои бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ оид ба ҷойи зист, боҷи давлатӣ дар ҳаҷми пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» ситонида мешавад.

10. Таъмини риояи Қоидаҳои додани шиносномаҳои шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон

273. Чорабиниҳои ташкилӣ ва амалӣ оид ба таъмини риояи Қоидаҳо аз ҷониби ҳамаи ҷузъутомҳои мақомоти корҳои дохилӣ, чӣ дар рафти корҳои ҳар рӯза ва чӣ  бавоситаи гузаронидани  чорабиниҳои махсус оиди санҷиши риояи Қоидаҳо аз ҷониби шаҳрвандон ва шахсони мансабдор, амалӣ карда мешавад.

274. Чорабиниҳо оид батаъмини риояи Қоидаҳо бояд мушаххас, ҳадафнок бошанд, қувва ва воситаҳои барои амалисозии амалии онҳоро ба назар гирифта, номгӯ ва ҷойгиршавии иншоотҳои санҷида шаванда, шахсони  масъул  ва мӯҳлати иҷрои онро пешбинӣ намояд. Ба чорабиниҳо дохил  мешаванд, ҳам нақшаи хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ  ва ҳам нақшаҳои кории умумии мақомоти корҳои дохилӣ.

275. Дар нақшаҳои чорабиниҳо дохил мешаванд:

— тафтиши манзили зист ва дигар ҷойҳо, ки шаҳрвандон метавонанд бе шиноснома ва ё бо шиносномаҳои  ғайриқонунӣ, ё ин ки беқайд зиндагӣ  кунанд;

— санҷиши  риояи  Қоидаҳо аз  ҷониби  соҳибони шиносномаҳо, шахсони мансабдор ва алоҳида, ки бо қабул ба кор ва таҳсил сарукор доранд, соҳиб мулкони манзили зист ва дигар шахсоне, ки дар ихтиёрашон манзили зист  ва биноҳо қарор доранд;

— омӯзиши хусусият, сабаб ва шароитҳое, ки ба вайронсозии Қоидаҳо ва қабули чораҳои амалӣ барои  баратараф  намудани он мусоидат менамояд;

— гузаронидани санҷиши  назоратии фаъолияти  нозирони минтақавии милитсия оид ба таъмини риояи Қоидаҳо дар минтақаҳои хизмат расониҳои онҳо;

— амалисозии назорат аз болои кори шахсоне, ки барои риояи Қоидаҳомасъуланд;

— бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ, аз ҷумла дар васоити ахбори омма, баргузории ҷаласаҳои дастурӣ боиштироки шахсоне, ки барои риояи Қоидаҳо масъуланд;

— тайёр намудани иттилоот дар бораи дарёфти камбудиҳо ва пешниҳодҳо оиди бартараф намудани онҳо.    

276. Роҳбарияти бевоситаи корӣ оид ба таъмин намудани риояи Қоидаҳо аз ҷониби сардорони мақомоти корҳои дохилӣ амалӣ мегардад, ки барои ҳам  бастагии инкорро байни хадамот  ва ҷузъутомҳои мақомоти корҳои дохилӣ, ин  чунин  мақомоти амнияти давлатӣ, прокуратура, муассисаҳои давлатии омор, комиссариатҳои ҳарбӣ, дар минтақаи назди сарҳадӣ бошад, бо сохтор ва қисмҳои қӯшунҳои сарҳадӣ ташкил менамояд.  

277. Кори оид ба таъмини риояи Қоидаҳоро  сардорони хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ амалӣ менамоянд. Бо ин мақсад онҳо вазъу ҳолати корро таҳлил менамоянд, нақша-чорабиниҳо тартиб медиҳанд, маълумот омода  менамоянд, барои бар тараф намудани сабаб ва шароитҳои ба вайрон созии Қоидаҳо мусоидат созанда пешниҳод ҳоро мекунанд, аз болои иҷроиши кори нозирони минтақавии милитсия дар самти кори шиносномавию бақайдгирии минтақаи хизматрасониашон назорат мебаранд, бо амри роҳбарияти мақомоти корҳои дохилӣ боҳайати шахсӣ, кормандони ғайри штатии милитсия ва шахсони масъул барои риояи Қоидаҳо корҳои дастурдиҳӣ ва ҷаласаҳо гузаронида, дарбайни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.

