Имтиёз ва нархнома

НАРХНОМАИ
хизматрасониҳои Хадамотҳои шиносномавию бақайдгирии
ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Хироҷ барои додани шиноснома бо пардохти маблағ бо асъори миллӣ бо қурби муайяннамудаи Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзи супоридани маблағ амалӣ карда мешавад)

Намудҳои хизматрасониҳои воҳидҳои Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД ҶумҳурииТоҷикистон Хироҷ барои додани шиноснома  Боҷи давлатӣ Хизматра-сонии ХШБ  ВКД ҶТ
Барои додани шиносномаи уму-мишаҳрвандии хориҷии элект-ронӣ (биометрӣ) ба шаҳрвандон оддӣ (15 рӯзи корӣ) 75 $ ИМА 82,5 сомонӣ 40 сомонӣ
Таъҷилӣ(7 рӯзи корӣ) 150 $ ИМА 82,5 сомонӣ 40 сомонӣ
фаврй (3 рӯзи корӣ) 225 $ ИМА 82,5 сомонӣ 40 сомонӣ
Барои додани шиносномаи хориҷии электронӣ (биометрӣ) ба шахсони аз 16-сола хурд оддӣ (15 рӯзи корӣ) 25 $ ИМА 40 сомонӣ
таъчилӣ(7рӯзи корӣ) 50 $ ИМА 40 сомонӣ
фаврӣ (3 рӯзи корӣ) 75 $ ИМА 40 сомонӣ
Барои додани шиносномаи шаҳрвандӣ (дохилӣ) 10 $ ИМА
Барои бақайдгирӣ ва дарозкунии муҳлати қайди шаҳрвандони хориҷӣ то 3 моҳ 55 сомонӣ 100сомонӣ
то 1 сол 55 сомонӣ 190сомонӣ
Барои бақайдгирй ва дарозкунии муҳлати қайди шаҳрвандони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки бо онҳо рафтуомади бераводид муқаррар шудааст то 3 моҳ 55 сомонӣ 50 сомонӣ
то 1 сол 55 сомонӣ 90 сомонӣ
Барои бақайдгирӣ ва дарозкунии муҳлати қайди донишҷӯёни хориҷӣ (тахсили рӯзона) то 3 моҳ 55 сомонӣ 50 сомонӣ
то 1 сол 55 сомонӣ 90 сомонӣ
Барои бақайдгирӣ ва дарозкунии муҳлати қайди гурезагон 55 сомонӣ
Барои додани варақаи такрории бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ    (ҳангоми гумкунӣ, ивази ҷои зист ё ҷои кор) 40 сомонӣ
Барои тамдид намудани муҳлати амали шиносномаи хориҷӣ 82,5 сомонӣ 30 сомонӣ
Барои ба шиносномаи хориҷӣ ҳамроҳ намудани кӯдакон 55 сомонӣ 10 сомонӣ
Барои додани огоҳиномаи (даъватномаи) шаҳрвандони хориҷӣ 55 сомонӣ 40 сомонӣ
Барои додани рухсатномаи воридшавии шаҳрвандони хориҷӣ ба минтақаи наздисарҳадӣ 20 сомонӣ
Барои додани маълумотномаи бюрои суроғавӣ-маълу-мотдиҳӣ ба муассисаву идораҳо ва шаҳрвандон 10 сомонӣ
Барои додани тасдиқномаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 сомонӣ
Барои баррасии маводҳо оиди муайянкунии мансубият ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон 110сомонӣ 10 сомонӣ
Барои баррасии маводҳо оиди қабул ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баромад аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон 110сомонӣ 30 сомонӣ
Барои додани китобҳои ҳавлигӣ 9 сомонӣ
Барои бақайдгирии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 с. 75 д.
Барои додани варақаи бақайдгирии муваққатии шаҳрвандони Тоҷикистон 13 с. 75 д. 10 сомонӣ
Барои додани гувоҳномаи иқомат ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бетабаъа ва тамдид намудани муҳлати он додан 110 сомонӣ 800сомонӣ
тамдид 110 сомонӣ 400сомонӣ
Барои додани шаҳодатномаи силсилаи «А» ба шахсони бетабаъа ва тамдид намудани муҳлати он додан 800сомонӣ
тамдид 400сомонӣ

Нархномаи мазкур дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» №491 аз 12.02.2004 сол, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нишондиҳанда барои ҳисобҳо» №350 аз 05.01.2008 сол, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» №197 аз 28.07.2006 сол, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатӣ барои соли 2019» №1553 аз 26.11.2018 сол,  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №546 аз 02.11.2007с., Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №336 аз 30.05.2014с., Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №203 аз 02.04.2009с., Фармони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон №400б/з аз 05.06.2013с. «Дар бораи тасдиқи нархнома оид ба хизматрасониҳои пулакие, ки аз ҷониби Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД ва воҳидҳои сохтории он расонида мешаванд» ва фармони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 06.01.2014 сол таҳия карда шудааст.                                                                      аз 01.01.2019 сол

