12 Октябрь, 2024

ҚҲҶТ №389 дар бораи низомномаи шаҳодатномаи гуреза

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 26 сентябри соли 2016, № 389

тасдиқ шудааст

Низомномаи шаҳодатномаи гуреза

1. Муқаррароти умумӣ

1. Низомномаи шаҳодатномаи гуреза (минбаъд — Низомнома) санади меъёрии ҳуқуқиест, ки тартиби додан, иваз намудан, супоридан, тамдид додан, нобуд сохтан, инчунин ҳуқуқу уҳдадориҳо ва дигар масъалаҳоеро, ки ба гирифтан ва истифодаи шаҳодатномаи гуреза вобаста аст, ба танзим дароварда, намунаи онро муқаррар менамояд.

2. Шаҳодатномаи гуреза (минбаъд — шаҳодатнома) ҳуҷҷати намунааш муқарраргардидаест, ки бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсияти шахсони дар Ҷумҳурии Тоҷикистон паноҳҷўяндаи минбаъд гуреза донисташударо тасдиқ менамояд (замима мегардад).

3. Асоси ҳуқуқии Низомномаи мазкурро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо«, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, ташкил медиҳад.

2. Тартиби додани шаҳодатномаи гуреза

4. Ба шахсони гуреза донисташуда додани шаҳодатнома дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

5. Шаҳодатнома ба шаҳрванди хориҷӣ ва ё шахси бешаҳрванде, ки гуреза дониста шуда, синнаш ба 18 расидааст, дода мешавад.

6. Маълумот дар бораи аъзои оилаи шаҳрванди хориҷӣ ва ё бешаҳрванди гуреза донисташуда, ки синнаш ба 18-солагӣ нарасидааст, дар шаҳодатномаи яке аз волидайн ва дар сурати набудани падару модар ба шаҳодатномаи намояндаи қонунии онҳо ё дар шаҳодатномаи яке аз аъзои оилаи онҳо, ки ба синни 18-солагӣ расидааст ва ихтиёран масъулияти ахлоқу тарбия ва нигоҳубини аъзои оилаи синнашон ба 18 нарасидаро ба зиммаи худ гирифтааст, сабт карда мешавад.

7. Шаҳодатнома дар муҳлати на зиёда аз 10 рўзи корӣ, аз рўзи қабули қарор оид ба эътирофи шахс ҳамчун гуреза ба расмият дароварда мешавад.

8. Ҳангоми гузаронидани суҳбат бо шахси дархосткунанда пурсишнома (анкета) хонапурӣ шуда, ба он нусхаҳои ҳуҷҷатҳои шахси дархосткунанда замима карда мешавад.

9. Суҳбат бо шахси дархосткунанда бояд дар дохили биное, ки ҳифзи маълумоти махфиро таъмин карда метавонад, гузаронида шавад.

10. Агар шахси дархосткунанда хоҳиши истифода намудани хизмати тарҷумонро дошта бошад, дар ин сурат суҳбат бо иштироки тарҷумон гузаронида мешавад.

11. Шаҳодатномаи гуреза бар ивази шаҳодатномаи муваққатии паноҳҷўянда дода мешавад.

3. Маълумоте, ки дар шаҳодатномаи гуреза қайд карда мешаванд

12. Дар шаҳодатнома чунин маълумотҳои шахсе, ки барои гуреза донистан дархост намудааст, дарҷ карда мешаванд:

— насаб, ном ва номи падар;

— соли таваллуд;

— маҳалли таваллуд;

— шаҳрвандӣ;

— аъзои оила;

— қарори қабулнамудаи Комиссия;

— санаи қайди додани шаҳодатнома;

— муҳлати амали шаҳодатнома;

— рақами шаҳодатнома;

— рақами тартибӣ;

— имзои роҳбар;

— муҳр.

13. Дар шаҳодатнома расми рангаи соҳиби шаҳодатнома бо андозаи 3×4 см бе каллапўш часпонида мешавад.

4. Муҳлати амали шаҳодатномаи гуреза, тартиби тамдид, иваз, супоридан, беэтиборӣ ва нобудсозии он

14. Барои супоридан (инчунин такроран дода шудан) ва иваз намудани шаҳодатномаи гуреза дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» боҷи давлатӣ бо тартиби муқарраргардида рўёнида мешавад.

15. Шаҳодатномаи гуреза ба муддати се сол дода мешавад. Бо мақсади аз назорат дур нашудани гурезаҳо, онҳо бояд дар муҳлатҳои муқаррарнамудаи Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ ҳар шаш моҳ аз нав аз қайд гузаранд. Муҳлати шаҳодатномаи гуреза мувофиқи тамдиди муҳлати ҳамчун гуреза эътироф шудани шахси хориҷӣ ва ё шахси бешаҳрванд дароз карда мешавад.

16. Шаҳодатнома дар ҳолатҳои зерин иваз карда мешавад:

— таљйир ёфтани насаб, ном ва номи падари гуреза дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи он;

— муқаррар гардидани носаҳеҳиҳо ва љалат будани сабтҳои дар шаҳодатнома воридгардида;

— љайриқобил будан барои истифодабарӣ;

— набудани имконияти минбаъд ворид намудани сабтҳои зарурӣ бинобар набудани ҷойҳои холӣ дар саҳифаҳои дахлдори шаҳодатнома.

17. Қарори иваз кардан ё додани шаҳодатномаи такрорӣ аз тарафи Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси аризаи гуреза қабул карда мешавад.