278. Кормандони тамоми хадамот ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ барои мустаҳкам намудани реҷаи шиносномавию бақайдгирӣ бо истифода аз имкониятҳои оперативӣ ва дигар чорабиниҳо мусоидат намуда, оиди муайян созии шахсоне, ки бе шиноснома, бо шиносномаҳои ғайриқонунӣ, бе қайд зиндагӣ мекунанд ба хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ хабар медиҳанд. Кормандони хадамотҳои  шиносномавию бақайдгирӣ нисбати шахсони ба  қоидавайрон кунӣ роҳдода, ки дар рафти санҷиши реҷаи шиносномавию бақайдгирӣ ошкор гардидаанд, ба хадамотҳои дахлдор хабар медиҳанд.

279. Ҷавобгарӣ аз болои рафти реҷаи шиносномавию бақайдгирӣ дарминтақаи таҳти хизматрасонӣ қарор дошта ба зиммаи нозирони минтақавии милитсия, ки онро  бо истифода аз кӯмаки гурӯҳҳои ҷамъиятӣ таъмин менамоянд, вогузор гар  дидааст.

  • Нозирони минтақавӣ ӯҳдадоранд:

— тартиби додан ва иваз намудани шиносномаҳо, бақайдгирӣ ва аз қайдбарорӣ, инчунин қонунгузорӣ дар бораи ҷавобгарии шаҳрвандон, шахсони мансабдор ва  алоҳида барои вайрон  намудани Қоидаҳоро донанд ва дар байни аҳолӣ фаҳмонанд;

— санҷиши риояи  Қоидаҳоро аз ҷониби шаҳрвандон, шахсони  мансабдор  ва алоҳида амалӣ намоянд;

— нисбати шахсоне, ки талаботи Қоидаҳоро вайрон намудаанд, протокол тартиб диҳанд;

— бартарафсозии камбудиҳои дарёфт шударо назорат баранд;

— дар бораи корҳои анҷомдода оиди таъмини риояи реҷаи шиносномавӣ аз рӯи шакли 23 маълумотнома тартиб диҳанд.

281.Маълумот дар бораи корҳои анҷом дода оиди таъмини риояи реҷаи шиносномавию бақайдгирӣ (аз рӯи шакли 23) аз ҷониби нозирони минтақавии милитсия накамтар аз  як маротиба дар як моҳ бароҳбарияти мақомоти корҳои дохилӣ гузориш дода мешавад, ки минбаъд дар хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ ҷамъ карда мешаванд.

282.Ба манзили зист барои санҷиши риояи  Қоидаҳо  даромадан аз соати 6.00 то 22.00, дар сурати ахбороти аниқ дар бораи вайрон  гардидани Қоидаҳои ҷозат дода мешавад. Санҷиши пайдарҳами риояи Қоидаҳо аз ҷониби шаҳрвандон, танҳо дар ҳолатҳои вазъияти фавқулодаи бамиёномада ва бо иҷозати роҳбарияти ВКД, РВКД  вилоятҳо ва шаҳри Душанбе гузаронида мешавад.

283. Вайронкунандагони қоидаҳо, ки аз дигар маҳалҳо омада бешиноснома ва ё бе қайд зиндагӣ мекунанд, ба воситаи бюрои суроғавӣ-маълумотдиҳӣ бо телефон санҷида мешаванд. Ҳамзамон, нисбати шахсоне, ки рафторашон шубҳанок аст, ба хадамотҳои оперативии мақомоти корҳои дохилӣ хабардода мешавад.

284.Санҷиши риояи Қоидаҳо ҳангоми қабули шаҳрвандон дар  ҷойи кор ба воситаи санҷиши ҳуҷҷатҳои дар қайд будаи дастгоҳҳои кадрӣ ва ё шахсоне, ки барои қабул ба кор, таҳсил, маълумот дар бораи шиносномаҳо ва бақайд гирӣ масъуланд, амалӣ мегардад. Дарҳолатҳои зарурӣ барои аз назаргузаронӣ, шиносномаҳои кормандон ва донишҷӯён талаб карда мешавад.