ИМТИЁЗҲО
барои хизматрасониҳои Хадамотҳои шиносномавию бақайдгирии
ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мувофиқи банди 60 “Қоидаҳои додани шиносномаҳои дорои маълумоти электронӣ ва Шаҳодат-номаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон”, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №203 аз 02.04.2009 сол тасдиқшуда, моддаҳои 28, 32 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» №197 аз 28.07.2006 сол, банди «в» замимаи 6 ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  №546 аз 02.11.2007 сол «Дар бораи меъёри боҷу хироҷ барои амалҳои аҳамияти ҳуқуқӣ дошта, инчунин барои гирифтани иҷозати истифодабарии канданиҳои табиӣ», банди 5 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №336 аз 30.05.2014 сол «Дар бораи муқаррар намудани ҳаҷми хироҷ барои додани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хароҷоти маблағҳои дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» чунин имтиёзҳо барои пардохти хироҷи шиноснома пешбинӣ карда шудаанд;

Хироҷ барои додани шиноснома          Ҳангоми  ба  расмият  даровардани шиносномаи хориҷии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ки  барои табобати  таъҷилӣ,  бемории ҷиддӣ  ё  марги  хеши  наздики  дар  хориҷа истиқоматкунандааш вобаста бошад,  ариза дар бораи додани шиносномаи хориҷӣ дар муддати  се рӯзи корӣ бе ситонидани изофапулии хироҷи шиносномаи биометрӣ барои таъҷил баррасӣ карда мешавад.
   Аз пардохти хироҷи шиносномаи биометрӣ озод мебошанд;

шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ

Хироҷи шиносномаи биометриро шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – маъюбони гурӯҳҳои I ва II ба андозаи 50 фоизи арзиши онҳо пардохт мекунанд.

  Иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробар кардашуда, нафақаҳӯрон, маъюбони гурӯҳи 1 ва 2 аз пардохти маблағи хироҷ барои додани шиносномаҳои шаҳрвандӣ (дохилӣ) озод карда мешаванд.

Мувофиқи бандҳои 5-6 моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» №491 аз 12.02.2004 сол аз пардохти боҷи давлатӣ озод карда мешаванд:

Боҷи давлатӣ   шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – барои ба онҳо додани ҳуҷҷатҳои ба хориҷа сафар намудан, агар сафари онҳо ба марг ё зиёрати қабри хешовандони наздик вобаста бошад, инчу

+ин барои додани ҳуҷҷатхои ба  Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намудани шахсони дар дигар мамлакатҳо истиқоматкунанда, вобаста ба марг ё бемории вазнини хешовандони наздик;

– шахсони ба синни шонздаҳсолагӣ нарасида – барои ба онҳо додани ҳуҷҷатхои сафар ба хориҷа;
– сайёҳони хориҷӣ – барои бақайдгирии шиносномаҳои хориҷӣ;
  Барои бақайдгирии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳали истиқоматӣ, 

– шахсоне, ки дар хона–интернатҳо барои кӯҳансолон ва маъюбон зиндагӣ мекунанд;

– хонандагони муассисаҳои таълимии барои кӯдакони ятим ва кӯдакони аз парастории падару модар маҳрумгашта ва муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии дар таъминоти пурраи давлатӣ буда ва  дар хобгоҳҳо  зиндагикунанда.

Мувофиқи эзоҳи «Нархнома оид ба хизматрасониҳои пулакие, ки аз ҷониби Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД ва воҳидҳои сохтории он расонида мешаванд», бо фармони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №400б/з аз 05.06.2013 сол тасдиқшуда ва банди 44 фармони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 06.01.2014 сол аз пардохти маблағи хизматрасонии пулакӣ оид ба барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо озод карда мешаванд:

Хизматрасонии ХШБ ВКД ҶТ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ;
– шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванд, ки ҳуҷҷатҳои худро дар ҳолатҳои фавқулода (обхезӣ, заминҷунбӣ, сел, сухтор, офатҳои табиӣ ва дигар ҳолатҳои нохуш) гум кардаанд ё корношоям шудаанд;
– барои барасмиятдарории ҳуҷҷат ба шахсе, ки ба сини 16-сола нарасидааст бар ивази гумкунӣ ё ин ки аз тарафи соҳибаш ба ҳолати ношоямӣ оварда расонидан;
– барои ба расмиятдарорӣ ва додани рухсатнома оид ба минтақаҳои сарҳадии Ҷумхурии Тоҷикистон рафтани шаҳрвандони хориҷие, ки синнашон ба 16 солагӣ нарасидааст.
– ташкилоту идораҳои давлатӣ; дар асоси дархостҳои воридшуда аз Вазоратҳои танду-рустӣ (диспансерҳои бемориҳои сил, зуҳравӣ, саратон, Маркази пешгирӣ ва мубориза зидди ВНМО (СПИД)) барои додани маълумотномаи бюрои суроғавӣ, ки бо мақсадҳои хизматӣ гирифта мешаванд, инчунин иштирокчиёни ҶБВ, маъюбон ва нафақахӯрон

   аз 01.01.2019 сол