18. Шаҳодатнома ба Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зерин супорида мешавад:

— мақоми ҳуқуқии гурезаро аз даст додани шахси хориҷӣ ва ё шахси бешаҳрванд ё аз он маҳрум гардидани ў;

— фавти соҳиби шаҳодатнома.

19. Шаҳодатномае, ки ба шўъбаҳои Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ супорида шудааст, ба Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода мешавад.

20. Шаҳодатномаҳое, ки ба Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида ё фиристода шудаанд, беэътибор дониста мешаванд.

21. Шаҳодатномаҳое, ки беэътибор дониста шудаанд, аз ҷониби Хадамоти шиносномавию бақайдтирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нобуд карда мешаванд.

5. Талабот ва ҷавобгарӣ нисбати нигоҳдории шаҳодатномаи гуреза

22. Гуреза уҳдадор аст шаҳодатномаро бо эҳтиёт нигоҳ дорад. Аз гум шудани шаҳодатнома ў бояд фавран ба шуъбаи Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ дар маҳалли қайд ё ҷойи истиқомати доимиаш хабар диҳад.

23. Барои ба шахси дигар додани шаҳодатнома, тайёр кардани шаҳодатномаи қалбакӣ ва истифодаи он гуреза мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

Таснифоти бланки шаҳодатномаи гуреза

1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи ягонаи бланки шаҳодатномаи гуреза (минбаъд — шаҳодатнома) тайёр карда шуда, дар он ҳамаи маълумот бо забони давлатӣ қайд карда мешавад.

2. Бланки шаҳодатномаи гуреза бо тарзи типографӣ тайёр карда шуда, варақҳои шаҳодатнома дорои андозаи 90х127мм ва аз 12 саҳифаи рақамгузоришуда (бемуқова) иборат мебошад, ки ба тамоми дарозӣ дӯхта шудаанд.

3. Варақаҳои бланки шаҳодатнома дар коғази офсетии махсус бо аломатҳои оби чоп карда мешаванд.

4. Дар мобайни қисми поёнии ҳар як варақ аз саҳифаи 1 сар карда, силсила ва рақами шаҳодатнома дарҷ карда шудааст, ки он аз ҳарф ва рақами ҳафтадада иборат аст.

5. Муқоваи ҳуруфии бланки шаҳодатнома аз маҳсулоти фарсудашавандаи ранги сурхи ҷигарӣ тайёр карда мешавад. Дар мобайни қисми болои тарафи рости муқова Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир шуда, дар мобайни қисми поён дар ду сатр калимаҳои: «ШАҲОДАТНОМАИ ГУРЕЗА» сабт гардидаанд. Сабти ишорашуда ва Нишон бо ранги тиллоранг омода шудаанд.

6. Дар мобайни қисмати болои саҳифаи 1 шаҳодатнома бо ҳуруфи нимтираи сиёҳ дар як сатр калимаҳои: «‘Ҷумҳурии Тоҷикистон», дар қисми марказӣ тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Точикистон, дар мобайни қисмати поён бо ҳуруфи сиёҳ дар ду сатр калимаҳои «ШАҲОДАТНОМАИ ГУРЕЗА» сабт шудаанд.

7. Дар қисмати болоии саҳифаи 2 сатр ба сатр маълумоти ҳатми дарҷ шудаанд: «Насаб», «Ном», «Номи падар», «Миллат», «соли таваллуд», «Маҳалли таваллуд» ва «Дар асоси қарори №«.Дар кунҷи чапи қисми поёнӣ ҷой барои расми андозааш 3×4 мм пешбинӣ гардидааст. Аз тарафи рости ҷойи расм сатр ба сатр маълумоти ҳатмӣ дарҷ шудаанд: «Давраи эътибор то», «Рақами тартибӣ», «Санаи сабт», «Роҳбар» ва поёнтари он ҷой барои муҳр пешбинӣ шудааст.

8. Дар саҳифаи 3 бланки шаҳодатнома бо забонҳои тоҷикӣ, англисӣ ва русӣ навиштаҷоти зерин дарҷ гардидааст:

«Дорандаи шаҳодатнома бо аъзои оилааш мутобиқи қонунгузорӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти ҳимояи давлат мебошад.

In accordance with Tajik law, the Holder of this certificate and his family are under the protection of the State throughout the territory of the Republic of Tajikistan.

Владелец удостоверения и члены его семьи в соответствии с законодательством на территории Республики Таджикистан находятся под защитой государства.

9. Дар қисми болоии мобайни саҳифаи 4 дар як сатр калимаҳои «Аъзои оила» сабт шудаанд. Поёнтари он дар чор сутун маълумоти ҳатмӣ дарҷ гардидаанд: «Р/т» — Рақами тартибӣ, «Номи пурра», «Соли таваллуд»
ва «Дараҷаи хешовандӣ».

10. Дар саҳифаи 5 бланки шаҳодатнома сабти давраҳои бақайдгирӣ дар мақомоте, ки вазъи ҳуқуқии гурезаҳоро муайян ва муҳлати эътибори онро муқаррар мекунад, пешбинӣ гардадааст.

11. Дар саҳифаҳои 6 ва 7 қайдҳои махсуси мақомоти маҳаллии Хадамоти давлатии муҳоҷират пешбинӣ шудаанд.

12. Дар саҳифаҳои 8 ва 9 қайдҳои махсуси шуъбаи раводид ва бақайдгирӣ пешбинӣ гардидаанд.

13. Дар саҳифаҳои 10, 11 ва 12 бланки шаҳодатномаи гуреза қайди тавзеҳот ва тағйирот пешбинӣ шудааст.