285.Аз натиҷаи санҷиш дар ду  нусха санад тартиб дода  мешавад, ки аз  тарафи кор  мандони санҷиш гузаронда  ва  роҳбарияти корхона, муассиса, ташкилот, сохторҳои тиҷоратӣ  ва ё  муассисаҳои таълимӣ, ба имзо расонида  мешаванд ва  як нусхаи он  таҳти дастхат ба маъмурияти иншооти таҳти санҷиш қарордодашуда супоридашуда, нусхаи дуюмаш дар хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ нигоҳ дошта мешавад. Дар санадҳо камбудиҳои ҳангоми санҷиш  ошкор шуда, инчунин пешниҳодҳо дар  бораи тартиб ва мӯҳлати бартараф намудани  онҳо нишон дода  мешавад.

286.Ҳамзамон, вобаста ба  хусусият ва дараҷаи содир  намудани қоида вайрон кунии маъмурӣ, вобаста ба хусусият ва дараљаи њуќуќвайронкунии маъмурии содиршуда, оѓози парвандаи њуќуќвайронкунии маъмурї иљро карда мешавад. Парвандаи  њуќуќвайронкунии маъмурї аз лањзаи  ќабули таъинот ё ќарор дар бораи оѓоз кардани парвандаи  њуќуќвайронкунии  маъмурї оѓозгардида њисоб мешавад (моддаи 81,82  Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон – минбаъд  КМЊМ). Нисбати шахсони инфиродӣ, мансабдор ва ё ҳуқуқӣ, протоколи ҳуқуқвайрон куниҳои маъмурӣ (минбаъд -протокол) тартибдодамешавад, ки ба сардорони хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ ва ё сардорони мақомоти корҳои дохилӣ гузориш дода мешавад.

287. Протоколҳо аз ҷониби кормандони хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ ва нозирони минтақавии милитсия тартиб дода мешаванд. Дигар кормандони мақомоти корҳоидохилӣ танҳо бо супориши сардорони мақомоти корҳои дохилӣ ва ё муовинони онҳо метавонанд протокол тартиб диҳанд.

288. Протокол фавран пас аз ошкор гардидани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва мутобиқи талаботи КМҲМ тартиб  дода  мешавад. Дарсурате, ки зарурати иловатан фаҳмонидани ҳолати парванда, ва ё маълумот дар бораи шахсони инфиродӣ, мансабдор ва ё  ҳуқуқӣ, ки нисбаташон парванда оиди ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба  миёнояд, протокол дар муддати на зиёда аз 3 рӯз  баъди  ошкор гардидани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (моддаҳои 80, 84 КМҲМ) тартиб дода мешавад.

289. Протоколи бо фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода шуда, мутобиқи талаботи КМҲМ (моддаҳои 78,79) тартиб дода мешавад.

290. Ҳангоми тартиб додани протокол ба шахси инфиродӣ, мансабдор  ва намояндаи шахси ҳуқуқӣ, инчунин дигар иштирокчиён (агар чунин бошад), ки нисбаташон парванда оиди ҳуқуқвайрон кунии маъмурӣ оғоз карда шудааст, дида баромадани парванда, ҳуқуқ ва ӯҳдадории онҳо, тибқи КМҲМ пешбинишуда, фаҳмонидашуда, дар протокол сабт карда мешавад. Шахсони зикргардида ҳуқуқ доранд баёнот пешниҳод намоянд ва фикрихудро оиди мундариҷаи протокол изҳорнамоянд, ки онҳо ба протокол замима мегарданд (моддаҳои 26, 79 КМҲМ).

291. Протокол аз ҷониби шахсони мансабдор, ки онро тартиб додаанд, инчунин шахсони инфиродӣ, мансабдор ва ё намояндаи шахси ҳуқуқӣ, ки нисбаташон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз гардидааст, инчунин дигар иштирокчиён (агар чунин  бошанд) ба имзорасонида мешавад. Дар сурати аз имзои  протокол саркашӣ  намудани шахсони зикргардида, дарбораи он аз тарафи шахси мансабдоре, ки протоколро барои шиносоӣ пешбарӣ намудааст, дар он сабти дахлдор кардамешавад (моддаи 79 КМҲМ).

292. Ба шахсони инфиродӣ, мансабдор ва ё намояндаи шахси ҳуқуқӣ, ки нисбаташон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз гардидааст, бо дастхат нусхаи протокол супорида мешавад.

293. Дар сурате, ки протокол аз ҷониби нозирони минтақавии милитсия (ва ё кормандони дигар, мутобиқи банди 287-и Дастурамал) тартиб дода шавад, дар муддати на зиёда аз 3 шабонарӯз, протокол ва дигар маводҳои замимашаванда ба сардорони мақомоти корҳои дохилӣ, сардорони хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ, ки ҳуқуқи дида баромадани парвандаҳои ҳуқуқвайронкуниҳои маъмуриро доранд (моддаи 80 КМҲМ) равонкарда мешаванд.

294.Протоколҳодар дафтари махсуси шакли 25 бақайдгирифта мешаванд.

295.Парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар макони содиршавии ҳодисадида баромада мешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар  КМҲМ пешбинӣ шудааст (моддаи 135).

296. Дида баромадани парвандаҳо дар бораи қоида  вайронкуниҳои маъмурӣ ва таъин намудани ҷазои маъмуриро аз номи мақомоти корҳои дохилӣ, ҳуқуқдоранд: сардор ва  муовини сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ, сардорони хадамотҳои шиносномавию бақайдгирии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва сардорони хадамотҳои шиносномавию бақайдгирии шӯъбачаҳои шаҳру ноҳияҳо–нисбати қоидавайронкуниҳои  маъмурӣ, китибқи Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  бораи ҳуқуқ вайронкуниҳои маъмурӣ (минбаъд КҲМ) пешбинишуда, бомоддаҳои: 469- Истиқомат бешиноснома ва ё ба қайд; 493- Гумкардани шиноснома ва ё вайрон намуданион; 494- Иҷозат додан бешиноснома ва бе бақайдгирӣ; 495- Қабулнамудан ба кор бешиноснома ва ё  беқайд; 496- Мусодираи ғайриқонунии шиноснома ва ё гирифтани он ба сифати гарав.

Сардорони шӯъбаҳои (шӯъбача) минтақавии мақомоти корҳоидохилӣ муҷозоти маъмуриро аз номи мақомоти корҳои дохилӣ дар бораи ҳуқуқ вайронкуниҳои маъмурӣ, тибқимоддаи 469 КҲМ (моддаи 98-иКМҲМ) пешбинишуда, дидабаромада, таъинменамоянд.

297. Парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар муддаи 20 рӯз, аз вақти гирифтани шахси мансабдори ваколатдоре, ки ҳуқуқи дида баромадани парванда, протокол ва дигар маводҳои парвандаро дорад, бо тартиби муқаррарнамудаи КМҲМ (моддаҳои 136, 137) дида баромада мешавад. Оид ба баррасии парвандаи њуќуќвайронкунии маъмурї протокол тартиб дода мешавад (моддаи 138 КМЊМ)

298. Аз рӯи натиҷаи дида  баромадани парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ қарори зерин баровардан мумкин аст:

— дар бораи таъини муҷозоти маъмурӣ;

— оиди қатъ намудани истеҳсолот нисбати парвандаи ҳуқуқвайронкунии  маъмурӣ, дарҳолатҳое, ки дар КМҲМ (моддаи 140) пешбинӣ шудааст.

299. Қарор дар бораи парвандаи ҳуқуқ вайронкунии маъмурӣ (минбаъд — қарор) аз ҷониби шахси мансаб доре, ки қарор ро баровардааст, имзо мегардад.

300. Дар сурати ҷаримаи маъмурӣ андохтан, дар қарор бояд андозаи ҷарима нишон дода шуда, маълумот дар бораи ҷаримагиранда овардашавад.

301.Қарор фавран баъди ба итмом расидани парванда эълон карда мешавад. Нусхаи қарор таҳти дастхат ба шахси инфиродӣ ва ё намояндаи шахси ҳуқуқӣ, ки нисбаташ қарор баровар дашудааст, супорида мешавад (моддаи 142 КМҲМ).

302.Аз ҷониби шахсоне, ки дар моддаҳои 26-30 ва 36-и КМҲМ пешбинӣ шудаанд, аз болои қароре, ки ба қувваи қонунӣ надаромада бошад, ба мақомоти болоии мақомоти корҳои дохилӣ (шахсони мансаб дориболоӣ) ва ё суди ноҳиявӣ (шаҳрӣ) метавонанд шикоят ва ё эътироз пешниҳод карда шавад. Дарсурате, кишикоят нисбати қарор ҳам ба  суд ва ҳам  бамақомоти болоии корҳои дохилӣ (ва ё шахсони мансабдори болоӣ) дохилшудабошад, шикоятро суд баррасӣ менамояд (моддаи 148 КМҲМ).

303.Шикоят ва норозигӣ нисбати қарор ба шахсони мансабдоре, ки қарор баровардаанд, ӯҳдадоранд дар мӯҳлати  сешабонарӯз  қарорро ботамоми маводҳо  ба мақомоти болоии корҳои  дохилӣ ва ё суди ноҳиявӣ (шаҳрӣ) равон намояд. Шикоят ва норозигӣ нисбати қарор, метавонад барои баррасӣ бевосита ба  мақомоти болоии корҳои  дохилӣ (ва ё шахси мансабдори болоӣ), ва ё суди ноҳиявӣ (шаҳрӣ) додашавад (моддаи 149 КМҲМ).

304.Шикоят ва норозигӣ метавонад дар муддати даҳ шабонарӯз баъди супорида шудан ва ё қабул намудани нусхаи қарор (моддаи 150 КМҲМ) дода шавад. Шикоят бурдан ва норозигӣ додан иҷрои қарор ро манъ мекунад.

305.Қарор баъди ба охир  расидани мӯҳлати шикоят барӣ ва ё эътироз  баён намудан ба қувваи қонунӣ медарояд, агар аз болои вай шикоят ва ё эътироз бурда нашавад. Дар сурати эътироз бурдан, шикоят ва ё пешниҳодот  бақарор, қарор баъди ба  охиррасидани баррасии парванда азҷониби шахсони мансабдори болоӣ ва ё суд ва қабули қарор: дар бораи бетағйир монондан, оиди тағйирот, дар бораи бекор кардан ва  ё қатъ намудани истеҳсолоти парванда, дар муддати сешабонарӯз баъди баровардани он, ба ҳукми қонунӣ медарояд, нусхаи қарор ба шахси инфиродӣ ва ё намояндаи шахси  ҳуқуқӣ, ки нисбаташон  қарор бароварда шудааст, супорида шуда ва ё равон карда мешавад.

306.Қарор аз вақти ба ҳукми қонунӣ  даромадан таҳти иҷро қарор  мегирад.

307.Ҷаримаи маъмурӣ аз ҷониби  шахси инфиродӣ, мансабдор ва ё ҳуқуқӣ, ки  ба  ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд, дар муддати на зиёда аз сї шабонарӯз баъди ба ҳукми қонунӣ даромадани қарор дар бораи ҷаримаи маъмурӣ бастан аз вақти ба охир расидани мӯҳлати тамдид ва ё ба таъхиргузорӣ, пардохт  кардамешавад. Маблағи ҷаримаи маъмурӣ ба буҷаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 229 КМҲМ) пардохт ва ё гузаронида мешавад. Расид оид ба пардохти ҷаримаи маъмурӣ ба хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ пешиҳод карда мешавад.

308.Парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз протокол, қарор, расид дар бораи пардохти ҷаримаи маъмурӣ ва дигар маводҳои замима шаванда иборатаст.

11. Баъзе масъалаҳои ташкили фаъолияти хизматии хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ

309. Фаъолияти хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ дар асоси нақшавӣ ва бо тартиби муқаррар намудаи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии дахлдори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бароҳ монда мешавад. Андешидани чораҳо оид ба баланд бардоштани фаъолияти манфиатбахши Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ роҳандозӣ мегарданд.

310. Дар ҳолати набудани сардорони хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ шакли 1, варақаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳо аз ҷониби шахсони мансабдоре, ки вазифаҳои онҳоро иҷро менамоянд ва дар ҳолати набудани онҳо сардорони мақомоти корҳои дохилӣ ва муовинони онҳо, ба имзо мерасанд.

311.Барои ҳалли вазифаҳое, ки ба додани шиноснома ба шаҳрвандон алоқамандаст, ташкили кори он аз инҳо иборат мебошад:

— ба нақшагирии фаъолияти хизматӣ ва муайян намудани идомаи ҳалли масъалаҳо;

— бурдани назорат аз болои амалисозии нақшаҳо;

— омода намудани шарҳ ва амалисозии методӣ, гирдовардан ва тарғиби таҷрибаи мусбии кор;

— амалисозии назорати амалӣ  аз болои фаъолияти кормандони зертобеъ;

— ошкор намудани камбудиҳо ва бартараф намудани сабаб ва шароитҳои ба миёномадани онҳо;

— бақайдгирии кори анҷомдодашуда. Ба бақайдгирӣ маълумотҳое, ки ҳисоботи оморӣ пешбинӣ намудааст, ворид мешаванд.

  • Ҳисоботдиҳӣ оид ба корҳои анҷомдодашуда ва натиҷаҳоион.

Дар ҳисоботҳо оид ба корҳои анҷомдодашуда ва натиҷаҳои он маълумотҳои оморӣ, инчунин дигар нишондодаҳо, ки хусусияти натиҷаҳои фаъолияти хизматии хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ дар додани шиносномаҳо ба шаҳрвандонро дар худ доранд, инъикос мегардад. Ба ғайр аз маълумотҳои рақамӣ, ки далелҳои хоси самтҳои алоҳидаи корро мушаххас дар бар мегирад, инчунин оиди беҳтар намудани фаъолият пешниҳодҳо ироа мегарданд.  

313. Аз натиҷаи кори хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ҳармоҳа тартиб медиҳанд: Ҳисобот оид ба натиҷаҳои фаъолияти хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ (якмоҳа ва давраи ҳисоботӣ, бо натиҷаҳои зиёдшаванда) бо шакли 29 ва Маълумотнома оид ба корҳои анҷомдодашудаи хадамоти шиносномавию бақайдгири (якмоҳа ва давраи ҳисоботӣ, бо натиҷаҳои зиёдшаванда) бо шакли 30, ки аз ҷониби сардорони хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ва ё муовинони онҳо тасдиқ гардида, ба Хадамоти шинономавию бақайдгирии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳармоҳа то рӯзи 25 ҳар моҳ, барои ҷамъбаст фиристода мешаванд. Ҳамин тариқ хадамоти шиносномавию бақайдгирии тобеъи вилоят ва минтақа ва ноҳияи Рашт ҳисоботҳоро ба РВКД оид ба тобеият барои ҷамъбаст ва фиристодан ба ба Хадамоти шинономавию бақайдгирии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол менамоянд.

Ҳангоми тартиб додани ҳисоботҳо бо шакли 29 (дар банди 2) ва бо шакли 30 (дар банди 1, Боби 6), дар ҳолати гирифтани шиносномаҳои /IC мутобиқи якчанд асос, ҳамзамон, мисол: гум кардани шиноснома ва тағйир додани насаб, ном, номи падар, иваз намудани шиноснома дар робита бо гузаштани мӯҳлати амали шиносномаи пештара ва тағийр додани насаб, ном, номи падар, мутобиқи анъанаҳои  миллӣ ва дар дигар ҳолатҳо, ба назар гирифта мешаванд ва иттилоот оид ба додани шиносномаи /IC, танҳо дар як зербанд ворид карда мешавад.

314. Натиҷаи фаъолияти хизматии хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ҳар семоҳа дар ҷаласаҳои оперативӣ дар назди сардори Хадамоти шинономавию бақайдгирии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ мегардад.

315.Гузаронидани санҷишҳо аз болои фаъолияти хадамоти шиносномавию бақайдгирии мақомоти корҳои дохилии шаҳру ноҳияҳо бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрию ҳуқуқии Вазорати корҳои дохилии ҶумҳурииТоҷикистон амалӣ мегардад.